Муаллиф: ИОМДОА
Имрӯз терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб ба ҳисоб рафта, дар тамоми ҷаҳон доман паҳн кардааст. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, тамоми ҷаҳон тавассути созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бар зидди ин амали номатлуб мубориза бурда истодаанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш намуда истодааст, ки ин ҷиноятҳои таҳдидкунандаи ҳаёту зиндагии инсониятро пешгирӣ намояд. Яке аз чунин давлатҳое, ки дар ин самт мубориза мебарад ва то андозае муваффақ ҳам шудааст, Туркия маҳсуб меёбад.
Айни замон, стратегияи муборизаи Туркия бар зидди ифротгароӣ ва терроризм бо дарназардошти вазъияти дохилӣ ва минтақавӣ ба роҳ монда шудааст. Яке аз роҳҳое, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ба вижа Тоҷикистон ба кишварҳои ҷангзада мераванд, ин Туркия ба шумор меравад. Чунки он бо давлатҳои Осиёи Маркази робитаи гусастаи фарҳангиву иқтисодӣ ва тиҷоратии мунтазам дорад. Бо баҳонаи сафарҳои туристӣ ва тиҷоратӣ гурӯҳҳои радикалӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ, аксар вақт аз ин роҳ истифода мекунанд. Яъне таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештар террористон худро тоҷир ва сайёҳ вонамуд карда, барои ба Сурия ва дигар давлатҳои ҷангзада рафтан Туркияро интихоб мекунанд. Аммо вазъи дохилии Туркия намегузорад, ки ин кишвар барои ҳалли ин мушкилот ба таври ҷиддӣ даст занад.
Дар Туркия ин равандҳои номатлуб ва бар хилофи аҳли ҷомеа аз солҳои 80 уми асри ХХ шуруъ гардида буд. Ҳодисаҳое, ки соли 1984 курдҳо барои ташкил кардани автономияи худ талош варзида буданд, исботи ин гуфтаҳост. Давлат муборизаро бар зидди террористони курдӣ тақвият дода, амалиётро бар зидди ҷудоихоҳони курд роҳандозӣ карда буд. Чунин ҷунбишҳое, ки дар кишвар миёни курдҳо ва туркҳо ба миён омада буд, боиси зиёд шудани зуҳуроти номатлуб ба мисли терроризм ва ифротгароӣ дар ин манотиқ гардид. Масъалаҳои муқовимати давлат бо ташкилотҳои исломӣ дар дохил ва берун аз он пайваста ба вуҷуд меомад. Ба андешаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Бекир Боздай Туркия як қатор таҳдидҳои воқеии террористиро ба амнияти хеш дар доираи радикалҳои дохилӣ ва созмонҳои фаромилливу шабакаҳои террористиро аз сар гузарондааст.
- Туркия омода аст дар мубориза бар зидди терроризми дохилӣ ва хориҷӣ дар ҳамбастагӣ бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ироқ ва Сурия саҳм гузорад. Агар минтақа аз террористон пок шавад, мушкилиҳо ҳал хоҳанд шуд. Аммо Туркия қудрати кофӣ барои таҳрими терроризм дар минтақа қувват надорад. Аз тарафи дигар, мубориза бар зидди терроризм на ҳама вақт ба манфиати ҳукумати Туркия буда, барои мухолифини сиёсӣ дар дохили кишвар истифода бурда мешавад, -гуфтааст Бекир Боздай.
Давлат бидуни вазъи ноороми сиёсӣ дар ин самт муборизаро пурзур карда истодааст. Вазъияти Туркия аз сабаби ҳамлаҳои пайвастаи террористӣ тағйир меёбад. Пас аз ҳамлаҳои террористии соли 2003 дар Туркия тағйироти назаррас рӯй дод. Масалан, дар ҷойҳои серодам назорати пулис бештар шуда, дар баъзе ҷойҳо детекторҳои металлӣ насб карда шуданд. Инчунин, дар шаҳрҳои калони Туркия қуттиҳои партов вуҷуд надорад, чунки онҳо метавонанд роҳи тарконидани мавзеъҳоро пешгирӣ намоянд.
