ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – МУАССИРТАРИН МЕХАНИЗМҲОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ГИДРОПОЛИТИКӢ

Муаллиф: Шарифов Искандар

Расм

Дар ҷаҳони муосир масъалаи об ва таъмини амнияти гидрополитикӣ яке аз муҳимтарин масъалаҳои глобалӣ ба ҳисоб меравад. Захираҳои обӣ барои рушд ва некӯаҳволии инсонҳо аҳамияти бузург доранд, вале дар шароити тағйирёбии иқлим, афзоиши талабот ва норасоии об, ин масъала ҷанбаҳои сиёсӣ ва стратегӣ пайдо кардааст. Аз ин рӯ,  асри XXI-ро аксари таҳлилгарон асри мушкилоти об медонанд. Ин дар он аст, ки дастрасии ин манбаи муҳим дар саросари ҷаҳон бинобар афзоиши аҳолӣ ва тағирёбии иқлим коҳиш ёфтааст. Дарвоқеъ, об на танҳо ҷузъи муҳими рушди устувор, пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ва экосистемаҳои динамикӣ, балки ниёзи ҳаётан муҳими инсоният мебошад. Ин барои баланд бардоштани саломатии одамон, некуаҳволӣ ва ҳосилнокии меҳнат аҳамияти ҳалкунанда дорад. Аз ин рӯ, амнияти об ҷузъи асосии рушди устувор мебошад. Ин маънои онро дорад, ки кишварҳо бояд миқдори кофии захираи об дошта бошанд, то фаъолиятҳои гуногуни истеҳсолиро анҷом диҳанд. Амнияти обӣ ба кишвар имкон медиҳад, ки камбизоатиро аз байн баранд ва сатҳи зиндагии аҳолии худро беҳтар созанд.

Буҳрони ҷаҳонии об, ки ногузир арзёбӣ мегардад ва таҳдиди куллӣ ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мебошад, ки асри XXI-ро ба асри об табдил хоҳад дод. Масъалаҳои об ба масъалаи аввалиндараҷаи амниятӣ табдил ёфта, омили об ба омили асосии муносибатҳои байнидавлатию минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил меёбад. Тавре, ки собиқ ноиби раиси Бонки Ҷаҳонӣ Исмоил Серагилдин соли 1995 ҳушдор дода буд: “агар ҷангҳои асри XX барои нафт суръат мегирифтанд, аммо дар асри XXI ҷангҳо барои об суръат хоҳад гирифт”.

Новобаста ба он ки об тақрибан 70% рӯйи сайёраро ташкил медиҳад танҳо 2,5 % аз ин андоза оби нушокӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин барои инсон танҳо 0.3 % захираҳои ҷаҳонии оби нушокӣ дастрас мебошад. Тибқи баҳогузории пажӯҳишгоҳҳои мухталиф ва коршиносон то ҳоло зиёда аз 844 миллион нафар одамон дар рӯи замин ба оби ошомидании безарар дастрасӣ надоранд, 1,8 млрд. нафар одамон аз обҳое менӯшанд, ки сарчашмаҳои онҳо олудаи ифлосӣ ҳастанд, 2,4 млрд. нафар одамон ба шароити беҳтари санитарӣ дастрасӣ надоранд. Интизор меравад, ки то соли 2050 шумораи одамоне, ки дар минтақаҳои аз об танқисӣ дошта зиндагӣ мекунанд, то ба 2,3 млрд мерасад. Тибқи арзёбиҳои муътамад, аллакай дар соли 2030 тақрибан 50 фоизи аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор омада, то соли 2050 камбудии об шиддати бештар пайдо хоҳад кард.

Тибқи маълумоти СММ, 60 дарсади оби тозаи ҷаҳонро обҳои фаромарзӣ ташкил медиҳанд. Ҳудуди 153 кишвари ҷаҳон ба 286 ҳавзаи дарёву кӯлҳои фаромарзӣ ва 592 системаи обҳои зеризаминии фаромарзӣ тааллуқ доранд. Аз 153 кишваре, ки обҳои фаромарзӣ доранд, танҳо 43-тоаш миёни худ созишномаҳои амалӣ доранд, ки 90 дарсад ё бештар аз он дарёҳо, кӯлҳо ва обҳои зеризаминиро дар бар мегиранд.

