Татбиқи навигариҳои илмӣ барои рушди иқтисод ва афзоиши синфи миёна ва соҳибкорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Мавриди зикр аст, ки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд - СМР-2030) дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардид, ки ҳадафи асоии он рушди лоиҳаву барномаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии кишвар мебошад.
  Иқтисод ва рушди пайвастаи он яке аз низоми муҳими некуаҳволӣ барои аҳли башар мебошад. Донишманд ва моҳири иқтисод Ҳамеш Макро дар китобаш зери номи “Ҷаҳон дар 2020” масоили гуногунро мавриди баррасӣ қарор дода, чунин хулосабарорӣ мекунад, ки қавму миллатҳои ҷаҳон бар асоси иқтидори низомӣ, иқтидори иқтисодӣ ва иқтидори фарҳангӣ рушду нумӯъ карда, боқӣ мемонанд.
  Яке аз бахшҳои иқтисодро синфи миёнаи ҷомеа ташкил медиҳанд. Дар китоби фарҳанг ин ибора ин тавр маънидод шудааст: синфи миёна як синфи иҷтимоӣ буда, одамони зиёдеро дар касбҳои гуногун дар бар мегирад, ки аз ҷиҳати арзишҳои фарҳангӣ бештар ба синфи болоӣ ва аз ҷиҳати даромад бештар ба синфи коргар монанданд. Синфи миёна аз руи сарват 40 фоизи аҳолии миёнаи ҷамъиятро ташкил медиҳад.
  Дар ин зимн, санаи 29-уми январи соли 2018 аз ҷониби муассисаи “Henry Luce Foundation” семинари илмӣ-амалӣ (workshop) таҳти унвони “Сармоягузории исломӣ, рушди динӣ ва ахлоқӣ дар байни мусулмонони АвруОсиё” баргузор гардид, ки натиҷа ва хулосаҳояшро дар мақолаи зайл барои хонанда пешниҳод менамоем.
  Пас аз се даҳсола мо тағйироти муҳими иқтисодӣ дар Осиёи Марказиро, ки бар мабнои иқтисоди бозаргонӣ мутобиқ аст, мушоҳида менамоем. 
  Барои соҳибкорони нави исломӣ, сабаби пешравии иқтисодӣ бахшиши худовандӣ ё илоҳӣ мебошад. Мантиқан, ин пардохти пайваста, ки дар асоси принсипҳои исломӣ бунёд ёфтааст, дар он пули “дуруст дастрасшуда” тавассути закот пок мегардад.
  Оид ба зиёдшавии низоми сармоягузории исломӣ ва таъсири он ба масоили муҳоҷират дар кишварҳои Халиҷ ду таҳлилгар андешаҳои худро дар рисолаҳои илмии худ баён кардаанд, ки хулосаашро пешкаш менамоем.
  Пажӯҳишгар дар бахши омӯзиши барномаҳои ҳуқуқи исломӣ дар Донишгоҳи ҳуқуқи Ҳарвард, Айсалкун Батаева оид ба истифодаи маблағ тавассути сармоягузорони низоми исломӣ ва ояндаи он назарашро дар рисолаи илмиаш таҳти унвони “Оянадаи ахлоқ-эҳёи тиҷорати исломӣ дар низоми иқтисодии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ” баён кардааст.
  Ин хонум бар асоси таҳқиқот, низоми сармоягузории исломиро, ки саҳми соҳибкорон, кормандони давлатӣ ва диндорон роҷеъ ба бозаргонии исломист, овардааст. Исломи миллӣ, сармоягузорӣ ва ирфонӣ чун се усули асосӣ дар низоми сармоягузории исломӣ аз ҷониби муҳаққиқ ҳамчун ояндаи ахлоқӣ шарҳу эзоҳ гардидааст.
  Моҳият ва арзиши сармоягузории исломӣ дар Кирғизистон бар асоси фикру андешаҳои олимони турк баррасӣ шудааст. Натиҷаи саволҳои таҳияшудаи солҳои 2012-2015, оид ба сармоягузории исломӣ, роҳҳои нави рушд, пешрафт ва ҳадафи расидан ба ояндаи хуб ва ахлоқи ҳамида, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
  Тибқи ин модели исломӣ аксари сармоягузорон амволи худро дар сохтмони мактаб, масҷид ва дигар лоиҳаҳои рушд, ки мухолиф ба давлат аст, сарф намудаанд. Назар ба дигар усулҳои зикршуда, ин модел сармоягузоронро ба сӯи амалҳои холисона ва бовар доштан ба натоиҷи ахлоқии бадастомада, тавассути пардохти исломӣ, роҳнамоӣ мекунад.
