Чу зар дурахшанда бар лоҷвард...
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Миср ҳамагӣ 28 сол умр доранд (1 апрели 1993 барқарор шуданд). Вале, бо вуҷуди ҷавонии муносибатҳои дипломатӣ байни Душанбе ва Қоҳира, таърихи робитаҳо байни тоҷикону мисриён ба ҳазорон сол пеш бармегардад ва будани санги лоҷварди бадахшӣ дар зеваролоти фиръавнӣ, аз ҷумла дар оромгоҳи фиръавни ҷавон Тутъанхомун (1342-1325 пеш аз мелод) далели ин гуфтаҳост. Ҳоло ганҷинаи Тутъанхомун, ки шомили беш аз 3500 шайъ аст, дар Осорхонаи миллии Миср воқеъ дар майдони Таҳрири Қоҳира қарор дорад ва чанде пас ба Осорхонаи нави бузурги Миср, ки сохтмони он дар наздикии Аҳромоти бузург дар Ҷиза ба итмом мерасад, интиқол хоҳад ёфт. Зимнан бояд гуфт, ки Осорхонаи нав, ки ба сохтмони он тақрибан 1 млрд доллари америкоӣ сарф шудааст, бузургтарин осорхона дар ҷаҳон хоҳад буд, ки танҳо ба як тамаддун ихтисос дорад. Пажӯҳишгарон бар онанд, ки лоҷварде, ки дар зеваролоти фиръавнҳо истифода шудааст, ба Мисри Бостон аз Бадахшон омадааст. Чунон ки маълум аст, истихроҷи лоҷвард дар Бадахшон таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва аз қадим ин санги кабудранг дар атрофу акнофи олам шуҳрат дошт. Мояи масаррати роқими ин сатрҳост, ки дар давоми маъмурияти дипломатиаш дар Миср, ки аз июли 2014 то апрели 2019 идома дошт, тавонист ин пайвандҳои таърихиро ба чашми худ бинад.
Ҷаҳондор Доро сипаҳ баргирифт...
26 октябри 2018 бино ба даъвати Вазири осори бостонии Миср Холид ал-Инонӣ дар ҳайате иборат аз гурӯҳи сафирони муқими Қоҳира аз воҳаи ал-Хориҷа воқеъ дар Саҳрои Ғарбии Миср боздид намудам. Воҳаи мазкур аз он ҷиҳат барои таърихи тоҷикон аҳаммият дорад, ки дар он осори зиёди марбут ба дудмони Ҳахоманишиён боқӣ мондааст. Аз ҷумла дар деворҳои парастишгоҳҳои фиръавнии Ҳибис ва ал-Ғувайта нақшҳо ва хартуши[*] шоҳи Эрон Дориёши I (550–486 пеш аз мелод)-ро метавон дид. Дориюши Бузург пас аз он ки Мисрро фатҳ намуд, худро фиръавни ин кишвар эълон кард. Ӯ фиръавни чаҳоруми дудмони 27-уми Мисри Бостон ба шумор меравад. Дар воҳаи ал-Хориҷа осори салафи Дориюши I шоҳ Комбизи II низ боқӣ мондааст. Бино ба манбаъҳои таърихӣ, Комбизи II, ки фиръавни якуми сулолаи 27-уми Мисри Қадим мебошад, дар роҳ аз воҳаи ал-Хориҷа ба сӯи воҳаи Сива, ки дар шимоли ғарби саҳрои Миср воқеъ аст, дар биёбон бо лашкараш дар соли 522 пеш аз мелод нопадид мешавад. Бояд гуфт, ки форсҳо боз ду бори дигар Мисрро фатҳ карда буданд: дар замони Ардашери III Ҳахоманишӣ (343-332 пеш аз мелод), ки сулолаи 31-уми Мисри Бостонро таъсис дод ва дар даврони Хусрави II Парвизи Сосонӣ (616-621 мелодӣ).
