Муаллиф: Буриев Умед
Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарин ва мутамаддини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор мераванд, ки дорои таъриху фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои хоси Парчамдории худ мебошанд. Таърихи Парчамдории тоҷикон ба давраи ниҳоят дури таърихӣ мерасад, ки он ҳамчун нишонаи устуворӣ ва побарҷойии давлат маҳсуб меёбад. Аз сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ маълум аст, ки аввалин парчам дар таърихи тоҷикон бо номи “Дирафши Коваёнӣ” маълуму машҳур аст. “Дирафши Коваёнӣ” рамзи муттаҳидӣ ва рамзи якдилии мардуми зулмдида, аз дасти подшоҳи зулмпеша бо номи Заҳҳок ба шумор мерафт, ки он пешбанди марди оҳангар бо номи Кова буд. Ба ин маънӣ Шоири Халқии Тоҷикистон устод Камол Насрулло фармудааст:
Парчами аввалини миллати мо
Буд пешбанди марди оҳангар.
Дар сари дасти Кова боло шуд,
Дар раҳи адл, дар раҳи бовар.
Албатта, ҳар Парчам ба худ рангҳои хоси худро дорад, ки “дирафши Коваёнӣ” ҳам рангҳои хоси худро дошт. Дирафш аз рангҳои сурху зарду бунафш иборат буд. Чунончи, дар “Шоҳнома”- и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дар достони Заҳҳок бо Коваи Оҳангар омадааст:
Фурӯҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳамехондаш “Коваёни дирафш”[1]
Тоҷикон дар ҳар давраи таърихии минбаъда, Парчами хоси худро доштанд, аз ҷумла аз давраи сулолаи Ҳахоманишиҳо то давлатдории Аморати Бухоро. Ҳатто баъд аз барҳамхӯрии Аморати Бухоро ва ташкил шудани давлати Тоҷикистон дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ то барҳамхӯрии он Парчамҳои зиёдеро доро буд.
Баъд аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон истиқлолияти худро ба даст оварда ба худ рамзҳои давлатӣ қабул кард. Парчам яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он 24- уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи тақдирсози миллати тоҷик, Иҷлосияи ХУI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоби Хуҷанд қабул шудааст. Аз ҳамон рӯз иборат ҳар сол 24-уми ноябр рӯзи парчам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи соҳибистиқлолию соҳибиқболӣ, қудрату тавоноӣ, ягонагию якдилии халқи тоҷикро ифода мекунад. Парчам дорои се ранг: сурх, сафед, сабз тоҷ ва ҳафт ситора мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста қайд карданд:
"Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад"[2].
Соли 2011 дар арафаи рӯзи ҷашни Парчами миллӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе сохта ба истифода дода шуд. Ин Парчам тавонист, ки давлати моро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад. Дар ин маънӣ устод Камол Насрулло бамаврид мефармояд:
Тоҷикистон, Парчамат тоҷи сар аст,
Парчами ту аз ҳама болотар аст.
Ҳамин тавр, Парчам беназиртарин муқаддасоти давлат ба шумор рафта, он ҳамчун нишонаи устуворӣ ва побарҷоии миллату давлат мебошад. Боиси сарфарозист, ки имсол мо 31-умин солгарди иди Парчамро ҷашн мегирем. Ин рӯзи азизу муқаддасро ба ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ табрик намуда, хоҳони онам, ки дар хонадони ҳар яки Шумо ҳамеша меҳру муҳаббат, файзу баракат, сиҳативу саломатӣ ҳукмфармо бошад.
Ҷашни 31 - солагии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
То Парчами мо болост,
Боло сари тоҷик аст,
То болу парафшон аст,
Болу пари тоҷик аст.
Буриев Умед,
магистри соли аввали Институт
[1] Абулқосими Фирдавсӣ Шоҳнома ҷилди I ба чоп тайёркунандагон: Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ, Баҳром Сирус Душанбе “Ирфон” 1964, саҳ. 90
[2] Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рўзи парчам http://www.president.tj/node/1614