Аз соли 2015 то кунун дар Туркия, чандин ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки ҳолатҳои мунфаҷиркунанда ва ҳалокатоварандаро доштанд. Дар шаҳрҳои калон ба мисли Истамбул, Анқара, Газиганеп, Диярбакир пайваста таркишҳо рух медоданд. Бештари ҷабрдидагони ҳамлаҳои террористӣ сокинони осоиштаи Туркия мебошанд. Аз ин рӯ, бомбагузорони худкуш, ҷойҳоеро интихоб мекунанд, ки бо он ҷойҳо бештар сайёҳон мераванд. Дар истироҳатгоҳҳо ҳамлаҳои террористӣ чанд маротиба зиёд ба чашм мерасанд. Моҳи августи соли 2011 дар Қумер як таркиши бузург ба вуқуъ пайваст, ки дар натиҷа, 15 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки аз онҳо ҳафт нафар рус буд. Баъд аз ҳодисаҳои пай дар пай дар бисёр аз марказҳои бузурги тиҷоратӣ асбобҳои тафтишоти насб карда шуд. Пас аз ҳамлаи террористӣ дар Суруче, сармоягузорони шабакаҳои бузурги тиҷоратӣ қарор доданд, ки тадбирҳои амниятӣ барои бехатарӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва насб кардани деталҳои иловагии металиро дар маҳалҳои муҳофизатшаванда диққати махсус дода шавад. Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намуд, ки барои аз байн бурдани омилҳои терроризм ва ифротгароӣ дар кишвар як қатор гурӯҳҳо ва созмонҳои ғайридавлатӣ, ки амният ва суботи кишварро халалдор мекунанд, мубориза мебарад. Аз ҷумла, Ҳизби коргарони Курдистон, гурӯҳи давлати исломӣ, Ҳизби инқилобии миллии озодихоҳӣ ва Ташкилоти исломии Фатҳулло Гюлен, ки мақомоти Туркия ӯро барои кӯшиши табаддулоти ҳарбии кишвар дар моҳи июли соли 2016 гунаҳгор медонанд. Ҳукумати Туркия бар он назар аст, ки дар паси кӯшишҳои сарнагун кардани ҳокимият руҳонии саршиноси Туркия Фатҳулло Гулен меистад ва ӯ тарроҳи асосии табадулоти нофарҷом ба ҳисоб меравад.
Гулен муассис ва сарвари созмони фарҳангӣ, илмӣ ва омӯзишии “Хизмат” мебошад, ки дар 150 кишвари олам дафтарҳои намояндагии худро дорад ва он як шабакаи хеле маъмул дар олам маҳсуб меёбад. Ин созмони хеле пурнуфуз буда, ҳатто кишварҳо аз вуҷуди он дар қаламравашон эҳсоси хатар мекунанд. Дар солҳои 90-ум созмони “Хизмат” дар ҳамаи мамолики Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Ӯзбекистон литсей ва марказҳои омӯзишии худро боз карда буд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо дархости Ҳукумати Туркия ва кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кутоҳтарин фурсат ин муассисаҳо дар Тоҷикистон баста шуданд.
Туркия натанҳо дар дохил, балки дар хориҷ низ ба муқобили терроризм мубориза мебарад. Ҳукумати Туркия дар мубориза бар зидди ифротгароён ва террористони хориҷ иштирок ва дар амалиётҳои зиддитеррористӣ дар Сурия, Ироқ, дар ҳамбастагӣ бо Иттиҳоди Аврупо ширкат мекунад. Яке аз ҳадафҳои Туркия ин таҳкими назорати марзи Сурия аст ва барои ҳалли вазъияти он, кӯшиш менамояд Ҳамкориҳои зиддитеррористӣ миёни Туркия ва Иттиҳоди Аврупо хеле муҳим аст. Онҳо бо таҳдидҳои шабеҳ ба гурӯҳҳои террористӣ рӯ ба рӯ мебошанд ва бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зидди ифротгароӣ ва маблағгузории терроризм ҳамкорӣ менамоянд. Ҳатто Туркия тавонист бо ҳамбастагии давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар манотиқи ноором, чун Сурияву Ироқ ва Изроил бар зидди гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароёни курд мубориза барад.