Хонандаи гиромӣ аз канали машҳури Суэз огаҳӣ дорад. Тарҳи оброҳи Суэзро дипломатӣ фаронсавӣ Фердинанд де Лессепс таҳия карда, сохтмони он соли 1869 ба поён расид. Канал 160 км дарозо дошта, баҳри Миёназаминро ба баҳри Сурх мепайвандад. Оброҳи Суэз имкон медиҳад, ки киштиҳои баҳрӣ, бидуни гузаштан аз ҷануби Африқо, мустақиман аз Аврупо ба Осиё ва баръакс шино кунанд. Даромади солонаи Миср аз канали Суэз 5 млрд доллари америкоиро ташкил дода, яке аз манбаъҳои аслии даромадҳои арзии кишвар ба шумор меравад. Дар ин замина бояд зикр намуд, ки бори нахуст дар таърих оброҳеро, ки баҳри Сурхро бо баҳри Миёназамин аз тариқи рӯди Нил ба ҳам мепайваст, фиръавни дудмони бистум Сенусерти III (солҳои 1888-1878 пеш аз мелод) канда буд. Баъдан бо сохтмон ва барқарорсозии оброҳ фиръавнҳои муқтадири Миср Рамсеси II ва Нехои II машғул буданд. Вале сохтмони комили оброҳро шоҳи Эрон Дориюши I, ки Мисрро фатҳ карда буд, тахминан дар соли 500 пеш аз милод ба итмом мерасонад. 6 августи 2015 дар Миср маросими ифтитоҳи шохоби дувуми канали Суэз баргузор шуд, ки дар он намояндагони 70 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла сафири Тоҷикистон, иштирок карданд. Оброҳи нави Суэз дар зарфи ҳамагӣ як сол канда шуд. Шохоби нав 72 км дарозо дошта, қад-қади канали аслии Суэз тӯл мекашад. Мисриён ба манзури амалисозии пружаи мазкур дар давоми ҳамагӣ ҳашт рӯз маблағи баробар ба 8,5 млрд доллари америкоиро аз тариқи харидории саҳом ҷамъ намуданд.
Рӯди Нил аст ин ҳадиси ҷонфизо...
Робитаҳо байни тоҷикону мисриён пас аз омадани ислом низ идома пайдо карданд. Дар пойтахти Миср дар рӯди Нил ҷазирае ҳаст бо номи Равза, ки дар соҳили ҷанубии он Нилсанҷ (Нилометр) воқеъ аст. Нилсанҷ аз ҷумлаи иншооти нодирест, ки таърихи сохтмони он ба замони оғози фатҳи Миср аз ҷониби арабҳо бармегардад. Ҳадаф аз бунёди Нилсанҷ андоза гирифтани сатҳи оби рӯд буд. Ин гуна иншооти обӣ, ки дар Миср таърихи беш аз панҷҳазорсола доранд, то замони муосир (то сохта шудани сарбанди бузурги Асвон дар соли 1964) дар он кишвар корбурд доштанд. Нилсанҷи ҷазираи Равза дар соли 715 мелодӣ сохта шуда, дар соли 815 мелодӣ бозсозӣ гардид, вале дар соли 850 мелодӣ дар натиҷаи обхезии калон вайрон шуд. Нилсанҷеро, ки то замони мо расидааст, ниёи тоҷикон Абулаббос Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Касири Фарғонӣ, ки дар Ғарб бо номи Алфраганус машҳур аст, бунёд кардааст. Соли 2007 дар назди Нилсанҷ тандиси Фарғонӣ қомат афрохт, ки ҳадяи Ӯзбекистон ба Миср аст.
