Таҳлили  вазъияти сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2021

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Дар натиҷаи таҳлил  муайян карда шуд, ки дар давоми соли сипаришудаи 2021 вазъияти  сиёсии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, хеле  мȳътадил  буд. 
Ҳамаи кишварҳои минтақа ҷашни 30 солагии Истиқлолияти худро  ба навбат қайд карданд (Ҷумҳурии Қирғизистон – 31 август; Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 1 сентябр; Ҷумҳурии  Тоҷикистон – 9 сентябр; Туркманистон – 27 сентябр). 30 солагии  Ҷумҳурии  Қазоқистон – 16, 17 декабр  ҷашн гирифта мешавад.
Ба ақидаи мо, ҳодисаҳои муҳимтарини сиёсии характери байналмилалидоштаи  соли сипаришуда дар Осиёи Марказӣ инҳо  мебошанд:
1.Ҷашнгирии  20 солагии  таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай  ва нишасти  навбатии  сарони  кишварҳои  узви ин Созмон  дар шаҳри Душанбе.
2.Форуми  сеюми  машваратии  сарони  давлатҳои  Осиёи  Марказӣ  дар  Туркманистон (06.08.2021).
3.Таъсисёбии  Созмони  Давлатҳои Туркӣ  дар Туркия (12.11.2021.), ки ба истиснои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи 4 ҷумҳуриҳои туркзабони минтақа (Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон) ба он шомил шуданд.
4.Саммити XVI – уми  сарони  давлатҳои узви  СҲИ (ОЭС) дар Туркманистон  (28. 12. 2021)  ва ғайра.
Вазъияти  сиёсӣ  дар дохили ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон, дар соли 2021 чунин  арзёбӣ  гардид. 

Ҷумҳурии Ӯзбекистон:

Интихоботи навбатии президентии 24 октябри соли 2021 дар Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  доиршуда, дар ҳаёти сиёсии ин кишвар воқеъаи муҳим ҳисобида шуд. Дар натиҷаи  он Шавкат Мирзиёев  бо аксарияти овоз  дубора  ба ин мақом интихоб гардид. Зимни  суханронии  худ  дар маъракаи қасамёдкунӣ Ш. Мирзиёев ба ислоҳоти  куллии демократии сохтори  давлатӣ  ишора  кард.  Мақсади  асосии  ин чорабинӣ  ғайримарказӣ  кардани ба ъзе вазифаҳои  ҳукуматӣ  бо  роҳи  додани ваколатҳои  бештар  ба  маҳаллҳо, ташкили давлати  мардумӣ ба воситаи  рушди  озоди  ҷомеаи  шаҳрвандӣ, баланд бардоштани  масъулияти  мақомдорони  сохторҳои давлатӣ  ва ташкилотҳо, ки ба кори ВАО бо роҳҳои ҷорӣ кардани сензура, мудохилаи ғайриқонунӣ ба фаъолияти онҳо, фишор ба кормандони редаксияҳо, мусодираи ғайриқонунии маводу васоити техникии онҳо монеъа эҷод мекунанд  ва ғайра  ташкил  медиҳад. Дар назар аст, ки  дар доираи чунин ислоҳот  ба  Конститутсияи кишвар баъзе тағйироту иловаҳо ворид карда шавад.  [1.c. 2]

Ҷумҳурии  Қазоқистон:

10 январи соли 2021 дар ин кишвар интихоботи  парламентӣ доир гардид. Дар натиҷа  ҳизби  ҳокими Нур Отан  бо касби 71, 1 %  раъйи  мардумӣ  пируз  гардида, дар Маҷлиси Қазоқистон  соҳиби  76  курсӣ  гардид. Ягона ҳизби  оппозитсионии сотсиал демократӣ аз ширкат  дар интихобот  даст  кашида,  овозҳои  худро  ба  ҳизби  Ак  Жол  бахшид.
Ба ақидаи мо, ҳодисаи дигар муҳимми дар ин  ҷумҳурӣ дар давоми соли 2021 ба чашм расида, ин  ба  тадриҷ ба давраи  якҳокимиятии  пурра  гузаштани кишвар мебошад. Тавре маълум аст, то  имрȳз  президенти кунунӣ  К. Токаев  ҳокимияти мутлақро дар даст надошт. Як  қисми ваколатҳо, аз  ҷумла  таъин ва аз вазифа  озод кардани роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва махсус  дар  дасти Котиби  якумра  интихобгардидаи  Шȳрои  амнияти   ҷумҳурӣ  Н. Назарбоев  буд. Н. Назарбоев, инчунин,  роҳбарияти  ҳизби ҳоким  Нур Отан  ва  Ассамблеяи халқҳои  Қазоқистонро ба  ȳҳда  дошт.  Аммо, дар давоми  соли 2021 Н. Назарбоев  аз  ин  вазифаҳо  даст кашида,  онҳоро  ба  зиммаи  Қ. Токаев  вогузор кард.  Ба  ин  нигоҳ  накарда, ба ақидаи  таҳлилгарону коршиносони  шинохтаи  кишвар ва  берун  аз он,  Н. Назарбоев  дар  таърихи  Ҷумҳурии Қазоқистон  ҳамчун  сиёсатмадори  барҷастаи   аз  тарафи  ҷомеаи  ҷаҳонӣ  шинохташуда  боқӣ  мемонад. 

