ТТЭ ҲНИ - душмани манфиатҳои миллӣ

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Аз ибтидои фаъолият барои саркардагону бунёдгузорони ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ даъвати издиҳом ба  исломи дорои мазҳабу равияи бегона, ки аз усулҳои фарогир намудани идеологияи бегона, пайванди дин бо сиёсатро дар бар мегирифт, дар асоси нақшаҳои манфиатҷӯ ва тахрибии тарҳрезинамудаи хоҷагонашон, махсусан тавсияву дастурҳо ва адабиёти саркардагони ҳаракати экстремистии “Ихвон-ул-муслимин”, ки тариқи эмиссарҳояшон ворид мегардиданд, ба амал бароварда шуда буд.
  Бар пояи заиф гардидани Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон аз нуқтаи назари муҳити диниву мазҳабӣ нисбат ба дигар кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ осебпазир маҳсуб меёфт, чунки он замон таъсис додани ҳаракату гурӯҳҳои динӣ бо ташаббуси рӯҳониёни наҳзатӣ аз мадди назар дур набуд. Ақоиди ба сиёсат пайваст намудани ислом ҳанӯз дар охири солҳои 70-ум ва ибтидои солҳои 80-уми асри гузашта дар зеҳни наҳзатиҳо, ки дар шакли “давра”-ҳои пинҳонӣ амал менамуданд, ба вуҷуд омада буд. Яке аз аввалин чунин давраҳо дар хонаи ҳоҷӣ Қаландари Садриддин дар шаҳри Бохтар мавҷуд буд.
  Рӯҳониёни наҳзатӣ бо мақсади ворид гардидан ба арсаи сиёсат ва мақоми хоса пайдо намудан дар ҷомеа, худро эҳёгарони дини исломӣ муаррифӣ менамуданд. Чи тавре ки аз муҳтавои суханрониҳояшон дар минбарҳои масоҷиду ҳамоишҳояшон маълум гардид, наҳзатиён таҳти таъсири баъзе кишварҳои хориҷии мусалмонӣ солҳо қарор дошта, мақсади ғасби ҳокимият ва таъсиси давлати исломиро доштаанд.
  Пас аз расман қайди ном кардани ҳизб, наҳзатиҳо дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар ширкат намуда, ба таври ғайриошкоро фаъолияти тахрибии худро, мисли фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои исломии тундгаро – “Ихвон-ул-муслимин”, ки дар он солҳо хилофи ҳукумат баромада, мақсади бунёди халифати исломиро дошт, роҳандозӣ менамуданд.
  Дар солҳои 1992 барои густурдани фаъолияти тахрибкоронаи худ наҳзатиён тавонистанд ба ном Иттиҳоди мухолифини тоҷикро, ки (асосан аъзоёни наҳзат бо идеологияи исломгароӣ) аз намояндагони гурӯҳҳои тундгаро иборат буданд, таъсис диҳанд. Мухолифин оқибат мардумро гумроҳ намуда тавонистанд, ҷомеаро ба гирдиҳамоиҳо, мубориза бар зидди ҳукумати вақт ва ба даст овардани ҳокимият даъват намоянд. Дар муддати кӯтоҳ наҳзати исломӣ бо дастгирии ҳамаҷонибаи доираҳои манфиатдори баъзе кишварҳои мусалмонӣ аз як ҳаракати ислоҳталаб ба як созмони динӣ мубаддал гашт ва имкони бар зидди ниҳодҳои ҳукумати вақт муқовимат нишон доданро пайдо намуд.
  Баъди фаъол гардидан дар гирдиҳамоиҳо дар шаҳри Душанбе наҳзатиён нуқтаи алангаи худро дар маркази водии Вахш, шаҳри Қурғонтеппа фарогир намуда, болои мақомоти ҳукуматӣ фишор меоварданд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар водии мазкур наҳзатиён тавонистанд мардуми бегуноҳро дар ҷойҳои махсуси интихоб намудаашон, махсусан “Ҳаммоми совхози Туркистон” зери азобу шиканҷа ва бераҳмӣ қарор дода, ба як ваҳшоният ба қатл расонанд.
Дар соли 1993 баъд аз шикаст хӯрдан ба Афғонистон фирор намуда, аз кишвари ҳамсоя истода, дар Тоҷикистон амалҳои тахрибкоронаи худ, амалӣ намудани амалҳои террористиро нисбати ашхоси зиёӣ, кормандони ҳукуматӣ ва дигарон идома медоданд.
  Бо вуҷуди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ, дубора аз қайди расмӣ гузаштан ва ба даст овардани 30% мақом дар мансабҳои давлатӣ ва эътирофи давлати дунявӣ, онҳо аҳдшиканона фаъолияти тахрибкоронаи худро ба таври пинҳонӣ бар зидди сиёсати Тоҷикистон давом дода, барои ноором сохтани вазъ даст ба амалҳои террористӣ мезаданд. Илова бар ин, нашрияи расмии наҳзати исломӣ “Наҷот” интишоркунандаи ҳадафҳои сиёсӣ ва маводи хусусияти таблиғоти идеологияи бегонаро дошт.
