Муаллиф: Раҳмонов Мирсаид
(гузориш дар Конфронси II байналмилалии илмӣ-амалии «Аз Волга то Ганга тавассути Трансоксиана» шаҳри Душанбе, Тоҷикистон, санаи 20-21-уми октябри соли 2023)
Маънои таърих донистан ё тазкираи подшоҳон, ҳукмронони гузашта, ҳолоти зиндагии онҳо, корномаҳои онҳо ва мағлубияту ғолибияти онҳо набуда, балки мафҳуми он ин аст, ки табдилу тағйири зиндагиву маишати мардумон ва тараққии онҳо, мутолиаи низому дастурҳои сиёсӣ ва ахлоқӣ бошад. Аз рӯи чунин таъриф тамоми ҳикояҳову достонҳо ва шеърҳое ки шомили он ҳастанд метавон таърихӣ гуфт.
Дар мақола бо овардани чанд иқтибосҳо аз осори бузугони адаб аз ҷумла Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Рӯмӣ, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, Раҳул Санкритииян ва Мирзо Адиб мубрамияти мавзуъро шарҳу тавзеҳ дода, натиҷагирӣ мегардад.
Дар мисоли чунин нафарон метавон устод Абуабдуллоҳ Ҷаъфар Рӯдакиро масал зад, ки то имрӯз хадамот ва кӯмакҳои адабию инсондӯстии ӯ дар таърих нақш ва сабт аст. Аз тарафи дигар, Рӯдакӣ ҷаҳон ва зиндагиро дар ойинаи илму хирад дидаааст ва фарҳангро ба сифати ганҷи бебаҳо тавсифу тамҷид ва тарғиб намудааст:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ яке аз нобиғагони асримиёнагии миллати тоҷик аст, ки бо осори пурқимати маънавии худ ба дили аҳли маънӣ чи дар Ғарб ва чи дар Шарқ роҳ ёфтааст. Дар осори Мавлоно аз ҷумла дар “Маснавии Маънавӣ”, ки аз муҳимтарин ва машҳуртарин асари Мавлоно ва яке аз бузургтарин намунаи назми ирфонии форсӣ- тоҷикӣ мебошад, ишораҳо ба шаҳру билод ва макону мавзеъҳои таърихӣ шудааст, ки дар ин ҷойҳо ақвоми гуногун аз ҷумла гузаштагони мо зиндагонӣ мекарданд. Ӯ дар қиссаи “Подшоҳ ва канизак” ба таври зайл шаҳри Самарқандро ёдоварӣ карда, онро чунин тасвир менамояд:
Набзи ӯ бар ҳоли худ буд бегазанд,
То бипурсид аз Самарқанди чу қанд.
Набз ҷасту рӯй сурху зард шуд,
К-аз самарқандии заргар фард шуд.
Адабиётшиноси тоҷик Нуралии Нурзод дар шарҳу тавзеҳи ин шеъри Мавлоно чунин овардааст: “Мусаллам аст, ки дар Самарқанд аксаран ба касби заргарӣ шуғл меварзиданд ё ба таъбири дигаре мустаъмалтарин пеша дар он ҷо заргарӣ буд, ки дар бештари хонаводаҳо ин касб ривоҷи тамом дорад. Ба қавли ин адабиётшинос сокинони Самарқанд пайваста ба соҳили рӯди Зарафшон рафта,заршӯӣ карда, молу сарват ба даст меоварданд.
Ҳамин тариқ, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ шефтаи мардумони Осиё аз ҷумла ҳунармандони шаҳри бостонии Хуҷанд маҳорату малакаи онҳо шуда, дар яке аз ашъораш санъати меъмории мардуми моро мавриди тамҷиду таъриф қарор дода, ин шаҳрро тасвир намуда, чунин ишорат мекунад:
Буд меъморе зи иқлими Хуҷанд,
Дар фани таъмир номи ӯ буланд.
Як нуқтаро бояд зикр кард, ки меъморӣ мувофиқи имконият ва зарурияти мардум амалӣ гашта, натиҷаи ниҳоии он ҳамаро мафтуну тасхир месозад. Ишораи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ он аст, ки аҳолии Хуҷанди бостонӣ меъмори моҳиру тавонманд буданд, ки нафақат ба минтақа кӯмак расониданд, балки нақшаҳои хело хубу олиашон ба мардумони ҷаҳон аз ҷумла Осиёи Ҷанубӣ низ расидааст.
