Сиёсати хориҷии Тайланд: мубориза барои роҳбарии минтақавӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (қисми 2)  

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Васеъ намудани созишномаҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ бо шарикони стратегӣ

Муносибатҳои дуҷониба заминаеро ташкил доданд, ки ташаббусҳои минтақавии Тайланд бар онҳо такя мекард. Тайланд на танҳо аз густариши муносибатҳои бозаргонии худ бо шарикони интихобшуда манфиат гирифт, балки ба дигар бозорҳои қаблан истифоданашуда ва ё суст рушдкарда дастрасии васеътар гирифт. Аз ин рӯ, бо эҷоди як шабакаи ҳамкориҳои дутарафа Тайланд тавонист муносибати минтақавии худро беҳтар ба роҳ монад. Тибқи ақидаи Таксин, натиҷаи ин равиш ба даст овардани Созишномаҳои савдои озод (Free Trade Arrangements., минбаъд FTAs) бо иқтисодҳои калонтар хоҳад буд. Таксин фикр мекард, ки иқтисоди хурдтаре, ба монанди Тайланд, қобилияти маҳдуди воридотро дорад, беҳтар аст ба содирот ба бозорҳои калон, хусусан ба Чин ва Ҳиндустон  тамаркуз кунанд. Кишвари ӯ метавонист аз дастрасии васеъ ба бозор ҳам ба кишварҳои алоҳида ва ҳам ба маҷмааҳои субминтақавӣ даст ёбад. Ҳамзамон, Тайланд интизор дошт, ки ҷаззобияташро ҳамчун макони сармоягузорӣ бо роҳи ҷалби бештари гурӯҳҳои васеи иқтисодӣ афзоиш диҳад (Shinawatra, 2002а). Дар давраи сарвазирии Таксин, Тайланд бо ҳадди аққал 10 шарик, аз ҷумла Австралия, Баҳрайн, Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Зеландияи Нав, Перу, ИМА, Ассотсиатсияи Аврупоии Савдои Озод (European Free Trade Association., минбаъд EFTA) ва BIMSTEC гуфтушунид гузаронида созишнома баст (Chachavalpongpun, 2010, саҳ. 127, 129-132). Ғайр аз ин, равишҳои дуҷониба ва минтақавии ҳамкориҳо дар сиёсати хориҷии Таксин ҳамдигарро тақвият дода, Тайландро  аз бӯҳрони молиявӣ раҳо карданд. Ба ақидаи Таксин, ин стратегияи муаррифи кардани Тайланд ҳамчун пул тариқи муносибатҳои дуҷониба, нақши Тайландро дар муносибатҳои дуҷонибаи  минтақа тақвият мебахшад.

