Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва аҳамияти байналмилалии он

Муаллиф: Давлатова Фарида

Расм

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва аҳамияти байналмилалии он

Дастоварди бузургтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлоли давлатӣ ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва субот дар ҷомеа буда, натиҷаи ҳамаи муваффақиятҳои минбаъдаи Тоҷикистон мебошад. Ваҳдати миллӣ на танҳо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, балки ғояи умумиэътирофшудаи миллӣ мебошад, ки ба мафҳумҳои озодӣ, сулҳ ва субот асос ёфтааст. Ваҳдати миллӣ инчунин кафили истиқлолият, сулҳ ва суботи кишвар буда,  омили пешрафти сиёсатест, ки роҳбарияти давлати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул кардааст ва дар тафаккури мардуми тоҷик нақши муҳим дорад.

Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ вазъ дар кишвар осон набуд. Тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз бӯҳрон фаро гирифта шуда буданд, аммо барои баромадан аз ин вазъияти душвор ва хатарнок чораҳои оқилона зарур буд. Бояд қайд кард, ки халқи тоҷик барои расидан ба ваҳдати миллӣ аз озмоишҳои сахту сангин гузаштааст. Бо шарофати хирадмандие, ки аз қаъри асрҳо бармеояд, мардуми мо ба ҷанги ногаҳонии бародаркушӣ, ки аз ҷониби қувваи сеюми сиёсӣ таҳмил шуд, хотима бахшиданд. Дар ин замина бояд қайд кард, ки халқи тоҷик  тавонист бо сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату миллат, забон ва фарҳанги тоҷикро ҳифз намоянд.

Дар мавриди аҳаммияти дохилӣ ва байналмилалӣ доштани таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон таваҷҷуҳи фавқулода ва костанашавандаи ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои байналмилалии бонуфуз ба он гувоҳӣ медиҳад.

Омилҳое, ки раванди сулҳи тоҷиконро дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ба самар расониданд ва таҷрибаи онро нодир гардониданд, инҳоянд:

- талошҳои саривақтии Сарвари давлат бо мақсади барқарор намудани сулҳу осоиштагӣ;

- дарки бартарии манфиатҳои миллӣ бар манфиатҳои маҳаллӣ, ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва фардӣ;

- ба ҳам омадани манфитҳои геополитикии кишварҳои  зид;

Таҷрибаи бобарори сулҳи тоҷикон ва дар як муддати кӯтоҳ ба самар расидани он сабақ медиҳад, ки ин ва ё он низоъ вақте роҳи ҳалли худро меёбад, ки агар омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳам мувофиқ оянд, ва дар якҷоягӣ ва ба хотири баровардани як ҳадафи муштарак равона шаванд, вагарна ҳалли низоъ мисли аксари низоъҳои мавҷуда солиёни дароз тӯл хоҳанд кашид.

Сабаби солҳои дароз ҳал нагардидани баъзе низоъҳо дар минтақа ва ҷаҳон маҳз дар он аст, ки омилҳои зарурӣ ҳанӯз ба ҳам наомадаанд, чунончи, дар Афғонистон, Фаластин ва ғайра. Ҳамагуна низоъ, ихтилофро, ҳар қадар душвор, сахт ва вазнин бошад ҳам аз роҳи сулҳу оштӣ, маслиҳату машварат, гуфгугӯ, муколама ва бо оромиву осудагӣ ҳал кардан мумкин аст. Ва ҳеч зарурат ба ҷанг, хусумату адоват, душманӣ, нафрат, хунрезӣ, ба коми оташ кашидани хонаву ҷой, ғорати дороӣ ва молу мулки якдигар нест.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба мо ва ҳамчунин ба ҷаҳониён исбот намуд, ки ҳаргиз ба ихтилофоти дохилӣ, низои дохилӣ, ҳамдигарнофаҳмиҳои дохилии худ дигаронро, халқу миллатҳо ва кишварҳои дуру наздикро набояд ҳамроҳ кард ва дар низоъ зидди якдигар аз имконот ва зӯру қуввати онҳо истифода намуд.

Сабақ ва чора дар ин мавридҳо он аст, ки бояд ба зӯри бозӯи худ, ақлу хиради худ, имконоти худ такя кард ва худкифоя, соҳибихтиёр, мустақилу озод ва сарбаланд бояд буд.

Қатъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, дарёфти сулҳу оштӣ ва ризоияти миллӣ миёни минтақаву маҳалҳо ва қавму миллатҳои муқими он, мусоидат ба бозгашти шарофатмандонаи гурезагону муҳоҷирон дар дохил ва хориҷ аз кишвар, омода намудани шароити мусоид ба инкишофи равандҳои демократӣ, гузаронидани интихоботи озод, ҳамоиши нерӯҳои низомии оппозитсионӣ ба сохторҳои қудратӣ ва низомӣ, аз вазифа ва рисолати бузурге буданд, ки дар раванди сулҳи тоҷикон ба иҷро расиданд.

Сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ вақте устувор мешаванд, ки агар онҳо ба фарҳанги сулҳи ҷомеа табдил ёбанд. Ин марҳала, ки дар илми муосир бо номи «сулҳсозӣ ё эҷоди сулҳ» ёд мешавад, аз лиҳози аҳаммият камтар аз марҳалаи сулҳофаринӣ нест, балки бештар мебошад. Мисли он ки дар марҳалаи аввал дӯстони хориҷӣ дар симои СММ ва дигар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дасти мадад дароз карда буданд, дар марҳалаи дувум низ маҳз онҳо ташаббус нишон доданд ва чанд лоиҳаи вижаеро ба омӯхтани таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва амалӣ гардонидани дастовардҳои он дар ҷомеаи тоҷик ихтисос доданд.

Баррасии ин масъалаҳо муколамаи байни ҷомеа ва мақомоти расмиро дар марказ ва маҳалҳо бардавом ва устувор карда, ба ҳаллу фасли онҳо мусоидат намуд ва заминаи ихтилоф, сӯитафоҳум ва ҳамдигарнофаҳмиро дар ҷомеа то ба ҳадде бартараф сохт.

Обрӯву эътибори мо дар дохили кишвар ва хориҷи он дар ваҳдати мо, дар якпорчагиву ягонагии тамоми маҳаллу минтақаҳои мо, тамоми қавму миллатҳои муқими Тоҷикистон ва тамоми нерӯҳои сиёсию иҷтимоӣ, диниву мазҳаби мост. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки ин арзишро ҳифз ва қадр намуда, ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арзишҳои миллӣ, маънавӣ, ахлоқӣ пардозем.

Бояд қайд намуд ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки асосгузори он Пешвои миллат  мебошанд, бо мурури замон ба он таваҷуҳи намояндагони минтақа бештар гардида истодааст. Аз ин рӯ омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таҷрибаи сулҳсозии тоҷикон низ дар баробари таҷрибаи сулҳофариниашон яке аз вазифаҳои муҳимми донишмандон ва коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад, то ки он барои кишварҳои минтақа ва дунё ҳамчун намунаи ибрат хидмат намояд.

Воқеан ҳам ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми шарифи Тоҷикистон неъмати бебаҳоест, ки онро бояд ҳифз намуд ва ба наслҳои дигар мерос гузошт.

Давлатова Фарида,

ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

БОЗГАШТ