Сифати таълим омили амну субот

Муаллиф: Салимов Акбар

Расм

 “... хароб гардидани сифати таълим ва нерӯи зеҳнии мамлакат ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ мегардад”.

 

(Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 01.09.2023)

 

Пешвои миллат зимни вохӯрӣ ва мулоқоти навбатии худ бо кормандони соҳаи маориф ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара таҷлили Рӯзи дониш ва баргузории Дарси Сулҳро дар саросари кишвар аз арзишмандтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мардуми куҳанбунёди тоҷик баён намуда, дар баробари соҳаҳои мухталифи муҳимми иҷтимоии ҷомеа, ба рушди соҳаи илму маориф, ки аз самтҳои афзалиятнок ва омили муҳимтарини таҳкими давлату давлатдорӣ, наҷоти миллат ва таъмини амну субот маҳсуб меёбад, изҳори назар намуданд.

Вазъи ҳассоси ҷаҳони муосир, аз ҷумла, бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии абарқудратҳо оиди аз нав тақсимкунии ҷаҳон, низоъу мухолифатҳои сиёсиву мусалаҳҳона, ҷангҳои иттилоотӣ, инчунин раванди ба сиёсат пайвастани дини ислом, фарогирии падидаҳои номатлуб дар мисоли радикализми динӣ, терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, бемориҳои сироятӣ, тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои ногувори он аз масъалаҳои муҳимме ба шумор мераванд, ки аз ҷониби Президенти кишвар махсус қайд гардидааст.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ба роҳ мондани тарғибу ташвиқоти андешаву афкори сулҳҷӯёна, таъмини сулҳу субот, ҳамгироиву ҳамкориҳо барои аҳли башар зарурӣ мебошанд. Инчунин ишора гардид, ки мардуми Тоҷикистон таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро дар таҷрибаи зиндагӣ паси сар намуд ва сулҳу ваҳдат, амнияту суботро муҳимтарин арзишҳои ҳаёти инсонӣ дониста, моҳияти ҳаёти осоиштаро дарк менамояд.

Қобили қайд аст, ки дар ҳаводиси нангини солҳои 90-уми асри гузашта, рӯҳониёни аҷнабипарасти фурӯхташуда, манфиатхоҳу мансабталош ва душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик аз бесаводии ҷомеаи вақт истифода намуда, кишварро ба оташи ҷанги бародаркуш кашида буданд.

Таъкид гардид, ки тарбия намудани насли имрӯзу ояндаи кишвар дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, гиромидошти забони модарӣ, арҷгузорӣ ба суннату анъанаҳои фарҳангӣ, расму ойинҳо, либоси миллӣ, ҷиҳати пешгирӣ аз фарогирии нуфузи зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, инчунин, бо мақсади таъмин намудани волоияти қонун, амнияту оромӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқиву сиёсии ҷомеаи кишвар ва дар ин асос барои наврасону ҷавонон фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои илму донишомӯзӣ ҳатмӣ дониста шаванд.

Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки омӯзгорон ва устодони муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии кишвар дар такя ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, рисолати муқаддасу бузурги таълиму тарбияро ба дӯш гирифта, насли имрӯзу ояндаи ҷомеа, хусусан ҷавононро дар роҳи хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву маорифпарварӣ таълиму тарбия намуда, дар тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдат ва раванди рушди босуботи Тоҷикистон саҳм хоҳанд гузошт.

БОЗГАШТ