Муаллиф: Ибрагимова Миҷгона
ТОҶИКИСТОН ВА ХИТОЙ ДАР 30 СОЛИ РОБИТАҲОИ СИЁСӢ ВА ДИПЛОМАТӢ
Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз кишварҳои муҳим дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4-уми январи соли соли 1992 барқарор гардиданд, ки аз ин сана 30-сол сипарӣ гардид. Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе 13- уми марти соли 1992 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин 7-уми апрели соли 1997 ба фаъолият пардохтанд. [6. С.95] Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари қудратманди сиёсӣ ва иқтисодӣ, дорои аҳамияти калони иқтисодиву сиёсӣ мебошад. Дар ин замина ҳарду кишвар ҳамкориҳои худро ҳамчун шарикони боэътимод дар ҳамаи соҳаҳо ба роҳ мондаанд.
Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро зиёда аз 200 санади дуҷонибаи байнидавлатӣ ташкил медиҳанд. Изҳороти якҷоя оид ба усулҳои асосии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 9 марти соли 1993, Шартнома дар бораи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007, Изҳороти якҷояи сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба барқарор кардани муносибатҳои шарикии стратегӣ аз 20 май соли 2013 ва Изҳороти якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории стратегӣ аз 13 сентябри соли 2014 санадҳои асосие мебошанд, ки муносибатҳои дуҷониба дар заминаи онҳо таҳия шуда, барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи устувор ва дарозмуддат пояи қавии ҳуқуқӣ-шартномавӣ гузоштаанд [7]. 31 августи соли 2017 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Эъломияи муштарак оид ба истиқрори шарикии стратегии ҳамаҷониба ба имзо расонида шуд, ки заминаи мустаҳками рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро фароҳам овард.
Тафсири муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин
Чин бузургтарин ҳамсоя кишвари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, масофаи умумии сарҳадии байни ду кишвар 495 километрро ташкил медиҳад. Ду кишвари ҳамсоя муносибатҳои хуби дипломатиро аз руйи принсипҳои ҳамсоягии нек, дӯстӣ, шарикӣ ва бародарӣ ба роҳ мондаанд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин СИ Ҷинпин ба муносибати Тоҷикистону Чин баҳои баланд дода, қайд мекунад, ки «тӯли 27 соли ҳамкориҳо кишварҳои мо ба якдигар эътимоду эҳтиром гузошта бо дарназардошти манфиатҳои тарафайн ҳамкориҳоро васеъ ба роҳ монданд. Мо дар якҷоягӣ намунаи хуби дӯстӣ ва ҳамкории судманди кишварҳои гуногунсохт, гуногунфарҳанг ва гуногунандозаро нишон додем». [20] Ҳамчунин Президенти Тоҷикистон дар барқияи табрики ба муносибати 25-умин солгарди оғози робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин қайд мекунанд, ки “тайи давраи сипаришуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Хитой чӣ дар чорчӯбаи дуҷониба чӣ дар шакли бисёрҷониба бемайлон рушд намуданд”. [24. С. 7]
Собиқ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, муншии умумиии Созмони Ҳамкории Шанхай Рашид Олимов назари худро дар бораи равобити Тоҷикистону Чин дар конфронси Тоҷикистон-Чин: дар роҳ ба сӯи якдигар чунин баён намудааст, «дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ, Тоҷикистон ва Чин ба якдигар наздик шуданд, тавонистанд фазои эътимоди амиқи сиёсиро ба вуҷуд оранд, ки дар навбати худ, ба рушди робитаҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мусоидат кард»[10]. Сафири собиқи Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Юе Бин дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон ба муносибати ду кишвари ҳамсоя баҳои баланд дода, қайд кардааст, ки “Чин ва Тоҷикистон ҳамсояҳои наздик, шарикони боэътимод ва бародарони хубе мебошанд, ки таърихи тӯлонии муносибатҳои дӯстонаро доранд. Чин яке аз аввалин кишварҳо дар ҷаҳон аст, ки Истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф бо он муносибати дипломатӣ барқарор кардааст”. [11]
Гузашта аз ин рушди робита бо Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, зеро:
Соҳаи сиёсат ва амният. Дар муносибатҳои сиёсиву амниятии кишвар сафарҳои расмиву давлатии сарони давлатҳо нақши муҳимро иҷро менамояд. Дар ҷараёни сафарҳо санадҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидаанд. Аввалин сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи марти соли 1993 сурат гирифт, ки дар он ба ҳамкориҳои дуҷониба заминаҳо гузошта шудаанд, ва зимни сафари расмии моҳи августи соли 2017 сарвари давлати Тоҷикистон, сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба то шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бароварда шуд.
