Бояд гуфт дар нақд ва таҳлили тасовири истиорӣ, тазоҳуми истиора яке аз меъёрҳои заъфи тасвир маҳсуб мешавад. Чаро, ки сабаб мешавад то аз қудрат ва тавони балоғии истиъора дар интиқоли мазмун ва мафҳуми мавриди назари гӯянда бикоҳад. Тазоҳуми истиора вақте рӯй медиҳад, ки «чанд истиора канори ҳам меояд, ки ҳар истиораро метавон қаринае барои истиораи дигар гирифт. Албатта фаҳмидани истиора, нахустин мушкил аст ва зоҳиран ба назар мерасад, ки ҳеҷ як аз мулоимоти мушаббаҳ ё мушабаҳун биҳи зикр нашудааст»[23,164]. Дар пешинаи баланди шеъри форсӣ, суханвароне ҳастанд, ки барои ин гуна корбурди истиора метавон намунаҳои фаровоне дар осорашон сӯроғ гирифт. Аз ҷумла бояд ба Низомӣ ва Хоқонӣ, ду шоири соҳибсабки қарни шашум (қарни ёздаҳум) ишора кард, ки дар мавориди зиёде, истиораҳои мутарокиме дар як байт бакор бурданд, ки сабаби ибҳом ва печидаги каломи онон шудааст. Монанди ин байт аз Хусрав ва Ширини Низомӣ, ки тавсифе аз зуғоли нимсӯхта аст:[11,200]. «Дабире аз Ҳабаш рафта ба Булғор,
Ба шангирфе мидоде дода бар кор»
Дар ин байт, «дабири ҳабашӣ» истиора аз зуғол, «Булғор» истиора аз Миҷмари Симин ва «шангирф» истиора аз қисмати равшани зуғол гирифтааст. Дар воқеъ, шоир дар як байти кутоҳ, се истиораи мусарраҳа ба кор бурдааст. Тасовири наздик ва муртабит ба ҳам, сабаби печидагӣ ва ибҳом ва дар натиҷа, дерёби тасвир шудааст. Ашъори арабии Саъдӣ аз ин манзар, ду вежагии асосӣ дорад: Вежагии нахуст, содагӣ ва зудёбии истиораҳост, ки сабаб мешавад то хонанда ҷомеро бар асоси қароине, ки зикр шудааст, ба содагӣ ва равшанӣ дарёфт кунад ва барои дарёфт ва дарк ҳунари чунин тасвире, ба диққат ва таамули зиёде ниёз надошта бошад. Вежагии дуюм он аст, ки дар айни содагӣ ва равшанӣ, ҳар як аз истиораҳо дар ҷои худ ба кор рафтаанд ва вазифаи аслии тасвирро, ки иблоғи паём ва мазмуни шеър ҳамроҳ бо лаззати ҳунаре аст,
ба хубӣ адо кардааст. Њеҷ як аз истиораҳои тазоҳуми дар дарк ва дарёфти истиораҳои дигар дар меҳвари уфуқи шеър надоранд.
12-8- Истиораи наздик ва ошно
«Истиораи наздик ва ошно он аст, ки ҷомеъ дар он пӯшида, шигифт ва дерёб набошад, ончунон, ки ба осонӣ дарёфта гардад. Ин гуна аз истиора, аз онҷо ки зеҳн барои гушудани рози он, ба диранг ва талоше бисёр ниёз надорад, аз арзиши зебошинохти
камтаре бархурдор аст. Метавон бар он буд, ки ин гуна аз истиора аз ташбеҳ ранг бохтааст ва бефуруғ шуда, ки якбора арзиши ҳунари хешро аз даст додааст, бар мехезад»[5,110].
Ин навъ истиораҳо бар асари такрори зиёд андак - андак аз арзиши балоғии худ тиҳӣ мешаванд ва ҳеҷ тасвире дар зеҳни мухотаби халқ намекунанд: «Агар бар ҳасби корбурди пурбасомади истиораҳои мушаббаҳун биҳи мафҳуми мушаббаҳро низ дар бар бигирад, аз чанд маъно бархурдор гашта ва вожагонӣ хоҳад шуд. Ин ҳамон мавқеъияте аст, ки истиораи зиндаро ба истиораи мурда ё ба иборати дақиқтар, ба истиораи вожагонишуда мубаддал месозад»[13,185].
Албатта бархе аз соҳибназарон, аз ҷумла Бадавии Бутона дар ин замина назароти мутафовите доранд. Вай мегӯяд: «Ташбеҳ дар ҷое, ки ваҷҳи шибҳи он ошкор бошад ва ҷое, ки пинҳон ва дӯр бошад, дар ҳама ҷо меояд ва ҳарчи идроки ваҷҳи шибҳ бештар ниёзманди ҷустуҷӯ ва диққат бошад, зеботар ва шигифтангезтар мешавад, вале истиора баракси он аст ва бояд ваҷҳи шибҳ ва ҳаммонанди он сахт равшан ва ошкор бошад то ба гунаи луғз ва муаммо дар наёяд»[4,122]. Пас аз баррасии тактаки истиораҳо дар ашъори арабии Саъдӣ, бояд гуфт вай аз ба кор бурдани тасовири роиҷ дар балоғати суннатии шеъри форсӣ дар ашъори арабаии худ ба канор намондааст, ба гунае, ки бисёре аз тасовире, ки бар мабнои истиора халқ карда, аз навъи истиорҳои ошно ва зудёби шеъри форсӣ аст. Аз онҷо, ки ин истиораҳо дар байни суханварони пеш аз рӯзгори Саъдӣ ва ё ҳам давраи ӯ ҳам дар ҳамон маонӣ ба кор рафтаанд, арзиши тасвири тозае ба ҳамроҳ надоранд. Аз ин қабил аст истиорае, ки дар байти зер ба кор рафтааст:[14,872].