Дар ин зимн, Раҳул Санкритияян тарҷумон, нависанда ва адиб санаи 9-уми апрели 1893 дар Азамгарҳи шарқи музофоти Утар Прадеши Ҳиндустон дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд шудааст. Дар забони адабии ҳиндӣ адибро чун қаландар ё мусофир мешиносанд, зеро вай беш аз чиҳил соли ҳаёташро дар сафар ва берун аз маҳал гузаронидааст. Номи аслии ӯ Кедарнатҳ Пандей мебошад.
Профессор Радха Банерҷи Саркар, роҳбари коллексияи Осиёи Шарқии Маркази миллии санъати ба номи Индира Ганди оиди Рахул Санкритияян чунин иброз намудааст:
“Раҳул шояд аввалин шахсе буд, ки тавассути матнҳо, сафарҳо ва осори бозгардонидааш ба ин таърихи интерактивӣ назари комил дод.”
Ӯ инчунин ба чанд кишвари дигар, аз ҷумла Непал, Тибет, Шри-Ланка, Эрон, Чин ва Иттиҳоди Шӯравии собиқ сафар кардааст. Ҳамин тавр, аввалин маротиба дар соли 1935 ба кишвари Россия мусофират карда, бо адибони рус ва донишмандон, шарқшиносон, аз ҷумла, ҳиндшинос Шербатской Фёдор Ипполитович (1866-1942) собиқ Иттиҳоди Шуравӣ шинос шуда, муддате дар онҷо кору фаъолияти илмӣ мекунад.
Бори дувум ӯ инҷо солҳои 1937 ва 1938 сафар карда, бо хонуми ҳиндшиноси рус Елена Козеровская шинос шуда, бо ҳам оила барпо мекунанд. Дертар онҳо дар 5-уми сентябри соли 1938 соҳиби фарзанд бо номи Игор (Игор Рахулович-таваллуд 5 сентябри 1938, Ленинград-библиограф, патентшинос, мутахассиси китобхона, соли 1956-66, аз соли 1988 то имрӯз) кору фаъолият кардааст.
Дар аснои сафараш ба Россия ӯ бо устод Садриддин Айнӣ шиносоӣ пайдо карда, мукотиба намуда, бо асарҳояш аз наздик шинос мешавад ва равобити адабии худро оғоз менамояд. Баъди бозгашт ба Ҳиндустон чанд асари устод Айнӣ, аз ҷумла, “Дохунда”, “Ғуломон”(Ҷо дас ҳе)-ро дар соли 1947 мутолиа карда, тарҷума мекунад ва дертар дар соли 1948 повести “Ятим” (Анатҳ) ва соли 1951”Одина”, “Марги судхур” (судхор ке маут) низ тарҷума ва чоп мекунад.
Ӯ барои насли махсус яъне насли ҳинду аврупоӣ таърихи 4 ҳазорсоларо то даври имрӯз баррасӣ карда, инқилобҳои он давраро ва нақли вақту маконҳо ба таври хело хуб тасвиркушоӣ карда асареро зери унвони “Волга се Ганга” (Аз Волга то Ганга) эҷод мекунад. Ҳикояи аввалини он дар канораи дарёи Волга аз достони хонаводаи як қабилаи ваҳшӣ оғоз шуда бо ҳикояи охирон асри 20-ум ҳолоти иҷтимоӣ ва сиёсии Ҳиндустонро баррасӣ ва таҳқиқ намуда пешкаш кардааст.
Дар ин зимн, нависандаи дигари минтақаи Осиёи Ҷанубӣ Мирзо Адиб аз зумраи чунин адибонест, ки ҳамаи ҳодисаҳову воқеаҳои даврашро бо ҳикоя, драма, достон, ва афсона хело содаву осон баён кардааст. Нависанда санаи 4-уми апрели соли 1914 ар шаҳри Лоҳури Покистон, ки аз соли 1973 бо шаҳри Душанбе бародаршаҳр аст, таваллуд шуда, 31-уми июли 1999 вафот кардааст.
Соли 1939 “Саҳронвард ке хутут” ном асараш чоп шуд ва вайро дар радифи барҷастатарин нависандагони муосири урду қарор дод, ки шарафёб ба шаш ҷоизаи адабӣ мегардад.
