Муаллиф: Камолов Камолидин
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: ҳамкориҳо тақвият меёбанд
11 марти соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Абдулло Ориповро, ки ҷиҳати ширкат варзидан дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот як қатор масъалаҳои вобаста ба ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дида баромада шуд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои Рӯзномаи ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ки кори худро дар Душанбе оғоз мекунад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо ишора ба афзоиши тиҷорати дуҷониба, ки ҳаҷми он дар соли гузашта ба зиёда аз 504 млн. доллари амрикоӣ расида буд, таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои ба маротиб зиёд намудани ин нишондод мавҷуд аст. Чи тавре Президентони кишварҳо қаблан дар мулоқоту вохӯриҳояшон иброз дошта буданд, ҳаҷми тиҷорат байни ду давлат дар солҳои наздик бояд ба як миллиард доллари амрикоӣ расонида шавад. Инчунин, таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, аз ҷумла тавлиди “нерӯи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” зоҳир гардид.
Баррасии роҳҳои густариши робитаҳои илмию техникӣ ва фарҳангию маърифатӣ низ аз мавзӯъҳои меҳварии суҳбат буд.
Дар партави густариш ва тавсеаи муносибатҳои муштараки судманди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ҷониби Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти саноати мошинсозӣ васлнамоии муштараки автомобилҳо ва тавлиди чархҳои онро роҳандозӣ намояд, иттилоъ медиҳад, хабарнигори ВАО-и ӯзбекистонӣ Podrobno.uz.
Ин масъалаҳоро рӯзҳои охир дар шаҳри Душанбе вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон Лазиз Қудратов ва вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бино ба иттилои маркази матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар ин дидор роҷеъ ба тавсеа ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва иҷрои тарҳҳои афзалиятноки сармоягузорӣ табодули назар сурат гирифт.
Ҷонибҳо аз ҷумла, масъалаи васли муштараки мошинҳо дар Тоҷикистон ва таъсиси истеҳсоли чархҳои мошинро дар заминаи корхонаи арзизи Тоҷикистон ТАЛКО дида баромаданд, ки маҳсулоти номбурда барои эҳтиёҷоти саноати мошинсозии Ӯзбекистон тавлид мешавад.
Иштироккунандагони маҷлис инчунин лоиҳаи сохтмони муштараки ду неругоҳи барқи обиро дар дарёи Зарафшон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ карданд.
Интизор меравад, ки сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ҳамтои ӯ Абдулло Орипов дар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ду кишвар оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба ҳайси ҳамраис ширкат намуда, масоили мухталифи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байни ду кишвар ва дурнамои онро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
Ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон то 12 март дар Тоҷикистон қарор хоҳад дошт.
Ташрифи ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ҳидоят ва аз номи Президенти ин кишвар, муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев ташкил карда шудааст.
Инчунин, аз суханони котиби матбуотии сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бекзод Ҳидоятов дар барномаи боздид чорабиниҳои дигар низ пешбинӣ шудааст.
Ҷаласаи қаблии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ бо ширкати нахуствазирон моҳи майи соли гузашта дар Тошканд баргузор шуда буд.
Сарчашмаҳои истифодашуда:
http://prezident.tj/node/32936, санаи муроҷиат 12.03.2024
https://podrobno.uz/cat/economic/uzbekistan-i-tadzhikistan-planiruyut-naladit-sovmestnoe-proizvodstvo-avtomobiley-i-shin/, санаи муроҷиат 12.03.2024
К.КАМОЛОВ
12.03.2024