Симои равшанфикрони миллӣ дар «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

Расм

Мусалламан, рушди қавмиятҳо, миллиятҳо, халқиятҳо ва давлатҳо дар ҳама давру замон ба кайфияти кори фикрии табақаҳои равшангари ҷомеа бастагӣ дошта ва дорад. Аз ин ҷост, ки муҳаққиқон, кори фикриро, асосан дар ду тарз баррасӣ кардаанд: аввалан, бо роҳи истифода аз равишҳои равоншиносӣ, улуми зистӣ, бавижа асабшиносӣ, ки ҳадафаш шинохти мушаххасоти мағзи инсон аст ва сониян, тавассути таваҷҷуҳ ба корҳои фикрии афрод, коркардҳо ва натиҷаҳои иҷтимоии онҳо(ниг.:Аҳмадӣ Бобак. Кори равшангарӣ. Теҳрон: Марказ, 1384. –С.7). Албатта, кори равшанфикрӣ кори на як ё ду нафар, балки кори муназзами табақоти гуногуни фикрӣ ва маданӣ аст. Танҳо дар натиҷаи муколамаи мутақобилан судманд ва орӣ аз ғараз ва табодули назари табақоти гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фазои бози равшанфикрӣ дар ҷомеа ба вуҷуд омада, роҳи наҷоти насли инсонӣ аз вартаи хурофоту таассуби саросарӣ дар ҳамаи сатҳҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсию иқтисодӣ тадриҷан ҳамвор мегардад. Ин аст, ки файласуфи машҳури асри бистум Мишел Фуко навиштааст: «Кори равшанфикрӣ корест ҳамагонӣ, маҳсули хиради ҷамъӣ ва мантиқи муколама» (ниг.:Аҳмадӣ Бобак. Кори равшангарӣ. Теҳрон: Марказ, 1384. –С.11).

Вожаи «равшанфикр» дар шакли истилоҳ ва мафҳуми илмию фарҳангӣ аз фарҳанги урупоӣ ба муҳитҳои фарҳангӣ ва фазои сиёсию иҷтимоии ватанӣ ворид гардидааст. Нависандагони давраи машрутаи Ирон ба ҷойи истилоҳи франсавии «Siecle des lumieres» ибораи «асри мунавварфикрӣ» -ро истифода мебурданд ва дар солҳои баъдӣ ба ҷойи «мунавварфикр» вожаи «равшанфикр» мутадовил гардид ва натиҷатан, ба ҷойи истилоҳи франсавии «Siecle des lumieres» мафҳуми «асри равшанфикрӣ» мавриди истифода қарор гирифт. Агар сари вожаи «равшанфикр» аз лиҳози луғавӣ суҳбат кунем, ба ин натиҷа мерасем: «Навгаро, таҷаддудпараст, таҷаддудгаро. Он ки эътиқод ба ривоҷи ойину афкори нав дорад» (ниг.:Деҳхудо Алиакбар. Луғатнома. Ҷилди 8. Теҳрон, 1373. –С.10912). Гузашта аз ин, вожаи «равшанфикрӣ» муодили «Enliqhtenment» мебошад(ниг.: Мусоҳиб Ғуломҳусайн. Доиратулмаорифи форсӣ. Ҷилди 1. Теҳрон, 1345. –С. 1128). Ба таври куллӣ, дар фарҳангномаҳо истилоҳи «равшанфикр» дар ду маъно шарҳ ёфтааст: аввал, касе, ки дорои бинише огоҳона, мантиқӣ, дур аз хурофа ва таассуб бошад ва дуюм, нафаре, ки муътақид ба нақш ва арзиши донишу фарҳанг дар пешрафти ҷомеа ва беҳрӯзии мардум бошад (ниг.: Афшор Ғуломҳусайн Садрӣ, Ҳакамӣ Насрин, Ҳакамӣ Настаран. Фарҳанги муосири форсӣ. Теҳрон, 1381. –С.683).

Хулласи калом, равшанфикр, қабл аз ҳама, шахси таҳсилкардае аст, ки бо ҳаёти фикрӣ сарукор дорад ва дар тағйироти фикрии ҷомеа, адолати иҷтимоӣ, наҷоти иҷтимоъ аз мазлумот кӯшиш ба харҷ медиҳад (ниг.:Қайсарӣ Алӣ. Равшанфикрони Ирон дар қарни бистум. Тарҷумаи Муҳаммад Деҳқонӣ. –Теҳрон: Ҳермис, Маркази байналмилалии Гуфтугӯи тамаддунҳо, 1383. –С. 2-3). Аммо кори фикрӣ бо худии худ кори саҳлу осон ҳам нест. Бар ин маъно бузургтарин донишманди садаи бист Алберт Эйнштейн ишорати ҷиддӣ карда буд: «Фикр кардан мушкилтарини корҳо низ ҳаст» (ниг.:Ризоқулӣ Алӣ. Ҷомеашиносии нухбакушӣ: таҳлили ҷомеашинохтии бархе аз решаҳои истибдод ва ақибмондагӣ дар Ирон. Теҳрон: Нашри Най, 1377.-С.24).

