Муаллиф: Қудратов Комрон
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШ ВА ҶАҲОНИШАВИИ НАВРӮЗ
Наврӯз - рӯзи нав, оғози ҳаёт, эҳё ва навсозӣ аст. Наврӯз рӯзи таваллуди дубораи ҳаёти замин, тамоми мавҷудоти рӯи замин ва бедории табиат пас аз хоб аст. Рӯзест, ки дарахтон пироҳани сабз дар бар ва гулҳои рангорангро бар гесувони худ меовезанд. Сардиву сармо рахт бар мебандад ва ба ҷои он насими навозишгару ҳаётбахши табиат вазидан мегирад. Замин қабои махмалини сабз мепӯшад, андалебон бар шохаҳо бо тараннуми ишқ нағма месароянд.
Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии мардуми форсу-тоҷикзабон мебошад, ки аз қадимулайём дар байни ин мардум ҷашн гирифта мешавад ва ҳеч ҷашне ҳамқадам бо табиат ва ҳамагонӣ, мисли Наврӯз нест. Наврӯзро имрӯзҳо халқу миллатҳои ҳамсояи мардуми форсу-тоҷик низ қабул кардаанд ва бо тарзу усули хосаи худ таҷлил мекунанд. Наврӯз на танҳо иди башар, балки ид ва ҷашни тамоми мавҷудоти хокист.
Наврӯзро мо тоҷикону форсизабонон дар нахустин моҳи соли хуршедӣ - он гоҳ, ки офтоб ба бурҷи Ҳамал интиқол ёбад ва шабу рӯз баробар гардад, дар нахустин рӯзи Фарвардинмоҳ, яъне дар рӯзи 21-уми марти солшумории милодӣ - ҷашн мегирем. Наврӯз дар таърих ва адабиёти классикии форсу тоҷик гоҳ ба номи Ҷашни Фарвардин ва гоҳ бо номи Ҷашни Баҳор оварда мешавад, вале бештар вожаи «Наврӯз» ба кор рафтааст.
Ин ҷашн дар асл яке аз ду ҷашнҳои бузурги ориёиён (Фарвардин ва Меҳргон) будааст, ки дар даврони қадим дар оғози фаслҳои гармо ва сармо ҷашн гирифта мешудаанд. Фасли гармо дорои ҳафт моҳ буд ва фасли сармо дорои панҷ моҳ (тобистони бузург ва замистони кӯчак).
Дар бораи пайдоиши Наврӯз дар манбаъҳо ва маъхазҳои таърихӣ маълумоти мухталифе вуҷуд дорад, вале ба ин нигоҳ накарда таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз аниқ маълум нест. Мувофиқи ривоятҳои форсӣ дар ин руз Сиёвуш аз тарафи Афросиёб ҳалок гардида дафнъ карда мешавад. Ин ривоят дар китоби муқаддаси «Авасто» хотиррасон карда шудааст.
Олими озарӣ - Набиев А. дар китоби худ «Новруз Байрамы» изҳор медорад, ки дар сарчашмаҳои ба мо маълум оварда шудааст, ки рӯзи дафн шудани Сиёвушро «Наврӯз» ном ниҳода, он ҳар сол чун ид ҷашн гирифта мешуд.
Муҳаққиқи рус Дорошенко Е.А. дар асараш «Зороастрийцы в Иране» қайд мекунад, ки ориёиён идҳои зиёдро ҷашн мегирифтанд, вале миёни онҳо иди асосӣ, баробаршавии шабу рӯз, анҷоми фасли зимистон ва даромади фасли баҳор - иди Наврӯз буд.
Олимаи англис Бойс М. қайд мекунад, ки мувофиқи таълимоти зардуштиён ин ид ба оташ бахшида шудааст. Зеро онҳо оташро чун нури Яздон ва неруи ҳаёт дониста, онро парастиш мекарданд. Ин ид рамзи мағлубияти руҳи хабис ҳисоб мешуд. Аз руи урфу одати зардуштиён ҳангоми нисфирузии Рузи нав (Наврӯз) одамон бозгашти рӯҳи Рапитвинро истиқбол мегирифтанд. Рапитвина – Замини аввалин, ки то давраи ҳуҷуми арвоҳи нобудкунанда – Ангро-Ман вуҷуд доштааст.
Донишманди эронӣ, доктор Шариъатӣ дар бораи Наврӯз изҳори ақида намуда, қайд намуда аст, ки «агар рӯзе Худо оламро оғоз карда бошад, мусаллам, он рӯз Наврӯз будааст». Ба фикри ӯ Баҳор нахустин фасл, Фарвардин нахустин моҳ ва Наврӯз нахустин рӯзи офариниш аст.
