Тоҷикистон пуштибони муътамади масоили Афғонистон

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

(Аз паёмҳову суханрониҳо ва андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон  роҷеъ ба масъалаҳои муҳим, самтҳои асосии фаъолият ва ташаббусҳои давлат дар арсаи байналмилалӣ ҷиҳати ҳалли масоили мубрами Афғонистон)
Афғонистон дар арсаи байналмилалӣ аз ҷумлаи кишварҳое мебошад, ки то имрӯз таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намуда, ҳамеша мавриди баҳсу мунозара қарор дорад. Шояд ба нерӯи низомӣ ва зуроварӣ дар ҳалли мушкилиҳои Афғонистон дар чанд даҳаи гузашта такя намудан, сабаби камфаъолиятии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар расонидани кумакҳои молию пулӣ гардида бошад ва ҳамзамон набудани пешравӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва рушди иқтисодиёти Афғонистон, ки аз сармояи хориҷа вобаста аст, нигаронкунанда мебошад. Нигаронии бештарро заъфи раванди истиқрори сулҳ, ҳаракати “Толибон” ва дигар гурўҳҳои мухолифини Ҳукумати Афғонистон ба миён гузоштааст.
Афғонистон меҳвари пайвандгари чаҳор минтақаи муҳим - интиҳои Ховари Миёна ва оғози Ховари Дур, пул ва гузаргоҳи Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ ба Осиёи Марказӣ аст. Бинобар ин, мавқеияти геополитикие мебошад, ки дар давоми таърих стратегҳо, пажӯҳишгарони сиёсӣ, фарҳангӣ ва низомӣ Афғонистонро бо номҳои гуногун: аз қабили «Майдонгоҳи бузурги бостон» (Тойнби), «Қалби Осиё» (Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ), «Калиди фатҳи қорраи Осиё» (Ҷеймс Канз), «Боми ҷаҳон» (Ҳамидӣ) унвонгузорӣ кардаанд.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1344,15 км дарозӣ марзи муштараки давлатӣ дорад [Ниг: 3]. Пас вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Афғонистони ҳамҷавор моро бетафовут гузошта наметавонад ва ин боиси нигаронии ҷиддии мост [Ниг: 2, 263].
Агар ба таърихи садсолаи охири Афғонистон назар афканем, мебинем, ки ин кишвар миёни бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо қарор гирифта, ноорому ғайримустақар, маншаи бесуботӣ барои саросари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамсоягонаш табдил гардида, ки ҳеҷ поёнаш пайдо нест [Ниг: 5, 90]. Ҳамчунон яке аз масъалаҳои доғи минтақа, ки боиси ташвиши ҳамагон мебошад, ин қазияи Афғонистон аст. Мутаассифона, вазъият дар Афғонистони ҳамсоя рӯз ба рӯз печидатар мешавад. Афғонистони имрӯза ҳоло ҳам майдони набардҳои хунин аст [Ниг: 2,25].
Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо амну амонӣ дар Афғонистон пайванди ногусастанӣ дорад [Ниг: 2,126]. Аз ин лиҳоз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми марҳалаҳои сангини ин кишвар нақши ҳамсояи дӯсту кумакрасонро бозидааст. Тоҷикистон, сарфи назар аз душвориҳои худ, ҳамеша барои осоиштагӣ, сулҳу амният ва рушди роҳҳои гуногуни пешравияшро андешида, бо сохтани пулҳо шурӯъ намуд, роҳу дарвозаҳои Афғонистонро ба кишварҳои Осиёи Миёна ва дигар кишварҳои ҷаҳон боз намояд. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 24 апрели соли 2010 омадааст: «Сохтмони роҳу пулҳо ба сӯи Афғонистони ҳамсоя, нақшаҳои боз ҳам бузургтари бунёди хатҳои барқ, роҳҳои оҳану автомобилгард, ки василаи густаришу рушди босуръати пайвандҳои мо бо мардуми ин кишвари дӯст хоҳанд буд, мисоли қавлу амали ягонаи мост.
Вале бо тамоми қадрдонӣ аз кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки дар он кишвари мо низ шарик аст, Тоҷикистон амиқан эътиқодманд аст, ки роҳу василаи сирф низомии барпо кардани сулҳ дар Афғонистон вуҷуд надорад. Аз ин рӯ дастгириву пуштибонии ҷустуҷӯи тариқаву василаҳои фарогири побарҷо намудани сулҳи комил ва пойдор дар ин кишвари азияткашида бояд мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирад» [Ниг: 1].
Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистони ҳамсоя ба сифати яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тоҷикистон аз рӯзи аввал тарафдории худро аз ҳукумати нави Афғонистони онвақта бо сарварии Ҳомид Карзай изҳор намуда буд. Ҳамзамон Тоҷикистон ҷонибдори сулҳу суботи комил ва рушди иқтисодии кишвари ҳамҷавор мебошад [Ниг: 2,47]. Аз ин лиҳоз муносибати иқтисодии ҳар ду кишвар дар самтҳои баланди гуногун расида, робитаи тарафайнро ба вохӯриҳои сатҳи баланд расонидааст. Аммо таърихи иттифоқҳои тиҷоратии тарафайн баъди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошад. Зеро Афғонистони ҳамдину ҳамфарҳанг ва ҳамзабон дар самти вусъат додани ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мутақобилан судманд дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамеша  қарор дорад. Мушкилоти ҷойдоштаи имрӯза, масъалаҳои доғи рӯз, низоъҳои мусаллаҳона ва набудани заминаи истиқрори сиёсӣ афзуда ба барномаҳои пешгирифтаи иқтисодии тарафҳо, ояндаи тиҷоратӣ ва амалӣ намудани иттифоқҳои доимиамалкунанда, такони манфӣ расонда, зербинои иқтисодии Афғонистонро рӯ ба поён ниҳодааст.