Сохтани ҳамкориҳои бисёрҷонибаи минтақавӣ

Дар якҷоягӣ бо дипломатияи дуҷонибаи тиҷорати озод, Таксин ба се ташаббуси минтақавӣ, ки бинои роҳбарии байналмилалии Тайландро дастгирӣ карданд, диққат дод. Таксин идеяи ҳамкории пан-Осиё (pan-Asia)-ро аз минтақаҳои гуногун, ки Ҳамкориҳои рушди Осиё(минбаъд ACD) ном доштанд, таблиғ кард. Ҳамзамон, Таксин мехост нақши фаъоли Тайландро дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ тавассути эҷоди ACMECS ҳамчун ҳамкориҳои дигари минтақавӣ бозсозӣ кунад. Вай инчунин таваҷҷӯҳи ҳукумати худро ба BIMSTEC, ки соли 1997 аз ҷониби Чавалит оғоз шуда буд, бештар кард.
ACD кӯшиши ниҳоии Таксин буд, ки ба роҳбарияти Тайланд дар сатҳи васеътари байналмилалӣ диққат диҳад. Вай стратегияи таблиғи лоиҳаи муштараки Осиёро барои дастгирии ин нақша қабул кард. Дар тӯли маъракаи ACD, Таксин таъкид кард, ки чӣ гуна кишварҳои Осиё метавонанд ба ҷои такя ба "дигарон" ба ҳамдигар кумак кунанд. Ин ҳамлаи ғайримустақим ба ИМА, муттаҳидони ғарбии он ва муассисаҳои байналмилалии онҳо буд. Вай тасаввур мекард, ки Осиёи қавӣ дар асоси захираҳои фаровон ва бозори калон асос ёбад. Бо назардошти аҳолии беш аз 3 миллиард нафараи Осиё, андозаи он аз се як ҳиссаи иқтисоди ҷаҳон ва беш аз нисфи захираҳои асъори ҷаҳонро дар ихтиёр доштанаш Таксин боварӣ дошт, ки бо ҳамкории кофӣ “Осиё нақши пешбарандаи худро дар тиҷорат ва ҷаҳони молиявӣ барқарор хоҳад кард ”( Shinawatra, 2001, 2002б). Вай фикр мекард, ки Осиё бо такя ба бозорҳои беруна дар ҳолати тобеъ будан қарор гирифтааст ва кишварҳои ин минтақа  бо паст кардани хароҷоти истеҳсолот ва паст кардани нархҳо бо ҳам рақобат мекунад. Ин рақобат ба истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагони Ғарб манфиат овард, дар ҳоле ки мардуми Осиё танҳо саҳми ночиз мегирифтанд.
Гарчанде ки ташаббуси ACD аз ҷониби аксари нозирон ҳамчун як "дӯкони гуфтугӯ" -и бидуни ягон аҳамияти амали интиқод карда шуд (Matichon, 2002, саҳ. 2, 5), Таксин нишон дод, ки ӯ метавонад роҳбарии худро дар сафарбар намудани дастгирии ташаббусҳои кишварҳои Осиё ба минтақаи худ бомуваффақият татбиқ кунад. Дар асл, Тайланд мехост, ки ACD дар марҳилаи аввал майдоне барои барои ба вуҷуд овардани эътимод бо роҳи муколама ва гуфтугӯ  шавад[1]. Стратегияи Тайланд дар ACD таҳкими мубоҳисаҳои ғайрирасмӣ буд, ки тадриҷан ҳисси мансубияти минтақавиро дар байни кишварҳои Осиё ташвиқ хоҳад кард (ВКХ, 2003б). Таксин ва Суракиарт аз соли 2001 омодагии шарикони табиии стратегии Тайланд дар минтақа, Чин, Ҷопон, Гонконг ва Ҳиндустонро, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои нав бо Тайланд ҳамчун як гуруҳ меомӯхтанд (Shinawatra,2002b; SC, 2006). Бо муроҷиат ба ин кишварҳои бузурги Осиё, Таксин ба назар гирифт, ки дигар миллатҳои хурд низ мехоҳанд ба ACD шомил шаванд.
Бартарии аслии ACD ин тарҳи вомбаргҳои Осиё (Asian Bond Scheme) буд. Таксин умедвор буд, ки вомбаргҳои Осиё метавонад алтернативаи сармоягузории молиявӣ барои минтақа ва хориҷиён бошад. Он дар минтақа сармояи бештарро барои лоиҳаҳои рушд ҷалб мекунад. Пас аз таҳия ва ба таври васеъ пазируфта шуданаш, он метавонад ба бозори молиявии Осиё кӯмак кунад, ки "баркамолтар шаванд" ва "ба устувории ҳамаҷониба"-и низоми молиявии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳм гузорад (Shinawatra, 2005). Иқтисодҳои бузурги Осиё аз Asian Bond Scheme, аз ҷумла Чин, Ҷопон, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, Малайзия, Гонконг ва кишварҳои узви АСЕАН ин тарҳро дастгири карданд, яъне вомбаргҳои Осиёиро. Ин дастгирӣ дар Эъломияи Chiang Mai оид ба рушди бозори вомбаргҳои Осиё дар ҷаласаи дуюми вазирони ACD дар моҳи июни соли 2003 эълон гардид (ВКХ, 2003а).

