ТАҶЛИЛИ ИДИ “НАВРӮЗ” ДАР ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Ҷумҳурии Туркия аке аз аввалин кишварҳое мебошад, ки соҳибистиқлолии Ҷумҳурии моро дар рӯзҳои аввали расидан ба он дар таърихи 16 декабри соли 1991 эътироф намуд. Ин шаҳодат аз он медод, ки ҷониби Туркия барои  оғози ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва густариши он дар самтҳои гунонун диққат зоҳир менамояд. Ҷониби Тоҷикистон низ дар навбати худ эҳтиёҷманди дастирии сиёсӣ, дар арсаи байналмилалӣ буд. Зеро эътирофи соҳибистиқлолии як кишвар аз ҷониби давлатҳои дигар қадами аввалин дастовардҳои давлати навбунёд дар самти ҷаҳонишавии он мебошад. Ин буд, ки пуштибонӣ шудани соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷумҳурии Туркия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табиатан хуб пазирифта шуд.
  Ҳамкориҳо дар байни тарафайн бошад аз соли 1992 оғоз гардид, ки он фарҳанг, сиёсат, тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф ва илм, саноат, тенологиякунонӣ ва гуманитариро дар бар мегирифт ва ҳамаи инҳо дар маҷмӯъ таҳкурсии ҳамкориҳои тарафайнро ифода мекарданд.
  Ҳамкории фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар асоси “Мувофиқатномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи фарҳанг ва иттилоот” дар санаи 1 – уми марти соли 1992 таъсис дода шуд.
  Ҳамкориҳои фарҳангӣ дар байни ду кишвар аз рӯзи аввал ҳамчун як самти афзалиятноки ҳамкориҳо ба шумор мерафт ва то имрӯз низ ин мавқеи худро гум накардааст. Зеро миллати тоҷик ва турк дорои мероси муштараки ғании таърихӣ мебошанд. Аз ин ҷост, ки ҳарду ҷониб барои аз сари нав эҳё кардани мероси муштараки таърихии хеш ҳамаи имкониятҳои дар ҳарду кишвар мавҷудбударо сафарбар карда истодаанд.
  Пешниҳод гардидани иди “Наврӯз” ҳамчун иди ҷаҳонӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шомил гардидани он ба “ЮНЕСКО” аз ҷониби Ҳукумати Туркия низ ҳамчун иқдоми нек қабул карда шуд ва ҷониби Туркия дар араси байналмилалӣ ин пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хушнудӣ ҷонибдорӣ намуд. Ин далолат аз он медиҳад, ки иди Наврӯз ҳамчун яке аз идҳои қадимтарини миллати тоҷик бо шарофати аҷдодони бузурги миллати тоҷик дар тулли таърих дар байни миллати турк панҳ гардида буду онро ҷашн мегирифтанд. Имрӯзҳо низ иди Наврӯз ҳамасола дар саросари Ҷумҳурии Туркия ҳамчун яке аз идҳои таърихӣ ҷашн гирифта мешавад, ки баъди ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз дар ин кишвар ба ин иди таърихӣ ва эҳё кардани манзалати он диққати бештар дода шуда истодааст. Дар ин самт саҳми номяндагони Тоҷикистон дар Туркия алалхусус Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анқара, Консолгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул, Шӯрои донишҷӯёни тоҷик дар Туркия ва ҷамъияти диаспораи тоҷикон хело назаррас мебошад. Ин ниҳодҳои номбаршуда ҳамасола дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои гуногуни Туркия кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки иди ҷаҳонии Наврӯзро дар шаҳрҳои гуногуни Туркия бо як шурӯҳу шаҳомати хос таҷлил намуда, ба ин васила аз як тараф расму ойини ниёгони моро аз наздик ба онҳо муаррифӣ намоянд, аз тарафи дигар бошад ҳамкориҳои фарҳангии ду кишварро қавитар ва шохаҳои онро васеътар намоянд.
  Ногуфта намонад, ки дар ин иқдом саҳми Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ беандоза мебошад. Зеро ҳар сол дар арафаи иди ҷаҳонии Наврӯз Вазорати фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон ҳайати ҳунармандони тоҷикро ба Ҷурҳурии Туркия мефиристад, то ин ки дар ин кишвар фаҳанги ғании моро бо тамоми бойигараш муаррифӣ намоянд.
  Имсол низ хушбахтона бо ташаббуси Консолгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 29 – уми марти соли ҷорӣ иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия бо иштироки намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия, сокинони бурунмарзӣ ва меҳмонони хориҷӣ бо риояи тамоми арзишҳояш таҷлил карда шуд.
  Бояд зикр кард, ки дар ин маросим баҳри риояи суннатҳои аҷдодӣ ва анъанаҳои Наврӯзӣ “Хони Наврӯзӣ” ороста шуд, ки онро “ҳафт син” ва “ҳафт шин” зебу зиннати дигар мебахшид. Илова бар ин дар ин ид хӯрокҳои гуногуни миллӣ, ҷакану атлас ва дигар дастовардҳои фарҳангии миллати тоҷик ба намоиш гузошта шуда буд ва масъулин барои меҳмонон ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишварамон дар бораи ҳар яки дастовардҳои фарҳангии тоҷикон маълумоти мушаххас доданд. Дар давоми маросим Консули генералӣ М. Саидзода баромад намуда ҳозиринро бо ин иди ҷаҳонӣ табрик намуд ва ба ҳозирин аз таърихи пайдоиш ва аҳамияту манзалати ин иди бузурги миллати тоҷик маърӯза кард.
  Дар охир бошад аз ҷониби ҳайати санъаткорони тоҷик, ки дар он Давлатманд Холов ва дигарон иштирок доштанд, барои болидарӯҳии меҳмонон базми суруду мусиқӣ барпо гардид.

Турсунов Ҳусейн
ходими хурди илмии
шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздик
 

БОЗГАШТ