Тоҷикистон ҷонибдори робитаҳои мутақобилан судманд бо Русия

Муаллиф: Қурбонзода Фарида

Расм

Пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати хориҷии худ сиёсати дӯстона, беғаразона ва сулҳхоҳонаро бо кишварҳои дуру наздики минтақа ба роҳ монд. Аз ҷумлаи чунин кишварҳо Федератсияи Русия мебошад, ки ҳоло яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон равобити судманди мутақобилаи ду кишвар саҳми худро дар соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳими ҷомеаи тарафҳо гузоштааст. 

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 8 апрели 1992 барқарор шуда, 4 майи 1992 дар шаҳри Душанбе Сафорати Федератсияи Русия ифтитоҳ гардид. Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия 18 декабри 1993 кушода шуд.

Бояд зикр кард, ки баробари рушди муносибатҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсат, иқтисод ва фарҳанг, равобити дуҷониба дар самти рушди соҳаҳои илму маориф низ дар раванди босуръати рушд қарор дорад.

Дар навбати худ боиси қайд аст, ки эҳтироми забони русӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон худ як нишонаи муносибатҳои дӯстии Тоҷикистону Русияро инъикос мекунад. Дарҷ гардидани забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо дар моддаи дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи ишораҳои болост. Дар заминаи ҳамкории ду кишвар дар самти илму маориф дар қаламрави кишвар панҷ мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода, ки дар онҳо таълиму тарбия бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст, аз соли 2022 инҷониб фаъолият доранд. Бо вуҷуди ин, соли 2023 дар асоси лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷи кишвар”-и Вазорати маорифи Русия, ки аз соли 2017 инҷониб амал мекунад, 66 омӯзгор аз Русия ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар ин самт барои дастгирии мактабҳои русии дар боло зикр карда шудаи кишвар, ҳамасола аз ҷониби Русия 200 миллион рубл ҷудо мегардад. Инчунин, барои довталабони тоҷик ҷиҳати таҳсил дар макотиби олии Русия миқдори квотаҳо ба ҳазор нафар расонида шудааст. Дар баробари ин, барномаи ғизоии мактабӣ бузургтарин лоиҳаи СММ дар Тоҷикистон низ ташаббуси густурдаи Русия аст, ки татбиқи он дар кишвари мо тавассути созмонҳои байналмилалӣ амалӣ мешавад. Аз соли 2013 дар асоси барномаи мазкур, Федератсияи Русия бо истифода аз ин маблағ даҳҳо ошхонаҳои мактабиро таҷдид ва муҷаҳҳаз гардонид ва барои ташкили хӯроки солим барои 2 ҳазор мактабҳои деҳоти ҷумҳурӣ, танҳо барои талабагони аз синфи як то синфи чор харида шудаанд.

Ҳамчунин, барои таъмини мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ бо забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо китобҳои муосири дарсӣ ҳар сол 200 миллион рубл бо супориши роҳбарияти Федератсияи Русия ҷудо карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бо ташабусси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 – “Соли забони русӣ дар Тоҷикистон” элон карда шудааст.

Умуман Федератсияи Русия барои рушди забони русӣ дар фазои ИДМ диққати махсус медиҳад ва ба ин хотир Марказҳои русиро ташкил намудааст. Дар умум онҳо зиёда аз 30-то буда, чортои он дар миқёси Тоҷикистон амал мекунанд, аз қабили Маркази русӣ дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Маркази русии Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия, Маркази русии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Маркази русӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Мақсади ин лоиҳаҳо дастгирӣ ва тарғиби забони русӣ дар ҷаҳон, таҳкими мавқеи он ҳамчун забони муоширати байналмилалӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, дар давоми 32 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, кишвари мо барои таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва шарикии стратегӣ бо Федератсияи Русия саҳми арзанда гузоштааст. Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 ироа доштанд: “Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҷойгоҳи хосса дорад.” Аз ин лиҳоз Тоҷикистон барои рушди робитаҳои мутақобилан судманд бо Федератсияи Русия, ки узви фаъоли ИДМ мебошад, аҳамияти хоса медиҳад ва минбаъд ҳам дар сиёсати хориҷии кишвар ин тамоюл идома хоҳад ёфт.

 

Қурбонзода Фарида,

ходими илмии Шуъбаи ИДМ

ИОМДОА АМИТ

 

БОЗГАШТ