Муаллиф: ИОМДОА
Таърихи ҷаҳон то андозае таърихи муҳоҷират аст, зеро маҳз дар натиҷаи он минтақаҳо ва кишварҳо ташкил ёфтанд, сохтори иҷтимоӣ ба вуҷуд омад ва ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ шакл гирифт. Муҳоҷират ҳамчун унсури ҷудоинопазири ҳаёти ҷомеа дар марҳилаҳои мухталифи рушди худ ба тағйиротҳои сифатӣ дучор гардидааст. Он, албатта, ҳамчун падидаи томи иҷтимоӣ-фарҳангӣ ҷанбаҳои ҳам харобкор ва ҳам созанда дорад. Дар замони ҳозира, аз як тараф, манфиати онро наметавон инкор кард, аз тарафи дигар, онро ба қатори мубрамтарин ва душвортарин масъалаҳо шомил мекунанд.
Табаддулотҳои куллие, ки дар кишварҳои лагери сотсиалистӣ, яъне Аврупои шарқӣ ва ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ба миён омад ва вазъи иҷтимоию сиёсиро ба куллӣ тағйир дод, аз як тараф, ҷангҳои дохилии кишварҳои Африқо ва Осиё, аз тарафи дигар, миллионҳо одамро маҷбур кард, ки муҳоҷирати маҷбуриро бипазиранд.
Ин масъала махсусан солҳои охир дар Аврупо, ки тӯли даҳсолаҳо вобаста ба вазъи демографӣ сиёсати ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро пеш мебурд, хеле муташанниҷ гардид. Буҳрони муҳоҷирати соли 20015, ки бар асари шиддати ҷангҳои дохилии як қатор кишварҳо рух дод, Иттиҳоди Аврупоро ба мушкилаҳои зиёд рӯ ба рӯ кард. Байни давлатҳои узв баҳсҳову ихтилофҳо ба миён омад. Муҳоҷирон низ ба душвориҳо ва саду бандҳо дучор гардиданд.
Бо ин ҳама раванди муҳоҷират ба Иттиҳоди Аврупо давом дорад. Сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пайваста пойбандии худро ба арзишҳои инсонӣ ва сиёсати ҷаҳонишавӣ нишон медиҳанд.
Таърихи сиёсати муҳоҷиратӣ ва паноҳандагии Аврупоро метавон ба се давра тақсим кард:
1957-1990: сиёсати ҳамоҳанги давлатҳои узв
1990-1999: ҳамкории байниҳукуматӣ
1999-то имрӯз: сиёсати муҳоҷиратӣ дар доираи ҳалли вазифаҳои якҷоя (ҳамчунин буҳрони соли 2015 ва тадбирҳои таъҷилӣ).
Дар марҳилаи авал (1957-1990) дар Иттиҳод ҳануз сиёсати ягона шакл нагирифта буд. Дар ин давра давлатҳои алоҳидаи узв сиёсати худро баъзан ҳамоҳанг мекарданд, масалан, дар соҳаи ҷинояткориҳои фаромарзӣ ва терроризм.
Дар марҳилаи дуввум (1990-1999) давлатҳои узв ба сабаби зиёд шудани фирориён се қарордод ба имзо расонданд. Нахуст соли 1992 Қарордоди Дублӣ ба имзо расид, ки он мебоист масъулияти давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупоро дар мавриди қабули фирориён танзим мекард. Бинобар ин қарордод, дархосткунандаи паноҳандагӣ бояд ба аввалин давлати узв, ки ба он ҷо омадааст ва изи ангушташ дар он ҷо гирифта шудааст, муроҷиат кунад. Агар дархосткунанда ба дигар давлати узв ворид шавад, метавонанд ӯро бозпас ба кишвари аввал, ки омадааст, фиристанд. Ин қарордод мавриди интиқодҳои зиёд қарор гирифт, зеро он ба дӯши давлатҳои сарҳадӣ масъулияти зиёд бор мекунад. Соли 1992 қарордоди Маастрихӣ, ки раванди танзими низоми сиёсӣ ва пулии Иттиҳоди Аврупоро ба анҷом расонид, қабул карда шуд ва соли 1993 ба ҳукми қонун даромад. Дар он сиёсати пешниҳоди паноҳандагӣ ҳамчун масъулияти «манфиатҳои умумӣ» қабул гардид. Шартномаи Шенген аз ҷониби панҷ давлати аъзои аввалини Ҷомеаи Аврупо қабул гардид.
