ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар шахсони фаъоли ҷомеа дар шаҳри Душанбе ироа карда шуд. Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баъди 31 соли рушду инкишофи Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон расонида шуд. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат тамоми дастовардҳои кишвар дар тӯли 31 соли истиқлолият баён гашта, дар рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодию соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоришҳои мушаххас дода шуд.
  Дар ҳама давру замон кишварҳои алоҳида ҷиҳати ҳифзи манофеи миллии худ дар арсаи байналмилалӣ, расидан ба ҳадафҳои умумибашарӣ ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ба як навъ ҳамгироиву иттиҳоди боэътимоду боварибахш ниёз доранд.
  Ба роҳ мондани чунин навъи иттиҳоди боэътимод дар шакли созмонҳои байналмилалӣ, ки яке аз ниҳодҳои пуриқтидори дастгирии сулҳ ва амнияти байналмилалӣ буда, омили асосии расидан ба марому мақсадҳои ягона дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
  Барои ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 31 соли соҳибистиқлолӣ сиёсати «дарҳои кушода» нақши муҳимро иҷро кард. Ҳамчунин гуфта шуд, ки имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд.
  Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад.
  Дар ин замина, давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад.
  Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инъикоси самтҳои сиёсати хориҷӣ низ диққати махсус дода шуд. Минбаъд Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои дуҷониба барои ҳифзи амнияти худ ва минтақа бо кишварҳои ҳамҷавор бо василаҳои сиёсиву дипломатӣ барои ҳалли таҳдиду хатарҳои замони муосир тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд муносибатҳои дӯстонаи худро бо тамоми кишварҳои дунё ба роҳ монда, робитаҳои созанда ва ояндасози худро бар пояи дӯстию эҳтиром ва баробарии ҳамдигар дар арсаи байналмиллалӣ рушду инкишоф медиҳад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст.
  Бо ин мақсад таъкид гардид, ки минбаъд низ сиёсати «дарҳои кушод»-ро, бо дарназардошти воқеиятҳои нави байналмилалӣ, идома дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамкориҳоямонро бо шарикони стратегӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба сатҳи сифатан нав барорем. Инчунин, рушду тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
  Зикр карда шуд, ки соли 2022 Тоҷикистон сисолагии барқарор намудани робитаҳои дипломатиашро бо аксари давлатҳои ҷаҳон таҷлил намуд. Идомаи робитаҳои фаъол ва рушду таҳкими маҷмӯи муносибатҳо бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимод самти муҳимми сиёсати хориҷии моро ташкил медиҳад.
  Дар баробари ин, мо саъю талошро ҷиҳати таъмин намудани рушди устувор ва тақвияти рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимод ва дӯстии пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ идома медиҳем.
  Дар ин раванд, ҳамкории мо бо сохторҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд дар сатҳи баланд қарор дошта, минбаъд низ густариш дода мешавад.
  Инчунин дар Паём ироа карда шуд, ки Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод.
  Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт.
  Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем.
  Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.
  Таъкид гардид, ки 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.
  Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.
  Ҳоло бо дарназардошти пазироии гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббуси нави Пешвои миллат оид ба эълон гардидани “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки дар марҳилаи татбиқи ин амр Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор бештар аз ҳар вақти дигар мавриди таваҷҷуҳ хоҳад буд. Зеро таҳлилгарон ба ин боваранд, ки ташаббуси пурарзиши Пешвои тоҷикони ҷаҳон дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқи лоиҳаву барномаҳои хос, таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши бориз хоҳад гузошт.
  Инчунин, таъкид гардид, ки мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд. Воқеан, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.
  Қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густурдаи креосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.
  Дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ин ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, зеро он шарт ва заминаи асосии таъминкунандаи ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин дар фазои муносибатҳои экологӣ тамоми мушкилоти мавҷуда ба самтҳои алоҳида таснифбандӣ гардидаанд. Миёни мушкилот ва муаммоҳои экологии замони муосир масъалаи обшавии пиряхҳо, ки ҳамчун захираи бунёдии оби ошомидании тоза баромад менамояд, ба мушкилоти рақами якуми ҷомеаи башарӣ табдил ёфтааст.
  Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун “Раванди оби Душанбе” пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст. Ҳоло иқдоми панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон – “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ хоҳад шуд. Дар ин ҳошия, масъалаи тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор гирифтааст.
  Ҳамин тариқ, ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.

Раҳмонзода А.Ш.
н.и.т., муовини директор
оид ба илм ва таълими
Институти омӯзиши масъалаҳои
давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