Ҷумҳурии  Қирғизистон:

Дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар давоми соли 2021 С. Ҷабборов  мавқеи  худро  бо  роҳи  гузаронидани  як  қатор  дигаргуниҳои  сиёсӣ   мустаҳкам намуд. Хусусан риторикаи  зиддитоҷикии  ȳ обрȳяшро дар байни мардум баланд бардошт. Метавон гуфт, ки маҳз ба туфайли  талошҳои С. Ҷабборов Ҷумҳурии Қирғизистон  аз  ҳукмронии  парламентӣ  пурра  ба  президентӣ гузашт.
Дар марҳилаи ҳозира дар  майдони  сиёсии  кишвар  беш аз 20 ҳизбҳои сиёсӣ дар рақобатанд. Вале, калидитарини онҳо, ки  мустақиман  ба роҳбарияти кишвар вобастаанд инҳо мебошанд: «Ата Журт Кыргызстан» (Қ. Тошиев); «Ишеним» (С. Ҷабборов); «Ынтымак» (Талант  Мамытов) «Азаттык»; «Ыман Нуру»; «Улуттар  биримдиги»  ва  ҳизби  оппозитсионии  аз  тарафи созмонҳои  ғайридавлатӣ  дастгириёбандаи  «Альянс». [2.c. 3]
Дар интихоботи парламентии 28 ноябри соли 2021 доир гардида, «Ата Журт Кыргызстан» (роҳбар - Қ. Тошиев); «Ишеним» (роҳбар - С. Ҷабборов); «Ынтымак» (роҳбар - Талант  Мамытов); «Альянс» (ҳизби оппозитсионӣ); «Бутун»; «Азаттык» ва «Ыман нуру» монеъаи 5 % - ро гузашта, пируз  дониста  шуданд ва ба парламенти нав роҳ ёфтанд. Президенти  Ҷумҳурии Қирғизистон  С.Ҷабборов  дар  суханронии  худ  баъд  аз  хатми  интихобот  чунин қайд кард: «Тавре ҳамаатон  медонед, сабаби асосии тамоми инқилобҳои  дар  замони  30  истиқлолияти  кишвар  бавуҷудомада - ин  мудохилаи  ҳукумат  ба  ҷараёни  интихобот  ва  истифодаи имкониятҳои  маъмурӣ  аз тарафи баъзе  ҳизбҳо  буд. Мо  аз  ин ҳолатҳои манфӣ  ба иллати он, ки ҳукумат бар  зидди иродаи  мардуми ҳақиқатро қадрдоникунанда рафтор мекард, хулосаи ҷиддӣ  баровардем. Мо дар назди худ мақсади гузаронидани  интихоботи парламентии одилонаю қонуниро гузоштем. Ман  иштибоҳ  намекунам, агар бигȳям, ки  мо ҳамчун  давлати демократӣ  ин  вазифаро  иҷро  кардем».[3.c. 3]
Ба ин нигоҳ накарда, дар давоми чанд муддат ҷумҳуриро  дубора  мавҷи  эътирозот фаро гирифтааст, ки аз тарафи ҳизбҳои  дигари  ба  парламент  роҳнаёфта  ташкил гардидаанд. Онҳо  талаб карданд,  то  бюллетенҳои  интихоботӣ  аз  сари нав  ба  таври  дастӣ  шуморида  шаванд. Ба ақидаи  онҳо, дар  рафти  интихобот, ду – се бор  дар  системаи  ҳисобкунии  электронӣ  садама  рух  дод  ва он  боиси  тақаллубкорӣ  шудааст. Вале, президенти Қирғизистон С. Ҷабборов  тамоми  иддаои  ҳизбҳои мухолифро рад карда, баргузории интихоботи парламентии  шаффофро  дар кишвар,  тасдиқ  кард.     

