ТОҶИКИСТОН ВА НАХУСТИНИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО- ИҚДОМИ ТАЪРИХӢ ДАР МУБОРИЗА БО ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

Муаллиф: Мадимарова Гулҳаё

Расм

Дар шароити босуръати тағйиирёбии иқлим ва буҳрони ҷаҳонии об, ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳими захираҳои обӣ ва нигоҳдории иқлим ба яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи рӯзномаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар ҳамин замина, баргузории Нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 май то 31 майи соли 2025 дар Душанбе, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, қадами таърихӣ дар ҳамоҳангсозии кӯшишҳои байналмилалӣ доир ба мушкили тағйирёбии пиряхҳо арзёбӣ мешавад. Ин чорабинӣ, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва бо ҳамкории Созмонҳои Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО, Бонки Осиёии Рушд ва Созмони Ҳавошиносии Ҷаҳонӣ ташкил гардид, мавзӯи ҳалталаби ҷаҳонь, яъне обшавии босуръати пиряҳоро  ба сатҳи ҷаҳонӣ баровард.

Дар конфронс коршиносон, олимон ва хабарнигорони сатҳи байналмилалӣ тақрибан аз тамоми ҷаҳон иштирок карданд, ки он на танҳо минбари мубодилаи таҷриба ва иттилоот гардид, балки боиси имконияти дигаре барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф ва ташаббускори ҳалли мушкилоти глобалиеро фароҳам овард. Зеро, натиҷаи он ба таври васеъ ва бо суръати баланд дар ҳамаи гузоришҳои байналмилалӣ ва ахбори ҷаҳонӣ паҳн гардид.

Тоҷикистон маркази пиряҳо ва кишвари ташаббускор

Тоҷикистон бо доштани беш аз 14,000 пирях, ки тақрибан 60% аз захираҳои оби нӯшокии минтақа ва қисми зиёди пиряҳои Осиёи Марказӣ дар он ҷойгиранд, дар ҳифзи ин захираҳои ҳаётан муҳим нақши калидӣ мебозад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар суханрониашон дар конфронс таъкид намуд, ки ин масъала на танҳо барои кишварҳои соҳиби пирях муҳим аст, балки як мушкили глобалӣ ба ҳисоб меравад, ки тақозои ҳамкории густурдаи байналмилалиро талаб мекунад. Дар ин конфронс, ки коршиносон ва хабарнигорони сатҳи байналмилалӣ аз кишварҳои гуногун иштирок доштанд, президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф ва ташаббускор дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо таъкид намуданд. Конфронс дар Душанбе ба таври комил минбари мубодилаи таҷриба, маълумот ва барномаи амал барои мубориза бо ин мушкили глобалӣ гардид.

Мундариҷаи асосии конфронс ва пешниҳодҳои стратегии Тоҷикистон

Маҳз дар ин чорабинӣ бо иштироки намояндагони СММ, ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии обу ҳаво (WMO), ЮНЕСКО, Бонки Рушди Осиё ва бархе дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, масъалаи таъхири обшавии пиряхҳо ва таъсири он ба муҳити зист, иқтисод ва аҳолии минтақа муҳокима шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба таъсири фаврии аз даст додани 600 гигатон оби ширин дар соли 2023 ҷалб намуда, ба зарурати таъсиси лабораторияи минтақавии тадқиқоти пиряхҳо ва гузаронидани экспедитсияҳои муштарак таъкид карданд.

Илова бар ин, пешниҳоди таъсиси шабакаи байналмилалии мубодилаи маълумотҳо барои кишварҳои дорои имконияти мушаххаси спутникӣ ва онҳое, ки ин имконҳоро надоранд, ва ҳамкории васеъ дар доираи барномаҳои СММ ва Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла нақшаҳои стратегии пешниҳодшуда буд. Тоҷикистон инчунин пешниҳод намуд, ки дар доираи Созмони Милали Муттаҳид стратегияи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таҳия ва қабул гардад. Дар поёни конфронс, Декларасияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряҳо қабул гардид, ки ҳуҷҷатихеле муҳим ба шумор рафта, тавсияҳои мушаххас ва нақшаҳои стратегиро барои пешгирии таъсири манфии обшавии пиряҳоро дар бар мегирад. Ин санад дар конфронси COP30 дар Бразилия пешкаш хоҳад шуд, ки маънои ҷиддият ва мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонии иқлим нишон медиҳад.