Тақвияти нақши Тайланд дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

Ғайр аз кӯшиши сохтани як муассисаи умумиосиёӣ дар назди ACD, Тайланд дар давраи роҳбарии Таксин нақши худро дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ нигоҳ дошт. Сарфи назар аз он, ки Бонки Осиёии Рушд сарпарастии минтақаи Меконгро ба уҳда дошт, Тайланд тарҳи минтақавии худ ACMECS-ро оғоз кард. Ин ташаббус на танҳо барои коҳиш додани тафовути рушди байни давлатҳои пешин ва нави АСЕАН, балки ҳамчун мустаҳкам кардани роҳбарии худ дар ин минтақа буд. Бо вуҷуди ин, ACMECS аз ташаббуси қаблии Тайланд QEC дар ӯҳдадориҳои устувори Тайланд барои ташкили ҳамкориҳои системавии бештар ва нақшаҳои кӯмак фарқ мекард.
Роҳбарии Тайландро дар назди ACMECS бо якчанд роҳ метавон мушоҳида кард. Аввалан, Тайланд ӯҳдадор буд ба ҳамсоягонаш имтиёзҳои якҷониба пешниҳод кунад. Дар ҷаласаи якуми вазирони ACMECS дар соли 2004 Тайланд эълон кард, ки барои 42 лоиҳаи фаврӣ 2,5 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намудааст ва ният дорад ба 250 миллион доллари дигар ба нақшаҳои рушди кишварҳои ҳамсоя ворид  шавад, (ВКХ, 2004). Тайланд инчунин коҳиши яктарафаи тарифҳоро барои кишварҳои нави АСЕАН дар доираи Системаи афзалиятноки интегратсионии ASEAN (AISP) пешниҳод намуд (ВКХ, 2004). Дар Саммити ACMECS дар соли 2005, Тайланд аз бекор кардани тарифҳо барои ашёи ҳунармандӣ ва тамоми маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои Ҳинду Чин дар доираи лоиҳаҳои шартномавии кишоварзӣ хабар дод (SC, 2006). Дар охири соли 2006, Тайланд ба Лаос барои 225 маҳсулоти кишоварзӣ 0% тариф пешниҳод кард ва барои 82 маҳсулоти иловагӣ 5% коҳиш дод (DFT, 2009). Ин барномаи коҳиши тарифҳо инчунин ба хоҷагиҳои пудратӣ дар доираи ACMECS дахл дошт. Тайланд барои ҳамсоягонаш барои парвариши зироатҳои бозоргир, аз қабили кассава ва найшакар, созишномаи кишоварзиро пешниҳод намуд. Гарчанде ки кишварҳои даромадашон паст ба деҳот бештар сармоягузорӣ мекунанд ва кишоварзони онҳо метавонанд даромади устувортар ба даст оранд, Тайланд метавонист маҳсулоти арзонтарро барои истеъмол, аз қабили био-сӯзишворӣ харидорӣ кунад (ВКХ, 2004). Тибқи шартномаи кишоварзи, кишоварзони хурд метавонанд бо занҷирҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ва бозорҳо тавассути Тайланд, ба монанди Чин ва Ветнам робита барқарор кунанд (Zola, 2007).
Дуввум, Тайланд дастгирии ҷониби сеюмро дар доираи нақшаи “Шарикӣ барои рушд”, ки Австралия, Фаронса, Олмон, Ҷопон, Зеландияи Нав ва БОР-ро дар бар мегирифт, сафарбар намуд. Дар Ҷаласаи вазирони ACMECS 2004 Ҷопон тасдиқ кард, ки он ободонии Фурудгоҳи Саваннахет дар Лаосро дастгирӣ хоҳад кард. Фаронса инчунин барои дастгирии молиявии лоиҳаҳои ACMECS ваъда дод, дар ҳоле ки Олмон ва Тайланд бояд меморандум оид ба рушди ҳамкориҳо дар кишварҳои сеюм дар Ҳинду Чинро имзо кунанд (ВКХ, 2004). Дар соли 2006, Тайланд барои татбиқи барномаи зидди зукоми  2,5 миллион доллари ИМА ҷудо кард. Он инчунин аз ҷиҳати молиявӣ сохтмони як пули байни Тайланд ва Лаос дар музофоти наздисарҳадии Нахон Фаном 50% арзиши сохтмони пули дигар дар Лаос, Чианг Хонг - пули Ҳуайксайро ба уҳда гирифт (SC, 2006).