Назар  ба  маълумотҳои  расмии расонаӣ  гардида  охири ноябри  соли 2021  аз  тарафи  сохтори  амниятии  ҷумҳурӣ   ба  иттиҳоми кȳшиши  табаддулоти  давлатӣ  як  қатор  вакилони  парламент  асосан аз ҳизби «Сабзҳо» дастгир  гардиданд.  [4.c. 4]

Туркманистон:

Воқеъаи муҳимми  дар  ҳаёти  сиёсии  ин  кишвар рухдода ин  ҷаласаи  парламенти  дупалатагӣ – Шȳрои  Халқии Маҷлиси Миллӣ (Халқ  Маслахаты  Милли  Генгеш)  шуморида шуд, ки дар он самтҳои асосии сиёсати  дохилӣ ва хориҷии кишвар,  рушди  минбаъдаи  Туркманистон мавриди баррасӣ  қарор гирифтанд.
Илова ба ин Туркманистон мизбони ду чорабинии  байналмилаалии муҳимми  зерин  буд:
1.Форуми 3-юми машваратии сарони  кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 6 августи соли 2021 доир гардид. Дар рафти чорабинӣ  масъалаҳои  калидии  рушди  ҳамкориҳои  сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, таъмини суботи минтақавӣ ва ғайра, мавриди ҳаллу фасл қарор гирифтанд. Инчунин, ба масъалаҳои тайёр кардани шароити мусоиди ҳамкориҳои  минбаъда   дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммунакатсионӣ бо роҳи  ифтитоҳи долонҳои  навии  нақлиётӣ,  гузаронидани таҳқиқотҳои  илмӣ  дар самти мубориза  бо пандемияи коронавирус,  диққати  ҷиддӣ  дода шуд. Дар фарҷоми Форум  Изҳороти муштараки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ  қабул  гардид.  Барои Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Форуми  гузашта  аҳамияти хоса дошт. Зеро, Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори махсуси сарони кишварҳои Осиёи  Марказӣ  барои  хизматҳои шоён  дар рушди сулҳ, ҳусни ҳамҷиворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳо байни кишварҳои  Осиёи  Марказӣ, таҳкими сулҳ  ва  амнияти  минтақа  бо  Нишони фахрӣ  мукофотонида шуд.
  1. Саммити XV - уми сарони  давлатҳои  узви  Созмони Ҳамкории  Иқтисодӣ таҳти раёсати Туркманистон. Дар он сарони кишварҳои Тоҷикистон (Эмомалӣ Раҳмон), Озарбойҷон  (И.Алиев), ҶИЭ (И. Раисӣ),  Қирғизистон (. Ҷабборов), Покистон (Ориф Алавӣ), Туркия (Р.Т.Эрдуғон), Ӯзбекистон (Ш.Мирзиёев) ва Сарвазири Қазоқистон  (А. Мамин)  иштирок карданд.  Дар рафти  саммит  ба  масъалаи таҳкими  минбаъда ва рушди  робитаҳои  байнидавлатӣ  дар  соҳаҳои  иқтисодӣ – тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, нақлиётӣ, илмӣ – техникӣ, муқовимати  муштарак  ба пандемияи  коронавирус ва штаммҳои  нави он  ва ғайра, диққати  аввалиндараҷа  дода  шуд. [5.c. 4]
Барои  намояндагони  доираҳои  академики кишвар боиси  ифтихор  аст, ки мудири лабораторияи Институти геология, сейсмотехника ва сейсмологияи  АМИТ Низомов Ҷ. Н. дар категорияи  «Илм  ва  техника»  барандаи  ҷоизаи Созмони  номбурда  гардид.    
 
                                 Адабиёти истифодашуда

1.Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев анонсировал демократические  реформы// Электронный  ресурс/ Режим доступа
https://www.dw.com/ru/prezident-uzbekistana-shavkat-mirzijoev-anonsiroval-demokraticheskie-reformy/a-59743442/ Дата  обращения: 20.11.2021/ [1.c. 2]

2.В. Панфилова. Киргизия входит в новую фазу протеста
08:31 26.11.2021. // Электронный ресурс/ Режим  доступа /https://centrasia.org/newsA.php?st=1637904660/ Дата  обращения: 22.11.2021/[2.c. 3]

3.Н. Абдыразакова. КырВыборы как обычно завершились грандиозным скандалом, но супер-през Жапаров полон оптимизма (обращение).// Электронный  ресурс/ Режим доступа/
 https://centrasia.org/newsA.php?st=1638122280/  Дата обращения: 22.11.2021/[3.c. 3]
4.Среди госзаговорщиков в Киргизии названы имена 3-х безработных кандидатов в депутаты от партии "Зеленых" - Суеркулов, Акматбеков и Купешев// Электронный  ресурс/Режим  доступа/
//svodka.akipress.org/news:1746255/?f=cp// Дата  обращения: 26.11.2021/ [4.c. 4]
5.Под председательством Туркменистана состоялся 15 – й саммит ОЭС и принят Ашхабадский Консенсус для действий//Электронный ресурс/Режим доступа/ https://turkmenistan.gov.tm/ru/post/59034/pod-predsedatelstvom-turkmenistana-sostoyalsya-15-j-sammit-oes-i-prinyat-ashhabadskij-konsensus-dlya-dejstvij/Дата обращения: 29.11.2021/ [5.c. 4]
 
Сангинов Н.Н., н.и.с. мудири
Шуъбаи  Осиёи Марказии ИОМДОА АМИТ
 

БОЗГАШТ