ҚУЛЛАҲОИ БАЛАНДИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ОЛМОН

Муаллиф: ИОМДОА

Расм

  Бояд зикр намуд, ки 27 ноябри соли 2022 ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини аввали нахуствазир Давлаталӣ Саид барои баргузории музокироти байниҳукуматӣ ва ширкат дар форуми соҳибкорони Тоҷикистону Олмон аз шаҳрҳои Берлин, Ҳамбург ва Любек дидан карданд.
  Дар ин сафар Давлаталӣ Саидро роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, намояндагони бонкҳои давлатию тиҷоратӣ, бахши хусусӣ ва соҳибкорони ватанӣ ҳамроҳӣ карданд.
  Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба Берлин бо раҳбарияти як қатор вазоратҳои федералии Олмон мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.
 
                                                                                        

  Давлаталӣ Саид ҷиҳати баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо бо директори иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Майкл Ҳармс мулоқот намуд.
  Азбаски, Тоҷикистон дорои захираҳои ғании канданиҳои фоиданок дорад, дар Берлин мизи мудаввар дар мавзӯи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон бо иштироки вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва ширкатҳои бонуфузи сармоягузорӣ баргузор шуд.
  Шералӣ Кабир дар суханронии худ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба манобеи ғании табиии маъдан ва ғайри маъдании кишвар ҷалб карда, аз сармоягузорони олмонӣ даъват кард, ки барои истифодаи муассир аз ин имконот бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд.
  Бо роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҳоким Холиқзода дар Ассотсиатсияи бонкҳои Олмон мизи мудаввар бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳои байнибонкӣ баргузор гардид. Ногуфта намонад, ки мулоқотҳои раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбарияти бонкҳои Тоҷикистон бо намояндагони бонкҳои бонуфузи Олмон баргузор гардиданд.
  Азбаски шаҳри бандарии Ҳамбург яке аз шаҳрҳои доротарини Олмон ба ҳисоб меравад, рамзист, ки дар ин шаҳр ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Олмон бо ширкати беш аз 65 ширкати бонуфузи олмонӣ ва аврупоӣ ва 40 намояндаи бахши хусусии ватанӣ баргузор гардид.
  Чорабинии иқтисодиро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ифтитоҳ намуд.
  Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода имконоти иқтисодиву тиҷоратӣ, гидроэнергетикӣ, логистика, сармоягузорӣ ва сайёҳии кишварро муаррифӣ кард. Аз ҷумла, ба соҳибкорон дар бораи фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, лоиҳаҳо, тадбирҳои дастгирии соҳибкорӣ ва имтиёзу имкониятҳои аз ҷониби ҳукумати кишвар пешниҳодшуда маълумоти зарурӣ расонида шуд.
  Дар натиҷаи анҷумани соҳибкорони ҷониби Тоҷикистон бо ширкатҳои олмонӣ ва аврупоӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, коркарди маъданҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир барои бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба маблағи беш аз 600 миллион евро созишнома ва ёддоштҳо ба имзо расонида шуданд.
  Пас аз анҷоми қисми расмии конфронс иштирокчиёни форум мулоқотҳои дуҷониба дар формати B2B баргузор намуда, дар он оид ба масъалаҳои асосӣ, аз ҷумла вазъи иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ ва дурнамои рушду татбиқи ҳамкориҳои мустақим табодули афкор намуданд.
  Ҷонибҳо ба манзури густариши ҳамкориҳо дар арсаи тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷалби сармояи Олмон ба иқтисоди миллӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҳамоиши навбатии Тоҷикистону Олмон дар нимаи аввали соли 2023 баргузор шавад.
Ҳамчунин, як ҳайати воломақоми Тоҷикистонро раҳбарияти Сенати Ҳамбург ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Сарзамини федералии Ҳамбург таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
  Ба ифтихори сафари як ҳайати воломақоми иқтисодии кишвар ба ин минтақа ҷониби Тоҷикистон ва сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторовро раисиҷумҳури шаҳри Любек Клаус Пушаддел ва шаҳрдори он Ян Линденау пазироӣ карданд.
  Дар зимни сафар ҳайат аз бузургтарин корхонаҳои истеҳсолии Baader Group (истеҳсолкунандаи ҷаҳонии таҷҳизоти инноватсионии саноати хӯрокворӣ) ва Dräger (Корхонаи афзалиятноки ҷаҳонӣ дар соҳаи технологияҳои тиббӣ ва бехатарӣ) дар Любек дидан кард.
  Ҳамин тариқ, ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон боз ҳам густариш ёфта, дар соҳаҳои саноат, хӯрокворӣ, коркарди канданиҳои фоиданок, гидроэнергетика, соҳаи бонкдорӣ, илм ва маориф, логистика, сайёҳӣ, тиб, технологияҳои навтарин ва ғайра. Мо итминони комил дорем, ки дар соли 2023 соли бобарор шуда, ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон боз ҳам ҳамчун қуллаҳои баланди “Эверест” рушд меёбад.

Воҳидова Санавбарбону
доктори илмҳои таърих, профессор
Мудири шуъбаи Аврупо ва Америка

БОЗГАШТ