Марҳилаи сеюм баъд аз ҳамроҳ шудани давлатҳои собиқ сотсиалистии Аврупои шарқӣ ба Иттиҳоди Аврупо оғоз шуда, то имрӯзро дар бар мегирад. Аз ҳисоби дохил шудани ин давлатҳо шумори кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар соли 2007 ба 27 расид. Муҳоҷирати дохилӣ ба куллӣ тағйир хурда, хеле густариш ёфт.
Танҳо баъд аз Шартномаи Амстердам, ки соли 1997 ба имзо расид ва соли 1999 ба ҳукми қонун даромад, дар натиҷаи ба Иттиҳод вогузор кардани салоҳиятҳои давлатҳои миллӣ сиёсати «муҳоҷират ва паноҳандагӣ» таҳти назорати ҳамагонӣ қарор гирифт. Тибқи ин Шартнома қонунҳои умумӣ оид ба паноҳандагӣ, сиёсати муҳоҷиратӣ ва фирориёнро дар Бриюссел Шӯрои Аврупо, ки ҳайати он аз намояндагони сиёсии давлатҳои узв иборат аст, қабул мекунад. Иҷрои ин қонунҳо барои ҳамаи давлатҳои узв ҳатмӣ мебошанд.
Масъалаи муҳоҷират ва паноҳандагӣ дар марҳилаи аввали ташкилёбии Ҷомеаи (иқтисодии) Аврупо хоси давлатҳои узв ба ҳисоб мерафт. Аммо бо мураккаб шудани ин раванд зарурати ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии сиёсӣ пеш омад. Барои ин омилҳои зер нақш бозиданд:
Давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар пайи вазъи муташанниҷи муҳоҷиратии соли 2015 бори аввал дар таърихи худ маҷбур шуданд талошҳои худро барои дарёфти раҳоӣ аз ин буҳрон муттаҳид кунанд. Зеро шиддат ва масштаби буҳрон чунон фарогир буд, ки кишварҳои зиёдеро дар сари роҳи худ безобита кард. ИА бо андешидани тадбирҳои муваққатӣ сарҳадҳои худро таҳти назорат гирифт ва ба вокунишҳои алоҳидаву саросемавори давлатҳои узв хотима дод. Тадбирҳои амалие, ки зимни қарордод бо Туркия матраҳ шуд, имкон доданд шиддати вазъият то андозае пасттар ва тартиби додани паноҳандагӣ ба фирориён ва бозгашти онҳо ба ба тартиб дароварда шавад.
Аммо ҳануз ҳам дар масъалаи муҳоҷират байни давлатҳои ИА ихтилофоти сиёсии амиқ вуҷуд дорад. Масалан, на ҳамаи давлатҳои узв розӣ ҳастанд, ки шумораи баробари муҳорҷиронро бипазиранд. Албатта, ин ба асли ягонагии аврупоӣ мухолиф буда, таҳдиди ҷудоиву парокандагиро бо худ дорад. Дар хориҷ шудани Британияи Кабир аз Иттиҳод масъалаи муҳоҷират низ нақши бориз дошт. Ворид шудани муҳоҷирони дохиливу хориҷӣ абархе аз қувваҳои сиёсиро дар Англия нигарон кард. Онҳо аз ташаннуҷи минбаъдаи нарасидани ҷойи кор, мактаб, манзил ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ эътироз карданд.
