ТАШАББУСҲОИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР СОҲАИ ОБ

Муаллиф: Дороншоева Некбахт

Расм

ТАШАББУСҲОИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  ДАР СОҲАИ ОБ

Аввалан мехостам суханро аз баргузории конференсияи байналмилалии илмию амалии «Рушди ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика», ки  санаи 25-26 уми апрели соли ҷорӣ дар ш.Душанбе барпо мегардад, оғоз намоям. Конференсияи мазкур бо ташаббуси Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Фонди миллии «шоҳроҳи абрешим» ва дастгирии Институти омӯзиши сулҳи ИМА баргузор мегардад.

Ин конференсия дар партави ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва тибқи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ  барои соли 2024 баргузор мегардад.

Бояд қайд намуд, ки ҳадафи асосии баргузории конференсияи мазкур ташвиқ ва тарғиби ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба беҳдошти оби ошомиданӣ дар саросари ҷаҳон ва коркарди пешниҳодҳои муфид оид ба пӯрзур намудани ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи обу энергетика мебошад.

Об ва захираҳои обӣ дар ҳар як давлат, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол аз омилҳои асосии рушду такомули ҳаёти иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ маҳсуб меёбанд. Бесабаб нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиромуни мавқеъ ва аҳамияти беқиёси оби ошомиданӣ ҷиддан таъкид намудааст: «Ҳамагон бояд бидонанд, ки арзиши об баҳри рушди ояндаи устувори мамлакат ва минтақа аз нафт, газ, ангишт ва сарватҳои дигари табиӣ камтар нест». Ин суханони пурмӯҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ ҳанӯз даҳ сол қабл мутантан садо дода буд.

Маълум аст, ки имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 750 миллион одам ба оби тозаи нӯшиданӣ ва 2,5 миллиард ба шароити беҳтари санитарӣ дастрасӣ надоранд.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар суханронӣ дар мулоқот   бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон моҳи майи соли 2018 қайд карданд, ки «ҳар сол танҳо бо сабаби норасоии оби тозаи ошомиданӣ як миллиону 400 ҳазор кӯдак азият кашида, ҳар дақиқа як кӯдаки навзод аз бемориҳои сирояти вобаста ба норасоии оби тоза ва муҳити пок ба ҳалокат мерасад. Шумораи умумии аҳолии сайёра бо сабаби норасоии об 3 миллиону 400 ҳазор нафар вафот кард, 31 фоиди муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надоранд.

Ба замми  ин зиёда аз 30 давлати ҷаҳон имрӯз вобаста ба масъалаи марбут ба об ва захираҳои обӣ муноқишаҳои сиёсӣ доранд, ки боиси нигаронии башарият  гардидааст. 

  Пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Об барои рушди устувор» - 2008-2028» аз минбари СММ бамаврид буд ва аз ҷониби аксарият  давлатҳои дунё мавриди дастгирӣ қарор  гирифта, бори дигар обрӯю нуфузи миллат ва давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ  баланд бардошт.

Бояд қайд кард, ки ташаббуси аввалини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон моҳи октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ доир ба эълон намудани Соли 2003- «Соли байналмилалии оби тоза» пешниҳод ва бо Қатъномаи СММ дар 55- умин Иҷлосия, таҳти рақами A/RES/55/196, аз 20 декабри соли 2000 қабул гардид.

Дар асоси ин Қатъномаи СММ аз 29-август то 1-сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Оби тоза» баргузор гардид, ки барои боз ҳам ҷиддитар намудани иқдомҳо дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об, бахусус эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» заминаи мусоид фароҳам овард, ки хушбахтона аз тарафи СММ дар 58-умин Иҷлосияи СММ бо Қатъномаи таҳти рақами  A/RES/58/217 аз 23 декабри соли 2003 оид ба эълон намудани соли 2005 «Ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ» қабул гардид, ки аз 30-ми май то 1-уми июни соли 2005 дар ш.Душанбе баргузор гардид, ки дар ташкилу баргузории он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ниҳодҳои СММ саҳми муносиб гузошт. 

Қайд кардан бамаврид аст, ки 27-29  июни соли 2008 дар ш. Душанбе Конфронси байналмилалӣ доир ба қоҳиш додани офатҳои табии марбут ба об баргузор гардид.  Қатъномаи СММ таҳти рақами A/RES/64/198 аз 21 декабри соли 2009 дар 64-умин Иҷлосияи СММ таҳти унвони фарогири миёнамуҳлати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, солҳои 2005 2015” эълон гардида буд,  қабул гардид ва 8-10 уми июни соли 2010 дар ш. Душанбе Конфронси  байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамӯҳлати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015 баргузор гардида буд.

