Аҳолии нисфи сайёраи заминро минтақаи Осиё ташкил медиҳад, ки нақши кишварҳои он ба хусус Тоҷикистон хело аҳамияти стратегӣ ва геополитикӣ дорад. Тавоноиҳои кишварҳоро гуногунӣ ва ташаббусу таҳаввулоти ташкил медиҳад, ки Осиёро ба макони инкишофи босуръаттарини минтақаи ҷаҳон роҳнамоӣ мекунад. Ҳамин тавр, Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандаву саривақтӣ дар партави роҳнамоиҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили обу пиряхҳо ва наслҳои ояндаи ҷаҳон таваҷҷуҳ карда, онро чун дипломатияи муҳим барои рушди иқтисодӣ ва некуаҳволии мардуми минтақа ва ҷаҳон медонад.
Об ва нақши он дар ҳаёти башар аз масоили муҳим арзёбӣ шуда, бо ташаббуси Прездиенти Тоҷикистон пайваста дар семинарҳои минтақавиву фароминтақавӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, баррасӣ мегардад. Об яке аз арзишманду муҳимтарин сарвату неъмати бузургу нодирест, ки тамоми мавҷудоти олам аз он истифода карда, тавассути он рӯҳияи тоза гирифта, шодону шодоб умр ба сар мебаранд. Дар ин зимн, Президенти кишвар дар мулоқоту суханрониҳои худ таъкид намудааст, ки “Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаъҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад”.
Дар натиҷаи саъю кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои созандаи кишвар соли 2013 ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шуда, соли “Оби тоза”, “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор” ва “Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор 2018-2028” пешниҳод гардида, пазируфта шуд.
Ҳамин тариқ, маросими оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 11-уми феврали соли 2013 баргузор шуд, ки дар он намояндаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари муаллиф ва ташаббускор иштирок ва суханронӣ намуд.
Бояд қайд кард, ки бисёр кишварҳои дунё бо сабаби тақсимбандии нодурусту ноодилонаи обу дарёҳо ба дасрас нашудану норасоии он ба мушкилоти зиёде дучор шуда, миёни ҳам муноқишаҳо доранд. Мавриди зикр аст, ки зиёда аз 70 дарсади аҳли сайёра обро барои обёрӣ намудани замин истифода карда, ин амал соли 1950 ин фоиз се баробар афзудааст., ки тавассути обёрӣ намудани замин хок обро фурӯ бурда, бо намакҳои зери замин бархӯрд карда, дар болои замин қарор гирифта, заминаи шӯршавии замин шуда, фоиданокиву ҳосилнокии онро кам месозад.Тибқи сарчашмаҳо набуду норасоии обҳо аз се як ҳиссаи аҳолии сайёра ранҷу азият кашида, ба мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд.
Боиси ёдоварист, ки Тоҷикистон дорои беш аз 1300 кӯл буда, дар баландии аз 3500 то 5000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Ҳамаи ин фаровониҳоро Президенти Тоҷикистон бо чашми хирад нигариста, арзишмандии истифодаи оби ошомиданиро ба эътибор гирифта, Ҳукумати мамлакат аз 1 декабри соли 2001 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор қабул кард [6].
Бо ташаббуси Тоҷикистон рӯзҳои 20-21 июн дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардида, дар он намояндагони беш аз 110 кишвари ҷаҳон иштирок карда, дар сессияҳои алоҳида вобаста ба об, аз ҷумла «Тақвияти амалҳо ҷиҳати рушди устувори захираҳои обӣ», «Татбиқи ислоҳоти бахши об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муколамаи ҷамъият оид ба ҳисоботи ниҳоӣ», «Мушкилоти об дар мисоли гурезагон ва муҳоҷирон» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Ба назари Директори иҷроияи Комиссияи ҷаҳонӣ оид ба иқтисодиёти об Ҳенк Овинк Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Душанбе ба андешидани тадбирҳои мушаххас бобати ноил шудан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба об равона шуда, нақши ин чорабинии сатҳи байналмилалиро дар ҳалли мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо об ва дигар масъалаҳои ба он марбут муҳим медонад [12].
Хусрав Нозирӣ оид ба ташаббусҳои дурбинонаю пешниҳодҳои дорои аҳамияти ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ибрози андеша намуда таъкид менамояд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми худ дар масъалаи ҳамкорӣ дар ҳавзаи об дар ҷаҳон ҷойгоҳи хосса дорад ва эътироф гардидааст. Маҳз бо шарофату ибтикор ва ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар айни замон аҳли башар ба масъалаи марбут ба об таваҷҷуҳи бештар равона намудааст».
Ба андешаи ӯ мушкилоти об масъалаи танҳо як мамлакат набуда, он масъалаи ҷаҳонӣ буда, аз тамоми давлатҳои ҷаҳон, созмонҳову ниҳодҳои дахлдор даъват мешавад, то ҳамкориро дар ин самт беҳтару бештар намуда, масъалаи марбут ба обро муштаракан ҳаллу фасл кард.
Мавриди зикр аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида, ба ҷаҳониён расонданд, то аз ин ганҷинаи нодир қадрдонӣ карда, ҳар қатраи онро ҳушмандона истифода намоянд.