«انَّا دَلاَّلُ لأَبناءِ الكِرَامِ اَجلِبُ الرَّاحَه و الراحَ لِقَلبِ المُستَهَامِ
Яъне: «Ман бузургзодагонро даллол духтари раз ҳастам»[9,129].
Истиораи «ибнати алкарам» барои «шароб», аз тасовири ошноии шеъри форсӣ аст, ки ду қарн қабл аз Саъдӣ, Манучеҳри Домғонӣ ҳам дар ҳамин маъно ба кор бурдааст:[8,279]
«Умри хуш духтарони раз ба сар омад
Киштиниёнро сиёсати дигар омад»
Афзӯн бар ин, истиораҳои ошнои дигаре низ дар ашъори арабии Саъдӣ ёфт мешавад, ки барои ҷилавгирӣ аз иттилоияи калом, чанд маврид аз онҳо зикр мешавад. «Моҳи хаймагӣ» истиораи «маъшуқ»[14,773]. хаданг» истиъора аз «нигоҳи маъшуқ»[14,776], « ғизол» истиора аз «маъшуқ»[14,780]. «Марвориде» истиора аз «борон»[14,444], « бадр» истиора аз «чеҳраи маъшуқ»[14,774].
«оташ» истиора аз «сӯзиши дарун»[14,630], ва «хуршед» истиора аз «шароб»[14,779].
Дуруст аст, ки бештари истиораҳои Саъдӣ аз тасовири ошно ва пуркорбурди шеъри форсӣ ҳастанд, аммо ҳунари бузурги шоир он аст, ки дар чандин маврид тавонистааст бо роҳои мутафовити ин истиораҳои ошноро бо мазмуни нав ҳамроҳ ва тасвире тоза ва ғариб халқ кунад.
Дар воқеъ, Саъдӣ дар ваҷҳи шибҳи истиораҳои ошно тасарруф карда, зовияи ташбеҳро бозтар мекунад ва он тасвири такрориро дар мавқеияти тоза ба хидмат мегирад. Аз ҷумла дар шеъри зер:[14,779]
مُنتَهَي مُنيَةِ قَلبِي شَادِنٌ يَسقِي المُدَامَا
وَ عَلَي الخُضرَةِ مَنثُورٌ وَ رَندٌ وَ خُزامِي
ذِي دَلاَلٍ سَلَبَ القَلْبَ اِذا قَالَ كَلاَمَا
وَجَمَالٍ غَلَبَ الغُنَّ اِذا مَالَ قِوَامَا
Яъне: «Ҳол, ки бар чаманзорон гулҳои мансур, ранд ва хазомӣ дамида, мунтаҳои орзӯи дилам ғизоле аст бодануш. Ѓизоли карашмакор, ки бо ширинзабонӣ ва зебоӣ андоми нармтар аз ситоки дарахтон, диламро рабудааст»[9,135].
Дар ин тасвир, «шодин» ба маънои «оҳу» ислтиораи мусарраҳа аз «маъшуқ» аст. Маъшуқ, ки мушаббаҳа аст, ҳазф шуда, аммо аз қароини он «боданӯшӣ» , ки қаринаи тоза ва сохтаи зеҳни офаринишгари шоир аст, муллоими он қарор гирфтааст. Дар байти дигар, шигарди дигаре ба кор бурдааст:[14,633].
« تَرانِي نَاظماً في الوَجد بَيتاً و طَرفي نَاثرٌ عِقدَ اللآلي»
Яъне: «Маро мебинӣ, ки дар ваҷди байте бар ҳам мебандам, вале бингар, ки чашми ман парокунандаи гарданбанди марворид аст»[14,616].
«Ал-лоли» истиора аз «ашк» аст, ки истиораи ошност, аммо сифоте, ки барои он зикр шуда, нав ва тозаанд. Суханвари Шерозӣ бо истифода аз ин қароин, чанд тасвири зинда ва пуртаҳаррукро
дар ду сӯи истиора ба якдигар пайванд задааст. «Қатароти ашке, ки аз чашм сарозер мешаванд», ҳолати тасовир «мушаббаҳа» аст ва «гарданбанди марвориде, ки пора шудааст ва донаҳои
он пароканда мешавад», ҳолати тасовири «мушаббаҳун биҳи».
(идома дорад)
Қаландарзода С.
докторанти (PhD),
(Баргардон аз хатти форсӣ)