Нилсанҷ аз чоҳи бузурге иборат аст, ки умқи он аз сатҳи Нил пойинтар аст. Чоҳ ба Нил тавассути се нақб, ки ҳар кадом дар баландиҳои гуногун ҷойгиранд, пайванд аст. 45 зинапоя, ки баландии ҳар кадом 24 см мебошад, то қаъри чоҳ сарозер мешаванд. Зинапояҳо имкон медоданд, ки сатҳи оби Нил зуд қироат гардад. Дар маркази чоҳ сутуни ҳаштгӯшаи мармарӣ қомат афрохтааст, ки дар болои он тири чӯби бузург хобидааст. Сутуни мазкур ба 19 оринҷ (1 оринҷ тақрибан ба ним метр баробар аст) тақсимбандӣ шудааст ва, бино бар ин, имкон медиҳад, ки сатҳи об то 9,5 метр андозагирӣ шавад. Тавассути Нилсанҷ андоза гирифтани сатҳи об барои ҳокимони Миср ва мардуми одӣ муҳим буд. Дар моҳҳои тобистонӣ Нилсанҷи Қоҳира барои танзими тақсими об ва муайян намудани мизони молиёте, ки бояд супорида шавад, истифода мегардид. Сатҳи матлуби оби Нил то аломати 16 оринҷ буд. Сатҳи камтар маънои хушксолӣ ё қаҳтиро дошт. Аммо сатҳи болотар ба маънои обхезии фоҷиабор буд.
Чунон ки дар боло ишора шуд, Нилсанҷро яке аз бузургтарин ситорашиносони қарни IX мелодӣ Абулаббос Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Касири Фарғонӣ бо дастури халифаи аббосӣ Мутаваккил сохтааст. Яке аз даҳонаҳои курраи Моҳ номи ӯро дорад (Алфраганус). Аҳмади Фарғонӣ дар Фарғонаи Фарорӯд дар соли 800/805 ба дунё омадааст. Ӯ солҳои вопасини худро дар Миср гузаронда, дар соли 870 дар он сарзамин дармегузарад. Асари машғури Фарғонӣ “Китобу ҷавомеъи ъилм-ин-нуҷум ва усул-ил-ҳаракат-ис-самовия” ҳанӯз дар қарни XII мелодӣ ба забони лотинӣ ва дар қарни XIII ба забони ибрӣ тарҷума шуда, дар Аврупо шуҳрати зиёд дошт. Дар фасли якуми китоби мазкур гоҳномаҳои арабӣ, сурӣ, румӣ, мисрӣ ва эронӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Аз шаҳривармоҳи қадим дар Қоҳира будем ...
Дар Қоҳира кӯчае ҳаст, ки номи шоир, мутафаккир ва ҷаҳонгарди машҳури тоҷик Носири Хусравро дорад. Зимнан бояд зикр кард, ки кӯчаҳои дигари пойтахти Миср низ номи ниёкони бузурги моро доранд. Масалан, яке аз кӯчаҳо дар маркази шаҳри Қоҳира дар соҳили зебоманзари рӯди Нил ба номи Ибни Синост. Сабаби ин номгузорӣ арҷгузории мисриён ба “Сафарнома”-и Носири Хусрав аст, ки бахши муҳимме аз он китоб ба тавсифи Миср ва шаҳрҳои он, аз ҷумла Қоҳира ихтисос дорад: “ва он (Қоҳира) шаҳре шуд, ки назири он кам бошад... Ва он осоиш ва амн, ки он ҷо (дар Миср) дидам, ҳеҷ ҷо надидам... Амну фароғати аҳли Миср бад-он ҳад буд, ки дӯконҳои баззозон ва саррофон ва ҷавҳариёнро дар набастандӣ.”
Аз “Сафарнома”-и Носир Хусрав огаҳӣ пайдо мекунем, ки дар замони Фотимиён қисме аз аҳолии Қоҳираро мардуми Эрону Фарорӯд ташкил медоданд. Масалан, Носири Хусрав дар “Сафарнома” аз лашкари султони Миср ҳикоят мекунад, ки эрониён низ ҷузви он буданд: “ва гурӯҳеро машориқ мегуфтанд ва эшон туркон буданд ва аҷамиён. Сабаб он ки асли эшон тозӣ набудааст, агарчи эшон бештар ҳамон ҷо дар Миср зодаанд, аммо исми эшон аз асл муштақ бувад. Гуфтанд эшон даҳ ҳазор мард буданд азимҳайкал.” Гузашта аз ин, яке аз 10 маҳаллаи Қоҳира, бино бар “Сафарнома”, дар он замон “ҳорат-уд-даёлима” (маҳаллаи дайламиён) ном доштааст. “Сафарнома”-и Носири Хусрав дар Миср ба арабӣ тарҷума ва чоп шудааст.