Дар ин зимн, дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор гардида, намояндагони баландпоя аз созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои мухталиф бо ташаббусу иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
Зимнан, санаи 05.05.2022 дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ зери унвони “Пешвои миллат-ташаббускори ҳадафҳои ҷаҳонии рушди устувор дар соҳаи об” баргузор гардид. Ҳамоиш бо суханини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ифтитоҳ шуда, ташаббусшҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикори ҷаҳонии кишвар, ки айни замон башар дар пешорӯи норасоии об қарор дорад, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ҳамоиши мазкур доктор Музаффарӣ, суханронӣ карда, таъкид намуд, ки об чун муъчизаи нодир дорои хотирае аст, ки он то 30 сол боқӣ мемонад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки барои қадри зарро шинохтан аввал инсон бояд заршинос бошад, вагарна ҳамаи дороиву зару зеварашро аз даст дода, нодору фақир мегардад. Роҳбарияти Тоҷикистон хусусан Президенти кишвар чун заршинос ба қадри ҳар қатра об расида, истифодаи дурусти обҳову ҳифзи пиряхҳоро ба мардумони минтақа ва ҷаҳон аз корҳои муҳим дониста бо гузаронидани чорабаниҳои саривақтӣ тавсияҳо медиҳанд.
Тоҷикистону тоҷикистониён шукрона аз он менамоянд, ки ин сарзамин аз ин муъҷизаи нодир фаровону саршор аст. Ҳар сокини ин кишвари биҳиштосоро зарур меояд, то ба ҳифзу сарсабзу хуррам гаштани диёри худ камари ҳиммат баста, ташаббусҳои созандаро барои рушди инсоният ва тозагии муҳити зист идома дода, баҳри озодиву оромиву ободии халқу мардуми сайёра саҳми арзанда гузошт.
Ҳамаи ин фаровониҳоро Президенти Тоҷикистон бо чашми хирад нигариста, арзишмандии истифодаи оби ошомиданиро муҳим шуморида санаи 1 декабри соли 2001 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ” қарор қабул кард. Бо чунин мақсад санаи 10-13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор шуд, ки мақсаду ҳадафи конфронс табодули таҷрибаи беҳтарин ва дарёфти роҳҳои ҳалли инноватсионӣ, инчунин таҳкими шарикӣ байни ҷонибҳои манфиатдор ва баланд бардоштани нақши об дар рушди устувор мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Покистон мавриди дастгирӣ ёфта, ҳар ду кишвар мубрамияти обу манбаҳои онро муҳим шуморида муштаракона мулоқотҳо карда, ҷаласаҳо мегузаронанд. Покистон бо Тоҷикистон пайванди ҷуғрофии наздик дошта, муносиботи дипломатӣ миёни ҳар ду давлат 6 июни 1992 барқарор гардид.
Ҳамин тариқ, 24-26 апрели соли 2024 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Донишгоҳи Осиёи Бузург (Grand Asia), дар шаҳри Сиялкути вилояти Панҷоб, ки зодгоҳи файласуф ва шоири Шарқ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аввалин Конфронси байналмилалӣ бахшида ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид, ки дар партави таъкидҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон дар он масъалаи мубрами обу экология баррасӣ шуд. Олимону роҳбарони институтҳои ҳавошиносӣ, пажуҳишгоҳҳои самти обу иқлим, намояндагон ва мутахассисони иқлиму обу энергетика аз кишварҳои аврупоӣ, институтҳои масъалаҳои энергетика ва энергияи «сабз», профессорон, донишҷӯён ва воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ дар кори конфронс иштирок намуда, ибрози андеша карданд. Дар конфронси мазкур намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Покистон таъкид намуд, ки Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил дода, аз рӯёрӯйӣ бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба мисли Покистон осебпазир буда, бештар вақтҳо бо обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиӣ дучор мешавад.
Покистон кишвари аграрӣ буда, аксари иқтисодиёти он барои парвариши зироатҳо аз об вобаста буда, аз осебпазиртарин дар муқобили иқлим аст. Тибқи пажӯҳиши NASA, ҳаҷми кӯлҳои пиряхҳо дар саросари ҷаҳон аз соли 1990 ба далели обшавии пиряхҳо тақрибан 50% афзоиш ёфта, дар Гилгит-Балтистон ва Хайбар-Пахтунхва зиёда аз 3044 кӯлҳои пиряхӣ муайян шуданд, ки аз ин шумора 33 онҳо эҳтимоли нестшавиро доранд.
Тибқи маълумоти Сандуқи Байналмилалии Пул, ин кишвар аз ҷиҳати норасоии об дар ҷои сеюм қарор дошта, тақрибан 60 дарсади обҳои умумӣ аз боронҳои муссонӣ ва қисми зиёди боришоти зимистон ба даст меоянд. Ба қавли Миан Аҳмад Наим Солик аз Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Покистон чанд соли ахир вазъияти мавсими муссонӣ дар ин кишвар номунтазам шудааст [8].
Кишварҳои ҷаҳон аз пешниҳоду ибтикороти Президенти Тоҷикистон, ки яке ташаббускорони асосии масоили обу иқлим маҳсуб меёбанд, хушбин буда, бо гузаронидани форуму ҷаласаҳо талош мекунанд, ки масоили мубрами обу иқлимро бо маслиҳату машварат муштаракона баррасӣ намоянд.
Тоҷикистон ва сокинони сулҳхоҳи он шукрона аз он менамоянд, ки ин сарзамин аз ин муъҷизаи нодир бой буду, ҳар шаҳрвандро зарур аст, ки дар ҳифзу сарсабзу хуррамсозии ин сарзамин саҳм гузошта, пайваста онро озоду орому обод нигоҳ дорад [6].