СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2040: ТАҲЛИЛИ ҲУҚУҚӢ

Муаллиф: Сангинзода Дониёр

Расм

Зеҳни сунъӣ (AI) яке аз падидаҳои муҳими асри 21 ба шумор меравад, ки дар тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, саноат ва идоракунии давлатӣ, таъсири мусбат мерасонад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии муносибатҳо, истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ барои рушди устувори кишварҳо муҳим арзёбӣ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040 (Қарори Ҳукумати ҶТ аз аз 30 сентябри соли 2022, №483) ният дорад, ки ба яке аз кишварҳои пешсаф дар ин самт мубаддал гардад.

Стратегияи мазкур бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар таҳия шудааст. Он ба рушди технологияҳои рақамӣ, барномасозӣ, истифодаи алгоритмҳо дар қабули қарорҳо ва идоракунии давлатӣ афзалият медиҳад. Ҳадафи асосии Стратегия расонидани даромади зеҳни сунъӣ ба 5% маҷмуи маҳсулоти дохилӣ то соли 2040 мебошад. Инчунин, Стратегия ба таъмини соҳаҳо бо технологияҳои пешрафтаи иттилоотию коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди неруи зеҳнӣ нигаронида шудааст.

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, Стратегия зарурати ташаккули заминаи қонунгузориро барои танзими муносибатҳои марбут ба зеҳни сунъӣ таъкид мекунад. Ин замина бояд ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, амнияти иттилоотӣ ва шаффофияти истифодаи технологияҳоро таъмин намояд. Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон як қадами муҳим дар роҳи саноатикунонӣ ва рақамикунонии кишвар аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии зеҳни сунъӣ ҳанӯз дар марҳилаи ташаккул қарор дорад. Айни замон, ягон қонуни мушаххас дар бораи зеҳни сунъӣ вуҷуд надорад, ки муносибатҳои марбут ба онро танзим кунад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда, ба монанди Қонуни ҶТ "Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ" ва Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ барои солҳои 2012-2020 танҳо ба таври умумӣ ба рақамикунонӣ ва хизматрасониҳои электронӣ дахл доранд.

Баъзе мушкилоти асосии ҳуқуқӣ, ки дар роҳи амалисозии Стратегия монеа эҷод мекунанд, инҳоянд:

-Номукаммалии қонунгузорӣ: Набудани қонуни махсус дар бораи зеҳни сунъӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда.

-Норасоии кадрҳо: Камбуди мутахассисони ҳуқуқшинос, ки дар соҳаи зеҳни сунъӣ тахассус дошта бошанд.

-Масъалаҳои ахлоқӣ ва амниятӣ: Хавфи истифодаи нодурусти зеҳни сунъӣ, аз ҷумла вайронкунии махфияти маълумот ва ҳуқуқи шахс.

-Мутобиқат бо стандартҳои байналмилалӣ: Заминаи ҳуқуқии Тоҷикистон ҳанӯз ба стандартҳои байналмилалии зеҳни сунъӣ мутобиқ карда нашудааст.

Баъзе кишварҳои пешрафта, ба монанди ИМА, Чин ва Иттиҳоди Аврупо, аллакай қонунҳо ва стратегияҳои мушаххаси зеҳни сунъиро қабул кардаанд. Масалан, Иттиҳоди Аврупо дар соли 2021 пешниҳоди "Регламенти зеҳни сунъӣ"-ро пешниҳод кард, ки истифодаи зеҳни сунъиро аз рӯи сатҳи хавфнокӣ ба категорияҳо ҷудо мекунад. Чин бошад ба рушди зеҳни сунъӣ бо дастгирии давлатӣ ва сармоягузории бузург диққат медиҳад, вале танзими ахлоқии онро низ мустаҳкам кардааст. Тоҷикистон метавонад аз ин таҷрибаҳо истифода бурда, заминаи ҳуқуқии худро бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ такмил диҳад. Масалан, таҳияи қоидаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ метавонад аз таҷрибаи ИА бардошта шавад.

