(International Women's Day)
Рӯзи 8-март ҳамчун иди байналхалқии занон ҳамасола дар як қатор кишварҳо ҷашн гирифта мешавад. Бояд қайд кард, ки ин сана дар аввал ҳамчун муборизаи занон барои баробарҳуқуқӣ ба вуҷуд омад.
Таҷлили рӯзи 8 - мартро асосан бо номи Клара Сеткина вобаста мекунанд. Клара Сеткина ходими сиёсии Олмон яке аз ташкилкунандагони Ҳизби коммунистӣ дар Олмон ва муборизи фаъоли баробарҳуқуқии занон буд. Дар конфронси байналхалқии занон дар соли 1910 дар Копенгаген Клара Cеткина пешниҳод намуд, ки рӯзи байналхалқии занон ҳар сол ҷашн гирифта шавад.
Дар аввал қайд кардани ин рӯз маънои онро дошт, ки занон гирдиҳамоиҳоро ташкил карда, диққати оммаро ба проблемаҳои ҷойдоштаашон ҷалб кунанд. Аввалин бор ин ҷашн дар Германия, Австрия, Дания ва Швейтсария қайд карда шуд.
Аз соли 1975 сар карда, Созмони Милали Муттаҳид 8 мартро ҳамчун Рӯзи байналхалқии занон таҷлил мекунад. Дар соли 1977 бошад, СММ пешниҳод намуд, ки тамоми мамлакатҳо яке аз рӯзҳои ҳамин солро мувофиқи расму анъанаҳою худашон рӯзи мубориза барои ҳуқуқи занон эълон намоянд. Ингуна қарор дар асоси Соли байналхалқии занон ва Даҳсолаи байналхалқии занон (1976-1985) қабул шуда буд. Аз ҳамин вақт сар карда, ҳамаи чорабиниҳои СММ, ки вобаста ба ҳуқуқи занон ҳастанд, дар рӯзи 8 март гузаронда мешаванд.
Бо мурури замон ин ҷашн акнун ҳамчун ҷашни баҳорӣ, зебоиву маърифат ва меҳрубонию садоқат ва таваҷҷуҳи махсус ба зан - модар таҷлил мегардад.
Дар Тоҷикистон ҳам ҳамасола 8 март ҳамчун Рӯзи модар ботантана ҷашн гирифта мешавад. Дар асоси моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, №753 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 март ҳамчун Рӯзи Модар қайд карда мешавад. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо занони пешқадам ифтихор дорад. Занҳои тоҷик чӣ дар кишвар ва чӣ берун аз марзи он номи ватанашонро машҳур намудаанд. Дастовардҳои занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бениҳоят калонанд.
Нигина Душанбиева, ходими илмии Институт