Дар асоси баъзе ривоятҳо пайдоиши Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Қуруши Кабир ба Бобул рост меояд, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кардааст. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон пиёда намуда, макони онҳоро тоза кард ва гуноҳи маҳкумшудагонро бахшид, ки он аз мавҷудияти адлу адолат, ақидаҳои инсондӯстӣ ва эътирофи ҳуқуқи инсон шаҳодат медиҳад. Яъне Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав мебошад ва ҷашни баробаршавии шабу рӯз дарбаргирандаи фалсафаи баробарии инсонҳо дар рӯи замин ба ҳисоб меравад.
Сарчашмаи асосӣ барои шинохти иди Наврӯз «Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ аст, ки мувофиқи ривояти он пайдоиши Наврӯз ба Ҷамшед - шоҳи устуравии Эрон нисбат дода мешавад, ки ҷашни пирӯзии ӯ бар девону дадон ва рамзе аз зафармандии нур бар торикӣ ва табоҳист.
Ривояти пайдоиши Наврӯз дар асоси «Шоҳнома» чунин аст: «Ҷам сайри ҷаҳон мекард. Чун ба Озарбойҷон расид бо фармони ӯ тахте ороста дар баландтарин нуқта, баробари офтоб гузоштанд. Шоҳ бо тоҷе гавҳарнишон бар он тахт нишаст. Тобиши Офтоб бар гавҳарҳои тоҷ равшании атрофро дучандон кард. Мардумон шод шуданд ва он рӯзро рӯзи нав номиданд ва ба номи шоҳ, ки Ҷам номида мешуд, калимаи «шед»-ро, ки ба маънии фурӯзону тобон аст, афзуданд ва аз он пас ӯро «Ҷамшед», яьне «Ҷами дурахшанда» номиданд ва ҷашне бузург сохтанд. Ҷамшед фармон дод, ки ҳамаи мардум танҳои худро бишӯянд, зеро Худованд покизагиро дӯст дорад ва гӯянд, дар ин рӯз Ҷамшед найшакаре шикаст ва аз он хӯрд ва аз он пас хӯрдани шакар дар маросими Наврӯз расм шуд».
Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ҳам Каюмарс аввалин подшоҳи Аҷам ёдрас мешавад. Ӯ мехост рӯзу моҳҳоро номгузорӣ кунад ва солшумориро барқарор намояд. Ба ақидаи ӯ субҳи барвақт, вақте Офтоб ба бурҷи Ҳамал мерасад мӯъбадонро даъват карда, фармон дод, ки солшумориро аз ҳамин рӯз оғоз кунанд.
Ҳаким Умари Хайём дар «Наврӯзнома» роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни Наврӯз чунин навиштааст: «...аммо сабаби ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панч руз ва чоряке аз як шабонаруз ба аввали дақиқаи моҳи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натвонад омадан, ки ҳар сол аз ин муддат кам мешавад. Чун Ҷамшед он рузро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн барпо кард, пас аз он подшоҳон ва мардумони дигар ба ӯ пайравӣ карданд».
Абулсаид Абулҳайи Гардезӣ дар китобаш «Зайн-ул-ахбор» дар бораи Ҷамшед мегуяд: «Ҷамшеди Вангахон (Анвҷаҳон) чун бар тахт биншаст ба девон амр кард дасти эшонро аз мардумон кӯтоҳ кунанд, эшонро зи ободиҳо барандохт ва андар дарёҳову вайрониҳо шуданд ва эшонро корҳои гароне фармуд, ки мардумон натавонистанд иҷро кунанд. Ва осиёи сангин андар гардани девон афканд, ба руйи он нишаст ва ӯро андар ҳаво бибурд ва дуо кард то Худои азза ва ҷалл гармову сармо, беморӣ ва маргро аз мардумон пас гирад. Худои азза ва ҷалл барои некусиратии вай дуояшро мустаҷоб кард. Онро ҷашни Наврӯз бисохт ва девонро фармуд то конҳо кананд ва ҷавоҳиротро берун оваранд, ба дарё фуру рафтанд ва гавҳарҳо бароварданд ва ин амалро ба мардумон биёмухтанд».
Дар дарбори подшоҳони давлати Сосониён Наврӯз хеле бо шукӯҳ ва бо дабдаба таҷлил мешуд. Намояндагони 23 кишвар, ки тобеи Эрон буданд, ба табрики шоҳ рафта, ба ӯ ҳадяҳо тақдим мекарданд. Аз ин тӯҳфаҳо даромади зиёде ба хазинаи давлат ворид мешуд.