Стратегия якчанд вазифаи муҳими ҳуқуқиро пешбинӣ мекунад, ки барои таъмини амалисозии он заруранд:

-Ташаккули заминаи ҳуқуқӣ: Таҳияи Қонуни ҶТ "Дар бораи зеҳни сунъӣ" барои муайян кардани асосҳои танзими давлатӣ.

-Ҳифзи ҳуқуқи шахс: Таъмини амнияти иттилоотӣ ва махфияти маълумот ҳангоми истифодаи зеҳни сунъӣ.

-Мутобиқат бо стандартҳои байналмилалӣ: Ҳамроҳшавӣ ба конвенсияҳо ва шартномаҳои байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ.

-Тиҷоратикунонии зеҳни сунъӣ: Таҳияи қоидаҳои баҳогузории арзиши объектҳои зеҳни сунъӣ барои идоракунӣ ва тиҷорат.

Ин вазифаҳо барои эътимоднокӣ, шаффофият ва баробарҳуқуқии истифодаи зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон муҳим мебошанд.

Барои амалисозии Стратегия таҳияи санадҳои зерини меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст:

-Қонуни ҶТ "Дар бораи зеҳни сунъӣ": Ин қонун бояд мафҳумҳо, принсипҳо ва механизмҳои танзими зеҳни сунъиро муайян кунад. Масалан, он метавонад истифодаи зеҳни сунъиро дар соҳаҳои давлатӣ ва хусусӣ, инчунин масъулият барои вайронкуниҳоро танзим намояд.

-Тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мавҷуда: Масалан, ба Кодекси граждании ҶТ барои муайян кардани ҳуқуқи моликият ба натиҷаҳои зеҳни сунъӣ ва ба Кодекси ҷиноятии ҶТ барои муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои истифодаи нодурусти технологияҳо.

-Қоидаҳои ахлоқӣ: Таҳияи кодекси ахлоқии истифодаи зеҳни сунъӣ барои пешгирии хавфҳои марбут ба вайронкунии ҳуқуқи инсон.

Стратегия зарурати таъсиси Шӯрои зеҳни сунъӣ ва муайян кардани мақоми ягонаи ваколатдорро таъкид мекунад. Ин мақом метавонад Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти ҶТ бошад, ки бояд бо салоҳиятҳои мушаххас таъмин гардад. Вазифаҳои асосии мақоми ваколатдор инҳоянд: ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо дар самти зеҳни сунъӣ; назорати риояи қонунгузорӣ дар истифодаи технологияҳо; таҳияи пешниҳодҳо барои такмили заминаи ҳуқуқӣ.

Таҳлили SWOT-и Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон далели он аст, ки он дорои ҷанбаҳои қавӣ, заиф, имкониятҳо ва таҳдидҳо мебошад.

Тарафҳои қавӣ:

1. Мавҷудияти ташаббусҳои давлатӣ барои рушди зеҳни сунъӣ. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040 (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.01.2025, №83) нишон дод, ки ба рушди технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, аҳамияти махсус медиҳад. Ин ташаббусҳо тавассути таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти ҶТ, эълони солҳои 2020-2040 ҳамчун бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ ва баргузории озмунҳои илмӣ, ба монанди "Илм-фурӯғи маърифат", дастгирӣ меёбанд. Ин иқдомҳо барои ташаккули муҳити мусоид ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба соҳаи зеҳни сунъӣ мусоидат мекунанд.

2. Аҳолии ҷавон, ки барои омӯзиши технологияҳои нав омода аст. Тибқи омори давлатӣ, тақрибан ду се ҳиссаи аҳолии Тоҷикистон то 30-сола мебошанд, ки ин омили муҳим барои омода кардани кадрҳои соҳибихтисос дар соҳаи зеҳни сунъӣ аст. Насли ҷавон ба технологияҳои рақамӣ майли зиёд дошта, барои азхудкунии барномасозӣ, омӯзиши мошинӣ ва дигар унсурҳои зеҳни сунъӣ омодагии хуб нишон медиҳад. Ин захираи инсонӣ метавонад барои рушди соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва рақобатпазирии Тоҷикистон дар минтақа мусоидат кунад.

