Чуноне маълум аст 8-уми ноябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии хеш ба Ҷумҳурии Фаронса ташриф оварданд. Ин сафар бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардид.
Пас аз истиқбол гирифтани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ҷонибҳо масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки ин музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар ҷараён гирифт. Дар музокироти сатҳи васеъ миёни намояндагони расмии Тоҷикистон ва Фаронса масъалаҳои тағйирёбии иқлим, мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои амниятӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки иқдомҳои созандаи Фаронса дар ин самтҳо ҳамрадифи манофеи Тоҷикистон мебошанд.
Дар чаҳорчӯбаи сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории самарабахши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, тавсеаи ҳамкории бештар дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, соҳаҳои гуманитариву фарҳангиро, мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз он ҷумла тақвияти ҳамкориҳои минбаъда миёни Тоҷикистон ва Фаронса дар соҳаҳои авиатсияи гражданӣ, энергетика, логистикаи нақлиётӣ, телекоммуникатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ ва фаъолияти муҳандисию машваратӣ, аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду кишвар номида шуд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамкориҳо дар соҳаи саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, кимиёвӣ, металлургияи сиёҳ ва ранга, аз ҷумла истеҳсоли алюминий самтҳои афзалиятнок барои ҳарду ҷониб ба ҳисоб мераванд. Бо дарназардошти ин, тақвият ва таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самтҳо миёни Тоҷикистон ва Фаронса дар чаҳарчубаи сафарии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим ва ба манфиати ҷонибҳо баррасӣ гардиданд. Масалан, саҳмгузории ширкатҳои фаронсавӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторию энергетикӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, хизматрасонӣ, ҳамчунин дар бахшҳои гуногуни иҷтимоӣ ва хусусӣ, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, самти афзалиятнок маънидод гардид. Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкории ҷонибҳо дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.
Албатта, кишварҳои моро манфиатҳои муштараки байналмилалӣ, яъне таъмини рушди устувор, таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди таҳдидҳои амниятӣ ва пешбурди ташаббусҳои созандаи глобалӣ, ба ҳам мепайванданд.
Ҷонибҳо аз дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии якдигар изҳори қаноатмандӣ карда, қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” -ро намунаи чунин иқдомот номиданд.
Дидори расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Франсия муҳтарам Эммануэл Макрон барои ба имзо расидани боз 5 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса гардид.
Дар маҷмӯъ дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Франсия 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ҳамин тавр, дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фаронса дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ вусъатёбанда буда, фарогири манфиатҳои ҳар ду кишваранд. Зарурати ҳамоиши ташаббусҳои роҳбарони ду кишвар самтҳои зеринро метавонад тақвият диҳад:
- муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои энергетика, туризм, нақлиёт, телекоммуникатсия, илм, маориф, барқарорсозии алоқаи мустақими ҳавоӣ миёни Душанбе ва Париж, саноати сабук ва дигар самтҳои афзалиятноки соҳаи иқтисодиёт;
- ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштарак дар намуди коммисияи байниҳукуматӣ доир ба масоили ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ;
- барпо намудани бизнес-форум, мизҳои мудаввар ва намоишҳо, ки бештар фарогири соҳаҳои иқтисодӣ, хоҷагии қишлоқ ва сайёҳӣ бошанд;
- диққати бештар барои тақвияти ҳамкориҳо дар самти илм ва маориф равона шавад. Дар рушди ин соҳаҳои афзалиятнок пешниҳод карда мешавад, ки сафарҳои таҷрибаомӯзи барои омӯзгорон ва дошиҷӯёну олимон пешбинӣ гарданд. Ҳамчунин, дар таҳкими дигар соҳаҳо низ мутахассисони соҳибихисос ва варзида аз ҳар ду ҷониб барои омӯзонидани таҷрибаи соҳавияшон метавонанд даъват карда шаванд;
- мустаҳакам намудани ҳамкориҳои судманди тиҷоратии байни ду кишвар, ҷалби сармоя ва дарёфти шарикони нав, муҳокимаи масъалаҳои мавҷуда барои тақвият дар соҳаҳои афзалиятнок;
- абзори таъсисёфтаи машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса имкон дод муколамаи доимӣ оид ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкории ду кишвар роҳандозӣ шавад, инчунин мавқеи тарафҳо дар чаҳорчӯби ҳамкориҳояшон дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамоҳанг шавад;
- машваратҳои сиёсӣ платформаи мувофиқ ва муассири ҳал кардани душвориҳои мавҷуда, василаи муайянкунии самтҳои авлавиятнок ва истифодаи минбаъдаи иқтидори истифоданошудаи ҳамкориҳои ду кишвар мебошанд;
- гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ба ташаккули робитаҳои судманд миёни вакилони тоҷику фаронсавӣ, инчунин, миёни иштирокдорони ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷамъиятҳои ду давлат мусоидат мекунанд;
- дар доираи ҳамкориҳои муштараки ду ҷонибаи судманд дар бахши такмили тахасусӣ оид ба коркардҳо, тадҳиқот ва таҳлилҳои илмӣ гузаронидани курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо дар самтҳои гуногун барои кормандони илмии Тоҷикистон ва Фаронса ташкил карда шавад;
- баҳри омӯзиши услуб ва назари илмии донишмандони фаронсавӣ дар самти омӯзиши масоили кишварҳо, ташкили курсҳои кутоҳмуддат дар заминаи донишгоҳҳо, маркаҳои илмӣ-пажӯҳишии Фаронса ва мубодилаи таҷрибаи илмӣ бо ходимони илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шавад;
- ҳамкориҳои судманд бо Фаронса ба рушди иқтисодии кишвар ва ҳалли масъалаҳои стратегӣ баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, дарёфти истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунони кишвар мусоидат хоҳад намуд;
- самтҳои ҳамкорӣ ва захираҳои истифоданашуда дар соҳаи тандурустӣ (аз ҷумла дорӯсозӣ), маориф, илм, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, туризм, сохтмони иншоот, таъмини амнияти сарҳадот, мубориза бо терроризм, экстремизм ва ғайра хеле зиёд аст, ки тарафҳо метавонанд роҳҳои густариши ин ҳамкориҳоро ҷустуҷӯ намуда, ба манфитати ҳамдигар истифода намоянд.
Ҳамин тариқ, муносибатҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса яке аз заминаҳои ҳамгироии кишвар ба арсаи байналмилалӣ, узвият дар сохторҳои гуногун ва иштирок дар равандҳои глобалӣ гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи самти сиёсати хориҷии худ, аз ҷумла ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо сохторҳои аврупоӣ бо Ҷумҳурии Фаронса нақши ба истилоҳ пулро миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мебозад. Таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Фаронса аз он ҷиҳат муҳиманд, ки ин кишвар дар миёни кишварҳои аврупоӣ яке аз мавқеъҳои калидиро дорост ва метавонад эҳтимолан яке аз сармоягузорони бузургтарин ба иқтисодиёти Тоҷикистон гардад.
Ардамеҳр АШӮРЗОДА,
ходими калони илмии
Институт