Ҳамкории байналмилалӣ ва нақши созмонҳои ҷаҳонӣ

Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар ҳифзи пиряҳо дар минтақа, узвияти худ дар Иттиҳоди Байналмилалии Ҳифзи Табиат (IUCN) -ро эълон кард, ки имконияти дастрасӣ ба таҷрибаҳои байналмилалӣ ва маблағгузории глобалиро афзоиш медиҳад. Созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Ҳавошиносии Ҷаҳонӣ, таъмини мониторинг ва пешгӯии тағйироти пиряҳоро яке аз вазифаҳои калидӣ мешуморанд. Таъсиси узвияти Тоҷикистон ҳамчун 88-умин узви Иттиҳоди Байналмилалии Муҳити Зист (IUCN), ки дар доираи конфронс эълон шуд, суръати ҳамкориҳои Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ нишон медиҳад ва имкониятҳои дастрасӣ ба захираҳои техникии ҷаҳонӣ ва маблағгузории муҳими байналмилалиро фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки конфронсимазкур нахустин чорабинии сатҳи баланд дар ҷаҳон аст, ки ба таври махсус ҳифзи пиряхҳоро дар маркази диққат қарор медиҳад ва бо иштироки васеи коршиносон ва хабарнигорони байналмилалӣ, боиси нашри васеи гузоришҳо дар воситаҳои ахбори ҷаҳонӣ гардид. Ин амр Тоҷикистонро ба сифати як кишвари ташабускори масъалаҳои глобалӣ шинохта, нуфуз ва обрӯи байналмилалии онро тақвият дод.

Обшавии босуръати пиряҳо ба кишоварзӣ, неруи барқ, дастрасӣ ба оби тоза ва ҳатто фарҳанг ва мероси табии кишварҳои минтақа таъсири ҷиддӣ мегузорад. Дар баробари ин, офатҳои табиӣ мисли сел ва лағжишҳои кӯҳӣ зиёд мешаванд. Тоҷикистон бо назардошти баланд будани сатҳи кӯҳсор ва вобастагии иқтисодиаш ба оби пиряҳо, эҳсоси баланди масъулият мекунад ва пешниҳод намуд, ки кишварҳои дорои иқтидорҳои илмӣ ва технологӣ бояд барои мубодилаи маълумот ва ҳамкорӣ дар соҳаи мониторинг ва тадқиқотҳои илмӣ иқдом кунанд. Хуллас, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд  ҳамчун қадами муҳиме дар ҷодаи ҳифзи пиряҳо ва ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим арзёбӣ мешавад. Тоҷикистон бо ташкил ва роҳбарии ин нахустин конфронси сатҳи баланд, боз якбора дигар ҳамчун кишвари ташаббускор дар арсаи ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шуд. Ин мавқеъ ва нақши фаъоли Тоҷикистон дар гузоришҳои ҷаҳонӣ ва хабарҳои байналмилалӣ бо суръати баланд паҳн ва таъкид гардид.

Бо ин роҳ, Тоҷикистон на танҳо муаммои маҳаллии худро ҳал мекунад, балки ҳамчун намунаи масъулияти ҷаҳонӣ ва ҳамкории созанда баромад мекунад. Баргузории Нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе нишон дод, ки Тоҷикистон на танҳо ба таври миллии бо буҳрони пиряхҳо мубориза мебарад, балки ҳамчун пешсафи ҳамоҳангсозии кӯшишҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ барои ҳифзи манбаъҳои муҳими обӣ ва таъмини устувории иқлим фаъол аст. Пешниҳодҳои Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси лабораторияи минтақавӣ ва стратегияи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, метавонанд дар оянда нақши калидӣ дар беҳтар намудани ҳолати иқлим ва рушди устувор дошта бошанд.

 

МАДИМАРОВА Гулҳаё,

ходими калони илмии

шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши давлатҳои Осиё ва Авурпои  АМИТ,

номзади илмҳои филология

БОЗГАШТ