Муаллиф: Шаҳлохон Муродалӣ
Солҳои охир давлатҳои арабии Халиҷи Форс ба Тоҷикистон ва умуман ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз лиҳози мавқеи муҳимми геополитикӣ ва захираҳои бои табиию башарии он таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир мекунанд.
Дар ин росто нахустин ҷаласаи муштараки вазирони корҳои хориҷии Муколамаи стратегии Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон), ки 7 сентябри соли 2022 дар шаҳри Риёз баргузор гардид, дар равобити ду минтақаи муҳими ҷаҳон (Халиҷ ва Осиёи Марказӣ), ки дорои потенсиали азим барои рушди устувор мебошанд, метавон гуфт, ки таҳаввулоти хеле муҳимро ташкил дод.
Нақшаи амалиёти муштарак оид ба муколамаи стратегӣ ва ҳамкории Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2023-2027» қабул гардид, ки дар асоси он муколамаи сиёсӣ ва амниятӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, густариши робитаҳо байни мардум ва роҳандозии шарикии муассир байни соҳибкорон роҳандозӣ карда хоҳад шуд.
Имрӯз дар намунаи Давлати Қатар мебинем, ки саъйю кӯшиш ва талошҳои мутақобил барои густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаи гуногунҷабҳа сурат гирифта истодаанд.
Мавриди ёдоварист, ки таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Қатарро метавон ба ду марҳила ҷудо кард. Марҳилаи якуми он аз моҳи сентябри соли 1994 ибтидо мегирад, ки дар он муносибатҳои ҳамкорӣ ба сабаби ҷанги шаҳрвандӣ ва масруфияти кишвар ба барқарор сохтани сохти конститутсионӣ, бартараф намудани оқибатҳои даргириҳои харобиовар ва таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ натавонистанд имконияти густариш пайдо кунанд.
Марҳилаи дуюми муносибатҳо соли 2007 аз боздидҳои расмии мутақобилаи сарони давлатҳои ду кишвар шуруъ шуда, то имрӯз пайваста густариш меёбанд.
Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо рӯзномаи қатарии «Аш-Шарқ», ки рӯзи 8 июни соли 2023 нашр шуд, робитаҳои Тоҷикистону Қатарро дар ҳамаи сатҳҳо баланд арзёбӣ карда, аз мазмуну муҳтавои онҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд ва иброз доштанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи ин давлат тайи солҳои охир бомаром рушд карда истодаанд.
Сарвари давлат ҳамзамон дар ин мусоҳиба таъкид карданд, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи миёни Тоҷикистон ва Қатар бар асоси арзишҳои муштараки тамаддуниву таърихӣ ва усули бародариву ҳамдигарфаҳмӣ, риояи манфиатҳо ва эҳтироми ҳамдигар роҳандозӣ гардидаанд. Ҳамчунин, бо ишора ба таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ, Форуми соҳибкории ҷонибҳо илова карданд, ки механизмҳои ҳамкории тарафайн ва заминаи ҳуқуқии онҳо ташаккул ёфтаанд.
Натиҷаи ҳамин замина буд, ки Қатар нахустин аз байни давлатҳои Халиҷ бо тарҳи бузурги “Диёр Душанбе” ба ҳаҷми 300 млн долл. ИМА дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст.
Ҳамчунин дар арафаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ ба Тоҷикистон рӯзи 8 июни соли 2023 сафири он кишвар дар Душанбе Муборак ибни Абдураҳмон ан-Наср дар мусоҳиба бо ҳамон рӯзномаи “аш-Шарқ” иброз дошт, ки сафари давлатии Амир сафҳаи тоза дар раванди муносибатҳои ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар хоҳад кушод.
Дар ҷараёни сафар зимни гуфтушуниди сатҳи олӣ дурнамои рушду гуфтариши ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар фарҷоми он 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳамчунин дар ҳошияи он Масҷиди калони марказӣ, ки бо маблағгузории Катар (70%) ва Тоҷикистон (30%) дар масоҳати 12 га ва гунҷоиши 133 ҳазор намозгузор бунёд шудааст, дар ҳузури сарони ҳарду давлат ифтитоҳ шуд. Ҷолиб аст, ки санги асоси онро Пешвои муаззами миллат ҳамроҳ бо меҳмонони баландпояи ҷашнвораи Имоми Аъзам Абуҳанифа, аз ҷумла Шайхи Азҳари шариф Муҳаммад Тантовӣ соли 2009 гузошта буданд ва имрӯз мантиқӣ ва боиси қаноатмандист, ки ба ин кохи бузурги ибодат номи Соҳиби мазҳаби ҳанафӣ гузошта шуд.
Мо ба ояндаи муносибатҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Қатар бо назари нек менигарем, зеро он на танҳо таҷассумгари манфиатҳои ҳарду кишвар мебошад, балки ҳамзамон баҳри сулҳу субот ва рушди бомароми минтақа хидмат хоҳад кард.
Манбаъ:
https://al-sharq.com/article/08/06/2023
Шаҳлохон Муродалӣ
ходими хурди илмии шуъбаи
Шарқи Миёна ва Наздик
июни соли 2023