Созмони Ҳамкории Шанхай ва нақши он дар минтақа

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

26 апрели соли 1996 бо имзои Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз ҷониби сарони Чин, Россия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон “Панҷгонаи Шанхай” ба вуҷуд омад ва ба таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай асос гузошта  шуд. Тибқи мулоҳизаи давлатҳои аъзои “Панҷгонаи Шанхай” - Россия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мулоқоти сарони давлатҳо дар як сол як маротиба дар яке аз кишварҳои аъзо бургузор мегардид.Тавре, ки қайд гардид, мулоқоти сарони кишварҳо аввалин бор 26 апрели соли 1996 дар шаҳри Шанхай, маротибаи дуюм  24 апрели соли 1997 дар шаҳри Москва, маротибаи сеюм 3 июли соли 1998 дар Алма-ато, маротибаи чорум 24-26 августи соли 1999 дар шаҳри Бишкек доир гардид. Дар ин давра кишварҳои аъзо ба ҳалли проблемаҳои манотиқи сарҳади муваффақ гардида, бо истифода аз ин шарики ҳамоиш дар доираи “Панҷгонаи Шанхай” густариши ҳамкориҳои мутақобилан муфиди сиёсию-иқтисодӣ ва тиҷоратию фарҳангиро амри зарурӣ маънидод мекарданд. Мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви Панҷгонаи Шанхай 5 июли соли 2000 дар Тоҷикистон мо шаҳри Душанбе баргузор шуд.                      
15 июли соли 2001 дар Шанхай вохӯрии Сарони давлатҳо баргузор шуд ва дар он изҳороти муштарак дар бораи қабули Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ба “Панҷгонаи  Шанхай” қабул гардида, Эъломия дар бораи таъсис додани СҲШ ба имзо расид. СҲШ, ки қаламрави бузург ва доираи васеъи ҳамкориҳои минтақавиро дар бар мегирад, шакли нави ҳамкории давлатҳои аз нуқтаи назари сохти сиёсӣ, иқтидори иҷтисодӣ ва фарҳангӣ гуногун ба шумор меравад.
Масоҳати умумии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай то соли 2014 тахминан 30 млн 189 ҳазор км мураббаъ ва ҷамъи аҳолиии онҳо зиёда аз 1,5 млрд нафар ё ¼ аҳолии умумии курраи заминро ташкил мекард. Баъди ҳамроҳ гардидани Ҳиндустон ва Покистон (соли 2017) ба узвияти СҲШ, масоҳати умумии он зиёда аз 34 млн км, яъне 60% қаламрави Авру-Осиёро дар бар гирифтааст ва ҷамъи аҳолии он зиёда аз 3 млрд 40 млн нафарро ташкил медиҳад.
Созмони Ҳамкории Шанхай-созмони байниҳукуматии байналхалқии доимиамалкунанда ба ҳисоб меравад. Тибқи ҳуҷҷати асосии оиномавии созмон-хартияи СҲШ ки 7 июни соли 2002 қабул шудааст, фаъолият мебарад.
Дар сохтори Созмон механизми Шӯро ва муасисаҳои доимо амалкунанда шомил мебошанд:
-Шӯрои сарони давлатҳо - Шӯрои олии созмон ба ҳисоб меравад, ин Шӯро афзалият ва самтҳои асосии фаъолияти созмонро муйаян менамояд. Инчунин масъалаҳои муҳимро марбут ба сохти дохили ва ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо, созмонҳои байналмиллали минтақавӣ  дида мебарояд. Шӯро дар як сол як маротиба баргузор мегардад.
-Роҳбарони хукуматҳо буҷаи созмонро қабул менамоянд. Масъалаҳои муҳимро марбут ба иқтисодиёт, ҳамкориро дар матҳои гуногун муоҳида мекунанд. Шӯро дар як сол як маротиба баргузор мегардад.
-Шӯрои Вазирони Корҳои хориҷӣ ба ҳар фасли сол масоъили фаъолияти рузмараи Созмон машғул мебошад. Шӯро як моҳ пеш аз оғози ҷаласаи Сарони давлатҳо гузаронида мешавад.
Шӯрои Ҳамоҳангсозии миллӣ- шӯро дар як сол се маротиба доир мегадад.