Чунон ки маълум аст, Қоҳира дар соли 969 дар замони ҳукумати сулолаи Фотимиён, ки пайравони мазҳаби исмоилӣ буданд, бунёд ёфтааст. Азҳари Шариф низ, ки моҳи апрели соли гузашта 1050-сола шуда буд (панҷ сол пеш ба муносибати 1045-солагии он байни ман, ба сифати сафири Тоҷикистон, ва Шайхи Азҳар мукотиба сурат гирифта буд), дусад соли аввал исмоилӣ буда, танҳо пас аз омадани Салоҳиддини Айюбӣ ба муассисаи суннӣ табдил мегардад. Имоми ҳаштуми Фотимиён Ал-Мустансир Биллоҳ (1036-1094) мутафаккир ва ҷаҳонгарди бузурги мо Носири Хусрави Қубодиёниро ҳангоми сафараш ба Миср ба ҳузур пазируфта, ба зиммаи ӯ “ҳуҷҷати ҷазираи Хуросон”-ро вомегузорад (Мухтори имоми аср гаштам, / Чун тоату дин шуд ихтиёрам). Ногуфта намонад, ки пеш аз Носири Хусрав файласуф ва олими бузурги дигари мо - Абунасри Форобӣ низ муддате (солҳои 948-949) дар Миср зиста буд.
Ёд бод он шаб, к-он шамсаи хубони Тароз...
27 октябри 2014 набераи вопасин амири Бухоро аз Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира боздид кард. Номи набераи амир Муборак Насруллоҳ Мубашшири Тарозӣ аст. Ӯ дар соли 1950 дар Қоҳира ба дунё омада, дар гузашта дар вазифаи мудири кулли идора дар Вазорати тиҷорат ва саноати Миср кор кардааст. Баргузории мулоқоти мазкурро сафири Афғонистон дар Миср Фазлурраҳмон Фозил, ки дар бораи аҳвол ва осори падарбузургу падари Муборак Тарозӣ пажӯҳиши илмӣ анҷом додааст, тавсия намуда буд. Дар зер фишурдаи таърихе, ки набераи амир бароям қисса кард, меояд.
Бобои меҳмони мо аз тарафи падарӣ олими шинохтаи қарни XIX-XX, шайхулқузот Мубашширхони Тарозии Ҳусайнӣ мебошад, ки пас аз омадани болшевикон ба Осиёи Марказӣ дар соли 1929 ба Афғонистон ҳиҷрат карда буд. Мубашширхон дар шаҳри таърихии Тароз, ки “аҳли он ба камоли ҳусн шуҳраи офоқанд” ва ҳоло ҷузви қаламрави Қазоқистон аст, зода шудааст. Подшоҳи Афғонистон Мубашширхони Тарозиро хуш пазируфта, ӯро ба вазифаи Раиси Девони подшоҳӣ дар масъалаҳои муносибатҳои хориҷӣ таъйин менамояд. Мубашширхон дар Афғонистон 20 сол (аз соли 1929 то 1949) зиндагӣ мекунад. Аммо панҷ соли охирини иқомат дар Афғонистонро ӯ зери фишори Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳабси хонагӣ дар қасри подшоҳӣ мегузаронад (фаъолиятҳои сиёсии ӯ дар Кобул боиси нигаронии зиёди Москва буд). Дар натиҷа хонаводаи Тарозӣ водор мегардад, ки январи соли 1950 аз тариқи Покистон ба Миср ҳиҷрат кунад. Мубашширхони Тарозӣ пири тариқати нақшбандия низ будааст. Ӯ соли 1977 вафот карда, дар Қоҳира дар гӯристони хонадони Тарозӣ дар паҳлӯи пирони тариқати нақшбандия ба хок супорида мешавад.