Тоҷикистон заминаҳои илмии муосирро доро буда, барои ҷалби донишҷӯёни соҳаҳои гуногунии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон, ҷиҳати омӯхтани касбу ҳунар шароити муносиб омода намуда, ба мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифат ва ҷаҳонандешӣ қадамҳои устувор гузоштааст. Пеш аз ҳама ин кишвар ба лоиҳаву пружаҳои табиати иҷтимоӣ ва тарбиявию маърифатӣ эҳтиёҷи ҷиддӣ дорад. Аз ин лиҳоз, дар ин самт мубодилаи афкор дар бораи роҳҳо ва механизмҳои густариши бештари ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ сурат гирифтааст, ки ҷониби Тоҷикистон омодагии худро ба тарбияи мутахассисон дар бахшҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва махсусан барои сохтмони роҳи оҳани навбунёди Афғонистон иброз намудааст [Ниг: 2,261]. Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин мешуморад, ки усул, стратегия ва тактикаи ягонаи тарбияи кадрҳои афғон барои ин сохторҳо ва такмили ихтисоси онҳо зарур аст. Алалхусус барои он, ки ҳамаи мо дар ин самт таҷрибаи кофӣ андӯхтаем [Ниг: 2,283].
Кӯшишҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати барқарор намудани сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон дар минбарҳои баланди байналмилалӣ андешаи худро матраҳ намуда, талошҳояшро дареғ намедорад ва кумакҳои худро дар ин самт ба таъхир намеандозад. Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистони ҳамсоя ниҳоят манфиатдор аст, зеро амнияти Осиёи Марказӣ дар тамоми ҷанбаҳо аз вазъияти ин кишвар вобаста аст. Кумакҳои лозима ба Афғонистон дар асоси барномаҳои мақсаднок метавонанд яке аз самтҳои муқовимат ба таҳдиду хатарҳои мухталифи ҷойдошта дар он кишвар гарданд. Қазияи Афғонистон муносибати дастаҷамъонаро тақозо дорад, ки дар он ҳамаи омилҳо ва муҳимтар аз ҳама, воқеият ба назар гирифта шаванд. Мо кушишҳои имрӯзаро дар самти барқарорсозии сулҳ дастгирӣ мекунем ва чунин меҳисобем, ки стратегияи байналмилалии амалиёт дар Афғонистон бояд, пеш аз ҳама, ба худи афғонҳо такя намояд ва дар ин ҷода ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти кишвар афзалият дошта бошад [Ниг: 2, 251-252].
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба доираи ҳамкориҳои доманадори минтақавӣ ҷалб намудани Ҷумҳурии исломии Афғонистонро зарур мешуморад. Дар доираи шакли нави ҳамкории бисёрҷонибаи кишварҳои Афғонистон, Покистон, Россия ва Тоҷикистон қисмати асосии иқдомҳо ба пурзӯр намудани мубориза ба муқобили терроризму экстремизм ва таҳдиди маводи мухаддир равона карда шудааст. Бояд гуфт, ки масоили марбут ба терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро бе ҳалли мушкилоти вобаста ба камбизоатӣ, бекорӣ ва дигар самтҳои тезутунди мушкилиҳои иҷтимоӣ ҳал кардан ниҳоят душвор мебошад [Ниг: 2, 253]. Ҳамаи ин масъалаҳо ҷалб намудани иқдомоти умумибашариро талаб менамояд, ки ҳадафи онҳо густариши ҳарчи бештари раванди таҳкими сулҳу субот  мебошад [Ниг: 2, 253].
Дурнамои ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст. Дар ин самт Тоҷикистон метавонад ҳамчун кишвари транзитӣ барномаҳои гуногунҷабҳаро баррасӣ намуда, дар оянда боз ҳам барои баланд бардоштани сатҳи муносибатҳо ба хотири оромиву суботи Афғонистон ҳаракат намояд ва густариши тарафайнро боз ҳам сайқал дода, ба ҷорӣ намудани муносибатҳои бисёрҷониба, ки ба манфиати тарафайн нигаронида шудааст, равона созад.
Аз ин лиҳоз неруҳои Ҳукуматии Афғонистон ба хотири таъмини амнияти кишвар тақозо мекунад, ки онҳо ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккил ҳамаҷониба омода шаванд. Дар ин росто мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомии Афғонистон ба таъминоти техникӣ ва рушди ҳайати кадрӣ ниёз дорад. Пас Тоҷикистон омода аст, ки имкониятҳои марказҳои таълимии худро барои тайёр намудани марзбонон, низомиён ва ҳайати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, ки ҳоло ҳам истифода мешаванд, васеътар пешниҳод намояд [Ниг:4]. Ба хотири роҳандозии чунин ташаббусҳо барои ҳалли мусоламатомези қазияи Афғонистон ва таҳкими ҳамкориҳо ва ҳамбастагиҳои минтақавӣ шароиту имкониятҳои нав фароҳам хоҳад овард:
А: Масири роҳи оҳани «Тоҷикистон – Афғонистон» ва қисматҳои дигари он аллакай аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баррасӣ  шудааст. Дар оянда бо Қирғизистон ва Хитой пайваст карда шуда, ба ҳайси хатти транзитии минтақа ҷиҳати зиёд шудани гардиши мол байни кишварҳо ҳамасола даромади зиёдеро барои буҷаи Афғонистон таъмин намояд;
Б: Лоиҳаи CASA-1000 метавонад масъалаи норасоии қувваи барқро дар Афғонистон ва Покистон аз ҳисоби интиқоли он аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври назаррас ҳал кунад [Ниг: 2,258];
В: Бунёди лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон ба Покистону Ҳиндустон тавассути хоки Афғонистон метавонад ниёзи кишварҳои минтақаро ба гази табиӣ бароварад. Бидуни шак, ин лоиҳа низ ба суди Афғонистон хоҳад буд [Ниг: 5,211];
Г: Дигар лоиҳаҳоро низ, ки ба тавсеаи шабакаи нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ тавассути сохтмони роҳҳои нави оҳан ва мошингард, ба воситаи қаламрави Афғонистон кашидани хатҳои интиқоли барқ, нафт ва газ нигаронида шудаанд, пуштибонӣ менамоем [Ниг: 2,259]. Дар ин маврид пулҳои автомобилгузари дарёи Панҷ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки бо кумаки ИМА сохта шудааст, муҷиби 300 дарсад афзудани ҳаҷми муомилоти тиҷоратии Тоҷикистонро бо кишвари ҳамсоя фароҳам овардааст [Ниг: 5,225];
Д: Дар ин росто ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Ҳиндустон даъват ба амал овард, ки дар асоси муштарак тадбирҳои ғайринизомӣ дар иртибот ба эҳёи иқтисодии Афғонистон андешида шавад. Қабл аз ҳама, татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика, нақлиёт ва иртиботот дар назар аст [Ниг: 2,260].
 