         Тамоюлҳои тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳарорати сайёра, афзоиши аҳолӣ ва афзоиши талабот ба оби ошомиданӣ, офатҳои табиӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба буду набуди инсоният, доимо ҷомеаи башариро дунболагирӣ дорад. Масъалаи таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби нӯшиданӣ сол то сол ба мушкилоти аввалиндараҷа табдил меёбад. Ба гуфти коршиносон, баъди соли 2030, ки теъдоди аҳолии ҷаҳон аз 10 млрд.нафар мегузарад, ин масъала боз ҳам печидатар мегардад. Аз ин рӯ, хатарҳои вобаста ба иқлим пайваста дар рӯзномаи тамоми нишастҳои сатҳи ҷаҳонӣ қарор хоҳад гирифт. Зеро барои рафъи хатарҳои воқеӣ ва эҳтимолие, ки  аз табиат ва иқлим ба вуҷуд меояд, тамоми кишварҳои сайёраро даъват менамояд, ки барои пешгирии онҳо якҷоя талош намоянд.  

         Амнияти гидрополитикӣ ҷанбаи муҳими сиёсати байналмилалӣ ба шумор меравад. Он ба идоракунии дурусти захираҳои обӣ, ҳамкории байнидавлатӣ ва пешгирии низоъҳои вобаста ба об марбут аст. Аз ин рӯ, ҳалли мушкилоти марбут ба об на танҳо барои кишварҳои минтақа, балки барои тамоми ҷаҳон аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Дар ин замина, Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббусҳои созанда ва созмон додани ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштааст.

         Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ як қатор ташаббусҳои муҳими марбут ба захираҳои обиро пешниҳод ва татбиқ намудааст. Ин ташаббусҳо бо мақсади ҳалли мушкилоти об ва рушди устувор амалӣ мегарданд. Имрӯз баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об, тарҳрезии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар ҳама сатҳҳо бо иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.

1. Соли байналмилалии оби тоза (2003). Ин ташаббус бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва ҳалли мушкилоти об пешниҳод гардидааст. Дар радифи ин ташаббус ва муҳимияти об дар ҳаёти инсоният Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2003 дар миқёси ҷаҳон «Соли оби тоза» эълон карда шавад ва ин иқдоми хирадмандонаю дурандешона бо ҳамовозии зиёда аз 148 мамлакати ҷаҳон қабул гардид ва асоси меъёрӣ – ҳуқуқӣ дар дипломатияи соҳаи об маҳсуб дониста шуд. Инчунин дар СММ «гурӯҳи «Дӯстони об», фаъолият дорад, ки бо ташаббуси Тоҷикистон таъсис ёфтааст ва имрӯз 51 кишвари аъзоро муттаҳид карда, зимни муҳокимаи масъалаҳои об ва қабули қарорҳои дахлдор дар доираи Ассамблеяи Генералии СММ саҳми назаррас гузошта истодааст.

2. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005–2015). Ин даҳсола барои тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳалли мушкилоти глобалии об нигаронида шуда буд. Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба оби тоза ва беҳдошти шароити санитарӣ буд. Иқдоми мазкурро 141 давлати ҷаҳон якдилона пазируфтанд, ки рӯйдоди мазкур дар таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик ва давлатдории навини мо падидаи нави таърихӣ маҳсуб меёфт.

         3. Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013).   Ташаббуси мазкур зарурати ҳамкории кишварҳоро дар идоракунии муштараки захираҳои обӣ таъкид намуд. Ин иқдом ба таҳкими дипломатияи обӣ ва коҳиши низоъҳои вобаста ба об мусоидат намуд.

         4. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018–2028). Ин ташаббус бо мақсади таъмини рушди устувор ва идоракунии самараноки захираҳои обӣ роҳандозӣ гардидааст. Он ҳамчун платформаи асосӣ барои муҳокима ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об хидмат мекунад. Маҳз ба шарофати ин даҳсола дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон аҳолии ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасинадошта тақрибан то 700 миллион нафар коҳиш дода шуд.

