“Барои тарғиби васеи моҳияти истиқлолият ва озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва арзишҳои неки миллӣ тамоми зиёиёни мамлакат ва андешаи ҳар як сокини кишвар, бахусус, наврасону ҷавонони мамлакат мазмун ва моҳияти соҳибистиқлоливу озодиро ҳарчи бештар ҷой намоянд”[1]. Эмомалӣ Раҳмон
Аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 28 сол сипарӣ мешавад. Мо љавонон шоҳиди он ҳастем, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидан, кишвари мањбубамон дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули давлату давлатдории нав ба мушкилоту монеаҳои сангине рӯ ба рӯ гардида буд. Аммо бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳ ва вањдати миллӣ барќарор шуд. Пас аз барпо шудани сулҳ ва ризояти миллӣ кишвари мо роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро пеш гирифт.
Таваҷҷуҳ ва ғамхории падаронаи Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ возеҳу равшан ба назар мерасид. Новобаста аз сахтиҳо ва нокомиҳои пай дар пайи пешомада Пешвои миллат ба баррасии масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва сиёсати ҷавонон афзалият медод. Дар ин давра яке аз дастовардҳои арзишманд он ба ҳисоб меравад, ки новобаста аз вазъияти ногувор (ҷанги шаҳрвандӣ) мулоқоти нахустини расмии Роҳбари мамлакат-Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоядагони ҷавонони ҷумҳурӣ дар 70-ум рӯзи сарварӣ – 2 феврали соли 1993 баргузор мегардад
[2]. Ин нишони дар воқеъ ғамхор, пуштибон, дастгир ва парастор будани Сарвари кишварро нисбат ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ инъикос менамояд.
Афзалиятҳо ва самтҳои калидии сиёсати давлатии Тоҷикистон ҷиҳати баромадан ба масири рушди устувор дар Стратегияи миллии рушди кишвар дарҷ гардидаанд. Дар ин замина таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъат додани шуғли пурмаҳсул ба ҳайси ҳадафҳои стратегии мо муайян карда шудаанд
[3]. Ин ҳадафҳо на танҳо манфиати Тоҷикистон, балки манофеи тамоми минтақаро ифода мекунанд.
Боварӣ дорем, ки ҳамкориҳои ҳамоҳангшуда дар доираи Стратегияи зикршуда дар самтҳои калидии амал имкониятҳои кишварҳои минтақаро метавонанд бамаротиб тавсеа бахшанд.
Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ватани азизи мо дар ин 28 соли истиқлолияти худ ба дастовардҳои беназир соҳиб гардид. Масалан, қабул гардидани Конститутсия низ ба даврони Истиқлолият рост меояд. Истиқлолият воқеан гавҳари ноёб аст. Имрӯз мо миллатҳоеро медонем, ки шумораашон миллионҳо нафар асту аммо давлату ҳудуди мустақил надоранд.
Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири сарнавишти худро аниқу мушаххас дарк намуда ба сохтмони давлати ҳуқуқбунёд тамоми ҳастиашро равона сохта истодааст. Дар замони ҳозира ҷавонон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият баромад карда онро бевосита ва ё бавосита амалӣ мегардонанд. Солҳои баъди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол воқеан давраи пойдории ҳаёти конститутсионӣ, ҷустуҷӯй ва интихоби роҳи нави инкишоф баъди пошхӯрии ҷамъияти сотсиалистӣ буд. Ҷомеа бе дурнамои инкишофи таърихӣ ва интихоби роҳи аниқи инкишоф пеш рафта наметавонад. Беҳуда нест, ки дар суханрониҳояш Президенти кишварамон борҳо таъкид карда буд, ки «раванди нави таърих ба души давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт»
[4]. Аз ин рӯ, Истиқлолияти давлатиро мо ҷавонон бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Имрӯз олимон, коршиносон ва мақомотҳои қудратӣ эътироф мекунанд, ки дар мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм ба роҳ мондани чораҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва хусусан ҷавонон амри зарурист. Зеро ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил ёфтааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро чораҳои судманд меандешанд, ки то кунун натиҷаҳои мусбате ба бор овардааст.
Мо ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда, кӯшиш мекунем дар раванди бунёди Тољикистони азиз саҳми худро гузорем.
Барои худшиносию ҳувияти миллиро пайдо намудан мо ҷавонон ва насли наврас бояд ба таърихи ниёгони худ назар афканем, аз таҷрибаи бою ғании аҷдодони гузаштаи худ истифода барем. Ба олимону бузургон ва сиёсатмадорони гузаштаи худ пайравӣ кунем. Доимо ҳушёру зирак бошем, вақти худро беҳуда сарф накунем, барои аз худ намудани ҳунару касбҳои замонавӣ кӯшиш ба харҷ диҳем, забонҳои гуногунро омӯзем, барои таълиму тарбияи худ масъулиятнок бошем, ба Ватану миллати худ хизмат намуданро аз хотир набарорем. Читавре ки, Пешвои миллат қайд мекунанд: «Ҷавонон дар ҷомеаи навини Тоҷикистон нерўи азиму тавоно ва навовару ташаббускоранд»
[5].
Ҳамин тариқ, на танҳо ҷавонон, балки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд. Зеро надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.
Раҷабалиев Хайрулло,
ходими хурди илмии Институт
Рӯйхати адабиёт:
[2] Эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» амри таърихист. https://miraliev.com