  Таҳлилгар ва устоди Институти омӯзиши масъалаҳои Африқо ва Осиёи Донишгоҳи Ҳумболти Берлин, Манҷа Стефан Емрич оид ба ин мавзӯъ чунин иброз кардааст:
  -Табақаи нави миёнаи мусалмонон чун ҷомеаи тавлидкунанда дар илми инсоншиносӣ арзёбӣ шудааст. Ин синф ба монанди афроди асил дар лоиҳаҳои расмии миллӣ дида мешаванд. Ӯзбекон ва тоҷикони нави Осиёи Миёна низ аз ин қабиланд, зеро онҳо чун қавм ё миллати сармоягузори ҳоким дар собиқ Шӯравӣ мебошанд. Эътиқоди миллӣ ва заминаи эҳсосоти онҳо дар он, бо роҳҳои гуногун мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Омӯзиши сармоягузории исломӣ ва муҳоҷирати кории тоҷикон ба Халиҷ ва шакли таъсири музокираи он ба рӯҳияи исломӣ дар хориҷ низ баррасӣ гардидааст.
  Шароити озоди иқтисодии Дубай ба мардум мустақилияти фардӣ, бозаргонӣ, равобити ахлоқӣ ва хонаводагӣ фароҳам оварда, ҷомеаи ҷаҳонии исломӣ шахсиятҳои тиҷоратӣ, элитӣ, бозаргонӣ ва фарҳангиро эҷод мекунад. Чун фарди мусалмони донишманд, ботаҷриба ва боахлоқ тоҷикони муҳоҷир дороиҳои соф ва покизаашонро дар лоиҳаҳои рушди кишварҳои хориҷ сармоягузорӣ мекунанд.
  Ҳамин тавр, санаи 6-уми майи соли 2022 дар Институти Осиё ва Аврупои АМИТ семинари илмӣ зери унвони “Стратегияи миллии рушд” баргузор гардид, ки дар он иқтисодшинос Қиёмуддинов Ҳусейнбой оиди мавзӯъ гузориши муфассал дод.
  Дар ин зимн донишманд ва файласуфи Тоҷикистон Комил Бекзода суханронӣ карда, татбиқи навигариҳои илмӣ дар давраи Шӯравӣ ба марҳалаҳо муҳим шуморида, онро чунин тақсибандӣ кардааст:
  1.Марҳалаи якум:дар илми ҷомеашиносӣ назарияи синфи миёна мавриди гӯфтугӯ қарор мегирифт. Олимони расмии Шӯравӣ мегуфтанд, ки ин назарияи буржуазӣ буда, ба таълимоти марксизм-ленинизм мухолиф аст.
  2.Марҳалаи дуюм: баъди чанд муддате олимоне пайдо шуданд, ки мегуфтанд: назарияи синфи миёна буржуазӣ бошад ҳам, барои баҳси илмӣ ва таҳқиқотҳои иҷтимоӣ истифода шуданаш имконпазир аст. Ҳама барои тасдиқи ин пешниҳод сар ҷунбонида, онро пазируфтанд.
  3.Марҳалаи сеюм: дар нашрияҳои илмӣ-фарҳангӣ ягон-ягон мақолаҳое доир ба назарияи синфи миёна ба нашр мерасанд. Ҳама хомушона ин мақолаҳоро мехонанд. Байни худи ин донишмандон ба таври хусусӣ ва маҳрамона чизҳое мегӯянд. Бе гуфтугӯ ва бе баҳси ошкор.
  4.Марҳалаи чорум. Ҳамин тавр, якбора ба ҳама эълон карда мешавад, ки аз соли нави оянда дар донишгоҳҳои собиқ Шӯравӣ назарияи синфи миёна ба сифати як фани таълимӣ дохил карда шавад. Ҳама як нафаси озод мекашанд. Ва ин назарияи синфи миёна ба таври расмӣ дар ҷадвалҳои дарсӣ ворид карда мешавад. Баъди чанд моҳ мақолаҳо ва ҳатто китобҳои илмӣ доир ба ин назария ба чоп мерасанд.
  Хулоса, таваҷҷуҳ шавад, ки ин чор марҳалаҳои инноватсия ба шакли хомӯшӣ оғоз шуд ва бо хомӯшӣ тасдиқ гардид.
  Вале илми воқеӣ тақозо дорад, ки ҳама гуна навгониро бояд бо баҳсу андеша оғоз кард ва бо далелу бурҳон қабул намуд. Давлати демократӣ ва дунявии мо бояд аз рӯи ин талаботи муосири илмӣ ба навигариҳо ва лоиҳаҳои иқтисодӣ муносибат намоянд. Ҳамин тавр, дар партави шиори “Тоҷикистон ба пеш” ва стратегияи рушди миллӣ мо як ҷо метавонем Ватанамонро озоду орому обод нигоҳ дошта, онро ба сӯи қуллаҳои баланд расонем.

Комил Бекзода
сарходими илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик

Мирсаид Раҳмонов
ходими калони илмии
шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

БОЗГАШТ