Иқдоми дигари назаррас дар тақвияти сиёсати кӯмакрасонии Тайланд дида мешуд. Он дар  кӯшиши зиёд кардани таъсири Тайланд ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, махсусан дар Ҳиндучин  тавассути нақшаи ACMECS буд. Пас аз бомуваффақият пардохт кардани маблағҳои ХБА пеш аз мӯҳлат,  дар охири моҳи июли соли 2003, Таксин изҳор намуд, ки Тайланд дигар гирандаи кӯмак нест, танҳо дар асоси баробарӣ бо шарикон кумак талаб мекунад. Таксин соли 2004 агентии кӯмаки Тайланд, Агентии ҳамкориҳои байналмилалии рушди Тайланд (Thailand International Development Cooperation Agency., минбаъд TICA) -ро аз нав сохт ва онро ҳамчун як ҷузъи ВКХ қарор дод. Ин азнавсозӣ ба эҷоди нақши ягона барои робитаҳои хориҷии Тайланд, ки бо асбобҳои молиявӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, ба афзоиши нақши Тайланд дар ҷомеаи байналмилалӣ мусоидат кард. Нақши нави TICA дар "роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамкории техникии Тайланд дар доираи чаҳорчӯбаи дуҷониба, минтақавӣ ва бисёрҷониба" буд (TICA, 2005, саҳ. 6, 8). Ин лоиҳа на танҳо Тайландро ба расонидани кӯмаки мустақим ҷалб кард, балки худро ҳамчун маркази ҳамкориҳои техникӣ дар Осиё муаррифӣ кард. Робитаи байни ACMECS ва сиёсати кӯмакрасони Тайланд дар ӯҳдадории қавии он дар расонидани кӯмаки техникӣ ба  Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дида мешуд. Тибқи омори TICA, Камбоҷа, Лаос, Мянмар ва Ветнам аз барномаҳои кӯмаки TICA бештар баҳра бурданд (TICA, 2005, саҳ. 52-56). Ҳамин тариқ, сиёсати кӯмаки Тайланд ва нақшаи ACMECS якдигарро тақвият доданд ва ба Тайланд имкон доданд, ки нақши пешбарандаи худро дар рушди минтақавӣ ҳифз кунад.
Сиёсати Тайланд сиёсати "кӯмак барои рушд" буд, ба фарқ аз усули "кӯмак барои тиҷорат" -и кишварҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисоди ва рушд (Organization for Economic Co-operation and Development., минбаъд OECD).  Ин маънои онро дорад, ки Тайланд на танҳо ба кӯмаки молиявӣ, балки ба кӯмаки техникӣ дар асоси таҷрибаи ҳамкории худ бо дигар кишварҳои пешрафта диққат медиҳад. Ин барномаҳои кӯмаки техникӣ имкон медиҳанд, ки доираи нуфузи Тайланд дар АСЕАН ва умуман қитъаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ васеъ шавад. Муовини директори TICA ба хулосае омад, ки "кӯмаки бурунмарзии Тайланд дар байни насли нави роҳбарони минтақа тасаввуроти мусбат нисбати  Тайландро дар дарозмуддат ба вуҷуд меорад, алахусус дар кишварҳои Камбоҷа, Лаос, Мянмар ва Ветнам, айнан ба монанди амалҳои  Амрико дар Осиёи Шарқӣ дар давраи Ҷанги Сард"[2]. Дар доираи ин ҳамкориҳо, Тайланд ба Мянма 75 миллион доллари ИМА ва ба Камбоҷа ва Лаос 50 миллион доллари ИМА қарзи содиротӣ пешниҳод кард (Shinawatra, 2003). Пас аз ин, дида мешавад, ки Тайланд кӯмаки бурунмарзиро дар соли 2003 ба  0,6% даромади нохолиси миллӣ ва аз соли 2005 ин тараф тақрибан ба 0,1-2,0% -ро расонидааст (Бонки Ҷаҳонӣ, 2013). Ин рақамҳо, дар муқоиса бо рақамҳои ИМА дар сатҳи 0,11% дар соли 2001 ва 0,17% дар соли 2004 ҷолиби диққат мебошанд (UNDP -БРСММ, 2003, с. 228; 2006, с. 343).
Хулоса, Тайланд кӯшиш кард нақши пешбарандаи худро дар ҳамкориҳои бисёрҷониба тақвиятбахшад, чун роҳбарии минтақавӣ шабакаҳо ва эътилофҳои бисёрҷонибаро талаб мекунад. Таблиғи фаъоли ташаббусҳои минтақавии Тайланд дар назди ҳукумати Таксин нишон медиҳад, ки сиёсати хориҷии он дигар симои дипломатияи "хам шудан бо шамол" -ро қатъиян риоя намекунад. Тайланд ба ҷои он нақши пешбарандаи худро дар ҳама ҷабҳаҳои имконпазир истифода мебурд. Роҳбарии сохтории  он дар қитъаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҳатто дар давраи бӯҳрони иқтисодӣ ба усули муназзам таъмин карда шуд. Ғайр аз қитъаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Тайланд инчунин дар соҳаи ҳамкориҳои «соҳибкорӣ» ва «зеҳнӣ»-и Осиё роҳбарӣ мекард. Таксин сареъан бахши давлатии Тайландро, хусусан хидмати хориҷиро аз нав ташкил кард, дар ҳоле ки ӯ ва сиёсатмадорони аршади атрофи ӯ низ дар сиёсати хориҷӣ нақши мустақим доштанд. Ин, дарвоқеъ, дар баланд бардоштани рӯҳияи ҳам бахши хусусии Тайланд ва ҳам фаъолони минтақавӣ таъсири мусбати равонӣ дошт ва боиси таҳкими эътимод ба нақшаҳои минтақавии ҳукумати Тайланд гардид.