Тақвимҳои ахтаршиносии қадим шаҳодат медиҳанд, ки дар соли 5287 пеш аз милод нахустин шоҳаншоҳи ориёӣ Каюмарс дар ин рӯз (Наврӯз) тоҷи шоҳӣ ба сар ниҳод ва тахташро дар дохили кӯҳ барпо намуда, ба муқобили Аҳриман бархост. Дар «Наврӯзнома» инчунин маълумот дода шудааст, ки Ҷамшед дар соли 3679 пеш аз миллод ба муносибати хатми сохтмони шаҳри Бахдӣ (Балхи имрӯза) тоҷи шоҳӣ ба сар мекунад ва Наврӯзро бо як тантанаи бузург ҷашн мегирад.
Наврӯз, ҳамчун ид пеш аз Зардушт пайдо шуда, ҳанӯз он то асри VII пеш аз милод таҷлил карда мешуд. Таърихшиноси Юнони қадим Страбон менависад, ки аҳолии Сирдарё ва Амударё дар ин рӯз дар Оташкада ҷамъ мешуданд. Ин иди хосае буд, ки тоҷирон дуконҳои худро баста, ҳунармандон корро бас карда, ҳама хурсандӣ мекарданд ва якдигаррро бо хӯрданиҳо ва нӯшокиҳое, ки ба воситаи оташ тайёр карда мешуданд, зиёфат мекарданд.
Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби «Аттафҳим»-ӣ худ овардааст: «Аз расмҳои порсиён Наврӯз чист? Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном кардаанд, зеро ки пешонии соли нав аст». Ҷашни Наврӯз чандин рӯз давом меёфтааст: панҷ рӯзи аввалро «Наврӯзи омма» меномидаанд, ки махсуси ҳамагон будааст ва рӯзи шашумро «Наврӯзи хосса» мегуфтаанд, ки вижаи ҳавос ва наздикони подшоҳ будааст. Наврӯзи хосаро «Наврӯзи Бузург» ва «Ҷашни Бузург» ҳам хондаанд.
Дар соли 272 Ҳурмузд, писари Шопур ислоҳоти тақвимӣ гузаронид, ки мувофиқи он оғози соли нав ҳангоми дохил шудани Офтоб ба бурҷи Ҳамал ҳисоб мешуд. То ислоҳоти Ҳурмузд моҳ аз 30 рӯз иборат буда, ба шаш панҷрӯза ҷудо карда шуд ва соли нав дар давоми моҳ мувофиқи баромади иҷтимоии одамон дар рӯзҳои гуногун ҷашн гирифта мешуд. Рӯзи аввалро шоҳ «барои манфиатҳои одамон» (иҷро намудани талаботи одамони оддӣ) мебахшад. Дар рӯзи дуюм вай кишоварзон, рӯзи сеюм ҷанговарон, рӯзи чорум аъзоёни оилаашро (ба ғайр аз писаронаш), рӯзи панҷум писаронашро ва рӯзи шашум шахсонеро, ки сазовори ҷомеаи худ меҳисобид, қабул мекард.
Ин расм дар асри хулафои Ислом низ идома ёфт. Аз ҷумлаи маросим, ин ки дар бомдоди Наврӯз мардум ба якдигар об мепошанд ва ин расм дар қарнҳои нахустини исломӣ низ ройиҷ будааст.
Ривояте ҳаст, ки дар рӯзи Наврӯз бо супориши Эзиди таоло ба замин фариштагони нек фуруд меоянд. Онҳо ба мардум фаровонӣ ва шукуфоӣ, хушбахтӣ ва умедро ҳадя мекунанд. Аммо фариштагон ба хонаҳое, ки дар он ҷо хусумат вуҷуд дошта, одамон ба соли нав омодагӣ намедиданд, ворид намешуданд. Аз ин ҷо ду суннати Наврӯзӣ, яке дар арафаи Наврӯз тоза кардани хона ва дуюм зарурияти фаромуш кардани ҳама гуна душманӣ ва худсарӣ, пайдо шудаанд.
Дар натиҷаи зуҳури Абӯмуслими Хуросонӣ ва ҳамчунин нуфузи Бармакиён ҷашнҳои эронӣ аз нав равнақ меёбанд. Осор ва қароине, ки дар даст аст мерасонад, ки пас аз зуҳури Ислом ҳамвора ҷашни Наврӯз барпо мешудааст ва маросими он бо тағйироте аз аҳде ба аҳди дигар мунтақил мегардидааст, ки то имрӯз ҳамчун ҷашни эрониён шинохта мешавад. Дар бархе аз китоби динӣ ахборе дар фазилати Наврӯз нақл гардидааст.
