Инак бори севум аст, ки палатаи поёнии Конгресси ШМА наметавонад сухангӯи худро барои ду соли навбатӣ интихоб ва тасдиқ намояд. Чунин зарурат баъди аксариятро соҳиб шудани ҳизби ҷумҳурихоҳон ҳамчун натиҷаи интихоботи миёндавраии моҳи ноябри соли 2022 ба миён омад. Тавре ки маълум аст, дар ин интихобот ҷумҳурихоҳон дар палатаи поёнии Конгресси ШМА 222 курсӣ, демократҳо бошанд, 213 курсиро соҳиб шуданд. Ин чунин маънӣ дорад, ки акнун бояд курсии сухангӯи Конгрессро, ки аз соли 2019 ба ин тараф хонум Пелоси, намояндаи ҳизби демократҳо соҳибӣ мекард, намояндаи ҷумҳурихоҳон ишғол намояд. Ба ин мансаб Кевин Маккарти, роҳбари фраксияи ҷумҳурихоҳон дар Конгресс номзадии худро пешниҳод кардааст, аммо, чуноне ки дар боло ишора рафт, инак бори севум аст, ки номзадии ӯ аз тарафи ҳаммаслаконаш ба таври комил пазируфта намешавад. Барои соҳиб шудан ба ин мансаб ба Маккарти лозим аст, ки ҳадди ақал 218 овозро ба даст оварад. То ҳанӯз номбурда ҳамагӣ 202 овозро соҳиб шудасту халос, аммо ӯ даъво дорад, ки номзадии худро ҳаргиз пас нахоҳад боз хонд. Сарчашмаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки чунин вазъияти ногувор таи сад соли ахир бори аввал сурат мегирад. Чаро?
Воқеан, чаро дар Конгресс чунин як ҳолати ғайримуқаррарӣ ва ногувор ба миён омадааст? Чаро намондагони ҳизби ҷумҳурихоҳон наметавонанд ба ифоқа оянд ва номзади арзандаи худро ба мансаби сухангӯи Конгресс тасдиқ намоянд? Чунин ба назар мерасад, ки вазъи ногувори Конгресс намоёнгари равшани вазъи ногувор ва бесомони ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеаи имрӯзи ШМА дар маҷмӯъ мебошад. Яъне, имрӯз низоми сиёсии пуриқтидортарин ва демократитарин давлати замони муосир мувоҷеҳи буҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гардидааст. Чунин ҳолат аз камбуд, иштибоҳ ва холигиҳо дар сиёсати дохиливу хориҷӣ ва стратегияи инкишофи роҳбарияти сиёсии ШМА гувоҳӣ медиҳад. Аз тарафи дигар, мухолифат ва муборизаи беамони ду ҳизби ҳокими ШМА ҷомеаи кишварро ба ду қисмат тақсим кардааст, ки дар ниҳояти кор оқибатҳои ногувор ба бор хоҳад овард.
Албатта, дар ШМА низоми озмудашудаи ба истилоҳ “санҷиш ва мувозинат” (“система сдержек и противовесов”), ки ба се шоҳсутуни низоми сиёсии кишвар асос ёфтааст (мақомоти иҷроия, қонунгузор ва судҳо), барҷой аст ва он замонат медиҳад, ки волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ таъмин бошад. Аммо дар шароити буҳрони амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ин ниҳодҳои муътамад ва муътабар метавонанд корношоям гарданд ва чунин ҳолат хатари беназмӣ, тахрибкорӣ, низоъ ва нооромиҳоро дар ҷомеа ба миён меоварад.
Аз назари мо, чунин ҳолат натиҷаи равандҳои номатлуби умумиҷаҳонист, ки имрӯз на фақат ШМА, балки аксарияти кулли кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст. Гумон меравад, ки ба ин ҳолат ба эътибор нагирифтани манфиатҳои тӯдаҳои васеи мардум, нодида гирифтани аҳамият ва мубрамияти ҳамгироиҳо ба хотири таъмини рушди устувор ва сулҳи саросарӣ боис гаштааст. Дар ШМА низ, ба гумони комил, сарфи назар кардани хостаҳои мардум ва фақат ба эътибор гирифтани манфиатҳои муғризона ва ночизи ҳизбӣ (на миллӣ!) ба чунин ҳолат боис гаштааст.
Шуъбаи Аврупо ва Америка