Табиати Тоҷикистон заминаи муносиб барои коҳиши чангу ғубор

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

   (Дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ оид ба чангу ғубор ва масоили мубрами он. Тоҷикистон. Душанбе 8-12 апрели 2019)
    Ҷаҳонишавӣ падидаи нав дар замони муосир буда, ҳамаи кишварҳои оламро барои ин ё он масоил сари гуфтушунид ё  музокирот мешинонад.  Тоҷикистон ҳамчун як давлати мустақил ва соҳибихтиёр талош дорад, то масоили мубрами сайёраро сари вақт бо тамоми кишварҳои олам баррасӣ ва мавриди музокирот қарор диҳад.

   Бо ҳамин ҳадафу мақсад  Президентьи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар Паёмҳои худ ба парлумони мамлакат доштани  сиёсати «дарҳои боз»-ро як гоми муҳим барои баррасӣ ва шинохти  масоили мубрами ҷаҳон ва минтақа  арзёбӣ намудаанд. Бо ин роҳ аҳли сайёра метавонанд роҳҳои ҳалли мушкилотро зудтар пайдо кунанд ва барои бартарафсозии онҳо машварату пешниҳодҳои муфид манзур намоянд.

   Бояд зикр кард, ки камбуди об,  чангу ғубор ё олудагии муҳит ва обшавии пиряхҳо аз масоили мубрам мебошанд, ки бояд баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо дер ё зуд мавриди ҳал қарор гирад.

   Бо ҳамин мақсад 8-уми апрели соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ зери унвони «Осиёи Миёна ва чангу  ғубор» оғоз ёфт, ки то 12 апрел идома  меёбад.

   Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур бо ташаббуси Академияи Илмҳои Тоҷикистон ва Институти «ТРОПОС»-и Германия роҳандозӣ шудааст.

   Ин нишаст зиёда аз чиҳил коршиносро аз  кишварҳои гуногуни олам сари мизи музокирот овардааст, то муштаракан тавонанд масъалаҳоро баррасӣ карда, роҳҳои ҳалли онҳоро пайдо кунанд. Мояи ифтихор аст, ки нишаст дар  шаҳри зебои Душанбе ҳамчун маҳалли  намунавӣ барои тозагӣ ва пок аз олудагӣ гузашта истодааст. Ҳар меҳмон шукуфоӣ ва хуррамии онро дида, орзу мекунад, ки кош шаҳрҳои мо ҳам ин гуна шукуфону софу беғубор бошанд.

   Банда, ки дар кори ин конфронс иштирок дорам, ба андешае омадам, ки афзоиши чангу ғубор дар манотиқи саҳроии дунё, ҷойҳое, ки холӣ аз обу чашмаҳои мусаффо  ҳастанд, мушоҳида мешавад. Ин моро ҳушдор медиҳад, ки қадри обро бишиносем ва эътироф кунем, ки он яке аз арзишмандтарин ва муҳимтарин  сарвату неъмати бебаҳоест, ки тамоми ҳастии олам аз он истифода мекунанд. Об ганҷи пурқиматест, ки тамоми мавҷудот ба он зарурат доранд. Ин ганҷинаи пурқимат ягона қувваи ғизоӣ мебошад, ки тавассути он тамоми махлуқоти дунё энергияи тоза гирифта, нуму мекунанд. Бояд инро қабул кард, ки об як моеъест, ки бидуни он ҳеч чизе   ҳаёт намебинад ва ба симову чеҳрааш дурахши навин оварда наметавонад. Лиҳозо,  он унсури муҳими табиат буда, барои ҳаёти башарият ва неругирии онҳо мусоидат менамояд. Тоҷикистон ва мардуми он  ифтихор мекунанд, ки  чунин неъмати бебаҳо дар ватанашон  фаровон аст.

   Мояи обрӯмандии  мо низ ҳаст, ки қадри ин неъмати бебаҳоро Сарвари давлатамон сари вақт шинохтанд ва ба ҷаҳониён расонданд, то аз ин ганҷинаи нодир қадрдонӣ карда, ҳар қатраи онро ҳушмандона истифода намоянд. Ва ин ташаббусҳои дилсӯзонаи Президенти Тоҷикистон буд, ки эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 оғоз ёфтаву   идома дорад.

