Саъдӣ дар сохти ташхис, бештар аз аносири зеҳнӣ ва интизоӣ истифода кардааст, ба гунаае , ки аз маҷмӯъ 82 мавриди кулли ташхисҳо, дар 39 маврид ба яке аз аносири зеҳнӣ ва муҷаррад, шахсияти инсонӣ бахшидааст. Нуктае, ки метавонад аз назари сабкшиносӣ тасвирҳои шеъри Саъдӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад. Лутфи кор дар ин аст, ки аносири зеҳнии мавриди алоқаи Саъдӣ, ғолибан мафоҳиме ҳастанд, ки дар сохти мазомин ва маонии ошиқона ба кор меоянд. Мафоҳим ҳамчун дил, ишқ, хаёл маҳбуб, хоб, шикебоӣ ва... вожаҳои калидии мазомини ошиқона дар ҳамаи адвори шеъри форсӣ будаанд. Дар ин миён, суханвари Шерозӣ бештарин истифода ро аз вожаи “дил” кардааст, он гуна, ки дар дувоздаҳ маврид аз сохти ташхис, аз он баҳра бурдааст: «Ҳамин завқ саршор ва дили ошиқпеша аст, ки ӯро бо ҳамаи коинот марбут мекунд ва бо кабк, ғук, абр ва насим ҳамдарду ҳамроз менамояд. Диле монанди дили ӯст, ки дар ҳама ҷо ва бо ҳама чиз ҳамдард ва ҳамоҳанг мешавад ва дунёро чунонки ҳаст, мешиносад ва аз он таматтуъ мебарад»[1,249].
Бояд гуфт ба ҷуз инҳо аз мафоҳими зеҳни дигаре низ ҳамчун, ақл, ваҳм, рӯзгор, сипос, меҳр... истифода кардааст. Намунаҳое аз ингуна ташхис дар идома зикр мешавад.[14,633].
«الا یا ساليًا عَنِّ تَوَقَف فَما قَلبُ المُعَنَّي عنك سالِ»
Яъне: «Эй онки маро фаромӯш кардаӣ! диранг кун! дили ранҷидаи ман туро аз ёд набурдааст».
«اضحّت عَلي يَدُ الغَرامِ طَويلَة و ذِراعُ صَبري لا يزال قَصيراً»
Яъне: «Дасти ишқ бар ман дароз гашт, ҳамчунон, ки бозӯи сабрам кӯтоҳ ва нотавон аст»[9,103].
«ان هَوي النَفسِ يَقُدُ العقَالَ لا يَتَهدَي وَيَعي ما يُقَالُ »
Яъне: «Ҳавои нафаси ман банд пора мекунд, на ба роҳ меояд ва на ончи мегӯнд, ба гуш мегирад»[9,616] (Ҳамон 616,1384).
«كَهفُ الأَماثِلِ فخر الدين صَاحِبُنا مَولي تَقَاصَرتِ الأوهام عن رائِه »
Яъне: «Паноҳи некон, сарвари мо Фахруддин, ки ваҳм аз даст ёфтан ба андешаш боз меоянд» [9,23].
12-2- Табиат
Саъдӣ аз мазоҳир ва падидаҳои табиат ҳам дар сохти ташхис баҳраи зиёд бурдааст. Табиат дар ашъори арабии вай мавҷуди зинда ва пӯёст ва ҳамчун инсон таҳти таъсири шароити мухталиф аз худ вокуниш нишон медиҳад. Нуктаи муҳим дар ин тасовир он аст, ки дар бештар маворид, сифот ва ҳолоте, ки ба яке аз аносре ва мазоҳири табиӣ нисбат медиҳад, ҳовии мазомин аз қабили дард, андӯҳ ва ҳасрат аст, ҳамчун гиристан сахраҳо дар байти зер:
«عَيلَ صَبْرِي علي حَديثِ غَرَامٍ لَو حَكيتُ الجِبَالَ ابكَيتُ صَخرا »
Яъне: «Дар бозгуии достони ишқ, шикебам нест. Достоне, ки агар ба кӯҳҳо бигӯем, сахраҳояшро ба гиря менишонам»[9,99]. Ҳамчунин аст «ъайнул ғамоим» ба маънои «чашми абрҳо» дар байти зер:
« مَحَاجرَ ثَكلَي بالدُموعِ كَرِيمة و ان بَخَلت عين الغَمائمِ بالقَطر »
Яъне: «Агар дидагони абр бухл меварзид ва намеборид, чашмҳои занони доғдор дар ашкфишонӣ саховат менамуд»[9,79]. Дар тасвири ошиқонаи зер, «руби» ба маънои «теппаҳо» ба надонистан вонамуд кардаанд (таҷоҳул-ул-ориф), ки бӯи хуши насим аз куҷост[14,780].