-Котибот –Мақомоти доимо амалкунандаи Созмон ба шумор рафта моҳи январи соли 2004 кори худро оғоз кард. Қароргоҳи он дар шаҳри Пекин ҷойгир буда аз ҷониби котиби иҷроия роҳбарӣ карда мешавад, ки онҳоро сарони давлатҳо интихоб мекунанд. Муҳлати фаъолияти Котиб се – сол буда ҳуқуқи дубора интихоб шуданро надорад. Вазифаҳои Котибот: дар сатҳи Олӣ гузаронидани машваратҳо, ҷобаҷогузории ҳуҷатҳо, тайёр намудани маърӯза барои бӯҷети солона ин ва дигар вазифаҳо ба души котибот гузошта шудааст. Айни ҳол сардории котибот ба души намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов вогузор шудааст.
Сохтори минтақавии зидди террористӣ – фаъолияти аввалиндараҷаи сохтор мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва сепаратизм мебошад.
Шӯрои сарони давлатҳо мақоми олӣ дар СҲШ барои қабули қарорҳо ва дастурҳо оид ба масъалаҳои муҳими дохилию хориҷии Созмон ба ҳисоб меравад. Ҷаласаҳои Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)  барои муҳокимаи стратегияи ҳамкориҳои бисёрҷониба ва самтҳои афзалиятнок дар чорчӯбаи СҲШ,  ҳалли масъалаҳои принсипиалӣ ва рӯзмараи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дигар намуди ҳамкориҳо, инчунин барои тасдиқи буҷети солонаи Созмон баргузор мешаванд. Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ барои баррасӣ ва маъқул донистани лоиҳаи рӯзнома ва дигар ҳуҷҷатҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо, пешкаш намудани пешниҳодот ба Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳо дар бораи такмил ва рушди ҳамкориҳои самтҳои гуногун дар чорчӯбаи СҲШ, инчунин беҳтаргардониии фаъолияти мақомоти СҲШ, аз ҷумла масъалаҳои бастани ҳуҷҷатҳои бисёрҷонибаи шартномавии дахлдор дар чорчӯбаи Созмон, баромад намудан бо изҳорот аз номи давлатҳои аъзо аз номи давлатҳои аъзо оид ба масъалаҳои байналхалқӣ, баррасии фаъолияти ҷории СҲШ, таъмини идоракунунии умумӣ ва иҷрои қарорҳои мақомоти СҲШ ва баррасии дигар масъалаҳои дохилию ҳамкориҳои байналхалқии Созмон амал менамояд. Машварати роҳбарони вазорат ва ё идораҳо вохӯрии роҳбарони парлумонҳо, котибони шӯроҳои амният, судҳои олӣ ва арбитражӣ, прокуратураҳои генералӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои соҳавиро, ки барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои дахлдор доир мегаданд, дар бар мегирад. Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ механизми идора ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти ҷории Созмон ба ҳисоб рафта, инчунин барои омода намудани ҷаласааҳои Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ фаъолият менамояд. Котиботи СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ мақомот (сохторҳо)-и доимамалкунандаи  Созмон буда, аз моҳи январи соли 2004 фаъолияти худро шурӯъ намудаанд. Котиботи СҲШ дар шаҳри Пекин ва Кумитаи иқроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористи дар шаҳри Тошканд қарор доранд. Дабири  кулли СҲШ ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористи аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо мувофиқи алифбои русӣ ба муҳлати се сол таъйин мегарданд, ки шахси мансабдори байналхалқӣ ба ҳисоб мераванд.
Давлатҳои нозири СҲШ- Ҷумҳурии Исломии Авғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муғулистон, давлатҳои шарики мусоҳибавии СҲШ- Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Туркия ва Шри-Ланка мебошанд. Соли 2009 ба давлатҳои шарики мусоҳибавии СҲШ  Шри-Ланка ва Белоруссия соли 2010 ҳамроҳ гардиданд.Соли 2012 ба давлатҳои нозири СҲШ Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ба давлатҳои шарики мусоҳибавии СҲШ Туркия ҳамроҳ гардиданд.

Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Шанхай

15 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхай аз ҷониби сарони давлатҳои Қазоқистон,Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Эъломия дар бораи таъсис додани СҲШ ба имзо расид, ки ин сана то ба имрӯз Рӯзи таъсиси СҲШ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз асосгузорони механизми “Панҷгонаи Шанхай” ва яке аз таъсисдиҳандагони СҲШ ба ҳисоб меравад. Иштироки фаъоли Тоҷикистон дар СҲШ ба хотири таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, равобити боэътимод ва дӯстона дар байни давлатҳои аъзо ва нозир, инчунин таъмини амнияту оромӣ, рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ мебошад. 12 сентябри соли 2014 бо баргузор намудани Ҳамоиши СҲШ дар шаҳри Душанбе Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи дуюми раисии худро дар СҲШ, таҳти шиори “Ҳамкорӣ, рушд ва рифоҳи муштарак” ба анҷом расонд. Тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии раисии Тоҷикистон, дар сатҳҳои олӣ, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар сатҳҳо зиёда аз панҷоҳ чорабинии самтҳои гуногуни ҳамкорӣ баргузор карда шуданд, ки дар рушди батадриҷи Созмон саҳми сазовори худро гузоштанд. Қобили қайд аст,ки дар солҳои мавҷудияти СҲШ дар давраи раисии Тоҷикистон бори нахуст ташхиси заминаи шартномавӣ – ҳуқуқии  ҳамкориҳо гузаронида шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиди.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон низ муроҷиатҳо дар бораи гирифтани мақоми давлатии аъзои СҲШ пешниҳод шудаанд. Дар давраи раисии Тоҷикистон дар СҲШ ҳамкориҳо бо давлатҳои нозири СҲШ низ фаъол гардиданд. Моҳи ноябри соли 2014 дар Котиботи СҲШ бори нахуст вохӯрии ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ бо намояндагони ваколатдори давлатҳои нозири СҲШ бо формаи 6+5 ва дар Кумитаи иҷроияи СМЗТ СҲШ конфронси якум бо иштироки мақомоти зиддитеррористии давлатҳои нозири СҲШ доир гардид. Таъкид кардан бамаврид аст, ки бо кӯшишҳои муштарак давлатҳои аъзои СҲШ ба комёбиҳои зиёде ноил гардидаанд, вале ҷаҳони доимо тағйирёбанда, таҳдиду чолишҳои нав қабули тасмиму иқдомҳои босамареро тақозо менамояд, ки бояд барои нигоҳдории сулҳу субот дар минтақа ва таъмини шароит ҷиҳати рушди устувор ва беҳтаргардонии некуаҳволиии иҷтимоии мардумон мусоидат кунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба монанди дигар кишварҳои аъзо мушкилиҳо ва чолишҳои муосирро воқеӣ арзёбӣ менамояд. Бинобар ин яке аз авлавиятҳои Тоҷикистон дар СҲШ дар ояндаи наздик фаъолияти муштарак ҷиҳати таъмини сулҳу субот, аз ҷумла мубориза бо терроризм, экстремизм ва сепаратизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳдидҳои амнияти иттилоотӣ мебошад. Гузаронидани машқҳои зиддитеррористӣ, ки мунтазам дар қаламрави кишварҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла дар Тоҷикистон сурат мегиранд, аҳамияти зиёд доранд. Бояд қайд кард, ки яке аз ин машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ “Норак- зиддитеррор” 17-19 апрели соли 2009 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ машқҳои муштараки ҳарбии зидди террористии давлатҳои аъзои СҲШ “ Рисолати сулҳҷуёна-2012”  08-14 июни соли 2012 дар машқгоҳи “Чорух-Дайрон” (вилояти Суғд) бо иштироки қисмҳои низомии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид. Ғайр аз ин, сохторҳои дахлдори мақомоти ваколатдори кишварҳо дар машқҳои барпошаванда дар қаламрави давлатҳои аъзои СҲШ низ фаъолона ширкат меварзанд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти СҲШ ин мубориза ба муқобили терроризм, сепаратизм, экстремизм ва ҳама гуна зуҳуроти онҳо мебошад.Сохтори минтақавии зиддитеррористи СҲШ бо мақсади фаъолияти бонизом ва мақсаднок дар ин соҳа таъсис ёфтааст.