Сиёсати созанда ва муваффақи хориҷии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

     Имсол, Тоҷикистони азизи мо санаи муҳими таърихӣ 30 солагии  дарёфти истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад. Ин сана муҳимтарин ва волотарин воқеаи  даврони навини таърихи тоҷикон маҳсуб мегардад.  9 сентябри соли 1991 иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шўрои олӣ истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Ин санад роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тоҷикон баъди ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд. Тавлиди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ  истиқбол намуд.

   Ҳамзамон, эълони истиқлолияти давлатӣ заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро  барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ин баъд ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мепайваст, ширкати хешро дар ин созмонҳо ба хотири эҷоди шароити мусоид баҳри рушду таҳкими истиқлолият, ҳифзи тамомияти арзӣ, тақвияти давлатдорӣ ва иштирок дар равандҳои умумиҷаҳонӣ ба роҳ меандохт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 26  феврали  соли 1992 ба САҲА, 2 марти соли 1992 ба СММ, апрели  соли 1992 ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, 1 декабри  соли 1992 ба Созмони Конфронси Исломӣ, 18 январи соли 1993 ба Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, 6 апрели  соли 1993 ба ЮНЕСКО ва ғайра шомил гардид.
Аммо, раванди бунёдкорӣ, давлатсозӣ ва ҷаҳонишавии ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон дере нагузашта дучори бўҳрони шадиди сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ боиси  талафоти зиёди ҷонӣ,  моддӣ ва маънавии халқ гардида, давлати тозабунёди  моро ба вартаи ҳалокат  мекашид. Хиради азалии халқи тоҷик, арҷгузории манфиатҳои умумимиллӣ ва умумидавлатӣ, ҳамдастии кишварҳои хориҷӣ иқдомҳои  оқилонаи  Сарвари навинтихоби  давлати тоҷикон, Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи фаноёбии  давлати миллиро гирифт.
    Ба шарофати хиради фитрӣ, иродаи қавӣ, феномени беназири сиёсии худ, сарвари  навинтихоби ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки  дар як муддати кўтоҳ асосҳои давлатдории  миллиро эҳё намуда, шиддати ҷанги  бародаркўши  шаҳрвандиро дарҳам шиканад ва ба раванди  барқарор намудани ваҳдати  миллӣ ва сулҳу субот дар  кишвар оғоз бахшад.
   Дар ин замина  Роҳбари давлат Эмомалӣ  Раҳмон  истифодаи самараноки имкониятҳои байналмиллалиро ҷиҳати фурў нишондани оташи ҷанги  шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар баҳайси вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ қарор дод.
Усулҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои олӣ аз тарафи Раиси Шӯрои олии Ҷумҳурӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар «Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон» баён гардид.
Дар ин нуқтаҳо усул ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таври куллӣ баён гардиданд. Инкишофи баъдинаи он дар асарҳо, мақолаҳо, суханрониҳо, мусоҳибаҳо ва Паёмҳои ҳамасолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон возеҳ инъикос меёфтанд. Маҳз бо ибтикори Сарвари давлат пойгоҳи мустаҳками  амалисозии сиёсати хориҷии кишвар ба вуҷуд оварда шуд.
Ҳамчунин,  дар ин муддат якчанд санадҳои муҳими назариявӣ, ҳуқуқӣ ва қонунгузории кишвар таҳия ва эҷод гардиданд.  Муҳимтарин санади сарнавиштсози ин давр Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки 6 ноябри  соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва  дар моддаи  11 он  сиёсати хориҷии кишвар  ба тариқи зайл муайян гардидааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷуёнаро ба  амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиклолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои  байналмилалӣ муайян мекунад» [9]. ­
Ҳангоми таҳияи Конститутсия  ба ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир  мегардад то ин, ки мазмуну мундариҷаи ин санади муҳим пурра бояд ҷавобгўи меъёрҳои хукуки башар ва ҷомеаи   мутамаддини ҷаҳонӣ  бошад.
Бо назардошти воқеоти ҷаҳонӣ ва тақозои рўз, давра ба давра дар ҷумҳурӣ санадҳои танзимкунандаи  сиёсати хориҷиро таҳрезӣ мегардиданд. Консепсияи сиёсати хориҷӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти дипломатӣ»  аз ҷумлаи онҳост, ки дар  ин давра таҳия ва эҷод гардиданд.
Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сентябри соли 2002 ва Қонун «Дар бораи хадамоти дипломати» 2 декабри  2002 ба тасвиб расид.  Дар Консепсия  моҳият, мундариҷа, дурнамоии  сиёсати хориҷӣ  ва самтҳои авлавиятҳои  он инъикос  меёфтанд. Дар он хифзи  манфиатҳои  миллӣ, самтхо афзалиятхо,  минтақаҳои  ҳамкорӣ бо давлатҳои шарик ва дуру наздик ва дигар масъалаҳои муҳими роҳандозии сиёсати байналмилалии кишвар муайян гардида буд. Мутобиқ ба ин Консепсия бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва вазъи кунунии ҷаҳонӣ Президенти мамлакат, сиёсати хоричии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  шуруъ аз соли 2003 сиёсати «дарҳои боз» эълон намуд, ки  ҳадафи он дарёфти тавозуни оқилона ва одилона дар робита бо кишварҳои хориҷӣ аст. Сиёсати хориҷии  «дарҳои боз» дар тули солҳои истиқлолият дурустии худро собит сохта,  имкон дод, ки Тоҷикистон мавқеи худро дар ҷаҳони муосир дарёбад, онро мустаҳкам созад ва имкониятҳои ғании байналмилалиро барои ҳалли масъалаҳои мубрами дохилӣ равона намояд. Барқарор ва рушди мутавозини робитаҳои дўстона  ва ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои  Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,  Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҳиндустон дастоварди бузург ва манфиатбахши ин стратегия мебошад. Стратегияи «дарҳои боз» имкон дод, ки кишварҳои  қудратманди ҷаҳонӣ ба кишвари мо ба ҳамкориҳои мутақобилаи  судманд  ҷалб карда шуда, якқатор лоиҳаи  муҳими иқтисодӣ, энергетикӣ, инфросохторӣ таҳия ва татбиқ гардидаанд, ки ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар заминаи мусоидатро фароҳам сохтанд.
Сиёсати   «дарҳои боз» меҳвари сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки натиҷаи дилхоҳ ба бор овардааст. Чунин сиёсати  созанда ва муваффақ дастоварди бузург ва манфиатбахши ин стратегия мебошад.
Робитаҳои  ҳамаҷонибаи Тоҷикистон бо Русия дар натиҷаи талошҳои фаъолонаи ҳарду ҷониб ба шарикии стратегии дорои хислатҳои мутавозин ва фарогири  манфиатҳои дарозмуддати миллии ҳарду кишвар табдил ёфтанд. Самараи муҳимтарини шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия ҳамкориҳои рушдёбандаи сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва ҳарбӣ байни ду кишвар мебошад, ки дар заминаи беш аз 250 созишнома ва қарордодҳои имзошуда сурат мегиранд.
    Дар татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналмилалӣ робитаҳо бо Ҷумҳурии Халқии Чин аҳамияти басо муҳим дорад. Ба дипломатияи муосири тоҷик муяссар гардид, ки  дар даврони истиқлолият бо Ҷумҳурии Халқии Хитой сатҳи баланди эътимодро  миёни ду кишвари ҳамсарҳад ба вуҷуд оваранд ва заминаи густурдаеро барои ривоҷи ҳамкориҳои судманди тарафайн фароҳам созад. Ҳамкориҳо бо Чин яке аз омилҳои рушди иқтисодии кишвар ва тақвияти суботу амният дар минтақа ба ҳисоб меравад. Робитаҳо миёни ду кишвари ҳамсоя хамчунин дар чаҳорчубаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ба  асоси  беш аз 200 созишномаҳо босуръат ҷараён мегирад. 
  Робита бо кишвари ҳамсоя ва дўст Афғонистон ҳамеша дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи хосро ишғол менамояд. Пешвои миллат Эмомали Раҳмон ҳанўз дар солҳои  90 дар аксар суханрониҳояшон  диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба воқеоти фоҷиабори Афғонистон, хатари ҳаракати  толибон барои халқҳои минтақа ва ҷаҳон ҷалб менамуд. Ҳанўз дар нахустин суханронии хеш дар Иҷлосияи 48-уми Ассамблеяи генералии СММ 30-сентябри соли 1993 Президенти Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро аз хатари терроризми байналхалқӣ, ифротгароии динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳушдор дода, изҳор намуданд, ки «Афғонистони ноорому номуътадил на фақат ба Тоҷикистон хавф дорад»[2,187] Дар суханрониҳои баъдинаи худ Сарвари давлати мо ин мавзуъро идома дода, таъкид менамуданд, ки   қазияи Афғонистон ҳалли низомӣ надорад ва тарафҳои даргирро ба муколама даъват намуда дар атрофи Афғонистон бунёди «камари амният» -ро зарур мешумориданд.
   Ҳоло,  Тоҷикистон мекўшад, ки бо имконоти мавҷуда, робитаҳои тиҷоратӣ ва  иқтисодӣ миёни ду кишвари ҳамсоя ба роҳ монда шаванд ва дар бозсозии иқтисодии Афғонистон саҳм гирад. Бунёди роҳҳо ва пулҳо миёни ду кишвар шаҳодат ба ин андеша аст, ки Тоҷикистон ҳавасманди густариши равобит бо Афғонистони ҳамсоя буда, хоҳони ҳарчи зудтар ба эътидол омадани вазъи сиёсии кишвар аст. Маҳз бо ташаббуси  Тоҷикистон, ки узви фаъоли СҲШ мебошад дар доираи ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ гуруҳи тамос бо Афғонистон таъсис ёфт, ки ҳадафи он мусоидат намудан ба раванди сулҳоварӣ дар ин кишвар аст. 