Падари меҳмони мо Насруллоҳ Мубашшири Тарозӣ аст, ки солҳои зиёд ба сифати мутахассиси дастхатҳо дар Дорулкутуби Қоҳира ва устоди забонҳои шарқӣ дар донишгоҳҳои Миср кор кардааст. Ҳангоми иқомат дар Афғонистон Донишгоҳи Кобулро дар риштаи забон ва адабиёти форсӣ хатм карда, муддате ба сифати мударрис дар яке аз мадрасаҳои Кобул кор мекунад. Насруллоҳ Тарозӣ хабари дар соли 1991 ба истиқлоли давлатӣ расидани ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро бо ҳаяҷони зиёд қабул намуда, ба ин муносибат намоз мегузорад. Ба гуфтаи меҳмони мо, бобову падари ӯ пайваста дар фикри Ватан буданд (меҳри хоссаи меҳмони мо низ ба сарзамини аҷдодиаш дар рафтори ӯ ҳангоми боздидаш аз Сафорат зоҳир гардид. Ӯ аснои даромадан ба ва баромадан аз толори пазироии Сафорат дар рӯбарӯи портрети Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди афсарони мисрӣ қомат рост карда, бо овардани дасти рост ба канори пешонии сар арзи эҳтиром ба ҷо меорад. Илова ба ин, хоҳиш мекунад, ки ба ӯ парчами Тоҷикистон туҳфа гардад). Насруллоҳ Тарозӣ соли 2002 дар Қоҳира чашм ба дунё мепӯшад.
Насруллоҳ Тарозӣ дар таърихи муосири Миср нақши арзанда дорад. Ӯ нахустин касе буд, ки васиқаи усмониро, ки ба Миср тааллуқ доштани шаҳри Тобо дар шибҳҷазираи Синоро исбот мекунад, ба забони арабӣ тарҷума намуд. Дар асоси санади мазкур Девони байналмилалии додгустарӣ дар бораи бозгашти Тобо аз Исроил ба Миср ҳукм содир кард. Ӯ инчунин васиқаи сохтмони канали Суэзро аз забони туркии усмонӣ ба забонҳои туркӣ ва арабӣ тарҷума кард. Санади мазкур тафсилот ва шароити сохтмони канали Суэз дар аҳди хидев Исмоилро тавзеҳ медиҳад. Аз ӯ даҳҳо китобу мақолаҳои илмӣ ба забонҳои форсӣ, туркӣ ва арабӣ, девони ашъори форсӣ ва туркӣ, қиссаву ривоятҳои форсӣ боқӣ мондаанд. Вай “Таърихи Бухоро”-и Наршахиро ҳамроҳ бо устод Амин Абдулмаҷиди Бадавӣ аз форсӣ ба арабӣ тарҷума карда, ба он муқаддима ва таълиқ навиштааст. Он китоб дар Қоҳира дар соли 1993 ба чоп расид. Феҳрасти дастхатҳои форсӣ ва туркиро тартиб додааст. Барои хидматҳои барҷастаи илмиаш Раисҷумҳури Миср Ҷамол Абдунносир ба Насруллоҳ Тарозӣ дар соли 1964 ба таври истисноӣ шаҳрвандии мисрӣ эъто намуд.
