Стратегияи амнияти миллии ШМА дар моҳи ноябри соли 2025 аз ҷониби Президенти ШМА Доналд Трамп имзо шудааст, ҳуҷҷати расмии сиёсати дохилӣ ва хориҷии амнияти ШМА мебошад. Доналд Трамп ҳангоми имзои ин Стратегия дарҷ намудааст, ки: “Стратегияи амнияти миллии пешниҳодшуда муваффақиятҳои барҷастаеро, ки мо ба даст овардем тавсиф ва рушд медиҳад. Ин ҳуҷҷат роҳнамоест, ки барои таъмин кардани он пешбинӣ шудааст, ки Амрико ҳамчун бузургтарин ва муваффақтарин миллат дар таърихи башарият ва ватани озодӣ дар рӯи замин боқӣ монад. Дар солҳои оянда мо ҳамаи ҷанбаҳои қудрати миллии худро идома медиҳем ва Амрикоро бехатартар, сарватмандтар, озодтар, бузургтар ва қавитар аз ҳарвақта месозем”.
Ин Стратегия дар асоси Қонуни амнияти миллӣ аз соли 1947, Қонуни Голдуотер-Николс оид ба ислоҳоти сохтори Департаменти дифои Штатҳои Муттаҳидаи Амрико аз соли 1986 таҳия гардида, ҳамчун нақшаи стратегии Президент барои Конгресс ва идораҳои федералӣ хидмат мекунад. Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ Стратегияи амнияти миллии ШМА ҳуҷҷати тавсиявӣ аст, аммо иҷрои он ба тасдиқи Конгресс (барои маблағгузорӣ) ва назорати судӣ (барои мувофиқати Конститутсия) ҳатмӣ мебошад. Стратегия аз 4 фасл ва 7 қисм иборат мебошад: I. Муқаддима – Стратегияи амрикоӣ чист? (Чӣ тавр "стратегия"-и амрикоӣ роҳ гум кард?; Ислоҳоти зарурӣ ва пазиришнопазири Президенти Трамп); II. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чиро мехоҳад? (Дар маҷмӯъ чиро мехоҳем?; Дар ҷаҳон ва аз ҷаҳон чиро мехоҳем?); III. Воситаҳои дастраси Амрико барои расидан ба он чиро, ки мехоҳем?; IV. Стратегия (Принсипҳо; Афзалиятҳо; Минтақаҳо: A. Нисфи Кураи Ғарбӣ; B. Осиё; C. Аврупо; D. Шарқи Наздик; E. Африқо).
Дар худи Стратегия дарҷ шудааст, ки Стратегия ин нақшаи воқеӣ ва амалист, ки робитаи асосии байни ҳадафҳо ва воситаҳоро равшан шарҳ медиҳад. Он аз арзёбии дақиқи он чизе, ки мо мехоҳем оғоз мешавад ва кадом воситаҳо аллакай мавҷуданд ё воқеан сохта шуда метавонанд то ба он ҳадафҳо ноил гардем. Стратегия бояд арзёбӣ кунад, ҷудо кунад ва афзалият диҳад. На ҳар кишвар, на ҳар минтақа, на ҳар масъала ва на ҳар мақсад – ҳарчанд арзишманд бошад ҳам – метавонад маркази стратегияи Амрико бошад. Ҳадафи ягонаи сиёсати хориҷӣ – ҳифзи манфиатҳои асосии миллӣ аст ва ҳамин аст нуқтаи ягонаи тамаркузи ин стратегия.