Акнун дар мавриди мафҳуми «равшанфикрӣ» ва зиёда аз ин, доир ба масъалаи симои равшанфикрони миллӣ дар китоби «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ, ки дар раъси равшанфикрону равшангарони муосири миллӣ қарор дорад, таваққуф мекунем. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки зиёиёну равшанфикрони Бухоро аз омӯзаҳои равшангарону маорифпарварони Шарки онрӯза, пеш аз ҳама, аз таълифоту фаъолияти Чалолуддини Афғонӣ (1833-1897), Муҳаммад Абдӯҳи Мисрӣ (1849-1905), Исмоили Ғаспарӣ(1851-1914) самаранок истифода намуда, дар Мовароуннаҳр ҷунбиши тараққихоҳона ба вуҷуд оварданд (ниг.:Шакурӣ М. Равшангари бузург. -Душанбе: Адиб, 2006. -С. 25). Ба вуҷуд омадани фазо, пеш аз ҳама, ба фаъолияти густурдаи равшангарони миллӣ вобаста аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, фазо ва муҳити равшанфикрӣ дар Бухорои амирӣ, минҷумла насли калонсоли равшанфикрони миллӣ дар осори устод Айнӣ, махсусан «Ёддоштҳо» хеле хуб инъикос ёфтааст.

Бояд тазаккур дод, ки «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ (1948-1954) асари ҷамъбастии нависанда буда(ниг.: Асозода Х. Воқеият, сиёсат ва Айнӣ. –Душанбе: Шуҷоиён, 2010. -С.80), таҷрибаи ҳафтодсолаи устодро дар бар гирифтааст. Ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, устод Айнӣ навиштаанд: «Ин маълум аст, ки таҷрибаи ҳар кас, дар ҳар кор дар охирҳои кораш ба камол мерасад ва ин ҳам маълум аст, ки ҳеҷ кас охири умри худро ба тарзи қатъӣ намедонад. Аммо аз он ҷо, ки умрам аз ҳафтод гузашта, рӯз то рӯз сустии аъзоҳо зиёдтар гардида, қувваи кориам камтар шудан гирифт, ман тахмин кардам, ки вақти ба анҷом расонидани ин кор… расидааст» (ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо. –Қисмҳои 1-2. –Сталинобод: Нашрдавтоҷ, 1954. –С.5). Доираи мутолиот, диду мушоҳидот ва донишу таҷрибот кифоят кард, ки устод Айнӣ дар таърихи адабу фарҳанги муосири тоҷикӣ дар қолаби ёддошт асаре гаронмоя мерос гузорад(ҳарчанд он нотмом аст). «Ин аст, ки, -- менависад айнишиноси маъруфи тоҷик М. Шакурӣ, -- дар «Ёддоштҳо» на танҳо таҷрибаи ёддоштнависии Айнӣ, балки умуман, таҷрибаи роз ва пурҷӯшу хурӯши ин пири хирадманд, таҷрибаҳои адабии ин нависандаи номдор ҷамъбаст шудааст» (ниг.:Шукуров М. Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и устод С. Айнӣ. –Душанбе: Дониш, 1966. -С.11).

Масъалаи ба риштаи тасвири бадеӣ баркашидани симо ва зиндагии равшанфикрони миллӣ, ки дар ташаккул ва рушди ҷомеаи давр ва ба озодию истиқлолият расидани мардуми амирсолорӣ саҳми арзанда гузоштаанд, барои устод Айнӣ масъалаи калидӣ будааст. Зеро худи устод аз зумраи равшанфикрони раддаи аввали Бухоро буда, дар масири шинохти арзишҳои инсонӣ, дарки моҳияти оламу одам, баррасии масоили муҳим ва мубрами иҷтимоӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, адабӣ ва маданӣ гомҳои устувор бардоштааст. Бар илова, устод Айнӣ аз овони кӯдакӣ дар масоили маърифатӣ, маданӣ, адабӣ ва динӣ ҳассос будааст ва бо маҳорати дақиқбинӣ ва малакаи пурсишгарӣ, ки аз падар ба мерос гирифтааст, ба мушкилоти гуногуни замон бархӯрд мекардааст. Воқеиятпарастӣ ва ростгӯйӣ, ки ҷавҳари андешаи равшанфикриро ташкил медиҳанд, ба устод Айнӣ имкон доданд, ки воқеоту ҳаводисро дар қолаби насри ёддоштӣ ҷаззобу муассир баён намояд. Бо такя ба тавсия ва насиҳати ҷиддие, ки падараш ба устод Айнӣ ҳанӯз дар айёми тифлӣ кардааст, «ҳар чизро, ки бинӣ, бо диққат зеҳн монда нигоҳ кун, ҳар гапро, ки шунавӣ, бо диққат гӯш андоз ва агар касе ба ту гӯяд, ё коре фармояд, фаҳмида бошӣ ҳам, дубора пурсида ва ёд гир. Ва эҳтиёт кун, ки гап аз ёдат набарояд. Аммо ҳеҷ гоҳ дурӯғ нагӯй, ки ҳам шарманда мешавӣ, ҳам бадном»(ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.98) нависанда рисолати ихтисосӣ ва инсониашро, ки дар тасвири воқеияти давру замон зоҳир мегардид, ба таври аҳсан анҷом додааст.         

Албатта, устод Айнӣ дар тамоми осори худ ба қишри равшангар ва мунавварфикр таваҷҷуҳ намудааст ва тасвири пора ва лаҳазоти зиндагии ибратомӯзи равшанфикрони миллӣ дар маркази диққати нависанда қарор доштааст. Дар қисми сеюми «Ёддоштҳо» ба таври ихтисосӣ ва мушаххас атрофи чеҳраҳои муҳими равшанфикрии миллӣ изҳори назар намудааст. Устод ошноии худро бо чеҳраҳои равшанфикрии рӯзгор ба маҳфили адабии хонаи Шарифҷон-махдум марбут донистааст. Устод аз соли таҳсили 1891-1892 (дар охирҳои моҳи сентябр) ба хонаи Шарифҷон-махдум Садри Зиё (1866-1932), ки таҳти таъсири Аҳмади Дониш чанд асари насрӣ таълиф карда, дар якҷоягӣ «Наводири Зиёия» номида шудаанд, меояд ва аз ин ҷо бо аъзои маҳфили адабӣ ошно мегардад.

