СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Муаллиф: Султонова Меҳрангез

Расм

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ироа гардида, бешак, кафили субот ва рушди устувори давлат ба ҳисоб рафта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро муайян менамояд. 

Дар Паёми хеш Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки дар раванди соли 2023 дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд. Аз он ҷумла, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардида ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шудааст, ки ин нишондиҳанда, бозгӯи возеҳи рушди устувори кишвар мебошад.

Яке аз масоили муҳим дар Паёми муҳтарам Пешвои миллат, соҳаҳои илму маориф буд, ки вобаста ба ин самтҳои муҳим Пешвои миллат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Зеро моҳияти сиёсати Сарвари давлатамон аз солҳои нахустини роҳбариашон рушди соҳаи илму маорифро фаро мегирифт. Аз андешарониҳои муҳтарам Пешвои миллат метавон чунин хулосагирӣ намуд, ки ҷомеаи мо дар шароити ҷаҳонишавӣ ба нерӯи кории босавод, соҳибихтисос, боистеъдод, навовар ва забондон ниёз дорад. Аз ин лиҳоз, вазифаи маориф, ҷомеа ва волидон дар мадди аввал аз он иборат аст, ки ба фарзандон дониши илмщои муосир ва навовариҳои ҷаҳонӣ ҷорӣ намоянд. Барои ба камол расидани онҳо шароити хуб фароҳам оварда, ба тарбияи онҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зеро василаи асосии рушди ҷомеа ва пешрафти миллату давлат маҳз аз ашхоси босавод ва донишманд вобаста аст.

Маврид ба зикр аст, ки Пешвои миллат барои боз ҳам баланд бардоштани нақши маориф дар ҷомеа тавсияҳои муҳим ироа намуда, масоили рушди маориф, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои миёна ва олии кишварро махсусан таъкид намуданд. Таваҷҷуҳи вижаи Пешвои миллат ба соҳаи илму маориф далели он аст, ки ҳалли мушкилоти соҳаи мазкур дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, аҳли илму маорифро зарур аст аст, ки дар раванди таълим нисбати баланд бардоштани сатҳи маърифат, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илмҳои дақиқ ва технологияи муосир диққати бештар равона сохта, насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва арҷ гузоштан ба мероси ниёгон тарбия намоянд.

Илова бар ин, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки насли наврасро мебояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ тарбия намоем. Яъне, ба ибораи рангини Пешвои муаззами миллат: “Агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”.

Воқеан бе кадрҳои баландихтисос ва ҷавонони ватандӯсту худогоҳ рушди минбаъдаи давлат ва боз ҳам боло бардоштани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ номумкин аст. Бинобар ин, Пешвои миллат дар Паёми имсолаи хеш ба масъалаи таълиму тарбия ва соҳибкасб намудани ҷавонон таъкидҳои махсус намуданд, аз ҷумла “… авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.

Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Зиёд намудани музди маоши соҳаҳои иҷтимоӣ, алалхусус омӯзгорон, дар чунин шароит, ки вазъи молиявии буҳронӣ ҷомеаи ҷаҳонро гирифтор аст, бори дигар аз сиёсати одилонаву инсонпарвар ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар меҳвари Паёми Пешвои миллат яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрам рушди иқтидори илмии муассисаҳои таълимӣ, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар қарор гирифт. Вобаста ба ин масъала Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо бо мақсади татбиқи лоиҳаи сармоягузории давлатии «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намоянд.

Аз ҷониби дигар, Истиқлолияти давлатӣ барои мо имконият фароҳам овард, то ки барои рушду тараққиёти илмҳои гуногуни замон саҳмгузор бошем. Ин пеш аз ҳама масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва донишҳои устувори соҳавиро тақозо менамояд. Дар ин марҳала бо иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи неруи зеҳнӣ, рушди илм, дар тамоми соҳаҳои ҳаёт корҳои зиёду назаррас анҷом дода шудаанд. Таъсиси муассисаҳои таълимӣ, донишкадаву донишгоҳҳо, институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, коллеҷу литсейҳо ва дигар чунин муассисаҳо шаҳодати он мебошанд.

Хулоса, қарни ХХI марҳилаи пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, дар чунин шароит рушди минбаъдаи Тоҷикистон ва аз ҷумла соҳаҳои илму маориф аз боло рафтани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад.

 

Султонова Меҳрангез,

докторанти PhD-и курси 2-юми

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

БОЗГАШТ