Наврӯз агарчи рӯзи нави сол аст, рӯзи кӯҳнаи қарнҳост. Пире аст, ки соле як бор ҷомаи ҷавонӣ мепӯшад, аз ин ҷост, ки шукӯҳи пирон ва нишоти ҷавонон дар ӯст. Пири Наврӯз ёдҳо дар сар дорад. Аз он ибтидои замон меояд, аз фаросӯи таърих, аз он дуриҳои дур, аз он ҷо, ки нишонаш пайдо нест.
Дар солҳои мавҷудияти Шӯравӣ аз ҷониби идеологияи коммунистӣ ва комунистон Наврӯз ҳамчун «боқимондаи ҳурофоти феодалӣ» ва ҳатто як «иди зараровари динӣ» муаррифӣ мешуд ва таҷлили он дар сатҳи давлатӣ ҷоиз набуд, аммо сунатҳои таърихӣ ва миллии Наврӯзӣ тайи ин муддат дар миёни мардуми тоҷик нигоҳ дошта мешуд ва Наврӯз ба унвони оғози баҳор, оғози мавсими кишоварзӣ, бо номи сохтаи иди «Сайри лола», «Иди меҳнат» таҷлил мегардид.
Наврӯз дар ин муддат гарчанде аз байн нарафта бошад ҳам бо шукӯҳу ҳашамати хос ҷашн гирифта намешуд. Вале халқ сунатҳои Наврӯзӣ, урфу одатҳои ниёгонро пос дошта, аз онҳо фаромӯш накард. Наврӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ он қадар тантана намекард, вале халқ дар колхозу совхозҳо Наврӯзро ҳар сол ҷашн мегирифтанд, дар маҳаллҳо бузкашиву доиразаниву гулгардониву суманак андозиву ҳамаи маросимҳои Наврӯзиро иҷро мекарданд.
Баъди Истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз аз нав ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил ва эътироф карда мешавад. Сол то сол анъана ва суннатҳои азбайнрафтаи Наврӯзӣ эҳё шуда, такмил меёбанд. Ҷашни фархундаи Наврӯз чун падидаи нодиру бузурги табиат таҷассумгари рамзи рушноӣ ва тантанаи адолату накӯкорӣ, тимсоли рӯзи наву оғози соли нави миллати тоҷик мебошад. Имрузҳо дар фазои софу беғубор ва сулҳпарварӣ сарзамини куҳанбунёд ва муҳити созандаю бунёдгари Ватани маҳбубамон накҳати яке аз қадимтарин ва зеботарин ҷашни аҷдодиамон — Наврӯзи хуҷастапай танинандоз асту аз шарофати он қалби пиру барноро эҳсоси гуворою фараҳбахш фаро мегирад. Наврӯз ба рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебопарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинҳо, ҳамдигарбахшӣ ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона табдил ёфтааст.
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ҳамасола дар таърихи 21-22-23-юми март дар саросари кишвар ин ҷашни байналмиллалӣ бо тамоми расму оинаш бошукӯҳ таҷлил карда мешавад. Бо фармони Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21 то 24 март рӯзҳои иди Наврӯзӣ, рӯзҳои расмии истироҳат дар Тоҷикистон эълон дошта шудаанд ва Наврӯз аз деҳаи дурдасти кӯҳистонӣ то маркази кишвар, дар ҳама ҷои Тоҷикистони азиз ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни Наврӯз дар ҳақиқат аз ҷумлаи муҳимтарин ва муқаддастарин ойинҳои миллии мо буда, дар худ тамоми шукӯҳу азамати таъриху тамаддуни куҳани моро таҷассум менамояд. Ба ибораи дигар, Наврӯз ва суннату ойинҳои он як бахши муҳимтарини зиндагии мардуми мо аз давраҳои қадим то имрӯз мебошад.
Иди Наврӯз дар фарҳанги мо ҳамчун рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ, рӯзи сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ ҷашн гирифта мешавад. Табиат, ҷамъият ва тафаккури инсон дар ин рӯз нерӯ ва илҳоми тоза мегирад. Ин навшавӣ мазмуни фарҳанги ниёгони мо буда, имрӯз аҳли башарро бо нигоҳи нав ба ҳаёт ҳидоят мекунад, дилҳо, андешаҳо, чеҳраҳо ва дастҳо метавонанд дар ин рӯз ва аз ин рӯз ба ҷониби якдигар майл кунанд, некӯиро касб намоянд.
