Китоби “Чашмандозе бар шеъри дарии Афғонистон ва таҳаввулоти он дар садаи ХХ (1950-2000), ки ба қалами муҳаққиқи пуркор ва донишвар устод Ғиёсиддин Қодиров мутаалиқ аст, яке аз намунаҳои беҳтарин ва густурдатарин таҳқиқоти шеъри муосири дарӣ маҳсуб меёбад.
Дар китоби мазкур сухан роҷеъ ба ашъори шоирони маъруфи Афғонистон Форонӣ, Пойизи Ҳанафӣ, Ҳайдари Вуҷудӣ, Латиф Педром, Асадулло Ҳабиб, Восифи Бохтарӣ, Розиқи Фонӣ, Беранги Кӯҳдоманӣ, Ҳумайро Нагҳат, Абдуллоҳ Ноибӣ, Лайло Ковиён ва дигарон меравад.
Муаллиф кӯшиш ба харҷ додааст, ки оид ба ҳамаи шоирони фавқуззикр маълумоти муфассал ҷамъ намуда, хонандаро бо осор ва пайкори эшон шинос намояд, инчунин, вижагиҳову дастоварду норасоӣ ва тамоми хусусиятҳои шеъри дариро дар панҷ даҳаҳои охирини садаи XX нишон додааст.
Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки вақте хонанда ба шеърҳои мазкур мутаваҷҷеҳ мешавад, бо ягон калимаи душворфаҳм ва ё бегона қариб, ки дучор намешавад. Яъне, ин манзара ба он далолат мекунад, ки хонандаи тоҷик бидуни ягон душворӣ гӯё ки шеъри забони модарии худро хонда истода бошад. Шояд мақсади донишвари барҷаста Ғ.Қодиров низ аз он иборат буд, ки хонандаи тоҷику афғонро бори дигар водор созад, ки ҳама якоину якдил, яккешу якзабон ҳастанд, ки бешакк, монографияи мазкур далели ба ҳадаф расидани ин муҳаққиқи соҳибназар ба ҳисоб меравад.
Пас аз хондани китоби ҳозир ба хулосае омадан мумкин аст, ки шоирони муосири Афғонистон бисёр пурҷасорат ва пурматонат ҳастанд. Вазъи сиёсӣ ва дарду ормонҳои мардумро дар шеъри худ таҷассум намуда навонистаанд. Ашъори эшон бештар лирикӣ ва орифона буда, сабкҳои наву озоди шеъри дариро низ дар бар гирифтаанд. Аз шеърҳои эшон бармеояд, ки шоирони мазкур дар давраи тинҷиву осудагӣ умр ба сар бурдаанд, зеро навад дар сади шеърҳои эшон дар васфи ишқу муҳаббат, маъшуқ, фироқ навишта шудааст.
Бояд гуфт, ки аз ҳар маҷаллаву рӯзнома, китобу дигар сарчашмаҳо ҷустуҷӯ намудани ин шеърҳо ва баргардон кардан аз хатти форсӣ ба кириллӣ меҳнати сангинро талаб мекунад.
Яке аз фазоили ин монография аз он иборат аст, ки сабки навиштани муаллиф бисёр ҷолиби диққат аст, баррасиҳову таҳқиқот густурдаву мураттаб ва мавзӯоти китоб актуалӣ мебошад.
Китоби зайл самараи меҳнати чандинсолаи устоди соҳибзавқ Ғ.Қодиров мебошад, ки шоистаи таҳсин аст.
Каримова Шоҳона
ходими илмии институти Осиё ва
Аврупои АМИТ