Дар густариши робитаҳои дуҷониба Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нақши муҳимро мебозад, ки ҳар сол дар шаҳри Душанбе ва ё дар шаҳри Пекин ҷаласаҳои муштарак баргузор мегарданд. Дар инкишофи робитаи сиёсии дуҷонибаи Тоҷикистону Чин ҳамчунин нақши машваратҳои сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии ду ҷониб хеле муҳим аст. Дар машваратҳои сиёсӣ ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ менамоянд [2].
Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи амнияту мудофиа дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамкории самаранокро ба роҳ мондаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи ин Созмон ба зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир чораҳои профилактикӣ ва дар самти мубориза бо “се бадӣ”, терроризм, экстремизм ва сепаратизм ҳамкориҳои муассирро ба роҳ мондаанд [21].
Бо дарназардошти ҳассосияти вазъи ҷаҳони имрӯза Тоҷикистон ва Чинро зарур аст, то ҳамкориҳои сиёсиву амниятии худро густариш дода бар муқобили зуҳуроти номатлуб аз қабили терроризму экстремизм муборизаи беамон баранд.
Ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ. Ҷумҳурии Мардумии Чин калонтарин сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон ва шарики асосии тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Робитаҳои иқтисодии кишварҳоро ҷойгир будани кишварҳо дар ҳамсоягӣ ва доштани иқтидорҳои фаровони захираҳои табиӣ ба ҳам наздик мекунад. Нишондиҳандаҳои гардиши савдо дар тӯли 30 сол дар масири шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ аз суръати баланди рушди он гувоҳӣ медиҳад. Агар соли 1993 ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистон ва Чин ба 8,9 миллион доллари ШМА баробар бошад, соли 2019 бошад гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба 660,9 миллион доллари ШМА расид, ки ин ба 14,6 %-и гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон баробар аст. Ҳаҷми умумии содирот аз Тоҷикистон ба Чин дар соли 2018 57,1 млн. долл. ШМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 2017 21,7 миллион доллари ШМА афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми умумии воридот бошад дар давраи соли 2018 ба 594,1 миллион доллари ШМА баробар гардид, ки нисбат ба соли 2017 37,9 миллион доллари ШМА афзоиш ёфтааст. Дар ҷадвали 1-ум барои муқоиса динамикаи рушди ҳаҷми гардиши савдои Тоҷикистону Чин оварда шудааст, ки аз рушди робитаҳои иқтисодии ду кишвар шаҳодат медиҳад [8] .
Аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти нассоҷӣ, маводҳои сохтмон, озуқаворӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум ворид карда мешаванд. Мутобиқи маълумоти Сафорати Тоҷикистон дар Чин сохтори воридоти Чинро наздики 2000 номгӯи маҳсулотҳо ташкил медиҳанд. [19]
Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои коммуникатсионӣ ва истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Дар ин замина дар асоси робитаҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди тарафҳо даҳҳо лоиҳаҳои вобаста ба роҳу нақлиёт ва энергетикӣ татбиқ карда шудаанд. Бунёди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қашғар нишона аз рушди муносибатҳои дуҷониба дар фазои ҳамгироии нақлиётии минтақа гардид. Роҳи мазкур барои Чин ва Тоҷикистон аҳамияти бузурги иқтисоди дошта Чинро бо Эрону Афғонистон ва Тоҷикистонро бо Чину Покистон ва Ҳиндустон пайваст мекунад. Дар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ низ Чин ҳамкории густурдаро бо Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Ба истифода додани хати интиқоли барқи 500 кв-и “Ҷануб-Шимол” ҳамкориҳои энергетикии дуҷонибаро такон бахшид, ки дар натиҷа шабакаи энергетикии Тоҷикистон ба як системаи ягона пайваст карда шуд. Ҳамчунин бо кӯмаки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе Маркази гармидиҳӣ ба истифода дода шудааст, ки расидан ба истиқлолияти энергетикиро то андозае осон намуд. Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ширкати дар асоси сармоягузории Чин фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд. Ғайр аз ин, Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкатҳои чинӣ корхонаҳои коркард ва истихроҷи ангиштсанг, оҳан, сурма, фосфор ва фулузоти нодирро ба роҳ мондааст. Бо ҳамкории ширкатҳои Тоҷикистониву Чинӣ дар Тоҷикистон ширкатҳои муштараки коркарди семент низ ба фаъолият оғоз намудаанд, ки бозори ватаниро бо семент таъмин ва то ҳадди имкон ба бозори минтақавӣ содирот менамояд [18].