Боби «Шарифҷон-махдум ва ҳамсуҳбатони ӯ»-и китоби «Ёддоштҳо»-ро устод аз баёни хонаи Шарифҷон-махдум оғоз мекунад. Назар ба қавли устод, хонаи Шарифҷон-махдум ҳар ҳафта се шаби таътил – сешанбе, чоршанбе ва панҷшанбе, одатан ранги анҷумани шоирон, шеършиносон, латифагӯён ва ширинкоронро мегирифт. Зимнан, устод Айнӣ, ки бо Абдулвоҳид вазифаи пешхидматиро адо мекард, аз он суҳбатҳо озодона истифода мебурд (ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009.-С.271). Маҳфили адабии хонаи Шарифҷон-махдум барои устод Айнӣ манбаи ҷамъоварии иттилооти нофеи адабӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва дар маҷмӯъ, маънавӣ мегардад, ки дар рушди шахсияти адабӣ, илмӣ, сиёсӣ ва фарҳангии вай нақши муҳим гузоштааст. Ин аст, ки менигорад: «Ман метавонам гӯям, ки материалҳои ибтидоӣ, лекин муҳимми адабии худро аз он ҳавлӣ гирд овардам. Ман дар он ҳавлӣ бо Мирзо Назруллои Лутфӣ, Абдулмаҷиди Зуфунун, Яҳёхоҷа, Сайидхоҷаи Гулшанӣ, Хомидбеки Ҳомид, Абдуллоҳхоҷаи Таҳсин, Мулло Бурҳони Муштоқӣ, Қорӣ Абдукарими Офарини Дӯзахӣ, Мирзо Азими Сомии Бӯстӣ, Мулло Раҳмати Сартарош, Азизхоҷаи Азиз ва дигарон, ки аксари онҳо шоир ва шеършинос буданд, шинос ва ҳолдон шудам» (ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009.-С.271). Пас аз чанд радду бадали муқаддамотӣ устод Айнӣ мураттабан, ба муаррифии чеҳраҳои равшангарии миллӣ оғоз мекунад. Ногуфта намонад, ки қишри равшанфикрии миллии замон, ки ғолибан дар маҳфили илмӣ-адабии Шарифҷон-махдум инсиҷом ёфта буд, бо ин ё он восита ба исми падари маорифпарварии Бухоро Аҳмади Дониш пайвандӣ дошт. Ба ин маънӣ устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ишора кардааст: «Таҳкурсии маънавии ҷустуҷӯҳои фикрии аҳли маҳфили адабии Садри Зиёро омӯзаҳои Аҳмади Дониш устувор карда буд. Аҳмади Дониш, ки сардафтар ва пешвои равшангарони тоҷик буд, дар маҳфили Шарифҷон-махдуми Садри Зиё ҳамеша ғоибона ҳузур дошт» (ниг.: Шакурӣ Муҳаммадҷони Бухороӣ. Равшангари бузург. –Душанбе: Адиб, 2006. -С.12).

Силсилаи равшанфикриро устод Айнӣ аз муаррифии шахсияти Абдулмаҷиди Зуфунун шурӯъ карда, портрети ӯро хеле зебо ба риштаи тасвир мекашад: «Абдулмаҷиди Зуфунун дар нуҷум (асрономия ва астрология) аз шогирдони Аҳмади Дониш буда, дар шеър, адабиёт ва дигар фанҳои мадрасагӣ моҳир буд. Аз ин рӯ, ӯро «зуфунун» мегуфтанд. Таҳти таъсири Аҳмади Дониш бисёр муллоҳо ва ҳокимонро бад медид ва агар шунавандаи маъқулро меёфт, кирдорҳои хашини онҳоро фош мекард. Дар назариёт ва амалиёти тибби қадим пурра ворид буд. Ҳеҷ кас аз ғазаби ӯ ёрои бо ӯ даргир шуданро надошт… Шарифҷон-махдум мегуфт: «Девонагии Зуфунун сохта аст, вагарна худи ӯ донишманди бузурги ҳамафаҳм аст. Аммо ӯ барои аз тарафи амир бозхонд нашудан худро ба девонагӣ зада мегардад» (ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009.-С.272 ).

Ба дунболи Зуфунун ба тасвири ҳайсият ва ҳувияти симои дигари равшангари миллӣ Яҳёхоҷа, ки дар ҷуръату ҷасорат дар замони тираву тори амирӣ ҳамто надошт, мепардозад. Воқеан, дар мавриди ин шахсияти фавқулодаи равшангарии миллӣ устод Айнӣ муфассалтар суҳбат мекунад. Мувофиқи тасвири Айнӣ, Яҳёхоҷа ба шакл ва хусусиятҳои дигар рӯидаи Абдулмаҷиди Зуфунун буд. Ӯ ҳам худро ба девонагӣ зада мегашт, аммо «девонагии» ӯ фаъолона ва боғайратона буд. Ӯ одамҳои ба худаш номақбулро бо алфози қабеҳ дашном медод. Муллоҳои калони расмӣ ва дарбориёни калон, ҳар гоҳ, ки ӯро дар роҳ ва кӯчае бинанд, ба паскӯча даромада рафта, худро аз вай пинҳон мекарданд, то ки ҳақоратҳои ӯро нашнаванд (ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.272).