Бобои меҳмони мо аз ҷониби модарӣ вопасин амири Бухоро Сайид Муҳаммади Олимхон мебошад. Модари Муборак Тарозӣ духтари калонии Амир Олимхон - Муҳаррама Моҳбегим будааст. Бобокалони дигари меҳмони мо бо номи Бузургхон вопасин ҳокими Туркистони Шарқӣ (ҳоло Ноҳияи Худмухтори Синҷон-Уйғури Чин аст) будааст. Бузургхон аз дудмони Офоқхоҷаҳо буда, пойтахти давлати сулолаи мазкур шаҳри Кошғар буд. Мазори Офоқхоҷаҳо дар Кошғар ҳоло яке аз саёҳатгоҳҳои он шаҳр ба шумор рафта, дарвозаи мазор, равоқи масҷиди ҷомеъ ва сангҳои қабри Офоқхоҷаҳоро катибаҳои зиёди форсӣ оро медиҳанд (Дар ин кори накӯ ҳар кас, ки мебандад камар, ё Раб / Барои хидматаш меёфт ду боғ дар ҷаннат – яке аз он катибаҳо). Замони маъмурияти дипломатиам дар Чин аз ин мавзеи таърихӣ дидан карда будам ва чанд аксе ҳам гирифтам.
Дониш, аз тарки ҷаҳон ҳоли ту осуда нашуд ...
Субҳи офтобии 18 феврали 2019 дар саҳни меҳмонхонаи Марриотти Қоҳира бо бародарон Одил Дониш (соли таваллудаш 1949) ва Шариф Дониш (соли таваллудаш 1946) мулоқот кардам. Он ду нафар узви хонадони Донишҳо дар Миср ҳастанд, ки насабашон, бино ба ривояти онҳо, ба шахсе мерасад, ки ӯро Хоҷа Аҳмади Дониш меноманд. Хоҷа Аҳмади Дониш дар қарни XIX аз Бухоро ба Миср омада, дар ин кишвар бо як зани мисрӣ издивоҷ мекунад. Аз издивоҷи Хоҷа Аҳмади Дониш ва он зан, ки номаш маълум нест, се писар - Муҳаммад, Абдурраҳмон ва Маҳмуд ба дунё меоянд. Бародарон Одил ва Шариф наберагони писари якуми Хоҷа Аҳмади Дониш – Муҳаммади Дониш (соли вафоташ 1946) мебошанд. Одил Дониш пажӯҳишгар дар Маркази илмии IBM дар Париж буда, ҳамзамон раиси ширкати Рустоҳои ҳушманд (Smart Villages Company) аст.
Бино ба ривояти мусоҳибони ман, Хоҷа Аҳмади Дониш пас аз чанд соли зиндагӣ дар Миср кишварро тарк карда, бе ҳамсару фарзандонаш ба Бухоро бармегардад. Ҳамсару фарзандони Хоҷа Аҳмади Дониш дар шаҳри Танто, ки дар минтақаи делтаи Нил воқеъ аст, ба сар бурда, дар он шаҳр такияи хонаводагии худро таъсис медиҳанд. Бухороиёне, ки роҳашон дар он солҳо аз Миср мегузашт, одатан дар он такия (хонақоҳ) таваққуф мекарданд. Одил ва Шариф Дониш таъкид намуданд, ки дар хонаводаи онҳо дар гузашта пухтани таомҳои ғайримисрӣ, ба монанди лағмон ва палов, маъмул буд, ки ба бухороӣ будани ҷадди бузурги онҳо далолат мекунад. Бино ба гуфтаҳои Одил ва Шариф Дониш, эҳтимоли қавӣ вуҷуд дорад, ки ҷадди бузурги онҳо - Хоҷа Аҳмади Дониш ҳамон олим ва мутафаккири номдори қарни XIX-и тоҷик Аҳмади Дониш аст. Барои тақвияти гуфтаҳои худ мусоҳибони ман акси бобои худ – Муҳаммадро, ки писари Хоҷа Аҳмади Дониш аст, нишон доданд. Дар ҳақиқат байни акси Муҳаммади Дониш ва сурати машҳури Аҳмади Дониш, ки дар байни ду нафар дарбории манғитӣ ва як нафар афсари рус ҳангоми сафар ба Санкт-Петербург тасвир ёфтааст, шабоҳатҳои зиёди барҷаста ба чашм мерасад.