Дар ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ нақши муҳимро мебозанд.8 декабри соли 2020 ҷаласаи 11-уми Комиссия ба тариқи онлайни баргузор гардид, ҷонибҳо барои рушди ҳамкории дуҷониба, амиқгардонии шарикӣ, бахусус татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноатикунонии мамлакат, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, рушди инфрасохтори логистикию содиротӣ, татбиқи иқтисоди рақамӣ, ташкили паркҳои технологӣ ва ғайра бо ҷалби сармояи Чин дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд [5] .
Таҳлили равобити дуҷониба нишон доданд, ки муносибатҳои иқтисодии ду кишвар дар ҳоли рушд қарор доранд. Барои бештар рушд додани муносибатҳои иқтисодӣ, ташкил ва кушодани “шаҳракҳои иқтисодӣ” дар ҳарду кишвар аз манфиат холӣ нахоҳанд буд. Ҳамзамон Тоҷикистонро зарур аст, барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии мамлакат аз таҷриба ва ҳамкориҳои Чин самаранок истифода барад.
Ҳамкориҳои фарҳангиву илмӣ ва гуманитарӣ. Фарҳанг ва илм яке аз воситаҳои асосии рушди дипломатияи мардумӣ ба ҳисоб рафта рушди он заминаро барои ҳамкориҳои саҳаҳои гуногун фароҳам меоварад. Омӯзиши забони чинӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии забонҳо ба номи С.Улуғзода ва Донишгоҳи давлати омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба роҳ монда шудааст. Бояд ёдовар гардид, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола мустақиман тариқи онлайн дар барномаҳои бурсиявии гуногуни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин сабти ном ва имтиҳон супорида, соҳиби роҳхат барои идомаи таҳсил дар ин донишгоҳҳо мегарданд. Инчунин, тариқи шартномавӣ низ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд. Аз ҷумла дар соли таҳсили 2013-2014 -122; ва соли 2014-2015 -277; соли 2015-2016 -240; 2016-2017 -298; 2017-2018 -243; 2019 -197 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи бурсияҳои таҳсилӣ дар курсҳои забономӯзӣ, зинаҳои бакалавр, магистратура ва доктор аз руйи ихтисос PhD –и муасисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Мардумии Чин фириситода шудааст [23].
Зимнан, дар ҳолати 19 декабри соли 2019 дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илми Ҷумҳурии Мардумии Чин 3720 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтисосҳои гуногун тариқи бурсияҳои таҳсилии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд [15] .
Ҳамзамон 65 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Хоссатан, шаҳрвандони ин кишвар бештар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон ва Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов таҳсил менамоянд. [13]
Ҳамкориҳои дуҷонибаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Россия бо Донишгоҳи Синзян, Донишгоҳи омӯзгории Синзян, Донишгоҳи технологии Гуилин, Донишгоҳи Гуилин, Донишгоҳи омӯзгории Сиан, Донишгоҳи забонҳои Даляи, Донишгоҳи омӯзгории Ляонин ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳар ду кишвар роҳандозӣ гардидаанд. Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазорати тиҷорат, Вазорати маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин семинару конфронс ва симпозиумҳои байналмилалӣ ва курсҳои омӯзишии кутоҳмуддат барои донишҷӯён, омӯзгорон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун гузаронида мешавад, ки донишҷӯён ва муттахасисони тоҷик ҳам дар ин чорабиниҳо фаъолона иштирок ва табодули таҷриба менамоянд
Дар баробари ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 Маркази Конфутсий фаъолият менамоянд, ки шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик ба омӯзиши забони чинӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон ихтисосҳои вобаста ба омӯзиши забону таърихи Чин вуҷуд доранд, ки заминаро барои омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба фароҳам меоваранд. Ҳамчунин байни Донишгоҳҳои Тоҷикистону Чин санадҳои ҳамкорӣ оид ба табодули донишҷӯёну устодон ба имзо расидаанд. Дар заминаи донишгоҳҳои Созмони Ҳамкории Шанхай низ равобити мутақобилан судманд ба роҳ монда шудааст. [13 С.77-82.]
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гӯшаи фарҳанги Чин бунёд гардидааст, ки дар баргузории чорабиниҳои фарҳангиву илмии дуҷониба ва омӯзиши забони чинӣ нақши бузург дорад. Ташкил ва гузаронидани рӯзҳои фарҳанги байни Тоҷикистону Чин ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола дар пойтахти кишварҳо баргузор мегардад. Ин имкон медиҳад, ки мардумони ду кишвар бо фарҳангу санъати якдигар аз наздик шинос шаванд. Байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистону Чин 2-юми сентябри соли 2015 барномаи табодули фарҳангӣ ба имзо расидааст, ки заминаро барои густариши робитаҳои фарҳангӣ фароҳам меорад [13].