Бо овардани лаҳазоти муҳим аз фаъолияти ин равшанфикри миллӣ устод Айнӣ раванди тасвири шахсияти Яҳёхоҷаро таҳкиму тақвият мебахшад. Нависанда нақли лаҳазоти зиндагии қаҳрамонашро афзуда, менигорад, ки боре Яхёхоҷа назди Қозикалон – қозӣ Бадриддин (яке аз қозиёни ҷоҳил ва мутаассиби Бухоро) даромадааст. Қозӣ ӯро хушомадгӯён гуфтааст, ки дуое бидиҳад. Яҳёхоҷа гуфтааст: Илоҳӣ, Худоё, Худовандо, қозӣ Бадриддинро ба ҷойи худ Худо кунӣ! Худо шудан барои ту фоиданок аст, чаро ки хӯрдани ҳаққи ятимон, беваю занҳо, бесоҳибон осонтар аст. Гоҳе аз Худо ва аз рӯзи қиёмат метарсӣ, акнун ки Худо шавӣ, бепарво коратро идома медиҳӣ (ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.273).

Яҳёхоҷа рӯз дар миён ба хонаи Шарифҷон-махдум сар мезад. Ӯ бо либоси муллоёни оддӣ, бо саллаи сафеди худ мегашт. Ба қишри рӯҳониёни муҳофизакор, маккор, найрангбоз ва динбозу динсоз сахт нафрат меварзид ва рисолати равшангариашро маҳз дар муборизаи беамон бо ин тоифаи муфтхӯр ва авомфиреб талаққӣ мекард. Устод Айнӣ муҳтавои яке аз суҳбатҳои Яҳёхоҷаро ин тавр ба қалам додааст: «Маро, ки тақдир дар дунё ба қатори ҳамин уламо дароварда бадном кард, бас аст; намехоҳам, ки дар рӯзи қиёмат ҳам дар қатори инҳо бошам… аз уламо дур будан барои ман ҷаннати маънавӣ аст» (ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.274). Дар ин қисмат тундгӯйии Яҳёхоҷа дар нисбати яке аз савдогарони сарватманди Бухоро Ҷӯрабек Арабов қобили мулоҳиза аст. Ӯ шахсият ва насабпарастии савдогар Арабовро, ки аз арабзодагони Бухоро буд, бо лаҳни тунд ба боди масхара мекашад, ки аз ғурури миллӣ ва эҳсоси баланди ватандориаш дарак медиҳад. Ӯ Арабовро дар хонаи Шарифҷон-махдум дида, шадидуллаҳн ба ҳуҷум мегузарад: «Хуҷаин, шумо бо арабзода буданатон фахр карда наметавонед. Зеро Ҳаҷҷоҷи золим, ки ба воситаи гумоштаи худ Қутайба ибни Муслим Мовароуннаҳри моро хун гирёнд, арабзода ва яке аз калонони арабҳо буд… Зеро аз куҷо пайдо шудани он ҳама сарват ва дороиро ба назар гиред, ба ҷои фахр кардан шарм медоред»(ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.275). Ба ин ҳама тундгӯйиҳо Яҳёхоҷа басанда накарда, ба Арабов муроҷиат намуда, аз забони Бедил чунин мисоли муаассир мезанад:

Кисаи ҳеҷ кас надид пурӣ,

То накард иртикоби кисабурӣ.

Устод Айнӣ дар фароварди тасвири ин шахсияти ҷасури таърихӣ таъкид мекунад, ки Яҳёхоҷа аз дӯстони наздики Аҳмади Дониш ва аз ҳамсуҳбатони доимии ӯ будааст. Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ» «Ҳоҷибобо» ном калонтарин ҳикояташро аз забони Яҳёхоҷа нақл кардааст. Ӯ маҳорати баланди шоирӣ дошта, бадеҳатан шеъри ҳаҷвӣ мегуфтааст (ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.277).

Ҳамин тариқ, устод Айнӣ дар ин бахш аз равшанфикрони миллии замон Содиқхоҷаи Гулшанӣ, Ҳомидбеки Ҳомид, Абдуллоҳхоҷаи Таҳсин, Мирзо Азими Сомии Бӯстонӣ, Азизхоҷаи Азиз ном мебарад ва сифату хислатҳои равшангарии эшонро арз медорад (ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.277-281). Баъдан устод Айнӣ дар мавриди шахсиятҳои равшангари миллие сухан ба миён меоварад, ки дар хонаи Шарифҷон-махдум роҷеъ ба кору пайкори гуманистонаи онон суҳбат мешудааст. Дар ин қатор устод Айнӣ нахуст исми Мирзо Ҳаити Саҳборо меоварад, ки аз мансабдорони даврон буда, дар вазифаҳои миробӣ (мудири хоҷагии об) ва миршабӣ (сардори пулиси шаҳр) фаъолият карда, миёни мардуми Бухоро бо инсонияти баланд, шафқату меҳрубонӣ, инсофу масъулиятшиносӣ ва саховату адолат обрӯ ва нуфузи баланд касб карда будааст. Аммо ба амир ва доираҳои муфтхӯр ин хислатҳо мақбул набуд ва ӯро азл намуда, хонанишинаш карданд. Барои газетхонӣ ва интиқод аз золимони замон мавриди хашми доираҳои мансабдорони амирӣ қарор гирифта, саранҷом ба Қубодиён бадарға мегардад ва бар асари воқеаи Колесов соли 1918 он ҷо кушта мешавад(ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009.-С.282).

