Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул
Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад.
Э.Раҳмон
Мусаллам аст, ки таълими ҳуқуқӣ маҷмӯи донишҳо дар бораи давлат, идоракунӣ ва ҳуқуқ буда, мавҷудияти онҳо барои фаъолияти касбии ҳуқуқӣ замина фароҳам меорад. Пӯшида нест, ки яке аз хусусиятҳои хоси давлати ҳуқуқбунёд мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ба шумор меравад. Бинобар ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон низ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 28 - уми декабри соли 2023 ироа гардид, бармеояд «…дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад», зеро ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, қонун, адолат дар идеология муайян гардидааст.
Метавон иброз намуд, ки мавҷуд набудани мафкураи муносиби фарҳанги миллӣ-қонунҳои ҳуқуқиро аз боварӣ маҳрум карда, барои инкишофи бесарусомонӣ дар муносибатҳои иҷтимоӣ ва номуайяниро дар ҷанбаҳои арзишӣ-тарбиявии таълиму тарбияи ҳуқуқӣ фароҳам сохта, проблемаҳои зиёдеро эҷод мекунад.
Дар ҳамин замина зикр намудан ба маврид аст, ки дигаргуниҳои куллие, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии Ватан дар тарзи ҳаёту фаъолият дар самти эҳтироми арзишҳои миллию фарҳангӣ арзи вуҷуд намуданд, натиҷаи ҷорӣ намудану дар ҳаёт тадбиқ кардани барномаҳои таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ дар мамлакати азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки айни замон “дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 - 2030 амалӣ шуда истодааст”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки: “Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.
Боиси шарафмандию ифтихор аст, ки мардуми шарифу сарбаланди тоҷик имсол 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои амну ободӣ ҷашн мегирад. Ин аст, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём пешниҳод намуданд, ки “соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад”. Дар воқеъ, ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тақозои замони навин ва ҷомеаи мутамаддин мебошад. Дар робита ба ин фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024, аз 30 декабри соли 2023, таҳти № 668 ба тасвиб расид.
Ҳамин тариқ, Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ҳар як фарди худшиносу худогоҳи ҷомеаро водор месозад, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии худ саъю кӯшиш ба харҷ диҳад ва бо ин восита барои ободии кишвари маҳбубамон саҳми арзанда гузошта, рисолату масъулияти шаҳрвандии хешро дар назди Ватану Модар содиқона иҷро намояд .
Давлиёрова Сафаргул,
номзади илмҳои фалсафа,
ходими пешбари илмии
шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