  Рушди робитаҳо бо кишварҳои Шарқ-Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Япония, бо ҷаҳони ислом бо кишварҳои узви ИДМ, Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои пешрафтаи Ғарб самти муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
  Таҳия ва татбиқи стратегияи ҳамаҷониба асоснок ва санҷидаи байналмилалӣ бо назардошти ҳадафҳо ва манфиатҳои олии Ватан дар айни замон ҳамоҳанг сохтану омезиши онҳо бо ниёзҳо ва манфиатҳои глобалӣ сабабгори ташаккул ва табдили Тоҷикистони соҳибистиқлол ба узви фаъол ва соҳибэҳтироми ҷомеаи ҷахонӣ гардид.
  Ташаббусҳои саривақтӣ ва иқдомҳои фаъолонаи  Президенти  Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои доғи сайёра аз қабили таъмини аҳолии руйи замин бо оби нушокӣ, дар ин росто, эълон намудани соли 2003 соли оби тоза ва таҳияи барномаи дарозмуддати Даҳсолаи байналмилалии фаъолияти «Об барои ҳаёт» (2005-2015), ки аз тарафи  СММ бо ҷонибдории 141 кишвар ба тасвиб расид, эътибор ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон хеле боло бурд. Тоҷикистон дар доираи ин барнома як силсила тадбирҳои муҳими сатҳи байналмилалро  дар шаҳри Душанбе созмон дод, ки аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони хориҷӣ  баҳои баланд гирифтанд.
 Дар доираи ин ташаббус 20-21 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмиллалӣ сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид, ки дар он беш аз 900 нафар намояндагони воломақом ва коршиносони сиёсӣ аз 70-кишвари ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмиллалӣ ширкат варзиданд. 
   Соли 2015 аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси навро дар бораи эълон намудани барномаи  «Даҳсолаи об ба хотири рушду устувор»  барои солҳои 2018-2028 пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо руҳбаландӣ истиқбол гардид.
  Ба туфайли сиёсати созанда ва муваффақи хориҷӣ имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи 176 давлатҳои дунё расман эътироф гардида, бо 140 кишвари олам робитаҳои дипломатӣ барқарор карда шудаанд. Ҳамасола миёни Тоҷикистон ва беш аз 100 кишвари дунё тиҷорат ва табодули мол сурат мегирад. Соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмони бонуфузи тиҷоратии ҷаҳонии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (ВТО) гардид. То имрўз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни дунё беш аз 1200 санад ва ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, тиҷорат, маориф, фарҳанг ва ғ. ба имзо расонидааст.
  Ҳоло дар Тоҷикистон намояндагиҳои анқариб 50 созмон ва ташкилотҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ фаъолият намуда истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намудааст. Намояндагиҳои ҷумҳурии мо дар СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъи ва ғайра фаъолона ширкат варзида, ҳузури худро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ вусъат мебахшад. Ҳамчунин Тоҷикистон дар ин давра санадҳои муҳимтарини байналмиллалӣ аз ҷумла Ойинномаи СММ (соли 1945) Санади хотимавии Хелсинки (соли 1975), Эъломияи ҳуқуқи башар (соли 1948)  ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмиллалиро эътироф намуда, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои уро арзиши олӣ мешуморад. 
    Сиёсати оқилона, озмудашуда ва мутавозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият самараи нек ба бор овард. Мавқеи ҷумҳурии моро дар арсаи байналмилалӣ хеле баланд бардошт. Ҳамасола дар шаҳри  Душанбе доир гардидани форум ва конференсияҳои сатҳи олии байналмилалӣ, ташрифи чандкаратаи роҳбарони олимақоми давлатҳои дунё муншиҳои умумии СММ Кофи Аннан, Пан Ги Мун, Антонио Гутериш ва дигарон ба Тоҷикистон аз эътибори баланди байналмилалӣ ва мавқеи рузафзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари сиёсии он дар арсаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад.
   Бошад, ки дар партави хуршеди истиқлол бо роҳнамоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон фазои сулҳу ваҳдат, созандагиву бунёдкорӣ дар кишвари мо пойдор ва файзу баракат, ободиву осоиш насиби ҳар  хонадони тоҷик гардад.

Адабиёт
  1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Д., 1994.
  2. Раҳмонов Э.Ш.-Тоҷикистон: чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ. Душанбе, 1995
  3. Аслов С. 25 қадам дар паҳнои олам. – Душанбе, 2016.
  4. Назриев Д. Сатторов И. Республика Таджикистан: история независимости. 1992г. Душанбе,2005.
  5. Назаров Т. Сатторзода А. Дипломатияи муосири тоҷик. Душанбе, 2006.
  6. Саидов З. Внешняя политика Республики Таджикистан на современном этапе. Душанбе, 2006.
 
 
Н.М. Мирзоев
д.и.т.,профессори ДМТ

БОЗГАШТ