Аз газетхонии Саҳбо аморат ва мансабдорони амирӣ дар ҳарос буданд. Воқеан, газетхонӣ, қабл аз ҳама, ба масъулини консулхонаи русӣ маъқул набуд ва аз он навъи иртиботи ҷамъӣ сахт меҳаросиданд, чаро ки ин навъи маводи мутолиавӣ тафаккури хонандаро тағйир медод ва алорағми ҷаҳолату таассуб инсонро ба ҳолати муътадили равонӣ, маданӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ меовард. Аз ҷониби дигар, мутолиаи матолиби ҷолиб саводи хонандаро боло бурда, ӯро пешқадам ва маорифпарвар мекард, ки ин мартаба ба омирону амалдорони замон, аслан мақбул набуд. Ин буд, ки тамоми сохтори идорӣ ва амирӣ ба муқобили газетахонӣ ва маърифатпазирӣ бархоста буд ва ҷиҳати коҳиш додан ва натиҷатан аз байн бурдани раванди интишори ҷароид ва газетаҳо аз тамоми қувва ва имконон истифода бурд. Он замон газета минбари равшанфикрӣ ва газетахон равшангар маҳсуб меёфт ва матбуот омил ва фактори калидии маърифатнокии ҷамъӣ буд (Мутаассифона, имрӯз газета, матбуот ва расона дар баробари қонеъ сохтани талаботи зеҳнӣ-маърифатӣ, ба минбари мағзшуӣ ва хурофисозии ҷомеа табдил ёфтааст ва доираҳои махсус тариқи интишори матолиби иғвогарона дар расонаҳои дохилию хориҷӣ ба мардум гӯиё иттилоот ва маърифати наву тоза манзур месозанд. Аммо, дар асл ин навъи иттилоот ва маълумоти муғризона зеҳни насли наврасу ҷавонро, ки дар ҳоли шаклгирӣ аст, мағшуш месозад ва роҳи ифроту тафритгариро ҳамвор менамояд. Нигаронии мақомоти марбутаи давлатӣ маҳз дар ҳамин ҷараёни ҳадафмандонаи мағзшуии ҷавонон зоҳир мегардад, ки аз тариқи расонаҳои хабарӣ, пойгоҳҳои гуногуни иттилоотӣ, сомонаҳои хориҷӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ гутариш меёбад).

Устод Айнӣ баъди тасвири шахсияти Саҳбо дар бораи Шамсиддин Шоҳин(ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.282-283) маълумоти мухтасар ироа менамояд ва ӯро дар феҳристи равшанфикрони замон ҷой медиҳад(азбаски дар бораи Шоҳин маълумоти андак доштааст, роҷеъ ба паҳлуҳои шахсияти ӯ муфассал таваққуф накардааст). Аммо дар мавриди пири равшанфикрони давр Аҳмади Дониш хеле муфассал менависад.

Устод, воқеан, ба пири маорифпарварии Бухоро Аҳмади Дониш ихлоси фаровон дошт ва банд ба банд зиндагӣ ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ, илмӣ, фикрӣ, сиёсӣ ва мадании ӯро манзури хонанда сохтааст. Гап сари ин аст, ки Айнӣ ва ҳамкорони ӯ дастпарвари мактаби равшангарии Аҳмади Дониш мебошанд ва нуфузи омӯзаҳои ӯ нахуст ба воситаи маҳфили адабии Шарифҷон-махдуми Садри Зиё ва баъд бевосита аз осори Аҳмади Дониш гузашта, онҳоро бо роҳи маорифпарварӣ ва ислоҳталабӣ равон кардааст (ниг.:Шакурӣ Муҳаммадҷони Бухороӣ. Равшангари бузург. –Душанбе: Адиб, 2006. -С.13-14). Ба сухани дигар, таъсири мероси Дониш ба насли нави маорифпарварон Айнӣ, Мунзим, Ҳамдӣ, Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ ва дигарон бузур аст (ниг.:Табаров Соҳиб. Мунзим. –Душанбе: «Ирфон», 1991.-С.24). Бар мабнои ин, устод Айнӣ бештар ба тасвири образи Аҳмади Дониш аҳамият додааст (ниг.:Муллоев А. Шахсият ва чеҳраи ҳунарии рӯшанфикрон дар «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ (дар китоби: Маҷмӯаи мақолот(Маводи ҳамоиши илмии байналмилалии «Устод Садриддин Айнӣ поягузори адабиёти реалистии мамолики халқҳои Осиёи Марказӣ» -- Душанбе, 16-17 апрели соли 2018). –Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018. -С.69).

Роҷеъ ба Аҳмади Дониш устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» чанд бахш ихтисос дода, вобаста ба тақозои мавзӯъ хомафарсоӣ намудааст. Дар бахши «Аҳмад-махдуми Дониш (Аҳмади Калла)» доир ба зиндагиномаи мухтасар ва эҳтироми хоссааш назди аъёну ашроф ва мардуми Бухоро (ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.283-288), дар қисмати «Тарзи зиндагонии шабонарӯзӣ ва ҳафтагии Аҳмад-махдум» дар боби реҷаи фаъолияти илмӣ ва фикрии ӯ (ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.286), дар «Оби ганда ба хандақ» дар хусуси фазилатҳои хосси аллома(ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.287-289), дар «Саёҳати солонаи Аҳмад-махдум» оид ба сафар ва диду боздидҳои ӯ (ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.290-291) ва ниҳоят, дар бахши «Шеърҳои ҳаҷвии Аҳмад-махдум» дар мавриди маҳорати ҳаҷвнигорӣ, танзгӯйӣ ва зарофатпешагии Дониш маълумот додааст (ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.291-292). Дар бахши «Тарзи зиндагонии шабонарӯзӣ ва ҳафтагии Аҳмад-махдум» устод Айнӣ, бо такя ба нақли Ҳомидбек, менависад, ки дар хонаи Аҳмад-махдум рӯзҳои таътил – чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъа дӯстон ҷамъ омада, ба базму рақс, тахтабозӣ (шоҳмотбозӣ), мушоира ва латифагӯйӣ машғул мешуданд. Худи Дониш танхоиро намеписандид ва бар ин ақида устувор буд, ки бо омадани дӯстон ва машғулӣ кардан бо мутоибаву мушоира ва базму рақс тафаккур кушода мешавад (ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.286).

Дар қисмати хотимавӣ (чорум)-и «Ёддоштҳо» устод Айнӣ ин чеҳраи истисноии фарҳангу маорифи миллиро дунболагирӣ мекунад ва дар ду боб – «Хабари вафоти Аҳмади Дониш» (ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.543-547) ва «Аввалин шиносоии ман ба калонтарин асари Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» (ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.548-560) суханро дар мавриди шахсияти фикрӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, маданӣ ва билохира равшангарии ӯ ҷамъбаст менамояд. Таассуроте, ки устод Айнӣ аз мутолиаи пораҳо аз хотироти Аҳмади Дониш бардоштааст, ба рӯзҳои ахири зиндагии аллома бахшида шудаанд, ки маҳсули беморӣ ва нотавонмандии ҷисмонӣ будаанд. Дониш шахсияти ҷуръатманди миллӣ будааст ва ҷасорати ӯ ба сатҳи донишу биниши илмӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва маданиаш бастагӣ доштааст. Айнӣ бардоштҳои ахири Донишро, ки дар дафтари хотироташ сабт гардида, баёнгари ҷасорати баланди фикрӣ ва асолати равшангариаш мебошанд, ин тавр ба қалам додааст: «Ман аз бозе, ки худро медонам, худро озод нигаҳ доштам, ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ маврид асоратро ба гардан нагирифтам. Дар вақтҳое ки ман дар дарбор мансуб будам, низ озодиамро аз даст надодаам ва асоратро ба гардан нагирифтаам. Мактуб ва аризаҳоям ба подшоҳ ҳам аз ҳар гуна алқоб, тамаллуқ ва хушомад холӣ буд»(ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.546).

Дар бахши «Аввалин шиносоии ман ба калонтарин асари Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» устод Айнӣ тағйири авзои фикриашро, ки бар асари мутолиаи асари машҳури Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» муяссар шуда, боиси ба марҳилаи аввали инқилоби фикрӣ расидани нависандаи «Ёддоштҳо» гардида буд, бо таассуроти амиқ рӯйи сафҳа рехтааст: «Доираи назар ва мутолиаи ман он вақтҳо бисёр танг буд. Бисёр ҷоҳои «Наводир-ул-вақоеъ»-ро, ки ба нуҷум, ба фалсафа ва тасаввуф оид буданд, намефаҳмидам, аммо он ҷоҳое, ки мефаҳмидам, ба ман таъсири амиқе мекарданд… Аммо вақте ки ман он аҳволи фалокатиштимолро дар мундариҷоти «Наводир-ул-вақоеъ» бо тасвири реалӣ – бо тасвире, ки худ дар зиндагӣ дида будам, дидам, ба ман ҳолати дигар рӯй дод. Ман дар дили худ гуфтам: «Ин аҳволро ислоҳ кардан лозим аст, модом ки ман ислоҳ карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст»(инқилоби фикрӣ кам ҳам бошад, дар ман ана дар ҳамон вақт рӯй дод)» (ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.548). Нуктаи муҳиме, ки устод Айнӣ дар фаъолияти равшанфикрии Дониш дарёфтааст ва махсусан, пас аз мутолиаи китоби «Наводир-ул-вақоеъ»-и ӯ хулоса намудааст, «назари хурдабини муаллиф аст» (ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.558). Назари хурдабини Дониш маънии бозгӯ кардани мушкилот ва навоқиси замонро далолат мекунад, ки тавассути он метавон роҳҳои оптималии бурунрафт аз «аҳволи фалокатиштимол»-ро пайдо кард. Ҳамчунин маҳз баъди мутолиаи «Наводир-ул-вақоеъ» устод Айнӣ ҳадафи насрнавис шуданро дунбол ва монанди Дониш баён кардани ҳаводисро бо забони сода орзу мекунад (ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.560).

Бад-ин минвол устод Айнӣ дар қисмати сеюми «Ёддоштҳо»(ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.270-292) дар бораи ҳайати равшанфикрони миллии замон маълумоти дақиқ пешниҳод менамояд. Ин маънои онро надорад, ки устод дар қисматҳои дигари китоби худ оид ба масири равшанфикрӣ иттилоъ намедиҳад, вале дар ин қисмат ӯ ба таври ихтисосӣ ҷараёни равшанфикрии миллиро дар симои Аҳмади Дониш, Шарифҷон-махдум Садри Зиё, Абдулмаҷиди Зуфунун, Яҳёхоҷа, Содиқхоҷаи Гулшанӣ, Ҳомидбеки Ҳомид, Абдуллоҳхоҷаи Таҳсин, Мирзо Азими Сомии Бӯстонӣ, Азизхоҷаи Азиз, Мирзо Ҳаити Саҳбо, Шамсиддини Шоҳин баррасӣ мекунад. Иттифоқан, овардани мисолу ҳикоёт аз рӯзгори ин хайли озодандешону равшангарони миллӣ вазъи равшангарии миллиро дар Бухорои амирӣ бозгӯ мекунад.