Бояд зикр кард, ки кишвари Афғонистон ба кумакҳои иқтисодӣ, техникӣ ва гуманитарии кишварҳои дӯсту ҳамсояҳо ниёз дорад. Ҳанӯз дар дасти мардуми Афғонистон силоҳи ғайриқонунӣ зиёд аст. Комилан возеҳ аст, ки ниёз ба ҳамоҳанг ва муттаҳид намудани саъю талошҳо барои аз навсозии баъдиҷангии Афғонистон, пуштибонии фаъолияти ҳукумат барои эҳёи иқтисод, таҳкими сохтори давлатӣ, таъмини сулҳу субот шадид аст [Ниг: 2,280]. Барои баровардани кишвари ҳамҷавор аз чунин вазъи дар пеш омада, Тоҷикистон рушди ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоии фаромарзӣ, инчунин таълиму такмили касбии мутахассисон дар соҳаҳои гуногунро аз самтҳои муҳимми аз буҳрон баромадан медонад, ки имрӯз Тоҷикистон онҳоро чун омили муҳимми таъмини сулҳу суботи минтақавӣ меҳисобад, пайгирӣ менамояд [Ниг: 2,263].
Дар охир ин нуктаро бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ ва ҳамгироии густурдаи минтақавиро василаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад [Ниг: 2,288]. Ва ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳи пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буда, оромӣ, амният ва суботи сиёсии ин кишвари ҳамҷаворро ҷавобгӯйи манфиатҳои миллии худ медонад [Ниг: 2,288]. Ва Тоҷикистон тавсеаи ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мутақобилан судмандро бо ин кишвари дӯсту ҳамсоя бар мабнои муштаракоти таърихӣ, забонӣ ва фарҳангии миёни ду халқ аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ мешуморад.              
 
Одинаев Абдуҳалим,
ходими пешбари илмии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
 
 
Адабиёт:
  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, 24 апрели соли 2010. (jumhuriyat.tj) Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, 24 апрели соли 2010. (www.jumhuriyat.tj)
  2. Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи масъалаҳои мубрам ва ибтикороти сиёсати хоричии Ҷумҳурии Тоҷикистон / Мураттиб Зафар Шералӣ Сайидзода. –Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2019. -366 с. Саҳ. 289.
  3. Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. (https://mfa.tj/tg/)
  4. Суханрони Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), шаҳри Душанбе, 26.03.2012. (http://president.tj/node/190)
  5. Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ. Сайидзода Зафари Шералӣ. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2016. – 608 с. Саҳ. 90.
 

БОЗГАШТ