ТАҲКИМИ РАВОБИТИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

Муаллиф: Соҳиби Баҳруло

Расм

Ба  ҳошияи ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизстон муҳтарам Садир Жапаров ба Ҷумҳурии  Тоҷикистон, 8-9 июли 2025

     8-уми июли соли 2025 Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сурат гирифт, пас аз вохурӣ дар шаҳри Хуҷанд як марҳилаи муҳим дар муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи ду кишвар ба шумор меравад. Имрӯз ҷаҳон дар давраи мураккабшавии сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ ва буҳронҳои молиявию иқтисодӣ қарор дорад. Мулоқоти роҳбарони ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров дар вазъият кунунӣ имкони баррасии ҳамаҷонибаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро фароҳам овард. Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ин модели нави сулҳофаринии роҳбарони давлатҳо буда, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намудааст. Ирода ва сиёсати дурандешонаи роҳбарони кишварҳо буд, ки имрӯз водии Фарғона яке аз минтақаҳои даргир ба минтақаи сулҳ табдил ёфт.

     Мулоқотҳои сатҳи олӣ барои рушди муносибатҳои дарозмуддат байни давлатҳо ва халқҳо мусоидат менамояд. Дар мулоқоту музокирот самтҳои муҳми ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуданд.

  1. Дуҷониба. Дар доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуд. Дар он масъалаҳои зерин таваҷҷуҳи роҳбарони кишварро ҷалб намуда, аз ҷумла:

-делимитатсияи сарҳади давлатӣ. Сарони ду давлат аз ниҳоӣ шудани делимитатсияи сарҳади давлатӣ миёни ду кишвар изҳори қаноат намуда, ҳамзамон таъкид доштанд, ки корҳо доир ба анҷом додани демаркатсия низ бо ҳамоҳангии ҷонибҳо идома дорад.

-рушди робитаҳои парлумонӣ. Таҳким ва густариши робитаҳои парлумонӣ воситаи маҳими рушди ҳамкории дуҷониба номида шуд.

-ҳамкории иқтисодӣ. Таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, тавсеаи робитаҳо дар сатҳи минтақавӣ, аз ҷумла миёни ноҳияҳои наздисарҳадӣ зарур шуморида шуд. Татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати сабуку хӯрокворӣ аз самтҳои афзалиятноки афзоиши сармоягузории мутақобила арзёбӣ гардид. Пешниҳод шуд, ки ҳамкорӣ дар самти содироту воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ густариш дода шавад.

- ҳамкории сармоягузорӣ. Ҷонибҳо барои сармоягузорӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди марказҳои логистикию саноатӣ ва густариши шарикӣ дар соҳаи рушди системаҳои иттилоотӣ, изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори энергетика, тавсеаи шоҳроҳҳои транзитию нақлиётӣ ва зиёд кардани шумораи парвозҳо, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Ҷониби Тоҷикистон барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, робитаҳои байни муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, табобатию солимгардонӣ ва муассисаҳои санитарию курортӣ изҳори омодагӣ намуд.

-ҳамкории фарҳангӣ. Баргузор намудани фестивалҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ омили муҳими таҳкимбахши робитаҳои фарҳангию гуманитарии байни мардумон номида шуд.

-ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ. Мубориза бо терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.

-ҳамкорӣ дар мушкилоти тағйирёбии иқлим. Ҳамкории зич барои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим, оқибатҳои гармшавии глобалӣ ва ҳифзи пиряхҳо аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.

2. Бисёрҷониба. Ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилаию минтақавӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар сохторҳои байналмилалию минтақавӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Дар доираи ин сафар беш аз 20 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз энергетика ва об то кишоварзӣ ва тиҷорат, имзо шуд. Аз ҷумла, созишномаҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологии нав, ҳамкориҳои аграрӣ, туризм ва тиҷорати марзӣ имкон медиҳанд, ки корхонаҳои муштарак ташкил шаванд ва маҳсулоти ватанӣ озодона ба бозорҳои ҳамдигар роҳ ёбанд.

     Хулоса, гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар 5 моҳ 6,1 миллион доллари ШМА-ро ташкил додааст. Дар 5 моҳи аввали соли 2025 гардиши коло байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба 6,1 миллион доллари ШМА расидааст. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 миллион доллари ШМА ё 29,8% бештар аст.  Аз 6,1 миллион доллари ШМА 1,3 миллионашро содирот ва 4,8 миллиони боқимондаро воридоти молу маҳсулот дар бар мегирад. Яке аз натиҷаҳои муҳими сафари давлатӣ ба Тоҷикистон, ки нақши мутақобилаи халқиятҳо дар танзими муносибатҳои ду кишвар пас аз буҳронҳои марзӣ, равобити байни одамон, хусусан дар минтақаҳои наздимарзӣ коста гардида буданд. Пас аз сафарҳои мутақобилаи судманд дар сатҳи олӣ ва бо ифтитоҳи гузаргоҳҳо, имзои тавофуқномаҳои ҳамкорӣ дар сатҳи иҷтимоӣ, фазо барои ҳамгироии мардумӣ фароҳам гардидаанд. Тоҷикистон бо принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар асоси он, ки мардумони минтақа аз қадимулайём боҳам мезистанду мегуфтанду меофариданд, минбаъд низ ба рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстона ҳамкориро идома хоҳанд дод. Сафари мутақобилаи давлатӣ нишон дод, ки чунин сафарҳо дар сатҳи олӣ метавонад омили асосии сулҳу субот бошад.

Соҳиби Баҳруло

ходими хурди илмии шуъбаи ИДМ-и

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