Устод Айнӣ бо овардани исми равшангару равшанфикри миллӣ Мулло Амон силсилаи равшанфикриро дар «Ёддоштҳо» як навъ ҷамъбаст мекунад. Мулло Амон дар замони тираву тори амирӣ бо донишу биниш, маърифату фазилат беибо ва ҷасурона алайҳи нодонию ҷаҳолат, таассубу хурофот, беадолатию истибдоди рӯҳониён, ҳокимону амалдорон муқовимат кардааст. Дар боби «Набераи Файзӣ-авлиё» (қисми чорум) устод Айнӣ дар мавриди ин марди ҷасур бо иштиёқи тамом суҳбат мекунад(ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.491-498). Дар тавсифи Мулло Амон устод навиштааст: «Марди солим буд, аммо аз баъзе ҳаракатҳо, сухан ва гуфтораш ӯро «девона» мегуфтанд. Лекин, ба фаҳми ман, девонагии ӯ ҳам монанди девонагии Яҳёхоҷа ва Абдулмаҷиди Зуфунун буд. Одами матин, солимақл, пурдон ва одамшинос гуфтанаш мумкин буд. Ӯ аз Яҳёхоҷа ва Зуфунун фарқ ҳам дошт… Аз илмҳои мадраса бештарин ба мантиқ ва ҳикмат машғулӣ мекард, илмҳои диниро – Қуръон, ҳадис ва фиқҳро «инҳо илм нестанд, инҳоро ҳар кас метавонад омӯзад, чунки ҳамагӣ дар китоб навишта шудааст. Илм он аст, ки ақл дар вай кор кунад ва майдони фикррасонӣ кушода бошад. Дар илмҳои динӣ бошад, дар чор тарафат деворҳои баланд ва сахт кашида мондаанд. Агар аз он деворҳо берун баромадан хоҳӣ, туро ин бетамизон дарҳол «кофир» мегӯянд»(ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009.-С.491-492).

Устод Айнӣ аз ошноии Мулло Амон бо Аҳмади Дониш сухан дар миён меоварад ва аз забони Мулло Амон нақл мекунад, ки Донишро мешинохтааст, аз навиштаҳояш бохабар будааст, аммо мепиндоштааст, ки аз ин навиштаҳо фоида нест, зеро ки чопхонае вуҷуд надорад, ки навиштаҳои ӯ ба табъ расанд ва мардум аз онҳо бохабар шаванд. Мулло Амон боре дар маҳфиле, ки ҳамсолони Айнӣ ташкил дода буданд, мегӯяд: «Чизе, ки маро ба ояндаи хубе умедвор мекунад, дигаргуншавии олам аст, ки ман инро дар китобҳои ҳикмат хонда бовар кардам, дар қатори ин дигаргуншавиҳо аҷаб нест, ки тартиби мамлакати мо ҳам, ки айни бетартибист, дигаргун шуда, чопхонаҳо кушода шавад ва мумкин аст, ки баъзе навиштаҳои Аҳмад-махдум саломат монда, чоп шуда, дастраси омма гардад ё дар китобхонаҳо гузошта шавад, ки одамон хонда баҳра баранд» (ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009.-С.494). Пайвастан бо маҳофили илмию адабии насли ҷавон, ки аз равшанфикрону озодандешон таркиб ёфтааст, ба ин шахсияти равшанбин ва ватанпараст ҷони тоза ато мекардааст. Ин аст, ки дар хитоб ба аҳли маҳфил гуфтааст: «Ман ба назди шумо барои он меоям, ки шумоёнро беҳтарин ҷавонони ҳозираи Бухоро донистам, бо вучуди суҳбатҳои барои ман дилгиркунанда будан поямро аз ин ҷо намеканам. Ман ки фарзандони ватани худро дӯст медорам, беҳтарини онҳоро сахттар дӯст медорам».

Нишонаи фалсафӣ ва равшангарии Мулло Амон -- мунтақид ва интиқодпазир будан ӯро дар байни аҳли эҷод ва қишри озодандеши Бухоро ҷойгоҳ ва мақоми махсус бахшида буд. Тибқи навиштаи Айнӣ, Мулло Амон назди Мулло Ҳомиди Араб, ки худро ҳаким ва файласуф меномид, илми мантиқро омӯхтааст ва ҳатто ба устодаш аз назари шакку тардид нигариста, ӯро интиқод кардааст. Бар хилофи муллоёни замон,-мегӯяд ӯ,- устодаш ақаллан худро ҳакиму файласуф унвон мекунад, ҳарчанд ки аз улуми фалсафӣ ҷиддӣ бархӯрдор нест. Худ гуфтааст, ки дарунтари китобҳои ҳакимон, аз ҷумла Ибни Синоро сайр кардааст. Муҳим ин аст, ки Мулло Амон ба ҳама чиз аз назари интиқоди мунсифона ва илмӣ бархӯрд намуда, ҳатто фаъолияти худро аз назари интиқодӣ баррасӣ кардааст(ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.492). Эҳсоси кандуков, ковишгарӣ ва пажӯҳишгариаш ба дараҷае будааст, ки мегӯяд: «Дар Бухоро на китобҳои Бӯалиро ёфтам ва на он китобҳоеро, ки дар бораи Бӯалӣ Сино батафсил нақл кардаанд. Маҷбур шудам он китобҳоро хонам, ки дар онҳо дар бораи суханҳо ва нақли қавли ӯ сухан рафтааст»(ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.492). Сипас идома медиҳад: «Ин китобҳо ҳамон китобҳоеанд, ки дар дарсхонаҳои Бухоро якчанд сатр аз аввали онҳо, яъне хутба ва дебочаи онҳоро мехонданд. Ман бошам, дарунтари онҳоро сайр кардам. Дар натиҷа на олими динӣ шудам, на ҳакиму файласуф шудам, балки дар дунё як «бекорхӯҷа» шуда мондам, ки маро «овораи ду дунё» гуфтан мумкин аст»(ниг.:Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009. -С.493).

