СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ГУСТАРИШИ ОН

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шудааст.
  Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусу ибтикороти Пешвои миллат Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор кард ва узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид ва муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Ҳукумати ҶТ, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, кишварҳои Осиёву Аврупо, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфт.
  Пешвои миллат дар Паёми хеш дар соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қайд намуданд, ки “Масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарикони стратегӣ ва рушди мо - Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чун ҳамеша дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонанд”.
  Хидматҳои шоистаи Роҳбари давлат буд, ки кишвари мо ҳадафҳои дарозмуддати стратегӣ, муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро бо кишварҳои ба мо дӯсту хайрхоҳи Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷануби Шарқӣ, Уқёнуси Ором ва Африқову Амрико ба роҳ монда шуд.
  Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2007 ислоҳоти низоми рафтуомади шаҳрвандони хориҷиро идома дода, ҳоло барои шаҳрвандони 112 кишвар тартиби соддаи таҳия ва ба расмият даровардани раводидро муқаррар кардааст, ки ин ҳам аз сиёсати муваффақи хориҷии Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад.
  Ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамчунин, бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ аз ҳадафҳои вижаи Роҳбари тоҷикони ҷаҳон мебошад.
  Имсол аз таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай бисту як сол сипарӣ мегардад. Ҳамагон шоҳиди он будем, ки соли гузашта Тоҷикистон раёсатро дар сохторҳои бонуфузи минтақавӣ - Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда дошт ва Пешвои миллати мо онро раисӣ мекарданд ва яке аз масъалаҳои муҳимми ин нишаст роҳи ҳалли мушкилоти тоҷикони Афғонистон буд, ки раисиҷумҳур барои нуфуз ва мавқеъи тоҷикони Афғонистон пофишорӣ мекарданд ва дар ниҳоят аз ҷониби аъзои ин созмонҳо пешниҳоду ташаббусҳои Президенти маҳбуби мо хуш пазируфта шуд.
  Пешвои миллат ҳамчун яке аз муассисони Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтани он дар пешрафту такомули ин созмон саҳми босазо гузошта истодаанд. Ҷаноби Олӣ ба туфайли татбиқи пайгиронаи сиёсати хориҷии худ тавонистанд, ки то имрӯз дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти гуногуни глобалӣ саҳми назаррас гузоранд.
  Дар ин замина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси сиёсатмадори ҷаҳонӣ - пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидаанд.
  Тавре ки борҳо Роҳбари давлат таъкид мекунанд ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дар сархати авлавиятҳои калидии сиёсати хориҷии давлати мо қарор дорад.
  Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар хатти пеши мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир қарор дошта, дар таъмини амнияти минтақа нақши муҳим дорад. Ва чигуна ки зикр гардид масъалаи сулҳу субот дар кишвари ҳамсояи мо Афғонистон яке аз масоили мубраму ҳассос ба ҳисоб меравад ва ҷойгоҳи тоҷикони ин кишвар бояд назаррас бошад ва ин ҳолат мо тоҷикон ва хусусан раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар канор гузошта наметавонад.
  Дар асоси усули баробарӣ, ҳамкории дутарафаи судманд, ки кишварҳои хориҷӣ интихоб мекунанд, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, барқарор намудани муносибат бо ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон аз ҷумла бо Покистон, Чин, Эрон, давлатҳои дигари Осиёву Африқо, Шарқи Миёнаву Наздик ва Амрикову Аврупо, ёфтани ҷойгоҳи муносиби худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳадафи асосии сиёсати хориҷӣ ва дурбинонаи раисиҷумҳур аст.
  Ҳоло дар Тоҷикистон намояндагиҳои анқариб 50 созмон ва ташкилотҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ фаъолият намуда истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намудааст. Намояндагиҳои ҷумҳурии мо дар СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ғайра фаъолона ширкат варзида, ҳузури худро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ вусъат мебахшад. Ҳамчунин Тоҷикистон дар ин давра санадҳои муҳимтарини байналмиллалӣ аз ҷумла Ойинномаи СММ (соли 1945) Санади хотимавии Хелсинки (соли 1975), Эъломияи ҳуқуқи башар (соли 1948) Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ, (соли 1948) ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмиллалиро эътироф намуда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ мешуморад.
  Ташаббусҳои оқилона, озмудашуда ва мутавозини Пешвои миллат дар даврони истиқлолият самараи нек ба бор овард. Мавқеи ҷумҳурии моро дар арсаи байналмилалӣ хеле баланд бардошт. Ҳамасола дар шаҳри Душанбе доир гардидани форум ва конференсияҳои сатҳи олии байналмилалӣ, ташрифи чандкаратаи роҳбарони олимақоми давлатҳои дунё роҳбарон ва сарварони Русия, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Афғонистон, Япония, Австрия, Полша, Венгрия, Белорус, Арманистон, Озарбойҷон ва ғайра ҳайатҳои бонуфузи созмонҳои байналхалқӣ, муншиҳои умумии СММ Кофи Аннан, Пан Ги Мун, Антонио Гутериш ва дигарон ба Тоҷикистон аз эътибори баланди байналмилалии Президенти Тоҷикистон ва мавқеи рӯзафзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари сиёсии он дар арсаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад.
  Ҷаноби Олӣ дар сиёсати хориҷӣ илм ва олимонро низ дар мадди назар гузошта, дар тамоми ҳамоишҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ муҳаққиқони хориҷиро ба Тоҷикистон даъват мекунад, то ба чашми сари хеш рушд, пешрафт, инкишоф, тараққӣ ва мудернияти кишвари моро бубинанд ва аз таъриху тамаддуни халқи тоҷик бештар бохабар гарданд, ки ин арҷгузории Роҳбари кишвар нисбат ба илм ва олимон мебошад.  
  Заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат дар эҳё ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои маҳбуби миллат ва лидери барҷастаи сатҳиҷаҳонии асри ХХI табдил додааст, ки мояи ғурур ва ифтихори ҳар як тоҷик ва тоҷикистонист.
  Барои тоҷикони кулли ҷаҳон мояи ифтихору сарафрозист, ки чунин Пешвои баҳиммат ва кордон имрӯз Тоҷикистони моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, бо сиёсати хирадмандонаи дохиливу хориҷӣ муносибатҳои башардӯстона ва инсонпарваронаро бо кишварҳои олам ба роҳ монданд ва инчунин густариши ҳамкориҳо ва дурнамои он низ ба роҳ монда хоҳад шуд.
 
Зиёев Субҳиддин Насриевич,
н.и.ф., мудири шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик

БОЗГАШТ