Пешниҳоди дигаре, ки дар Ҳамоиши 5-уми байналмилалии об дар шаҳри Истанбул масъалаи ­ эълон намудани «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» низ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ва бо Қатъномаи СММ таҳти рақами A/RES/65/154, аз 20 декабри соли 2010 оид ба эълон намудани соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» қабул карда шуд.

Конфронси байналмилалии омодагӣ «Дар роҳ ба сӯи Конфронси СММ оид ба рушди устувор (RIO+20) масъалаҳои ҳамкории об», 19-20 октябри соли 2011 дар ш. Душанбе баргузор гардида буд.

Соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ, бинобар Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти рақами A/RES/67/204 аз 21 декабри соли 2012, ки муаллифаш Тоҷикистон аст,  Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд намуд. Маросими оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар ш. Париж 11 феврали соли 2013 баргузор гардид. Худи  ҳамон сол 27-29 август дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об  баргузор гардид.

Дар партави Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ таҳти рақами  A/RES/69/215 аз 19 декабри соли 2013 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 ва саъю кушиши минбаъда барои ноил шудан ба рушди устувори захираҳои об» аз 9 то 11-уми июни 2015 Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҷамъбасти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015»  дар  ш.Душанбе баргузор гардид. Худи ҳамин сол аз 9 то 16 август дар ш.Душанбе, Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт”  баргузор гардид.

Қатъномаи СММ таҳти рақами A/RES/71/222 аз 21 декабри соли 2016 дар 71-умин Маҷмаи Умумии таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об- барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» эълон гардида буд ва моҳи марти соли 2018 татбиқи иқдоми нави Президенти мамлакат - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об- барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» оғоз ёфт.  Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд.

Дар баробари ин Қатъномаи иҷлосияи 73-юми Маҷмаи Умумии СММ аз 11.01.2019 таҳти рақами A/RES/73/226 (Баррасии миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, соли 2018-2028»)  ва Қатъномаи иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии СММ аз 21.12.2020, таҳти рақами A/RES/75/212 (Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Баррасии миёнамуҳлат оид ба ноил шудан ба Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028») қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

Мутобиқи Қатъномаи мазкур давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон мешавад, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. 22-юми март Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҳошияи “Иҷлосияи бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27)”, чунин иброз намуда буданд: «Мо дар доираи талошҳоямон барои омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи марти соли 2023 таҳти раёсати Тоҷикистону Нидерланд баргузор мегардад, ҳамбастагии обу иқлимро ба ҳайси яке аз мавзуъҳои асосии Конфронс пешниҳод намудаем. Мо, ҳамчунин, дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи об тарҳи Рӯзномаи амал дар соҳаи обро, ки бояд уҳдадориву амалҳоро дар чорчӯби Конфронси соли оянда ба ҳам оварад, манзур намудем. Итминон дорам, ки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тавассути иштироки фаъол, гирифтани уҳдадорӣ ва суръатбахшии амалҳо дар татбиқи ин масъулияти бузург моро дастгирӣ хоҳанд кард».

Ҳамин тавр, масъалаи об барои рушди устувор ва беҳбудии зиндагии мардумони олам имрӯз ба яке аз проблемаҳои сатҳи байналмилалӣ табдил ёфта, диққати муҳаққиқону олимонро низ ба худ ҷалб карда истодааст. Махсусан ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт бори дигар такони ҷиддие ба ҳушёрии сиёсии мардумони олам расонид, ки муваффақияти ҷиддие дар рушди инсоният ба шумор меравад.

Об ин ҳаёт, зиндагӣ, бойигарӣ ва ҳастии инсон ва тамоми набототу ҳайвоноти кураи замин аст, ки имрӯз мо бояд тамоми кӯшишу ғайрати хешро барои тозаву шаффоф нигоҳ доштани он сафарбар намуда, онро ҳамчун арзиши аслӣ нигоҳдорӣ ва ҳимоя намуда тавонем. Масъалаи об барои рушди устувор дар айни ҳол характери иқтисодию сиёсӣ гирифта таъсири худро ба дигар самтҳои ҳаёт расонида метавонад.

Аз ин рӯ, муносибати оқилона ба оби ошомиданӣ ин муносибат ба ҳаёт ва беҳбудии инсон аст, ки ҳамеша боиси эҳтиром бояд бошад.

Дороншоева Некбахт Шоқосумовна,

мудири шуъбаи ШМА ва Канадаи

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

БОЗГАШТ