3. Заминаи ибтидоии инфрасохтори рақамӣ. Дар Тоҷикистон аллакай пойгоҳи ибтидоии инфрасохтори рақамӣ мавҷуд аст, ки барои ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ замина фароҳам меорад. Масалан, барномаҳои "Шаҳри бехатар" дар Душанбе, низоми биллингӣ дар Хуҷанд ва Душанбе, инчунин таъсиси озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ дар соли 2019 бо дастгирии Бонки Исломии Рушд нишонаи ин пешрафтҳост. Ин замина имкон медиҳад, ки технологияҳои зеҳни сунъӣ марҳила ба марҳила дар соҳаҳои гуногун татбиқ гарданд.

Тарафҳои заиф:

1. Номукаммалии қонунгузорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ. Яке аз мушкилоти асосии амалисозии Стратегия норасоии заминаи ҳуқуқии мукаммал барои танзими муносибатҳои марбут ба зеҳни сунъӣ мебошад. Ҳанӯз ягон қонуни махсус дар бораи зеҳни сунъӣ қабул нагардидааст, ва санадҳои мавҷуда, ба монанди Қонуни ҶТ "Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ", танҳо ба таври умумӣ ба рақамикунонӣ дахл доранд. Ин норасоӣ метавонад ба мушкилот дар ҳифзи ҳуқуқи шахс, амнияти иттилоотӣ ва танзими ахлоқии технологияҳо оварда расонад.

2. Норасоии мутахассисони ҳуқуқшинос дар ин самт. Дар Тоҷикистон шумораи ҳуқуқшиносоне, ки дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ тахассус доранд, хеле маҳдуд аст. Ин мушкилот боиси он мегардад, ки таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва назорати риояи онҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ бо мушкилот рӯ ба рӯ шавад. Норасоии кадрҳои ҳуқуқӣ инчунин ба татбиқи стандартҳои байналмилалӣ дар ин самт монеа эҷод мекунад.

3. Сатҳи пасти тиҷоратикунонии на ғатиҷаҳои зеҳни сунъӣ. Гарчанде дар Тоҷикистон барномаҳои зеҳни сунъӣ, ба монанди таъминоти барномавии "Скоринг" дар низоми бонкӣ, истифода мешаванд, сатҳи тиҷоратикунонии натиҷаҳои онҳо паст боқӣ мемонад. Набудани механизмҳои баҳогузории арзиши объектҳои зеҳни сунъӣ ва заминаи ҳуқуқии тиҷоратикунонӣ боиси он мегардад, ки ин технологияҳо дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ пурра истифода нашаванд. Ин омил афзоиши иқтисодии кишварро аз ҳисоби зеҳни сунъӣ маҳдуд мекунад.

Имкониятҳо:

1. Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои такмили қонунгузорӣ. Тоҷикистон метавонад аз ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ, Бонки Исломии Рушд ва Иттиҳоди Аврупо, барои такмили заминаи ҳуқуқии зеҳни сунъӣ истифода барад. Ин ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки стандартҳои байналмилалӣ ба қонунгузории миллӣ ворид гарданд ва механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ва амнияти иттилоотӣ мустаҳкам шаванд.

2. Ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ. Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши талаботи ҷаҳонӣ ба технологияҳои зеҳни сунъӣ, Тоҷикистон метавонад сармояи хориҷиро барои таъсиси паркҳои технологӣ, марказҳои инноватсионӣ ва озмоишгоҳҳои зеҳни сунъӣ ҷалб намояд. Масалан, дастгирии грантии Бонки Исломии Рушд барои таъсиси озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ дар соли 2019 намунаи муваффақи ин ҳамкорӣ аст. Чунин сармоягузориҳо метавонанд барои рушди инфрасохтор ва омода кардани кадрҳо мусоидат кунанд.