  Ташкилоти мазкур он замон дар маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла дар интихоботҳои парлумонӣ ва президентӣ иштирок намуда, ба комёбӣ ноил намегардид. Масалан, наҳзатиҳо  дар интихоботи парлумонӣ дар соли 2005 бо ба даст овардани ду ҷой,  натиҷаҳои интихоботиро эътироф накарданд. Айнан чунин натиҷагирӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015 сурат гирифт. Пас аз нокомӣ дар интихоботи навбатии парлумонӣ моҳи марти соли 2015, роҳбарият ва якчанд аъзоёни фаъоли ТТЭ ҲНИ ба хориҷа фирор мекунанд.
  Чи тавре ки дар боло қайд карда шуд, наҳзатиёни ноком дар шаби 4-уми сентябри соли 2015 даст бо ошӯби мусаллаҳона зада, хостанд вазъро дар Тоҷикистон ноором созанд. Вале, нақшаи тахрибии пешакӣ тарҳрезинамудаи наҳзатиҳо бо шарофати мақомоти қудратии кишвар амалӣ нагардид. Моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти наҳзати исломӣ мамнӯъ ва он созмони эктремистӣ-террористӣ эълон гардид.
  Бо вуҷуди ин ҳама, саркардагону пайравони ТТЭ ҲНИ бо дастури хоҷагони хориҷии худ, бо таъсиси созмони ба ном “Паймони миллӣ” (гӯё зери номи ин созмон наҳзати исломӣ фаъолияти ифротгароии худро ошкор насохта, амалҳои террористии анҷомдодаашро пинҳон карданист) ва таъсиси сомонаҳо дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ фаъолияти тахрибкоронаи худро бо дастгирии ҳамон хоҷагони манфиатхоҳ бар хилофи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кунунии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
  Бояд зикр намуд, ки мувофиқи таҳлилҳои коршиносон бо ивази ном ТТЭ ҲНИ нақшаву алоқаҳои ифротгароёнаашро бо дигар ташкилоту созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ тағйир надодааст. Маҳз дар ҳамин масъала коршиносон иброз доранд, ки бозӣ доронидани ТТЭ ҲНИ бо таъсиси созмони нав, дар мисоли ПМТ ва ғайра, метавонад ба пайомадҳои ғайри дилхости аврупоиҳо оварда расонад, чун наҳзат тарғибгари афкори бегона буда, чунин ҳолат борҳо такрор ёфтааст.  
  Тибқи қонунгузории амаликунандаи имрӯзаи Тоҷикистон фаъолияти созмони ПМТ (ифодакунандаи афкори наҳзатиён) ва сомонаҳои интернетии ба он хос тарғибкунандагони идеологияи террористӣ ва ифротгароидошта маҳсуб ёфта, ҳамчун таҳдид ба фазои иттилоотӣ ва амнияти кишвар мебошад. Аз ҷумла, маводи иттилоотии фарогиркунандаи наҳзатиҳо дар фазои маҷозӣ мақсадҳои зеринро дорост:
  1. Паҳн намудани маводи иттилоотии иғвоангезу дасисабоз барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ, мазҳабӣ дар ҷомеа ва бо роҳи зӯроварӣ ё даъват ба гирдиҳамоиҳо ноором сохтани вазъ ва тағйир додани сохти конститутсионӣ.
  2. Дар байни мардум водор намудани ҳисси бадбинӣ нисбати давлату давлатдории сохти дунявӣ ва ходимону намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ.
  3. Зоҳиран даъвои ҳақиқату сиёсат кардани наҳзатиҳо бо сӯйистифода аз демократия.
  4. Паст задани шаъну шарафи миллати куҳанбунёди тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ.
  5. Таъсис додани гурӯҳҳои ҷиноятӣ бо мақсади амалӣ намудани амалҳои тахрибкорона, даҳшатфиканӣ ва ғайра.
  Ҳамин тавр, аз натиҷаи таҳлили фаъолияти тахрибкоронаи наҳзати исломӣ бармеояд, ки ба сиёсат пайваст намудани дин ва фарогир намудани ғояҳои бегона хилофи давлатдории дунявӣ ва манфиатҳои миллӣ мебошад. Бинобар ин, ҳар як сокини кишварро зарур аст ба ғояҳои ифротии бегонапарастонаи иддае, ба мисли ТТЭ ҲНИ бетарафӣ нишон надода, барои нигоҳ доштани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мубориза баранд.
 
Акбар Салимов, пажӯҳишгар
бознашр аз газетаи ИмрӯзNews, №68 (2467) аз 06 майи соли 2022

БОЗГАШТ