Дар байни хонадони Донишҳо дар Миср аҳли илму ҳунар бисёр аст ва ба гуфтаи мусоҳибони ман, алоқаи хонадони онҳо ба илму ҳунар ирсӣ буда, ба сарсулолаи онҳо - Хоҷа Аҳмади Дониш бармегардад. Гузашта аз ин, яке аз наберагони Хоҷа Аҳмади Дониш – Рашод Дониш ба вазифаи сафири Миср дар Малайзия таъйин шуда буд. Ба писари Хоҷа Аҳмади Дониш – Муҳаммад, азбаски дар Миср зода шуда буд, бо фармони подшоҳи вақти Миср Форуқ шаҳрвандии мисрӣ дода шуда буд. Дар поёни мулоқот Одил ва Шариф Дониш таъкид намуданд, ки ҷиҳати ёфтани ҳақиқат дар масъалаи пайванди хонадони онҳо бо Аҳмади Дониш тамоми васиқаву санадҳоеро, ки аз Хоҷа Аҳмади Дониш дар хонадони онҳо маҳфуз аст, бори дигар аз назар гузаронда, натиҷаи он ковишро ба таваҷҷуҳи ин ҷониб хоҳанд расонд. Дар ин росто онҳо ният доранд, ки дар замони муносиб аз Бухоро ва Душанбе низ боздид кунанд.
Чунон ки медонем, дар осоре, ки аз Аҳмади Дониш боқӣ мондааст, сухане аз сафари ӯ ба Миср нест. Вале дар “Наводир-ул-вақоеъ”-и ӯ қиссаи ҷолибе ҳаст, ки “Дар ҳикояти ҳоҷӣ ва манофеи сафар ва хислати занон” унвон дорад. Он чизе ки дар он ҳикоя дар робита ба мавзӯи мо ҷалби таваҷҷуҳ мекунад, ҳамоно сафари қаҳрамони аслии он ҳикоя ба Миср ва муоширати ӯ бо занони мирсӣ буд. Аз сӯи дигар, дар назар бояд дошт, ки Аҳмади Дониш олими дин ҳам буд ва чун қоида ин тоифа мардум ба ҳаҷ мерафтанд ва Миср яке аз истгоҳҳои муҳим аснои сафари ҳоҷиён буд, ки масири мазкурро Носири Хусрав дар “Сафарнома” батафсил баён кардааст. Дар ҳар сурат посухи қатъиро дар бораи нисбати хонадони мисрии Донишҳо ба Аҳмади Дониши Бухорӣ омӯзиши санадҳои бозмондаи Хоҷа Аҳмади Дониш ва таҳлили DNA дода метавонад. Вале, мутаассифона, оромгоҳи аллома Аҳмади Дониш бар асари бозсозиҳо дар зодгоҳаш Бухоро аз байн рафтааст. Зимнан бояд арз кард, ки таҳлили DNA собит сохтааст, ки дар раги аберагони Хоҷа Аҳмади Дониш дар баробари хуни қибтӣ (мисрӣ) хуни мардумони Осиёи Марказӣ низ ҷорист.
Чу аз Наврӯз гардад ин ҷаҳон нав ...
Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира ҳар сол ба муносибати ҷашни Наврӯзи ҷаҳонафрӯз базми идона барпо мекард. Ба маҳфилҳои наврӯзии Сафорат шахсони расмӣ, аҳли адаб ва фарҳангу ҳунар, рӯзноманигорону соҳибкорони кишвари маҳалли иқомат, инчунин сафирони кишварҳои хориҷӣ ва шаҳрвандони тоҷики муқими Миср даъват мешуданд. Сафири Тоҷикистон дар сухани шодбошӣ аҳли толорро ба муносибати фаро расидани Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда, аз маншаъ, моҳият ва арзишҳои волои ҷашни мазкур, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон чун ҳазорон сол пеш “бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб” таҷлил мегардад, ёд мекард. Рамзҳои наврӯзӣ, аз қабили бисоти сабзаву суфраи «Ҳафт син», ки толори зиёфатро оро медоданд, дар маркази таваҷҷуҳи ҳамагон қарор мегирифтанд. Гузашта аз ин ба ҳар меҳмони ҷашн китобчаи мусаввар, ки аз фишурдаи мақолаи донишманди тоҷик Акбар Турсон “Фарҳанги Наврӯз ва ормонҳои СММ” иборат буд, тақдим мегардид. Рӯзномаҳои мисрӣ дар бораи баргузории ҷашни Наврӯз дар Қоҳира хабару мақолаҳо мунташир мекарданд. Бузургдошти Наврӯзи бостонӣ дар Қоҳира пайванди ҳамешагӣ ва ногусастании фарҳанги тоҷикон бо Наврӯзро ба ҷомеаи мисрӣ ва меҳмонони базм таъкид менамуд.