Мунтаҳо, Мулло Амон чеҳраи файласуф ва рӯшангари миллие буд, ки бо интиқоди сиёсӣ, иҷтимоӣ, динӣ, фарҳангӣ ба мубориза бархост ва тамоми афкори пешқадами сиёсӣ, иҷтимоӣ, маданӣ, фикрӣ, илмӣ, динӣ ва суннатии замони худро бо тарозуи интиқод ва шакку тардид баркашид, ки ин корнома дар он замон андак набуд. 

Устод Айнӣ бо аксари шахсиятҳои равшангари миллие, ки дар китоби «Ёддоштҳо» овардааст, ошно будааст ва доир ба аҳволу афкори нафароне, ки намешинохтааст, иттилооти кофӣ гирдоварӣ намудааст. Аз ин лиҳоз, маълумотеро, ки устод дар ин маврид ироа доштааст, метавон ба сифати факти таърихӣ ва ҳуҷҷату истидлоли илмию ихтисосӣ истифода бурд. Аз тарафи дигар, тавассути ин китоби ҷамъбастӣ (манзур «Ёддоштҳо» аст) вазъи равшанфикрии миллӣ дар минтақа ошкор мегардад ва муҳаққиқону пажӯҳишгарон ба далоили «Ёддоштҳо» такя намуда, дар самти масири равшанфикрӣ ва равшангарии миллию минтақавӣ пешрафт мекунанд. Дар ин амр «Ёддоштҳо» ба унвони мадраки зарурӣ ва боэътимод ба кулли пажӯҳишгарон асрҳо хидмат хоҳад кард. Ба қавли адабиётшиноси фақиди тоҷик устод Муҳаммадҷон Шакурӣ: «Китоби «Ёддоштҳо» авҷи реализми Айнист, ки ҳар чиро ки миллат дар як давраи муҳимми таърих дошт, мукаммалан фаро гирифт, онро бо диди ибратомӯзи таърихӣ амиқан санҷид ва худогоҳии миллиро як дараҷа боло бурд, то ки раҳнамои фардои таърихӣ бошад» (ниг.:Шакурӣ Муҳаммадҷони Бухороӣ. Равшангари бузург. –Душанбе: Адиб, 2006. -С.86).

 

Адабиёт:

1.Айнӣ С. Ёддоштҳо. –Қисмҳои 1-2. –Сталинобод: Нашрдавтоҷ, 1954.

2.Айнӣ С. Ёддоштҳо (чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2009.

3.Афшор Ғуломҳусайн Садрӣ, Ҳакамӣ Насрин, Ҳакамӣ Настаран. Фарҳанги муосири форсӣ. Теҳрон, 1381.

4.Аҳмадӣ Бобак. Кори равшангарӣ. Теҳрон: Марказ, 1384.

5.Асозода Х. Воқеият, сиёсат ва Айнӣ. –Душанбе: Шуҷоиён, 2010.

6.Деҳхудо Алиакбар. Луғатнома. Ҷилди 8. Теҳрон, 1373.

7.Қайсарӣ Алӣ. Равшанфикрони Ирон дар қарни бистум. Тарҷумаи Муҳаммад Деҳқонӣ. –Теҳрон: Ҳермис, Маркази байналмилалии Гуфтугӯи тамаддунҳо, 1383.

8.Мусоҳиб Ғуломҳусайн. Доиратулмаорифи форсӣ. Ҷилди 1. Теҳрон, 1345.

9.Муллоев А. Шахсият ва чеҳраи ҳунарии рӯшанфикрон дар «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ (дар китоби: Маҷмӯаи мақолот(Маводи ҳамоиши илмии байналмилалии «Устод Садриддин Айнӣ поягузори адабиёти реалистии мамолики халқҳои Осиёи Марказӣ» -- Душанбе, 16-17 апрели соли 2018). –Душанбе: ДДОТ ба номи С. Айнӣ, 2018.

10.Ризоқулӣ Алӣ. Ҷомеашиносии нухбакушӣ: таҳлили ҷомеашинохтии бархе аз решаҳои истибдод ва ақибмондагӣ дар Ирон. Теҳрон: Нашри Най, 1377.

11.Табаров Соҳиб. Мунзим. –Душанбе: «Ирфон», 1991.

12.Шукуров М. Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и устод С. Айнӣ. –Душанбе: Дониш, 1966.

13.Шакурӣ М. Равшангари бузург. -Душанбе: Адиб, 2006. -С. 25

 

Нозим Нурзода,

пажуҳишгар

БОЗГАШТ