Дар қарорҳои Иттиҳоди Аврупо оид ба буҳрони муҳоҷиратӣ ҳуҷҷатҳое, ки 18 феврал, 7 ва 18 марти соли 2006 қабул шудаанд, се самти асосиро дар ҳалли ин ихтилои назарҳо метавон таъкид кард.
Якум, ба кишварҳое, ки сели асосии муҳоҷиронро қабул мекунанд, аз ҷумла Юнон, ИА бояд кумак ироа кунад, аз ҷумла кумаки молӣ барои расонидани ёрии башардӯстона ба муҳоҷирон, назорати марзӣ ва баррасии дархостҳо барои додани паноҳандагӣ. Ҳамраъйии молӣ – яке аз масъалаҳои баҳсбарангезе, ки аз масъалаи муҳоҷират бар меояд – тақозо мекунад, ки ҳар давлати узв, ки намехоҳад дар қабули муҳоҷирон бо дигар давлатҳои узв шарик бошад, бояд ҷуброни молӣ пардохт намояд.
Дуввум, мувофиқи уҳдадориҳои қабулкардаи ҳамаи кишварҳои узв барои риояи қоидаҳои Шенген ва назорати қатъии сарҳад ба хадамотҳои алоҳида, аз ҷумла аз тарафи Хадамоти ИА оид ба бехатарии сарҳадҳои берунӣ ва Хадамоти аврупоӣ оид ба кумак ба шахсони дархосткунандаи паноҳандагӣ кумакҳои иловагӣ ҷудо карда шуд. Ҳамзамон, Иттиҳоди Аврупо таъҷилан оид ба ҳифзи сарҳадҳои заминӣ ва обӣ хадамоти нав таъсис дод.
Сеюм, ИА боТуркия қарордод имзо кард, ки дар он ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳарду тараф вобаста ба сели фирориён ва муҳоҷирон аз тариқи Туркия ба Аврупо дақиқ нишон дода шудааст. Мувофиқи ин қарордод муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ аз Туркия ба Юнон ворид мешаванд, бозпас ба Туркия баргадонида мешаванд, Аврупо муҳоҷиронро танҳо дар сурате қабул мекунад, ки дархости онҳо оид ба паноҳандагӣ дар ҳудуди Туркия пазируфта шавад. Ҳамчунин ҳукумати Туркия уҳдадор мешавад, ки роҳҳои қочоқ ва ҳамли ғайриқонунии одамон ба Аврупоро қатъ кунад. ИА аз ҷониби худ барои беҳтар кардани зиндагии фирориёни суриягӣ дар Туркия ғамхорӣ нишон дод – онҳо ҳуқуқи дар Туркия кор кардан ва дар мактабҳои Туркия хонондани фарзандони худро пайдо карданд. Барои ин сарони аврупои розӣ шуданд, ки дар солҳои 2016- 2017 ба Туркия 6 млн евро (6,6 млн доллар) ҷубронпулӣ пардохт намоянд ва барҳам додани раводидро барои шаҳрвандони Туркия, ки ба минтақаи Шенген сафар мекунанд, тезонад ва гуфтушунидҳоро оид ба ворид шудани Туркия ба Иттиҳоди Аврупоро аз сар гирад.
Нақшаи ҳамкории қабулкардаи Шӯрои Аврупо нуқтаҳои заъф низ дорад: нақшаи ҳамкорӣ бо Туркия маҳз ба муҳоҷирати сиёсӣ нигаронида шудаасту мустақиман бо буҳрони мушаххаси Шарқи наздик вобаста аст. Ҳамчунин, ин қарордод ҳамрайъиро дар дохили ИА тақвият набахшид, балки ихтилофоти мавҷударо мубрамтар гардонид.
Бино бар тавсияҳои коршиносон, кишварҳои ИА-ро ҳалли масъалаҳои зерин, ки то ҳол кӯшиш мекарданд нодида бигиранд, ногузир аст: 1) бояд муайян карда шавад, ки нақшаи тақсимоти муҳоҷирон ба кишварҳо хусусияти ҳатмӣ дошта бошад ё тавсиявӣ? 2) муҳоҷиронро барои доимӣ бояд пазируфт ё барои муваққат? 3) маблағгузории умимӣ ҷорӣ кардан лозим аст ё на? 4) оё рафтуомади озоди қувваи кориро маҳдуд кардан лозим аст?- Вобаста ба як қатор сабабҳо ИА-ро лозим аст ҳалли масъаларо ба дӯши худ гирад ва сиёсати дарозмуддату ҳамаҷонибаи муҳоҷиратиии худро таҳия намояд. Зеро раванди муҳоҷират ба Аврупо ҳеҷ гоҳ қатъ нахоҳад шуд. Фирориёни сиёсӣ аз Сурия, Ироқ, Афғонистон чун пештара ба Аврупо ворид хоҳанд шуд, -мегӯяд, коршиноси масъалаҳои муҳоҷират Пиерре Вимонт, - агар чи ба миқдори камтар ва бо роҳҳои амнтару қонунӣ ҳам бошад. Ворид шудани фирориёни иқтисодӣ, асосан аз Африқо, дар оянда ногузир афзоиш хоҳад ёфт: дар шароите, ки аҳолии Аврупо пир мешаваду аҳолии Африқо ҷавон, афрқоиён норасоии қувваи кориро дар кишварҳои аврупоӣ пур мекунанд. Натиҷаҳои охирин пажӯҳишҳои демографӣ инро тасдиқ мекунанд: дар сурати ҳифзи тамоюли мавҷуда аҳолии Африқо дар соли 2050 аз 1 млрд-и ҳозира ба 2,5 млрд хоҳад расид; агар соли 1900 дар Аврупо чоряки аҳолии дунё зиндагӣ мекард, имрӯз он ба 7% фаромадааст. Аз ибтидои асри ХХ раванди асосии муҳоҷират тағйир ёфт: қаблан аврупоиён ба тамоми гӯшаҳои дунё муқим мешуданд, аммо дар рӯзҳои мо Аврупо ҳадафи асосии муҳоҷирон аз Африқо ва Осиё гардид. Аз ин рӯ, ба ақидаи Пиерре Вимонт, маҳол аст, ки масълаи муҳоҷират худ ба худ ҳал гардад.
Оре, муҳоҷират пайваста шаклҳои гуногун касб мекунад, ки ташхис додани он шаклҳо хеле душвор мегардад, масалан фарқи байни муҳоҷир ва фирорӣ, муҳоҷирати дарозмуддат ва мувақатӣ, муҳоҷирати қонунӣ ва ғайриқонунӣ, муҳоҷирати маҷбурӣ, муҳоҷирати корӣ ва ғайра.
Пазиранда ва ҷонибдори асосии муҳоҷирон Олмон соли гузашта аз камтарин нишондоди сатҳи бекорӣ ва боло рафтани рушди иқтисодӣ хабар дод. Яъне ворид шудани теъдоди зиёди муҳоҷирон ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ин кишвар ҳеҷ гуна халал ворид накарда, баръакс ба рушди он мусоидат кардааст, агар чи дар Олмон низ аз паёмадҳои ногувори он баъзан садоҳо баланд мешуданд.
Хулоса, имрӯз Иттиҳоди Аврупо ба муҳоҷирони корӣ ва муҳоҷирон ба Аврупо ниёз доранд ва дар байни онҳо муҳоҷирати мутахассисони баландихтисос эътибори махсус дорад, чунон ки гуфтаанд, “доно ба ҳар диёр азизу мукаррам аст” .
Кайхусрави Субҳонзод,
ходими илмии Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо