СОҲИБИХТИЁРИИ РАҚАМӢ: ҶАНБАИ ҲУҚУҚӢ

Муаллиф: Сангинзода Дониёр

Расм

     Дар давраи ҷаҳонишавии рақамӣ, Соҳибихтиёрии рақамӣ ба унсури муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст, ки истиқлолиятро дар идоракунии маълумот, технологияҳо ва инфрасохтори иттилоотӣ таъмин мекунад. Рақамисозӣ равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро дар саросари ҷаҳон дигаргун месозад, имкониятҳои нав барои рушд фароҳам меорад, аммо дар баробари ин хатарҳои ҷиддиро ба амнияти миллӣ эҷод мекунад. Соҳибихтиёрии рақамӣ, ки ҳамчун қобилияти давлат барои идоракунии мустақилонаи захираҳои рақамӣ, маълумот ва инфрасохтори иттилоотӣ муайян мешавад, ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар шароити вобастагии афзояндаи ҷаҳонӣ аз платформаҳои рақамии трансмиллӣ, ба монанди Google, Meta ва Amazon ва дигарон давлатҳо кӯшиш мекунанд, ки манфиатҳои миллии худро тавассути механизмҳои ҳуқуқӣ ҳифз намуда, соҳибихтиёрии рақамиро таъмин созанд.

     Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба равандҳои рақамии ҷаҳонӣ фаъолона ҳамроҳ шуда, дар айни замон инфрасохтори рақамии миллиро таҳким медиҳад. Эълони солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти стратегии рақамисозиро барои рушди устувор таъкид мекунад. Бо вуҷуди ин таҳдидҳои кибернетикӣ, аз қабили паҳншавии маълумоти бардурӯғ ва ҳамлаҳои кибернетикӣ, зарурати таҳкими танзими ҳуқуқиро ба миён меорад.

     Соҳибихтиёрии рақамӣ ҳамчун татбиқи суннатии соҳибихтиёрии давлатӣ дар муҳити рақамӣ баррасӣ мешавад, ки назорат бар ҷараёнҳои иттилоотӣ, ҳифзи маълумот ва истиқлолияти инфрасохтори технологӣро дар бар мегирад. Унсурҳои асосии он иборатанд аз:

- Назорат бар маълумот. Таъмини амнияти маълумоти шахсӣ ва давлатӣ аз дастрасии ғайриқонунӣ, ки барои ҳифзи махфияти шаҳрвандон ва манфиатҳои давлатӣ муҳим аст.

- Истиқлолияти технологӣ. Рушди ҳалли миллии технологияҳои иттилоотӣ (IT) барои кам кардани вобастагии аз технологияҳои хориҷӣ, ки хатари осебпазирии геополитикиро коҳиш медиҳад.

- Мустақилияти меъёрӣ. Эҷоди заминаи ҳуқуқие, ки ба манфиатҳои миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ бошад, то тавозуни байни озодии иттилоот ва амниятро таъмин созад.

     Олимони байналмилалӣ ба ин масъала аз нуқтаи назари гуногун муносибат мекунанд. Коршиносони амрикоӣ таъкид мекунанд, ки соҳибихтиёрии рақамӣ аксар вақт бо хусусияти ҷаҳонии интернет дар ихтилоф қарор мегирад. Онҳо пешниҳод мекунанд, ки барои танзими маълумоти трансмиллӣ созишномаҳои нави байналмилалӣ заруранд, зеро интернет сарҳадҳои ҷуғрофиро эътироф намекунад. Коршиносони чин бошанд «киберсуверенитет»-ро ҳамчун воситаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити рақобати геополитикӣ баррасӣ намуда, нақши давлатро дар назорати интернет муҳим мешуморанд. Ин равиш дар Чин тавассути сензураи қатъии интернет ва рушди платформаҳои миллӣ ба монанди WeChat, амалӣ мешавад.

     Дар Аврупо, ба вижа дар Олмон, диққат ба ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон тавассути танзими қатъӣ, ба монанди Регламенти умумии ҳифзи маълумот (GDPR) равона шудааст. GDPR на танҳо маълумоти шахсиро ҳифз мекунад, балки ба ширкатҳои аврупоӣ бартариҳои рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ медиҳад. Ин равиш метавонад барои кишварҳои рушдёбанда, аз ҷумла Тоҷикистон намунаи ибрат бошад. Олимони тоҷик рақамисозиро ҳамчун раванди дарозмуддати иҷтимоӣ мебинанд, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дигаргун месозад, аммо дар баробари ин хатарҳои нав, аз қабили ҷинояткории кибернетикӣ ва зӯроварии онлайнро ба вуҷуд меорад. Ин хатарҳо танзими ҳуқуқиро талаб мекунанд, ки байни кушодагии интернет ва амнияти миллӣ тавозунро нигоҳ дорад.

