Талафот дар илм Шаҳобуддинов Саид Ҳоҷиевич (09.09.1943-22.10.2021)

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Маъмурияти Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикситон бо андӯҳи бузург хабар медиҳад, ки субҳи 22.10.2021. дили донишманди маъруфи тоҷик Шаҳобуддинов С.Ҳ. аз тапидан бозмонд.
Шаҳобуддинов С.Ҳ., бешак аз ҷумлаи донишмандони варзидаи соҳаи шарқшиносӣ ва собиқадорони АМИТ ба ҳисоб меравад.
Марҳум 09.09.1943 дар собиқ ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) ба ҷаҳон омада, мактаби миёнаро дар ҳамин ҷо ба итмом расонидааст.
Солҳои 1962-1967 донишҷӯйи шуъбаи арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) будааст.
Баъдан, ду сол (1967-1969), дар мактаби зодгоҳаш муаллимӣ кардааст. Солҳои 1969-1972 дар аспирантураи Институти шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон таҳсил карда, сипас, то вопасин рӯзҳои умраш, дар ҳамин даргоҳ (Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ; Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ; ҳозира Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ) дар вазифаҳои гуногун адои хизмат намудааст.
Шодравон тамоми ҳунару истеъдоди худро, асосан, вақфи тарҷумаи осори гаронмояи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино намуда, дар самти мазкур шӯҳрати сазовори ҷаҳонӣ ва эҳтирому эътиқоди умум гардидааст. Хизматҳои пурсамару бардавоми Шаҳобуддинов С.Ҳ. борҳо шоистаи мукофоту таҳсинномаҳо гардонида шудаанд.
Алалхусус, тарҷумаи илмии рисолаи бунёдии Абӯалӣ ибни Сино “Ал-қонун фӣ-т-тиб”, ки дар тӯли солиёни дарозе шодравон бевосита аз арабӣ ба тоҷикӣ гардонда буду матни мукаммали он имрӯзҳо таҳти унвони “Қонуни тиб” (дар як муҷаллад) аз дасти чоп берун омад, самараи донишу заҳмати беназири ӯ мебошад.
Дар нашрияҳои бонуфузи ватанию хориҷӣ беш аз 60 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавии мавсуф интишор ёфтаанд, ки дар мавзӯъҳои умдаи соҳа нигошта шуда, саҳми дигари ӯ дар рушди соҳа ба ҳисоб мераванд.
Кормандони Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ аз даргузашти устоди гиромӣ ва ҳамкори азизи худ Шаҳобуддинов С.Ҳ. сахт андӯҳгин буда, ба аҳли хонадон ва наздикони марҳум сабри ҷамил таманно мекунанд. Хотираи неки шодравон Шаҳобуддинов С.Ҳ. дар синаҳои мо абадӣ зинда хоҳад монд.
Маъмурияти
Маркази мероси хаттӣ,
Душанбе, 22.10.2021.
http://merosikhatti.tj/.../%D1%82%D0%B0%D0%BB%D0%B0%D1%84...

БОЗГАШТ