Робитаҳои илмии дуҷониба дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Чин ба роҳ монда шудаанд. Моҳи марти соли 2016 сафари Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки дар ҷараёни он якчанд санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Дар заминаи ин ҳамкориҳо 19-уми ноябри соли 2020 видеоконфронс байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин дар мавзӯъи “Ҳамкориҳои Чину Тоҷикистон дар доираи Як- Камарбанд ва Роҳ: имкониятҳо ва мушкилот” баргузор гардид. [24]
Вазъияти кунунии ҷаҳони давраи пандемияи COVID-19 исбот намуд, ки ҳеҷ кишваре наметавонад ба танҳои вуҷуд дошта бошад. Дар ин вазъияти душвори иқтисодӣ дар раддабанди кишварҳои кӯмакрасон ба Тоҷикистон, Чин дар мавқеи аввал қарор дорад. Бо паҳншавии ин бемори дар ҳудуди Тоҷикистон, Чин яке аввалин кишварҳои ёрирасон ба Тоҷикистон ба шумор мерафт. Чин ба Тоҷикистон аз аввалин рӯзҳои авҷи бемории COVID-19 маводи табобатӣ ва дорувори мефиристод. Дастаи пизишкони соҳибтаҷрибаи чиноӣ барои кӯмак ба ҳамтоёни тоҷики худ вориди шаҳри Душанбе гардиданд. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар 11 моҳи соли 2020 58 давлати ҷаҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 16 ҳазору 952 т ба маблағи 38 миллиону 212,3 ҳазор доллари ШМА кӯмаки башардӯстона расонидаанд. Дар зер ҷадвали давлатҳои кӯмакрасон ба Тоҷикистон оварда шудаанд, ки Чин бо 42,2% дар садри аввали раддабандӣ қарор дорад [22].
Таҳлили робитаҳои фарҳангиву илмӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Чин шаҳодат ба рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи стратегӣ медиҳанд. Дар робита ба рушди муносибатҳои фарҳангӣ Тоҷикистонро ҳам зарур аст, то ки дар Пекин ва дигар шаҳрҳои бузурги Чин гушаҳои фарҳангии худро боз намуда, чиниҳоро бо фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон шинос намояд. Барои рушди муносибатҳои илмии дуҷониба ба роҳ мондани табодули таҳқиқотчиёну донишҷӯён байни Академияҳои илмҳои Тоҷикистону Чин ба мақсад мувофиқ аст, ки заминаи рушди ҳамкориҳои илмиро дар давраи наздик вусъат хоҳад бахшид.
Муносибатҳои бисёрҷониба. Як самти хеле муҳими ҳамкорӣ бо Чин барои Тоҷикистон дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Миллали Муттаҳид ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (CICA) мебошад. Ҳамчунин бояд қайд кард, ки тарафҳо дар чорчубаи ташаббуси “Як камарбанд – Як роҳ” ва механизми навтаъсиси “Осиёи Марказӣ - Чин” ҳамкориро ба роҳ мондаанд, ки дар таҳкими робитаҳо байни ду кишвари ҳамсоя нақши муҳим доранд. Якумин нишасти Вазирони корҳои хориҷии сиғаи “Осиёи Марказӣ - Чин” 16 июли соли 2020 ба тариқи видеоконфронс бо ташаббуси Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Дар рафти ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ин абзори нав дар бораи масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бо пандемияи COVID-19, барқароркунии иқтидори иқтисодии минтақа, таъмини амнияти минтақавӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. [18]
Дурнамои ҳамкориҳо. Таҳлилҳо шаҳодат аз он медиҳанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар ҳоли густариш қарор доранд. Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Чин омили рушди иқтисодӣ Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зарур аст, ки чунин ҳамкориҳо дар оянда низ рушд ёбад. Аз нигоҳи амниятӣ бошад ҳарду кишвар ба таҳкими суботу амнияти минтақа манфиатдоранд. Амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ барои Чин хеле муҳим аст. Дар ин росто рушд ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бар зидди терроризму қочоқи маводи мухаддир хеле муҳим аст. Ҳамчунин барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи илму фарҳанг ба нафъи ҳарду ҷониб ҳоҳад буд.
РУЙХАТИ АДАБИЁТ
Ибрагимова Миҷгона – магистранти курси дуюми шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