     Коршиносони ҳиндӣ таъкид мекунанд, ки соҳибихтиёрии рақамӣ дар Осиё аксар вақт бо рушди платформаҳои миллӣ, ба монанди Интерфейси ягонаи пардохтҳо (UPI) алоқаманд аст. UPI ба Ҳиндустон имкон дод, ки таъсири низомҳои молиявии ғарбиро коҳиш диҳад ва иқтисоди рақамии худро таҳким бахшад. Дар Бритониё низ GDPR на танҳо маълумотро ҳифз мекунад, балки барои ширкатҳои аврупоӣ бартариҳои рақобатпазир фароҳам меорад, ки барои кишварҳое, ки ба соҳибихтиёрии рақамӣ мекӯшанд, муҳим аст.

     Кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз қабили Русия ва Қазоқистон стратегияҳои соҳибихтиёрии рақамиро фаъолона рушд медиҳанд. Дар Русия қонун «Дар бораи интернети соҳибихтиёр» (2019) операторҳои алоқаро вазифадор мекунад, ки мустақилияти сегменти миллии интернетро таъмин созанд. Ин қонун имкон медиҳад, ки дар сурати таҳдидҳои беруна дастрасӣ ба интернет дар дохили кишвар нигоҳ дошта шавад. Қазоқистон дар доираи барномаи «Қазоқистони рақамӣ» ба платформаҳои виртуалии миллӣ ва марказҳои коркарди маълумот сармоягузорӣ мекунад, то вобастагиро аз провайдерҳои ғарбӣ кам кунад. Ин ташаббусҳо ба рушди инфрасохтори рақамӣ ва ҳифзи маълумоти миллӣ мусоидат мекунанд.

     Иттиҳоди Аврупо тавассути GDPR (2018) стандартҳои қатъии ҳифзи маълумоти шахсиро ҷорӣ кардааст, ки барои бисёр кишварҳо намунаи ибрат шудааст. GDPR ба шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо имкон медиҳад, ки назорати бештар бар маълумоти шахсии худ дошта бошанд ва ширкатҳоро барои риоя накардани қоидаҳо ҷаримаҳои ҷиддӣ интизор аст. Чин модели назорати қатъии интернетро нишон медиҳад, ки киберсуверенитетро бо рушди технологияҳои миллӣ, ба монанди WeChat ва Baidu муттаҳид мекунад. Ин равиш ба Чин имкон додааст, ки аз вобастагии технологии ғарбӣ коҳиш диҳад, аммо бо интиқоди маҳдуд кардани озодии иттилоот рӯбарӯ шудааст.

     Ҳиндустон соҳибихтиёрии рақамиро тавассути платформаҳои миллӣ, ба мисли UPI пеш мебарад, ки таъсири низомҳои молиявии ғарбиро коҳиш медиҳад. UPI ба миллионҳо шаҳрвандони Ҳиндустон имкон дод, ки пардохтҳои рақамиро осон ва боэътимод анҷом диҳанд, ки ба рушди иқтисоди рақамӣ мусоидат кард. Ин таҷрибаҳо барои Тоҷикистон дар ташаккули стратегияи худ муҳиманд, зеро онҳо роҳҳои гуногуни мувозинат байни амният, инноватсия ва ҳамкории байналмилалиро нишон медиҳанд.

     Дар Тоҷикистон соҳибихтиёрии рақамӣ тавассути заминаи меъёрии рушдёбанда таъмин карда мешавад, ки ба ҳифзи маълумот, рушди технологияҳо ва ҳамгироии ҷаҳонӣ нигаронида шудааст. Ба санадҳои муҳими қонунгузорӣ дохил мешаванд:

- Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, № 40 «Дар бораи иттилоотонӣ», аз 10 майи соли 2002, № 55 «Дар бораи иттилоот», аз 2 декабри соли 2002, № 71 «Дар бораи ҳифзи иттилоот», аз 18 июни соли 2008, № 411 «Дар бораи ҳуқуқ ба дастрасӣ ба иттилоот», аз 25 марти соли 2011, № 705 «Дар бораи иттилооти экологӣ» ва аз 25 июни соли 2021, № 1783 «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот дар бораи фаъолияти судҳо», ки дастрасӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи маълумотро танзим мекунанд.

- Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, ки рақамисозии иқтисод, ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ва платформаҳои рақамии миллиро пешбинӣ мекунад.

- Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 аз 30 сентябри соли 2022, №483.

- Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, № 642, ки ҳадафҳои асосии рақамисозиро муайян мекунад.

- Барномаи миёнамӯҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 аз 26 октябри соли 2021, № 460, ки чораҳои мушаххаси амалиро барои рақамисозӣ пешниҳод мекунад.

- Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025, № 911 «Дар бораи эълон намудани солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия»», ки аҳамияти рақамисозиро дар сатҳи давлатӣ таъкид мекунад.