Маҳдудиятҳо дар роҳбарии минтақавӣ

Аз муҳокимаи ин мавзӯъ дида мешавад, ки Тайланд бемайлон кӯшиш кардааст, ки дар давраи баъд аз Ҷанги Сард ҳамкориҳои минтақавии худро бо роҳҳои гуногун бунёд кунад. Аммо, ин ҷо саволи муҳим ин аст, ки чаро Тайланд бо вуҷуди кушишҳоизиёд наметавонад мақоми раҳбарии худро устувор нигоҳ дорад. Ин ноустувории роҳбарӣ асосан ба як қатор омилҳои дохилии Тайланд вобаста аст: нопайвастагӣ дар роҳбарии сиёсӣ, ҳамоҳангии суст, бахши заифи хусусӣ ва нақши ҳарбиён дар сиёсат, аз ҷумла дар бӯҳрони сиёсии кунунӣ.

Барҳам хурдани роҳбарии сиёсӣ

Тайланд муддати тӯлонӣ аз сиёсати эътилофи бисёрҳизбӣ ранҷ мебурд, ки дар он ҳукумат бо ҳамбастагии сиёсии якчанд ҳизб ташкил мешуд. Ҳар як ҳизби аъзои эътилоф сиёсати худро нисбат ба ҳавзаҳои худ, ки дар маъракаи интихобот ваъда шуда буданд, дошт. Пароканда шудани ҳизбҳои хурд суботи ҳукуматро халалдор мекард ва аз ин рӯ саҳми онҳоро дар таҳияи сиёсат афзоиш медод. Дар натиҷа, сиёсатҳои ҳукумат маҳсули созишҳо буданд, яъне бидуни стратегияи дақиқ ва ҳамоҳангшуда.
Дар тӯли тақрибан 12 соли пас аз ҳукумати Чайтичай дар соли 1988 то оғози ҳукумати Таксин дар соли 2001, Тайланд ҳашт ҳукумати мулкӣ дошт, ки ҳар кадоми он ба ҳисоби миёна 1,5 сол ҳукумат мекард. Мансабҳои коршиносони масъули сиёсати хориҷӣ низ зуд-зуд иваз мешуданд, ки дар натиҷаи номувофиқии стратегияи сиёсат ба амал меомад. Ташаббусҳоеро, ки аз ҷониби ҳукуматҳои пешин ё вазирон сар мезаданд, одатан аз ҷониби иштирокчиёни нав сарфи назар мешуданд. Ин норозигии зиёдеро аз ҷониби бисёре аз саҳмдорон ба бор меовард. Чунки онҳо бо ҳукумат, хусусан соҳибкорони маҳаллӣ ва мақомоти музофотӣ сару кор доштанд. Аммо ҳукумат барои татбиқи самараноки лоиҳаҳо ҳеҷ гуна заминаи возеҳ ва асоснок надошт (DERC, 1995).
Ин мушкилотро дар татбиқи QEC “Ҳамкории иқтисодии чоргуша”, ки соли 1994 бо ташаббуси ҳукумати Чуан оғоз ёфтааст, дидан мумкин аст. Ҳукумати Чуан ҳамагӣ се сол давом кард ва моҳи июли соли 1995 пароканда карда шуд. Лоиҳа, пас аз он, аз набудани дастгирии қавии сиёсии ҳукуматҳои муваффақи Банҳарн ва Чавалит азият кашид. Гарчанде ки ин ташаббус ҳанӯз идома дошт, суръати ҳамкорӣ суст буд ва маҷбур шуд, ки ба чаҳорчӯбаи калонтари GMS (Минтақаҳои Бузурги Меконг) дар назди БОР ҳамроҳ шавад. Вазорати корҳои хориҷии Тайланд пешрафти ин ташаббусро дар соли 1996 арзёбӣ кард ва изҳор дошт, ки он дар зери сояи БОР қарор гирифтааст (ВКХ, 1996). Гарчанде ки сиёсати хориҷии Чавалит бо тамоюли қавии минтақагароии ӯ низ хос буд, таваҷҷӯҳи ӯ ба QEC “Ҳамкории иқтисодии чоргуша” камтар буд. Ба ҷои ин, Чавалит ба муносибатҳои шахсии худ бо роҳбарони ҳамсояҳояш такя мекард. Илова бар ин, Банҳарн ва Чавалит низ дар як муддати кӯтоҳ, мутаносибан, дар моҳи июли соли 1995 то ноябри соли 1996 ва ноябри соли 1996 то ноябри соли 1997 дар сари қудрат монданд.
Тайланд пас аз пирӯзии боэътимоди Таксин дар интихоботи соли 2001 аз мушкилоти сиёсати эътилофи бисёрҳизбӣ халос шуд. Ҳизби Таксин, Thai Rak Thai (минбаъд TRT) барои аввалин бор дар таърихи сиёсии Тайланд давраи пурраи қонунгузории худро паси сар кард. Бо эътимоди қавӣ ва устувории ин сохтори нави сиёсӣ, ҳукумати Таксин метавонист як стратегияи возеҳ ва қотеъ, аз ҷумла дар умури хориҷиро пешкаш кунад. Ташаббуси «Даъват ба пеш»-и Таксин ба таври шубҳанок, тасдиқкунанда, ғайримуқаррарӣ, баҳсбарангез ва аз тиҷорати маъмулӣ дур шудан буд (Pongsudhirak, 2004). Аммо, мушкилот пас аз табаддулоти ҳарбӣ дар моҳи сентябри соли 2006 дубора пайдо шуд. Аз ин рӯ, ларзиши роҳбарии сиёсӣ ва самти сиёсӣ амалисозии сиёсати хориҷиро дар ихтиёри бюрократия гузошт. Набудани дастурҳои мушаххаси сиёсӣ ба суръати иҷрои бисёр лоиҳаҳо таъсир мерасонд ва фарқияти байни агентиҳои асосиро ба ҳам мувофиқ намекард.
Идома дорад.
 
 
 
 
[1] Author’s interview with Vitavas Srivihok, the then Director-General of ASEAN Affairs, January 4, 2008. He argues that “we wanted it to be a ‘talkfest’ for a while so that it could break the ice and build mutual trust and confidence”.
 
[2] Author’s interview with Apinand Phatarathiyanon, February 15, 2008.



Муаллиф:
Pongphisoot Busbarat,
доктори илмҳои фалсафӣ
Донишгоҳи Чулалонгкорн, факултети илмҳои сиёсӣ
 
 
Баргардон аз англисӣ ба тоҷикӣ:
Талбаков Саидаҳтам Исроилович,
лаборанти шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