Ҳукумати Япония барои пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона мерасонад

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

Ҳукумати Япония дар доираи  «Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ» ҷиҳати  мубориза бо  COVID-19 ба Тоҷикистон  кумаки башардӯстона мерасонад. Кумаки мазкур  600 млн. йени япониро дар бар гирифта, он ҳамчун маблағи грантӣ маҳсуб мешавад.
Ин масъаларо  вакилон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баррасӣ намуданд.
Зимни баррасии  ин масъала таъкид гардид, ки  санади  мазкур  аз  ҷониби  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуда,  харидорӣ ва дастрас намудани таҷҳизоти замонавӣ аз тарафи Ҳукумати Япония баҳри пешгирӣ ва мубориза бо  COVID-19  дар мамлакат  ниҳоят муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Дар ҷаласа зикр шуд, ки  сар задани бемории COVID-19 бори дигар нишон дод, ки на ҳамаи сохторҳои тандурустии мамлакат ба ҳолатҳои ғайричашмдошт омода мебошанд ва омили мазкур, аз ҷумла бо дарназардошти нарасидани мутахассисони касбӣ дар минтақаҳои дурдаст, ҳолати ғайричашмдошти якчанд инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ, норасоии таҷҳизоти зарурӣ ва ташхисгоҳҳои замонавӣ, инчунин нокифоя будани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии пурраи тиббӣ ба амал омадааст.
Баромадкунандагон ёдовар шуданд, ки қисми зиёди таҷҳизот ва ташхисгоҳҳо аз замони шӯравӣ то имрӯз мавриди истифода қарор доранд ва бо тағйир ёфтани стандартҳои ҷаҳонӣ, пайдо шудани усулҳои нави ташхису  табобат хизматрасонӣ ва ёрии тиббӣ тақозои татбиқи маҷмӯӣ талаб менамояд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш зимни мулоқот бо  Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин  иброз дошт, ки   «Япония яке аз муҳимтарин шарикони рушди Тоҷикистон аст. Ҳамкории гуногунҷанба дар соҳаҳои мухталиф, ки барои ҷумҳурии  мо аҳамияти муҳим  дорад, ба роҳ монда шудааст. Мо аз кумакҳои Япония дар соҳаҳои зерсохторӣ, тандурустӣ, беҳдошт, некӯаҳволии ҷомеа, омӯзиш ва рушди малакаҳо дар доираи Кумаки расмии рушд (ODA) миннатдорем».
«Бояд зикр  кард, ки таълим ва рушди захираҳои инсонӣ яке аз самтҳои авлавиятноки стратегӣ дар Тоҷикистон мебошанд. То кунун беш аз 2250  мутахассис аз Тоҷикистон дар давраҳои гуногуни бозомӯзӣ дар Япония таҳсил карданд. Аз соли 2009 ин ҷониб лоиҳаи Стипендияи рушди захираҳои инсонӣ аз ҷониби Барномаи кумаки Япония (JDS) тавассути рушди нерӯи мутахассисони ҷавон дар бахшҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисодиёт ва менеҷмент саҳми арзанда гузошта истодааст»,-афзуд Сироҷиддин Муҳриддин.
Ҳамчунин зикр шуд, ки  бемории COVID-19 мушкили тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, пирӯзӣ бар он саъю кӯшиши дастаҷамъонаи ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро талаб мекунад. Зеро бар асари ин бемории ҳамагир ҳазорон нафар дар саросари дунё ҷони худро аз даст доданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита зикр кард, ки дар Тоҷикистон бинобар андешидани чораҳои  зарурии Ҳукумати мамлакат ва мусоидати аҳолӣ  шумораи гирифторони  COVID-19 кам шуд. Мутаасифона COVID-19 дар тамоми ҷаҳон паҳн шуда, таъсири худро расонид. «Бинобар ин, барои аз байн бурдани ин вирус бояд тамоми кишварҳо якҷо кор кунанд, зеро танҳо дар ин ҳолат мо метавонем бар он ғолиб шавем»,- таъкид намуд Такаюки Мияшита.

https://khovar.tj/2020/12/ukumati-yaponiya-baroi-peshgir-va-muboriza-bo-covid-19-ba-to-ikiston-kumaki-bashard-stona-merasonad/ 

БОЗГАШТ