Ӯ низ дар асарҳои офаридаи худ аз шахсиятҳои таърихӣ ва нақшофариниву корномаҳои онҳо зикр карда, достон, ҳикоя ва драмаҳо эҷод кардааст. Мирзо Адиб нисбат ба зиндагии худ китоберо бо номи (“Mati Ka Diya”) (Равшании хок) ба забони урду навишта, ба таври муфассал саргузашти худро баён намудааст.
Ба қавли модаркалони Мирзо Адиб аслан бобояш як марди донишманд, китобдор ва олим буд, ки солҳои пеш гузаштагони ӯ аз шаҳри Қандаҳори Афғонистон ба Лоҳур омада сукунат ихтиёр мекунад. Бо омадани вай мардуми гирду атроф аз дониш ва китобҳои ӯ истифода мебурданду савод ёд мегирифтанд. Нависандаи покистонӣ Амҷад Ислом Амҷад дар бораи хонаводаи Мирзо Адиб чунин овардааст: “Мирзо Диловар маъруфу машҳур бо номи Мирзо Адиб аз одатҳои мардумони муғул фақат саҳрогардӣ ё даштгардиро барои худ интихоб кардааст. Обову аҷдодаш аз манотиқи сафеду барфпӯш ва сарди Туркистони Рус ба сарзамини Ҳинд омадаанд” .
Драммаи «Шиша ва санг»-и нависанда бештар оид ба шахсиятҳо ва ҷойҳои таърихӣ ба монанди Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, Навоб Сироҷ-уд-давла, Аҳмадшоҳ Абдолӣ, Ҳазрат Маҳал, Масҷиди Қуртуба ва ғайраҳо дар жанри намоишнома омода шуда, ба таври радиоӣ пахш мешуд.
Муҳимтарин драммаҳои ин китоб чун намоишнома тартиб дода шуда, “Шиша ва санг”-и он оид ба таърихи сарзамини Дакан нақл мекунад. Драммаи “Сайид Аҳмад Шаҳид” бошад, аз воқеа ва ҳодисаҳое, ки дар вилояти Суба Сарҳад (вилоят дар шимоли Покистон) рух додааст, нақл мекунад. Асари дигари ӯ бо номи “Ҳасрати таъмир” тасвиру баёнгари маҳалаҳои қадимаи шаҳри Лоҳур ва расму русуми мардумони он мебошад. Намоишномаҳои Мирзо Адиб бо номҳои “Фотима Барновӣ”, “Коло одамӣ” (Одами сиёҳ), “Ҷамила” аз миллатдӯстӣ, озодихоҳӣ ва адолатпарастии мардумони равшанфикри Фаластин, Африко ва Алҷазоир нақл менамояд.
Хулоса, дар асарҳои бузургони адабу сиёсат тавсиру тарғиби шахсиятҳо ва ҷойҳои муҳиму таърихӣ хело хуб баён шудааст, ки аз нақш ва ҷойгоҳи онҳо шаҳодат медиҳад. Мо олимону муҳаққиқони равшанфикр бояд пайваста гузаштаро бо чашми хирад нигарему ояндаи ҷомеаи башариро дар партави донишу адабу маърифат шоиставу шукуфон нигоҳ дошта, насли ҷавонро таълиму тарбият намоем. Дар ин зимн, мо мукотибаву мусоҳибаҳоямонро тавассути формулаи эҷодшудаи камина “PEACE” (СУЛҲ), ки аз таҷрибаи мактаби сулҳу созандагии Тоҷикистон маншаъ мегирад, яъне бо роҳи
Promotion-тарвиҷу тарғиби сулҳу суботу созандагӣ;
Economization-сарфаҷӯии иқтисодӣ ва рушди микроэкономика ва макроэномикаи он;
Activation-фаъолсозии барномаву лоиҳаҳову ташаббусҳо;
Cooperation-ҳамкорӣ, ҳамсоягӣ, ҳамзистӣ;
Elimination-маҳву бартарафсозии хатарҳои ҷомеа саҳм гузошта, халқу миллиятҳоро ОЗОДУ ОБОДУ ОРОМ нигоҳ дошта, ҳимоят кард.
Мирсаид РАҲМОНОВ,
таҳлилгар, ходими калони илмии
Институти Осиё ва Аврупои АМИТ