Ба мушоҳида мерасид, ки мисриён ба Наврӯз алоқаи хоссе доранд ва ин бесабаб нест. Дар миёни қибтиёни Миср, ки масеҳиёни бумии кишвар мебошанд, иде ба номи Нирӯз ҳаст, ки дар аввали соли қибтӣ дар рӯзи якуми моҳи тут баргузор мешавад. Дар ин рӯз, ки ба 11 сентябр рост меояд, мавсими обхезии рӯди Нил ба авҷи худ мерасад ва аз ҳосилхезии соли нав мужда медиҳад. Мисриён дар ин ҷашн маросиме назири эрониёни қадим доранд, монанди барафрӯхтани оташ ва рехтани об. Шояд ин идро мисриёни қадим аз эрониён гирифта бошанд, чун аз замони Комбиз – дувумин шоҳи Ҳахоманишӣ (539-522 пеш аз милод) Миср ба тасарруфи Эрон даромад, то он ки ҳамлаи Искандари Мақдунӣ ба ҳокимияти сулолаи Ҳахоманишӣ хотима дод (330 пеш аз милод). Вале ба ривояти дигар, Нирӯз вожаи қибтист, ки маънояш “рӯдҳо” аст ва ба фаязони рӯди Нил дар оғози соли нави қибтӣ ишора дорад.
Бо Наврӯз дар Миср боз як падидаи нуҷумӣ рабт дошта метавонад. Офтоб ҳар сол ду бор 21 март ва 21 сентябр, яъне дар рӯзи эътидоли баҳорӣ ва эътидоли тирамоҳӣ ба сурати амудӣ ба чеҳраи муҷассамаи бузурги Абулҳавл (Сфинкс) метобад, ки дақиқан баробар бо аввали фарвардину ҷашни Наврӯз ва ҳамчунин аввали фасли тирамоҳи эронист. Кашфи мазкур нишон медиҳад, ки мисриёни қадим тасодуфан сахраеро барои тарошидани пайкари Абулҳавл интихоб накардаанд, балки ба таври дақиқ ва бо муҳосиботи илмӣ ин сахраро бо таваҷҷуҳ ба гардиши солонаи Замин ба даври Офтоб баргузидаанд. Ногуфта намонад, ки тандиси Абулҳавли бузург, ки дар назди Аҳромоти бузурги Ҷиза воқеъ аст, ҳадди ақал 4,5 ҳазор сол таърих дошта, сохтмони онро ба фиръавни сулолаи чаҳоруми Мисри Бостонӣ Хафраъ нисбат медиҳанд, ки ӯ тақрибан дар солҳои 2558-2532 пеш аз мелод фармонфармоӣ кардааст.
Поёни сухан
Феврали 2007 нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардид, ки дар он бастаи санадҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар арсаҳои гуногун ба имзо расид. Яке аз натиҷаҳои муҳимми он боздиди таърихӣ ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳира октябри 2007 буд, ки он нахустин намояндагии дипломатии кишвари мо дар ҷаҳони араб гардид.
Хусрав Нозирӣ
Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
[*] Хартуш – чаҳоргӯшаест, ки кунҷҳояш доирашакл аст ва даруни он номи фиръавн навишта мешуд.