         5. Соли ҳифзи пиряҳо (2025). Вобаста ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва дар рӯйхати ҷашнвораҳои байналмилалӣ ворид шудани санаи 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, дар ҳалли мушкилоту муаммоҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аҳолии сайёра таҳаввулоти мусбат ва натиҷаҳои умедбахшро ба миён хоҳад овард. Ба ибораи Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад».

         Нақши Тоҷикистон дар таъмини амнияти гидрополитикии минтақаи Осиёи Марказӣ

         1. Мавқеи геополитикӣ ва захираҳои обии Тоҷикистон

         Тоҷикистон зиёда аз 60%-и захираҳои обии Осиёи Марказиро таъмин менамояд. Мавҷудияти пиряхҳои бузург ва манбаъҳои обии сершумор кишварро ба яке аз таъминкунандагони асосии об дар минтақа табдил додааст.

         2. Дипломатияи об ва ҳамкориҳои байналмилалӣ

         Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти обии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бо созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад. Иштироки фаъол дар конфронсҳои ҷаҳонӣ ва пешниҳоди ташаббусҳо мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун пешвои сиёсати ҷаҳонии об мустаҳкам намудааст.

         3. Рушди инфрасохтори обӣ ва гидроэнергетика

         Иҷрои лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ, махсусан сохтмони НБО  -  и «Роғун», барои рушди устувори минтақа ва таъмини боэътимоди обу энергетика мусоидат мекунад. Инчунин, Тоҷикистон барои истифодаи самараноки об ва коҳиши низоъҳои вобаста ба он тадбирҳои гуногунро роҳандозӣ намудааст.

         Ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти об ва амнияти гидрополитикӣ натиҷаҳои зеринро ба бор овардаанд:

✅ Баланд бардоштани огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи мушкилоти об;

✅ Таъсиси платформаҳои байналмилалӣ барои муҳокима ва ҳалли мушкилоти марбут ба об ва ҳифзи пиряхҳо;

✅ Тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи идоракунии захираҳои обӣ;

✅ Пешгирии низоъҳои эҳтимолӣ вобаста ба об ва истифодаи он ба манфиати кишварҳои минтақа.

         Ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва таъмини амнияти гидрополитикӣ ба рушди устувор ва таъмини сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон мусоидат мекунанд. Ҳарчанд дар чорчӯбаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола доир ба ҳалли масъалаҳои об ва ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафти муайяне ба даст омадааст, вале дар миқёси ҷаҳон ҳанӯз тақрибан аз 750 миллион то 1 миллиард нафар аҳолӣ аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашад. Тоҷикистон бо иқдомҳои созандаи худ нишон дода истодааст, ки идоракунии дурусти захираҳои обӣ ва ҳамкории байналмилалӣ калиди ҳалли мушкилоти гидрополитикӣ мебошад. Ин ташаббусҳо на танҳо барои минтақаи Осиёи Марказӣ, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти бузург доранд ва дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об нақши калидӣ мебозанд.

Шарифов Искандар,

ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

 

 

Адабиёти истифодашуда

  1. Абдуҷаббор Азизӣ. ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАҲРИ РУШДИ УСТУВОРИ ИНСОНИЯТ. [Манбаи электронӣ] URL.: Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат баҳри рушди устувори инсоният. Андешаҳои муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар ин хусус | АМИТ "Ховар"  Санаи дархост: 08.04.2025
  2. Самиъзода Б. С., Комилов Д. Р. Ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи захираҳои обии сайёра. [Манбаи электронӣ] URL.: Ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи захираҳои обии сайёра - Академия ВКТ ҶТ.  Санаи дархост: 08.04.2025)
  3. Маҳмадулло Шарифов. Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об. [Манбаи электронӣ] URL.:Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об Санаи дархост:08.04.2025
  4. Қувватзода С.З. Дипломатияи об. Душанбе, "Нашри Мубориз", 2023, саҳ - 502, саҳ – 435
  5. Gidrosiyosatning geosiyosatga ta’siri: suv omilining ahamiyati  https://t.me/sharqshunos_tahlilchilar/9088. Санаи дархост: 19-03-2025

БОЗГАШТ