Дар доираи СҲШ пайваста машқҳои зиддитеррористӣ гузаронида мешаванд. Бояд қайд кард, ки яке аз ин машқҳои фармондеҳӣ- ситодӣ “Норак – зиддитеррор” 17-19 апрели соли 2009 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ машқҳои муштараки ҳарбии зидди  террористии давлатҳои аъзои СҲШ ”Мирная Миссия”-2012 08-14 июни соли 2012 дар машқгоҳи “Чорух- Дайрон” вилояти Суғд бо иштироки қисмҳои низомии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид. СҲШ нияти ба блоки ҳарбӣ мубаддал гаштанро надошта, мақсади он танҳо мубориза бо зуҳуроти хавфноки замони муосир- терроризм мебошад. Фаъолияти СҲШ натанҳо мубориза бо зуҳуроти хавфноки замони муосир- терроризм мебошад. Фаъолияти СҲШ натанҳо ба масъалаҳои сиёсӣ, балки ба робитаҳои иқтисодӣ равона шудаанд. Дар доираи Созмон Нақшаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ ба йни давлатҳои аъзо қабул шудааст, ки мақсади он мусоидат намудан ба гардиши озоди мол, хизматрасони ва технологияҳо дар байни шаш давлати аъзо ба ҳисоб меравад. Ҳамкориҳо ҳамчунин дар соҳаи тандурустӣ,фарҳанг, маориф илм ва техника. Кишоварзӣ, гумрук, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ батадриҷ ривоҷ меёбанд.
Яке аз навовариҳо дар доираи СҲШ ин таъсиси Донишгоҳи шабакавии СҲШ мебошад, ки дар худ 22 донишгоҳҳои маъруфи давлатҳои аъзоро дар бар гирифта, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ шомил мебошанд. Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай. Ки 12 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир гардид, даҳ қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ ва ду санади нави ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расиданд. Дар ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахитжан Сагинтаев, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммедкали Абилгазиев, Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, Раиси ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, Вазири корҳои хориҷии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, инчунин роҳбари ҳайатҳои давлатҳои нозири СҲШ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Ба чолишҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ инчунин муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шомил аст, ки бо он Тоҷикистон ва дигар кишварҳои аъзои СҲШ мубориза бурда истодааст. Ба назари Тоҷикистон,  ба ҳар як кишварҳои аъзо зарур аст, ки ба таъсиси механизми таъсирбахш  оид ба муқовимат ба таҳдидҳои маводи мухаддир дар минтақа СҲШ ҷидду ҷаҳд намояд. Бо ин мақсад Тоҷикистон аз соли 2005 борҳо бо ташаббуси дар ҳошияи СҲШ таъсис додани сохтори алоҳидаи доимо амалкунанда-Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ баромад дорад. Ин имконият медиҳад, ки ҳамкории мақомоти зиддимухаддиротии кишварҳои аъзои СҲШ мақсаднок ва ба таври низомӣ ба роҳ монда шавад,  қувваю  воситаҳо  ҷиҳати муҷовимати самаранок ба истеҳсол ва муомилоти ягона сафарбар карда шаванд. Ҷалби кишварҳои нозири СҲШ ба ҳамкорӣ бо Марказ ҷиҳати таъсиси сипари зиддимухаддиротӣ дар минтақа имконияти иловагиро ба бор хоҳад овард. Бо назардошти вазъияти ба амал омада дар минтақа ва коҳиш наёфтани ҳаҷми маводи мухаддир дар масири Шимол, инчунин бо назардошти он ки Тоҷикистон аз ҳамаи давлатҳои аъзои СҲШ сарҳади дарозтарин бо Афғонистон дошта, ҳамчу сипар барои дигар кишварҳои минтақа мебошад, инчунин мақомоти ваколатдори Ҷумҳурӣ дар фаъолияти худ таҷрибаи амалии ғанӣ доранд, Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси Маркази зиддимухаддиротро дар шаҳри Душанбе салоҳ медонад.
Ҳоло дар ин иртибот Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи таъсиси Маркази зиддимухаддироти СҲШ-ро таҳия намудааст, ки он дар баррасии мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СҲШ қарор дорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ба Созмон лозим аст, то раванди ҳамгироии минтақавиро, аз ҷумла дар ҳудуди ба минтақаи масъулияти СҲШ наздик дар шумораи авлавиятҳо метавонад Афғонистон бошад. Тоҷикистон ҷонибдори иштироки васеъ ва фаъоли Афғонистон дар ҳамкориҳои минтақавӣ буда, аз дидгоҳи Тоҷикистон, калиди таъмини сулҳи пойдор дар Афғонистон пеш аз ҳама эҳёи иқтисодиёти ин кишвар, таҳкими минбаъдаи соҳаи иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав мебошад.
Самти дигари муҳим барои ҳамаи давлатҳои аъзои СҲШ бехатар гардонидани зисту зиндагонии мардум мебошад. Дар ин росто, вазифаи аввалиндараҷа афзоиш додани имконияти ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба ҳисоб меравд. Вобаста ба ин, дар доираи СҲШ нақшаҳо ва барномаҳои пурмуҳтаво қабул шудаанд, ки иқрои қатъии онҳо муҳим арзёбӣ мегардад. Масъалаи дигари мубрам, ки дар доираи Созмон мавриди муҳокимаи фаъол қарор дорад, ин васеъшавии СҲШ аз ҳисоби давлатҳои аъзои нав мебошад.
Хулоса  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, барои васеъ шудани сарҳадҳои ҷуғрофии Созмон дар асоси принсипи баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва фоидаи мутақобила аз ҳисоби давлатҳое, ки ба мақсад ва принсипҳои СҲШ шарик мешаванд, меъёрҳо ва принсипҳои байналмилалии умуми эътирофшударо риоя мекунанд, бо давлатҳои аъзои СҲШ муносибатҳои фаъоли сиёсӣ, тиҷортӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ доранд, зид нест. Ҳамчунин Тоҷикистон тарафдори таҳкими ҳамкориҳо бо давлатҳои нозири СҲШ буда, афзоиш ёфтани теъдоди шарикони мусоҳибавии СҲШ-ро истиқбол дорад ва дар доираи Созмон, дар мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, инчунин дар рушди минтақа, аз ҷумла дар қатори давлатҳои аъзои СҲШ, давлатҳои нозири СҲШ ва шарикони мусоҳибавии СҲШ низ фаъолона иштирок менамояд.                     

                    Адабиёт:
  1. Шанхайская Организация Сотрудничество, Оймахмадов Махмадамин Душанбе -2019 ЗАО “Ганч нашриёт
  2. Зарифи, Х. Многовекторная дипломатия Таджикистана/ Х. Зарифи. - Душанбе: ООО «Офсет», - 352с.
  3. Акимбеков, С.М. Афганский узел и проблемы безопасности Центральной Азии/ С.М. Акимбеков. - Алматы, - 182c.
  4. Алимов, Р. Дипломатия Таджикистана/ Р. Алимов, М. Лебедев, Д. Шарипова. - Душанбе: МИД РТ, - 72с.
  5. Китай в мировой и региональной политике: (История и современ- ность) / ИДВ РАН. - М., - 209с
  6. Саидов, З. Ш. Внешняя политика Республики Таджикистан на совре- менном этапе/ З. Саидов. – Душанбе: Авасто, – 560с.
  7. Иманалиев, М. 10 лет становления и развития: Интервью и выступле- ния Генерального секретаря ШОС М. Иманалиев.- Пекин,2011.
  8. Голобоков, A.C. Россия и Китай в ШОС: оценка китайских исследо- вателей / C. Голобоков // Россия и АТР. -2010. - № 3. - С. 157- 160.
  9. Бажанов, Е.П. Актуальные проблемы международных отношений. Избр. тр. в 3 т. Т. / Е.П. Бажанов. - М.: Науч. кн., 2001. - 213 с.
  10. Барков, А.В. Шанхайская организация сотрудничества/ А.В
  11. Lam W. Beijing’s Strategy to Counter US Influence in Asia. China Brief. December 6. Vol. V. Issue 25. – P.101-112.
  12. Мирзоев Х.  Нақш ва ҷойгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай дар системаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон. Сомонаи расми  https://www.osiyoavrupo.tj/
  13. Мирзоев Х. Мақола: Ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳури Халқи Хитой дар солҳои истиқлолият;  Тоҷикистон ва Хитой: Мушкилот ва дурнамои ҳамкориҳо  Душанбе-2021 с.
 
Сангинов Хайём,
ходими хурди илмӣ.
 
 

БОЗГАШТ