     Ин санадҳо заминаи ҳуқуқиро барои рушди соҳибихтиёрии рақамӣ дар Тоҷикистон фароҳам меоранд. Масалан, Қонуни «Дар бораи иттилоотонӣ» асосҳои техникии рақамисозиро муайян мекунад, дар ҳоле ки Қонуни «Дар бораи ҳифзи иттилоот» ба амнияти маълумот диққат медиҳад. Стратегияи миллии рушд то соли 2030 рақамисозиро ҳамчун омили асосии рушди устувор эътироф мекунад, ки ба беҳтар кардани хизматрасониҳои давлатӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисод нигаронида шудааст.

     Соли 2024, ки ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шуда буд, Тоҷикистон ба саводнокии рақамӣ ва огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон диққати бештар дода, ба таҳкими соҳибихтиёрии рақамӣ мусоидат намуд.

     Таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, № 147) қадами муҳим дар таҳкими институтсионалии иқтисоди рақамӣ мебошад. Ин Агентии масъулияти ҳамоҳангсозии таҳияи ҳалли миллии IT ва стандартҳои амнияти кибернетикиро ба уҳда дорад. Агентӣ бо вазоратҳо ва идораҳои давлатӣ ҳамкорӣ карда, лоиҳаҳои рақамисозиро, аз қабили платформаҳои ҳукумати электронӣ ва хизматрасониҳои рақамии давлатиро пеш мебарад.

     Тоҷикистон инфрасохтори рақамиро фаъолона рушд медиҳад, аз ҷумла платформаҳои ҳукумати электронӣ, низоми таълими фосилавӣ ва хизматрасониҳои электронии давлатӣ. Ин ташаббусҳо ба шаҳрвандон имкон медиҳанд, ки хизматрасониҳои давлатиро бо осонӣ дастрас кунанд ва шаффофияти идоракунии давлатиро афзоиш диҳанд. Рақамисозӣ ба рушди устувор мусоидат мекунад ва фаъолияти иқтисодро дар шароити бӯҳронҳои ҷаҳонӣ, ба монанди пандемияи COVID-19 таъмин менамояд.

     Сарфи назар аз пешрафтҳо, амалисозии соҳибихтиёрии рақамӣ бо мушкилоти зерин рӯбарӯ мешавад:

- Вобастагии технологӣ. Норасоии маҳаллисозии инфрасохтори рақамӣ Тоҷикистонро ба технологияҳои хориҷӣ осебпазир мегардонад. Вобастагии аз хидматҳои вертуалии хориҷӣ ва нармафзори ғайримиллӣ хатари дастрасии ғайриқонунии маълумотро афзоиш медиҳад.

- Таҳдидҳои кибернетикӣ. Гурӯҳҳои экстремистӣ фазои виртуалиро барои паҳн кардани таблиғот ва маълумоти бардурӯғ истифода мебаранд, ки ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад. Масалан, ташкилотҳои динии экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводи қалбакӣ паҳн мекунанд, ки эътимод ба институтҳои давлатиро коҳиш медиҳад. Илова бар ин, ҳамлаҳои кибернетикӣ ба инфрасохтори давлатӣ, ба монанди системаҳои энергетикӣ ё бонкӣ, метавонанд ба иқтисод зарари ҷиддӣ расонанд.

- Нуқсони ҳуқуқӣ. Набудани қонуни мукаммал дар бораи амнияти кибернетикӣ имкониятҳои мубориза бо ҷинояткории кибернетикиро маҳдуд мекунад. Масалан, набудани меъёрҳои мушаххас барои муайян кардани масъулият барои ҳамлаҳои кибернетикӣ монеа эҷод мекунад.

     Ба ғайр аз ин, паҳншавии маълумоти бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба эътимоди ҷамъиятӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин мушкилот зарурати истифодаи равиши комплексӣ, аз ҷумла чораҳои ҳуқуқӣ, технологӣ ва маърифатиро таъкид мекунанд.

Барои бартараф кардани таҳдидҳо ва таҳкими соҳибихтиёрии рақамӣ, Тоҷикистон бояд чораҳои зеринро амалӣ созад:

1. Қабули Қонун «Дар бораи амнияти кибернетикӣ». Тезонидани қабули қонун барои муайян кардани меъёрҳои ҳифзи маълумот, масъулият барои ҷиноятҳои кибернетикӣ ва механизмҳои назорати фазои рақамӣ зарур аст. Ин қонун бояд ба стандартҳои байналмилалӣ, ба монанди GDPR мутобиқ бошад, вале ба хусусиятҳои миллӣ такя кунад. Масалан, қонун метавонад талаботро барои дохилинамоии маълумот дар дохили кишвар муқаррар созад.

2. Кодекси иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.  Кодекси иттилооти намунавии давлатҳои аъзои ИДМ (2012) мислои воқеи ин таҷрибаи байналмилалӣ аст. Он чаҳорчӯби ҳуқуқиест, ки озодии иттилоот ва рушди инфрасохтори рақамиро танзим мекунад. Барои Тоҷикистон, пешниҳод мешавад, ки қонунҳои самти иттилоот  бо қабули кодекс аз эътибор соқит дониста шаванд.  

3. Таъсиси платформаҳои рақамии миллӣ. Сармоягузорӣ ба хидматҳои виртуалии маҳаллӣ, марказҳои коркарди маълумот ва мессенҷерҳои миллӣ барои коҳиши вобастагии аз технологияҳои хориҷӣ муҳим аст. Масалан, таҳияи мессенҷери миллӣ, ки амнияти баланди маълумотро таъмин мекунад, метавонад алтернатива ба платформаҳои хориҷӣ, ба монанди WhatsApp гардад. Инчунин, марказҳои коркарди маълумоти маҳаллӣ метавонанд амнияти маълумоти давлатиро таъмин созанд.

4. Таҳкими ҳамкории байналмилалӣ. Тоҷикистон бояд дар ташаббусҳои ИДМ, СААД ва СҲШ фаъолона иштирок кунад, то таҷрибаи пешқадами кибербехатариро мубодила кунад ва стандартҳои ягонаи амниятро мутобиқ созад. Ҳамкорӣ бо Чин метавонад ба ҷорӣ кардани технологияҳои пешрафтаи ҳифзи маълумот мусоидат кунад. Илова бар ин, Тоҷикистон метавонад ба созишномаҳои байналмилалӣ оид ба мубориза бо ҷинояткории кибернетикӣ ҳамроҳ шавад.

5. Рушди барномаҳои таълимӣ. Ворид кардани курсҳои амнияти кибернетикӣ, ҳуқуқи рақамӣ, ҳуқуқи иқтисоди рақамӣ ва саводнокии медиавӣ ба барномаҳои таълимии донишгоҳу донишкадаҳо барои баланд бардоштани огоҳии шаҳрвандон зарур аст. Масалан, таълими шаҳрвандон дар бораи чӣ гуна муайян кардани хабарҳои қалбакӣ метавонад ба коҳиши таъсири иттилооти дурӯғ мусоидат кунад. Таҷрибаи Аврупо нишон медиҳад, ки барномаҳои маърифати медиавӣ метавонанд муқовимати ҷомеаро ба таҳдидҳои рақамӣ афзоиш диҳанд.

6. Танзими ахлоқии зеҳни сунъӣ. Истифодаи зеҳни сунъӣ дар амнияти киберӣ ва идоракунии маълумот хатарҳои марбут ба вайроншавии махфият ва табъизро ба вуҷуд меорад. Ташкили стандартҳои миллӣ барои истифодаи зеҳни сунъӣ, ки ба таҷрибаи Аврупо такя мекунад, метавонад ин хатарҳоро коҳиш диҳад. Масалан, стандартҳо метавонанд талаботро барои шаффофияти алгоритмҳои зеҳни сунъӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ муқаррар созанд.

     Соҳибихтиёрии рақамӣ вазифаи мураккабест, ки ҳамгироии чораҳои ҳуқуқӣ, технологӣ ва байналмилалиро талаб мекунад. Дар Тоҷикистон заминаи меъёрӣ барои таҳкими истиқлолияти рақамӣ ташаккул меёбад, аммо мушкилоти кибертаҳдидҳо, вобастагии технологӣ ва камбудиҳои ҳуқуқӣ талошҳои иловагиро талаб мекунанд. Рақамисозӣ, ҳамчун омили рушди устувор, хатарҳои навро ба вуҷуд меорад, ки тавассути танзими ҳуқуқӣ коҳиш дода мешаванд.

     Тоҷикистон бояд ба рушди инфрасохтори рақамии миллӣ, таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани саводнокии рақамии шаҳрвандон диққати махсус диҳад. Таҷрибаи байналмилалӣ, аз қабили GDPR-и Аврупо, UPI-и Ҳиндустон ва қонуни интернети соҳибихтиёри Русия роҳҳои мухталифи таъмини соҳибихтиёрии рақамиро нишон медиҳад, ки метавонанд ба шароити Тоҷикистон мутобиқ карда шаванд.

     Дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ» (2025–2030), Тоҷикистон имкони беназир дорад, ки бо истифода аз захираҳои миллӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ ба пешсафи минтақавӣ дар соҳаи соҳибихтиёрии рақамӣ табдил ёбад. Барои ин зарур аст, ки давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ якҷоя фаъолият намуда, фазои рақамии амн ва мустақилро эҷод намоянд.

 

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад 

муовин оид ба илм ва таълими директори

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор  

БОЗГАШТ