Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангир тахкими меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва санои олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллат мебошад.
***
Истиқлолияти давлатӣ, ки Тоҷикистон шонздаҳ сол пеш ба даст овард, натиҷаи кӯшишу талошҳои тӯлонии халқи тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи худ мебошад. Чунки андешаи истиқлолият ва талоши расидан ба давлатдории худ дар зеҳни миллати мо дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд.
***
Истиқлолияти давлатӣ барои мо — тоҷикон дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддам медонем.
***
Мафҳумҳои истиқлолият ва озодӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, тамомияти арзӣ, ободии Ватан ва созандагӣ на танҳо ҳамчун ғояҳои умумимиллӣ пазируфта шудаанд, балки ба ҳайси қутбнамо дар тафаккури мардумамон ҷой гирифтаанд.
***
Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонид. Сиёсати «дарҳои кушод» ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи олам хеле боло бурд.
Муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият – ин дастоварди бузург ва неъмати беҳамтои миллӣ вазифаи давлат ва рисолати ҷонии ҳар шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст.
***
Мову шумо аз фарози асри бисту як бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарастии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони ватанпарвар навишта шудаанд.