Ногуфта намонад, ки Анқара пайваста Курдистони Ироқро дар нокифоя будани тадбирҳои андешидааш бар зидди ҷудоихоҳони курд айбдор мекунад. Ҳатто муносибатҳо миёни Туркия ва Курдистони Ироқ баъд аз сафари Mасъуд Боризонӣ ба Анқара, ки дар давоми он Туркия гузориши худ дар бораи фаъолияти курдҳоро дар шимоли Ироқ матраҳ кард, тағйир ёфт. Аз тадбирҳои роҳбарияти Туркия маълум гардид, ки ҳамлаҳои террористии курд дар Туркия ва ноҳияҳои кӯҳии шимоли Ироқ рӯз то рӯз авҷ мегирад. Ҳамин тариқ, Анқара кӯшиш намуд, ки ҳамкории дӯстиро дар ин самт самарабахш ва бар зидди ҷудоихоҳони курд амалӣ намояд. Акнун Туркия ба Курдистони Ироқ ҳамчун шарики стратегии худ такя мекунад. Туркия дар Ироқ барои бартараф намудани пойгоҳҳои ҷудоихоҳони курд мубориза мебарад. Аз тарафи дигар имрӯз Туркия, Эрон ва Сурия сиёсати ҳамоҳангшавандаро оид ба масъалаи Курд барои мубориза бо ҷангҷуйён таҳрик мекунанд. Ҳамин тариқ, ҳар ду кишвар муборизаро бар зидди шӯришчиёни курдӣ дар дохили ҳар ду кишвар пурзур намуданд. Онҳо сиёсати фаъол оид ба вазъи дохилӣ, робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо вилояти Курдистони Ироқ ба роҳ монданд.
Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон шаҳрвандонро барои мубориза бар зидди терроризм даъват карда, талаб намуд, ки ҳар касе, ки оид ба чунин ташкилотҳо маълумот дорад, фавран ба мақомотҳои давлатӣ хабар диҳад. Ҳукумати кишвар дар назди худ мақсад гузоштааст, ки то аз байн бурдани гурӯҳҳои мухталифи террористӣ мубориза хоҳад бурд.
Хотиррасон бояд кард, ки соли 1991 Туркия қонуни зиддитеррористиро қабул карда, ки мувофиқи он таблиғгарони сепаратизм ба се соли зиндонӣ маҳкум мешаванд. Тибқи маълумоти расмии Иттиҳоди Аврупо ин бахши қонунгузорӣ бояд тағйир дода шавад, зеро он ба принсипҳои асосии ҳуқуқи инсон мухолифат дорад. Сарфи назар аз фишори Иттиҳоди Аврупо, Сарвазири Туркия Бинали Йилдримим гуфт, ки қонунҳои зиддитеррористии Туркия ҳеҷ гоҳ тағйир наёфтааст ва он ба меъёрҳои байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон мухолиф нестанд. Солҳои 2010-2015 ба қонуни зиддитеррористӣ тағйирот ворид карданд, ки Иттиҳоди Аврупо тағйироти қонунии онро, ки дорои сифати васеътарини терроризм аст, ҳамчун ҷузъи калидӣ барои бозгашти тақвияти демократия дар Туркия ва инкишофи он донист.
Туркия дар самти мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ дар дохил ва хориҷ дар ҳамбастагӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, муборизаро ҷоннок ва пешгириро пурзур намуда истодааст
Манобеъ:
Рузибойён Нодирпур Раҳмонӣ,
ходими хурди илмии Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупо