Муаллиф: Турсунов Ҳусен
(дар партави сафари вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳакан Фидан)
Вазъи кунунии ҷаҳон вобаста ба мушкилоти мавҷуда ва буҳронҳои печида дар минтақаҳои гунонун, ки пешгӯиҳоро дар шаклгирии ояндаи ҷаҳон рӯз бар рӯз душвортар менамояд, кишварҳоро бори дигар водор менамояд, то муносибатҳои ҳасанаро қавитар намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз субъекти комилҳуқуқ дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати “дарҳои боз” ва сиёсати бидуни ғараз, ҳамавақт дар пайи тақвияти ҳамкориҳо бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон мебошад.
Ҷумҳурии Туркия яке аз шарикони боэътимоди тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, муносибатҳо миёни ҷонибҳо ҳамасола дар ҳоли рушд қарор дорад. Бинобар маълумоти оҷонсии хабарнигории Анадолу, сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия ба Тоҷикистон дар санаи 9-уми январ бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст, ки аз кушода шудани саҳифаи наве дар муносибатҳои ҷонибҳо шаҳодат медиҳад.
Саҳифаи нав дар чорчӯбаи ҳамкориҳои дуҷониба
Санаи 10 – уми январ Вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳакан Фидан, сараввал бо Вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин мулоқоти расмӣ анҷом дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла соҳаҳои сиёсат, иқтисод, саноат, сармоягузорӣ, фарҳанг, тандурустӣ, илму маориф, сайёҳӣ, мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ инчунин, ҳамкориҳо дар чорчӯбаи Созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Инчунин, ҷонибҳо оид ба таҳкиму густариши ояндаи ҳамкориҳо дар самтҳои номбаршуда ҳамфикр будани хешро қайд намуданд. Санади асосие, ки зимни мулоқот миёни Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ба имзо расид, ин “Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркия барои солҳои 2024-2026” мебошад. Муҳимияти ин санад дар он мебошад, ки доираи фаъолияти ҷонибҳо ва самтҳои барои тарафайн афзалиятнок дар он дарҷ гардида, амалишавии он ба манфиати мутақобилаи судманд нигаронида шудааст.
Дар давоми рӯз Вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳакан Фидан бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд. Дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳо мавриди барасии тарафҳо қарор гирифт. Ҷонибҳо аз вобаста ба ҳолати кунунии ҳамкориҳо қаноатмандии худро иброз дошта, дар айни замин тавсеаи он ва истифодаи имкониятҳои мавҷударо ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи дарозмуддатро ба манфиатҳои ду кишвар арзёбӣ карданд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки таваҷҷуҳи бештари кишварҳо ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти иқтисод ва сармоягузорӣ буда, мулоқоти пайвастаи комиссияи байниҳуқуматӣ дар ин раванд аз манфиат холӣ нест. Зимни мулоқот ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо, ташкил ва гузаронидани намоишгоҳҳои молҳои истеҳсолӣ дар ҳарду кишвар муҳим арзёбӣ гардид.
Илова бар ин, ба роҳ мондани рӯзҳои фарҳангии ҳарду кишвар аз ҷумлаи тадбирҳои тақвиятбахшандаи равобити фарҳангӣ, илмӣ ва гуманитарӣ номида шуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии ҷаҳон, буҳронҳои сарпечидаи хатарбор, аз ҷумла, вазъи имрӯзаи Афғонистон, қазияи Фаластин ва дигар масъалаҳои мубрами ҷаҳон табодули андеша карданд.
Вобаста ба натиҷаи мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Туркия бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин метавон гуфт, ки саҳифаи нави муносибатҳо миёни Тоҷикистону Туркия бо фарогирии самтҳои гуногуни дар боло зикргардида оғоз гардида, муносибатҳо ба як марҳилаи нав хоҳад расид.
Боиси қайд аст, ки ташриф овардани ашхоси воломақоми сиёсии давлатҳои гуногун саҳифаи нав дар чорчӯбаи ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф боз мекунад.
Бояд қайд намуд, ки мулоқоти сарони кишварҳо асоси ташкил ва густариши муносибатҳо миёни кишварҳоро ташкил медиҳад. Ин сухан дар таҳкими муносибатҳо миёни Тоҷикистону Туркия низ ҷои хоси худро доро мебошад. Вобаста ба ин Вазири корҳои хориҷии Туркия дар нишасти матбуотии худ баъди вохӯрӣ бо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд, ки дар назар аст, ҷиҳати воқеан ба сатҳи нав бардоштани муносибатҳои ду кишвар, дар соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдоған бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф орад. Бо итминон метавон гуфт, ки дар сурати мулоқоти сарони давлатҳо дар доираи ташрифи расмӣ, ҳамкориҳо миёни тарафайн ба худ ранги дигареро хоҳад гирифт.
Ҷиҳати таҳлили дурнамои ҳамкориҳо пеш аз ҳама зарур аст, ки ба сатҳи муносибатҳои ду кишвар назар афканд ва ҳолати имрӯзаи муносибатҳо нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Туркия яке аз шарикони боэътимоди тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2022 393 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ҳаҷми сармояи мустақил дар солҳои 2007-2020 аз Туркия ба Тоҷикистон ба 221 млн доллари ИМА баробар буда, танҳо дар соли 2021 аз ҷониби сармоягузорони турк ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 млн доллар сармояи мустақим ворид гардидааст, ки ин 7,4 % - и сармояи хориҷии соли зикргардидаро ташкил медиҳад. Айни замон дар Тоҷикистон наздики 90 корхонаҳои туркӣ ба таври муштарак ва пурра туркӣ дар самтҳои саноати вазнин ва сабук, текстил, мошинсозӣ, доруворӣ, нӯшока ва озуқаворӣ фаъолият менамоянд. Ин дар ҳолест, ки ҷонибҳо бо истифодаи пурраи имкиниятҳои мавҷуда метавонанд нишондиҳандаҳоро ба маротиб бештар намоянд.
Чуноне ки Вазири корҳои хориҷии Туркия дар нишасти матбуотӣ баъд аз мулоқоти худ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ҷонибҳо барои густариши ҳамкориҳои илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониш ибрози ақида намуданд ва Ҷумҳурии Туркия омода аст, ки тавассути “Бунёди маорифи Туркия” дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми ҶТ лоиҳаҳои гуногунро амалӣ намояд. Инчунин, қайд намуд, ки барои омода намудани мутахассисон дар соҳаи иқтисод ва дигар соҳаҳои талаботи бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи Бурсияҳои Ҳукумати Туркияро ба донишҷӯёни тоҷик бештар хоҳанд кард. Бо такя ба ин метавон гуфт, ки дар оянда ҳамкориҳо дар самти илм ва маориф миёни ҷонибҳо бештар рушд хоҳад кард.
Ҳакан Фидан дар нишасти матбуотии худ инчунин қайд намуд, ки Ҷумҳурии Туркия нисбат ба масъалаҳои марзӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ алалхусус Тоҷикистон ва Қирғизистон бетараф буда наметавонад, ҳамчун кишвари дӯсту бародар ҳамавақт ҷонибдори сулҳи побарҷо дар минтақа аст. Бо роҳи музокирот ва фаъолияти комиссияи махсус марҳила ба марҳила тавассути санадҳои ҳуқуқӣ ҳал шудани мушкилоти марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро хуб пазироӣ намуда, хушҳолии худро иброз намуд.
Минтақаҳои саноатӣ дар Туркия ба таври мукаммал ва бо истифодаи ҳамаи инфрасохторҳои зарурӣ, ки дар айни замон барои якчанд соҳаҳои саноат равона карда шудаанд, таъсис дода шудааст. Онҳо асосан аз минтақаҳои аҳолинишин дур ҷойгир буда, таъсири манфии онҳо ба аҳолӣ камтар буда, айни замон тавассути истифодаи як инфрасохтор (роҳ, об, хати нерӯи барқ, хизматрасонии гумрукӣ ва назорати сифат) дар як вақт ва дар як минтақа истеҳсоли чандин навъи маҳсулот ба роҳ монда мешавад.
Таҳлили ҳолати кунунии раванди саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳоло низ дар масъалаи тарҳрезии минтақаҳои саноатӣ як қатор мушкилотҳо ҷой доранд. Аз ин рӯ, дар ҳолати дар амал татбиқ кардани таҷрибаи Туркия дар минтақаҳои саноатии Тоҷикистон, миқдори хароҷотҳо кам гардида, инфрасохтори муташаккил барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар як минтақаи муайян фароҳам оварда мешавад ва ниҳоятан назорат аз рафти фаъолияти корхонаҳо осон хоҳад гашт. Ҳамзамон гардиши маҳсулотҳои хом ва занҷири истеҳсолӣ осон карда мешавад.
Таҳлили бозори кишвар нишон медиҳад, ки то кунун зиёда аз 90% -и таҷҳизотҳои гуногуни барқӣ, ки барои насб ва истифодаи барқ истифода мешаванд, аз хориҷи кишвар, аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Туркия ворид мегарданд. Аз ин рӯ, таъсиси корхонаҳои муштараки техникаву таҷҳизоти барқии туркӣ дар кишвар метавонад бештар ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯи энергетикии худро асосан аз ҳисоби захираҳои барқарорвашанда алалхусус об истеҳсол менамояд. Дар баробари ин, дар солҳои охир истифодаи нерӯи нури офтоб бо истифода аз панелҳои офтобӣ ба роҳ монда шуда истодааст. Ҷумҳурии Туркия низ дар масъалаи истифодаи захираи об ва нури офтоб ва нерӯи шамол ҳамчун манбаи энергетикӣ таҷрибаи бойро доро мебошад. Туркия ҳам дар самти сохтмони пурраи НБО, истеҳсоли ҳама намуди таҷҳизотҳои ба он зарурӣ ва ҳам аз ҷиҳати истеҳсоли панелҳои офтобӣ дар ҷаҳон дар қатори 16 давлати пешрафта қарор дорад. Аз ин лиҳоз, метавон дар ин самтҳо низ табодули таҷриба намуд. Аз ҷониби дигар дар ҳамкорӣ ва бо истифода аз ширкатҳои барқ истеҳсолкунандаи туркӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон нерӯгоҳҳои гуногуниқтидорро бунёд намуд, ки иқдоми мазкур бештар ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.
Ҳусен Турсунов,
ходими хурди илмии
шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