Воқеан ҳам ниёгони мо чӣ қадар дурандеш ва бедордил будаанд, ки Наврӯзро пайдо карда, онро ҳамчун рамзи меҳрварзӣ, равшангарӣ, зебопарастӣ, ҳамнавоӣ бо табиат ва посдорӣ аз маҳалли зист ҷашн гирифтаанд, онро нигоҳ дошта, ба ҷаҳониён тақдим намудаанд.
Ҳамаи хусусиятҳои ин ҷашни муборакро ЮНЕСКО ба назар гирифта 30 сентябри 2009 сол онро ба қатори 76 рӯйхати фарҳанги ҷаҳонӣ дохил намуда, ҳамчун ҷашни байналмиллалӣ эътироф намудааст.
19 феврали 2010 сол бошад бо саъю кӯшиши роҳбарияти давлатҳои: Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Албания, Македония, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон таклиф дар бораи Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз таҳия ва ба Иҷлосияи 64 Маҷмаи Умумии Созмони Миллалӣ Муттаҳид пешниҳод гардид. Иҷлосия қатъномаро тасвиб намуда, иди Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон кард ва 21 мартро ҳамчун рӯзи байналмиллалии иди Наврӯзр шинохт.
Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар аз 20.03.2014 қайд кардаанд, ки яке аз сабабҳои асосии мақоми байналмилалӣ пайдо кардани Наврӯз ин дар ҷавҳари он нуҳуфтани инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ва парастиши некиву накукорӣ мебошад.
“Ва Наврӯзи ҷаҳонӣ имрӯз низ метавонад дар ҳамгироиву ҳамкорӣ, сулҳу созиш ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмии мардуми сайёра нақши муассир дошта бошад, яъне инсониятро муттаҳид созад ва ҳамчун василаи беҳтарини гуфтугӯи тамаддунҳо хизмат намояд”.
Котиби генералии СММ Пан Ги Мун дар баромади худ бахшида ба рӯзи байналмиллалии иди Наврӯзр аз 21 марти 2016 сол чунин қайд намудааст: “Наврӯз аз байн барандаи сарҳадҳои миллӣ, хомӯшкунандаи ихтилофотҳои динӣ, бартарафкунандаи ҳама гуна тафриқаандозиҳо ва муттаҳидсозандаи ҷомеа бо иродаи нек мебошад. Чунин мақсади ягона метавонад дар раванди имрӯзаи таърихӣ ба инсоният кумак кунад то ба дастовардҳои бузург ноил шавад”.
Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург марҳилаҳои вазнини таърихиро тай намуда, аз ҷанги душманону бадхоҳон раҳо ёфта, то ба замони имрӯзи мо расидааст. Моро мебояд, ки бо ин мероси аҷдодони худ бифахрем, чунки дар тӯли қарнҳо ин миллати ватандӯст новобаста аз ҳама гуна офату газандҳо, фишороварию ғасбнамоии душманони аҷнабӣ, ки пай дар пай ба хоку марзи ин Ватан ҳуҷум мекарданд, боқӣ мондаaст. Ин ҳасудон бо баҳонаҳои зиёде садди роҳи таҷлили ҷашни Наврӯз мешуданд.
Бо ин ҳама дарду машаққатҳо миллати куҳанбунёд тавонист, дубора Наврӯзро зинда кунад ва ҳатто ба ҷаҳониён муаррифӣ созад. Наврӯзе, ки ободӣ мехоҳад! Наврӯзе, ки дӯстӣ мехоҳад! Наврӯзе, ки сарсабзӣ меорад, имрӯз ҷаҳонӣ аст.
Ҳамин тариқ, Наврӯз аз маъруфтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Наврӯз рамзи умедҳо, фаровонӣ, ободонӣ ва хушбахтист. Миллати тоҷик бо эътиқод ба арзишҳои суннатӣ ва бо эҳтиром ба бузургдошти он, итминон дорад, ки иди Наврӯзи хуҷаста гомест дар ҷиҳати рушди боварҳои мардум ба сӯи созандагиву ободии Ватан, фаровонии неъмат ва фардои нек. Моро месазад, ки ифтихор аз ниёгони худ намуда, суннати аҷдодии хешро зинда нигоҳ дорем.
Бо истифода аз фурсати муносиб фаро расидани ин ҷашни бузурги миллӣ ва ҷаҳониро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин ба мардумони кишварҳое, ки ин суннати бостониро гиромӣ медоранд, самимона табрик мегӯем.
Наврӯз муборак!
Қудратов К.А. - н.и.т., дотсент, мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо,
Иззатова М.Қ. - н.и.т., дотсент, мудири кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон