ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН: ТАМОЮЛИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ МУТАҚОБИЛАН СУДМАНД ДАР ШАРОИТИ ШАКЛГИРИИ НИЗОМИ НАВИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Муаллиф: Ашуров Ардамеҳр

Расм

ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН: ТАМОЮЛИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ МУТАҚОБИЛАН СУДМАНД ДАР ШАРОИТИ ШАКЛГИРИИ НИЗОМИ НАВИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бо назардошти аҳаммияти бузурги геосиёсӣ, геоиқтисодӣ, геофарҳангӣ ва геостратегӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави минтақаи Осиёи Марказӣ нақши меҳварӣ дорад.

Дар шароити шаклгирии тартиботи нави муносибатҳои байналмилалӣ ва тамоюли шиддатёбии равандҳои геосиёсӣ ва геофарҳангии муосир ҳамкориҳои мутақобилаи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон маълум мегардад, ки Чин ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ асосан як ҳадафи умумии стратегӣ доранд, ки ин ҳам рушди устувори иқтисодиёт, шукуфоӣ ва ҳамкориҳои дӯстонаву боэътимод миёни давлатҳо мебошад.

Аз ин рӯ, зарурати тавсеаи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва густариши муколамаи сиёсӣ, фарҳангӣ, табодули илмӣ, наздикии ҷуғрофӣ ва ҳамбастагии иқтисодӣ ба манфиати ҳамкорӣ, рушди устувор, эҷоди ҷомеаи мусоид барои манфиатҳои тарафайн арзёбӣ мегардад. Дар ин замина, Чин истифодаи моделҳои нави ҳамкориро дар қаламрави АвруОсиё ва кӯшиши муштаракро барои ташаккули “Камарбанди иқтисодии роҳи Абрешим” даъват намуда, як чанд тадбири заруриро амалӣ менамояд:

Якум, таҳкими ҳамкориҳои сиёсии давлатҳо бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисоди кишварҳои минтақавӣ;

Дуюм, суръатбахшии сохтмони шабакаи ягонаи роҳ, ки ба ташкили хатсайри нақлиётӣ аз Уқёнуси Ором то баҳри Балтика имкон медиҳад;

Сеюм,таҳкими равобити тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои сармоягузорӣ тавассути таҳияи нақшаи рафъи монеаҳои гуногун бо мақсади баланд бардоштани суръат ва сифати амалиёти иқтисодӣ дар минтақа;

Чорум, тавсеа додани истифодаи пули миллӣ дар ҳисоби амалиёти ҷорӣ ва сармоявӣ, ки хароҷоти нақдро коҳиш диҳад, системаи молиявии кишварро аз хатарҳо муҳофизат намояд ва рақобатпазирии иқтисоди минтақаро баланд бардорад;

Панҷум, таҳкими ҳамкориҳои гуманитарӣ, мусоидат ба ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии халқҳо бо мақсади ба вуҷуд овардани заминаи иҷтимоӣ барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ[1].

Вуруд ба мавзуъ:

Тоҷикистон кишвари калидӣ дар масири “Камарбанд ва роҳ” ба ҳисоб рафта, яке аз аввалинҳо ибтикори мазкурро дастгирӣ намудааст. Ташаббуси Чин дар ҷавҳарихуд таъсиси модели нави ҳамкории байналмилалӣ тавассути такмилу таҳкими механизмҳои мавҷуда, инчунин ҷустуҷӯ ва татбиқи механизмҳои нави ҳамкорӣ бо мақсади ҳавасмандгардонии рушди иқтисодии кишварҳои қаламрави онро фаро мегирад.

Аслан, бунёди “Камарбанд ва роҳ” як тадбири муҳимест, ки Тоҷикистон барои татбиқи тарҳҳои нави ҳамкориҳои хориҷӣ дар шароитҳои нави таърихӣ онро хуб пазируфта ҷонибдори ҳамкориҳои судманди мутақобила мебошад[2].

Аз ҷониби дигар, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкорӣ бо Чин, хусусан дар доираи “Камарбанд ва роҳ” дар қаринаи равандҳои геофарҳангии муосир метавонад робитаҳои судманди иқтисодиву фарҳангиро устувор гардонад. Зеро, тақвияти чунин ҳамкориҳо, ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мусоидат менамоянд.

Албатта, рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар кишвар аз татбиқи ҳадафҳои стратегии он вобастагии зич дорад, Аз ин рӯ, ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон дақиқ муайян гардида, соҳаҳои иқтисодӣ, аз қабили энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва саноатро дар бар мегиранд. Омили дигар чунин буда метавонад, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Чин дар доираи “Камарбанд ва роҳ” ҳадафҳои стратегии худро бо матлаб ва масъалаҳои лоиҳа дар ҳамоҳанг карда, ҳамкориҳои минтақавиро фаъолона тавсеа ва густариш мебахшад. Ҳар ду мамлакат аз рӯи масъалаҳое, ки ба манфиатҳои асосии онҳо рабт доранд, ҳамкорӣ менамоянд.

Бо ин назардошт, роҳандозии лоиҳаҳои муштарак, ки бояд хислати мутақобилан судовар дошта бошанд, метавонад механизмҳои наздикшавии ҷонибҳоро фароҳам оварад ва ҳамзамон дар таҳкими суботи минтақавӣ, устувории сулҳу таҳаммулпазирӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳамчунин эҳтироми арзишҳои маънавию фарҳангии тарафайн мусоидат намоянд.

Ашуров Ардамеҳр, - ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Адабиёти истифодашуда:

1. Чин ва Осиёи Марказӣ. сатҳи нави ҳамкориҳо.https://mo.tnu.tj/tj/chin-va-osijoi-markaz-sat-i-navi-amkori-o/(санаи муроҷиат: 28.06.30)

2. Тоҷикистон ва Хитой дар 30 соли робитаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ https://osiyoavrupo.tj/index.php/tg/post/to-ikiston-va-hitoy-dar-30-soli-robita-oi-sies-va-diplomat. (Санаи муроҷиат 15.06.2024).

Бознашр: https://amit.tj/tj/tochikiston-va-chin-tamoyuli-rushdi-khamkorikhoi-mutakobilan-sudmand-dar-sharoiti-shaklgirii-nizomi

БОЗГАШТ