3. Истифодаи таҷрибаи кишварҳои пешрафта. Кишварҳои пешрафта, ба монанди ИМА, Чин ва Иттиҳоди Аврупо, дар танзими ҳуқуқии зеҳни сунъӣ таҷрибаи бой доранд. Масалан, "Регламенти зеҳни сунъӣ"-и Иттиҳоди Аврупо метавонад ҳамчун намуна барои таҳияи қонунҳои миллӣ истифода шавад. Инчунин, таҷрибаи Чин дар ҷалби сармоя ва дастгирии давлатӣ барои рушди зеҳни сунъӣ метавонад барои Тоҷикистон муфид бошад. Истифодаи ин таҷрибаҳо ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки хавфҳои марбут ба амалисозии технологияҳоро кам карда, самаранокии Стратегияро баланд бардорад.

Таҳдидҳо:

1. Хавфи фирори "ақлҳо" ва норасоии кадрҳои баландихтисос. Фирори "ақлҳо" яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ барои рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон аст. Мутахассисони соҳибихтисос, аз ҷумла барномасозон ва муҳандисони омӯзиши мошинӣ, бо сабаби музди пасти меҳнат ва набудани шароити мусоиди корӣ кишварро тарк мекунанд. Ин раванд метавонад боиси норасоии кадрҳои баландихтисос гардад, ки барои амалисозии Стратегия муҳиманд.

2. Рақобати минтақавӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ. Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ба монанди Қазоқистон ва Узбекистон, низ ба рушди зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Рақобати минтақавӣ метавонад ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва мутахассисон монеа эҷод кунад. Тоҷикистон бояд бартариҳои рақобатии худро, ба монанди аҳолии ҷавон ва ташаббусҳои давлатӣ, истифода барад, то дар ин рақобат пешсаф бошад.

3. Хавфҳои марбут ба амнияти иттилоотӣ ва махфияти маълумот. Истифодаи зеҳни сунъӣ бо хавфҳои марбут ба вайронкунии махфияти маълумот ва амнияти иттилоотӣ алоқаманд аст. Масалан, истифодаи нодурусти технологияҳо дар хизматрасониҳои давлатӣ ё бахши хусусӣ метавонад ба вайронкунии ҳуқуқи шахс оварда расонад. Дар шароити набудани қонунгузории мукаммал, ин хавфҳо метавонанд ба эътимоди ҷомеа ба технологияҳои зеҳни сунъӣ таъсири манфӣ расонанд.

Барои муваффақияти Стратегия тавсияҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- таҳияи қонуни махсус: То соли 2026 қабули Қонуни ҶТ "Дар бораи зеҳни сунъӣ" барои муайян кардани чаҳорчӯбаи ҳуқуқии истифодаи технологияҳо.

- ҳамкории байналмилалӣ: Ҳамроҳшавӣ ба созмонҳо ва шартномаҳои байналмилалӣ барои мутобиқ кардани стандартҳои миллӣ.

- омӯзиши кадрҳо: Роҳандозии барномаҳои омӯзишӣ барои ҳуқуқшиносон дар соҳаи зеҳни сунъӣ.

- таъмини амнияти иттилоотӣ: Таҳияи қоидаҳои махсус барои ҳифзи маълумоти шахсӣ ҳангоми истифодаи зеҳни сунъӣ.

Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дурнамои мусбатеро барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар фароҳам меорад. Бо вуҷуди ин, амалисозии он бидуни заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ғайриимкон аст. Таҳияи қонунҳои махсус мутобиқат бо стандартҳои байналмилалӣ барои муваффақияти Стратегия муҳим мебошанд. Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва захираҳои дохилӣ метавонад дар ояндаи наздик ба яке аз кишварҳои пешсаф дар соҳаи зеҳни сунъӣ мубаддал гардад.

 

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад,

муовини директори Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор  

БОЗГАШТ