   Як нуктаро бояд таъкид кунем, ки дар Тоҷикистон захираҳои   обҳо ва дарёҳо фаровонанд. Бо истифода аз онҳо метавон  масоили марбут ба чангу ғуборро ҳал намуд ва оқилона аз онҳо истифода карда, ба кишварҳои ҷаҳон  ва ҳамсоя, аз ҷумла, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон  манфиат расонд. Зеро тибқи сарчашмаҳо, ин манотиқ аз набуд ё камбуди он ранҷ мекашанд. Таҳлилу баррасиҳо нишон медиҳанд, ки бисёре аз мамолики дунё, хусусан Ҳиндустон зиёдтар  аз масоили об ранҷ мекашад ва агар роҳҳои муносиб ва дурусти истифодаи онро пайдо накунад, буҳрони обии он соли 2020 боз ҳам вахимтар мегардад. Тибқи баррасиҳои нависанда Ҳамиш Мекрой дар китобаш бо номи «Ҷаҳон дар соли 2020», об як манбаи асосӣ ишора шудааст, ки дар ояндаи наздик ба мисли сӯзишворӣ  ба як чолиши сиёсӣ дар байни кишварҳои олам  табдил хоҳад ёфт. Мутобиқи як гузориши СММ,  то соли 2050 дастрасии об  барои ҳар фард дар Ҳиндустон аз 44% камтар мешавад.

   Бояд зикр кард, ки коршиносон ба ин назаранд, ки яке аз масоили умдаи об- ин истифодаи  дуруст аз захираҳои он ва обёрикунонии систематикии он  аст, ки  дар бисёре аз  кишварҳои дунё дурусту муносиб роҳандозӣ нашудааст ва аз ин сабаб  онҳо аз норасоии он ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуда истодаанд. Ин коршиносон таъкид мекунанд, ки ҳоло  зиёда аз 70 % одамони сайёра обро фақат барои обёрӣ кардани замин истифода мебаранд, ки ин раванд аз соли 1950 инҷониб се баробар афзудааст. Онҳо мушкили дигареро дар  асоси шӯршавии замин медонанд, ки  тавассути обёрӣ кардани заминҳо хок обҳоро фурӯ бурда, бо намакҳои зери замин бархӯрд карда, дар болои замин қарор мегирад ва ҳосилнокиро ба ҷойи зиёд намудан кам мегардонад. Дар сурате ки дар як тараф мушкилоти об мушоҳида мешавад, аз тарафи дигар  заҳролудагии об ва зиёдшавии чангу ғубор ҳамаро ба ташвиш овардааст, ки бояд сари он фикр кард. Ҳамаи ин масоил мутахассисони ҷамъшудаи конфронси  шаҳри Душанберо водор месозад, то роҳҳои ҳалли онро бо машваратҳои дурусту муносиб кашф карда, натиҷаҳоро  амалан баррасӣ намоянд.

  Бо вуҷуди ҳамаи ин  коршиносон бояд ба саволҳои зерин посухи муносиб ва муассир пайдо кунанд. Кам шудан ё барҳадаршавии захираҳои обҳои тозаро чӣ тавр муҳофизат бояд кард? Дуюм ин ки бояд эътироф кард, ки бисёр обҳои имрӯзае, ки  мардуми сайёра истифода мекунанд, дар асл муносиб  барои нӯшидан нестанд, зеро онҳо аз маводи кимиёвии зеризаминӣ заҳролуд мегарданд.

   Дар хулоса метавон зикр кард, ки барои ҳалли масоили мазкур кишварҳои ҷаҳонро зарур аст дар сохтани барномаҳои махсус  хеле фаъол бошанд, то тавонанд онҳоро ба  таври муносиб роҳандозӣ кунанд ва заминаҳои нав дар мудирият ва муҳофизати  онҳо пайдо гарданд. Ҳамаи мардуми сайёраро зарур аст, ки ақаллан соле як дарахт шинонанд, то атрофро аз олудагӣ муҳофизат намоянд. Бо назардошти мубрамияти мавзӯъ дар мактабҳо ва марказҳои таълимӣ фасли ҷудогонае барои хонандагон таҳия гардад, то ин насли ҷавон  аз истифодаи дурусти онҳо баҳравар гардад.

   Умедворем, ки ташрифи олимони соҳа ба Тоҷикистон ва  натиҷаи ҷидду ҷаҳди мутахассисони  ин кишварҳо нишон медиҳад, ки онҳо мушкилотро сари вақт мавриди омӯзиш қарор дода, роҳи ҳалли онро ба ҷаҳониён пешниҳод менамоянд. Мо, шаҳрвандони  Тоҷикистон бояд шукрона кунем, ки дар  сарзамини  дорои табиати зебо, обҳои ошомиданӣ, осмони софу беғубор, кӯҳҳои осмонбӯс ва муҳити амну субот зиндагонӣ ва фаъолият мекунем. Бисёре аз мардуми сайёра аз надоштани чунин шароиту заминаҳо ранҷу машаққат мекашанд. Ва ба қавли Асадии Тӯсӣ:

   Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,

   Нашояд фикандан дар ӯ сангу хок…

Мирсаид Раҳмонов,
ходими илмии Институт

БОЗГАШТ