«بَرَزوا وَ الرُبي تَظَلُ تُنَادي ما لِهذا النَّسيمُ حُمِّلَ عِطرا »
Яъне: «Дилдорон ҷилва намуданд ва теппаҳои сабз бонг бардоштанд. Насимро чӣ мешавад ки чунин
атрогин аст »[9,99].
12-3- Аъзои бадани инсон
Саъдӣ дар даҳ маврид ташхисро бо истифода аз як узви бадани инсон сохтааст. Нуктаи ҷолиб инҷост, ки аз ин маҷмӯъ, нӯҳ (9 ) бор ин узв «чашм» будааст. Як бор ҳам қомати хиромони маъшуқ, шахсияти ҷудо аз маъшуқ фарз шудааст. Саъдии ошиқ дар фироқи маҳбуб ҳамаи падидаҳо ва аносири перомуни худро ҳамчун худаш, мутаассир ва мутааллим мебинад. Ончунон, ки «ҷафун» ба маънои «пилки чашм» низ дар ин ҳиҷрон барои гиристан аҳд мебанданд ва савганд мехӯранд[14,773]:
«كَاَنَّ جُفُونِي عَاهدت بعد بُعدِهِم بِاَن لَم تَزَل تَبكي أسي و تَاَلَتِ »
Яъне: «Бигӯ чашмонам аҳд бастанд ва савганд ёд карданд, ки дар ҳиҷрони эшон, мудом аз сари андӯҳ бигиранд»[9,37].
«Вақтҳо як дам баросудӣ танам قَالَ مَولايَ لِطَرفي لاَ تَنُم »
Яъне: «Гоҳ-гоҳ як нафаси баданам ором гирифт, сарвари ман (маҳбуб) ба чашмам гуфт: махоб»[9,519].
12-4- Ҳайвонот
Саъдӣ дар ҳафт маврид яке аз сифот ва ҳолоти инсониро ба яке аз ҷонварон нисбат додааст. Дар миёни ҷонварони мухталиф, таваҷҷуҳ бештаре ба паррандагон доштааст, ба гунае, ки
дар шаш маврид аз ин ҳафт маврид, ба яке аз паррандагон шахсият бахшидааст. Нуктаи қобили таамул онки тасвире, ки Саъдӣ аз ин паррандагон ироа карда, ба ҷуз як маврид ҳамаи онҳоро дар
ҳоли фарёд, фиғон ва сӯг нишон медиҳад. Аз ҷумла дар тасвири зер, ки кулоғҳои биёбонро ҳам дар сӯги Бағдод сугвор нишон медиҳад:
« بَكَت سَمُراتُ البَيد و شَيخُ والغَضا لِكَثرةِ مَا نَاحت أغَاربة القَفرِ»
(Саъдӣ Шерозӣ, 767 :1389).
Яъне: «Баски кулоғҳои биёбон сугворӣ карданд, дарахтони самур, шиҳ ва ғазоро дар саҳро гиря даргирфт»[9,31].
Ҳамчунин аст нола ва фарёди кабутарон дар иқоматгоҳи ҳоли маъшуқ, ки аз мазомини аслии шеъри ошиқонаи араб мебошад[14,149]:
«مَا مَرَّ من ذِكر الحَمَي بِمسمَعي لو سَمعت وُرقُ الحِمي صَاحَت مَعِي »
Яъне: «Ончи аз ёдкарди марғзори хосс (иқоматгоҳи маъшуқ) ба гӯши ман расид, агар кабутарони он марғзор мешуниданд, бо ман ба фарёд ва нола дар меомаданд»[9,455].
12-5- Ашё
Шайхи Шероз дар як маврид ба яке аз ашё шахсият бахшидааст. Он як маврид низ «маҳобир» ба маънои «давот» аз лавозим навиштан аст[14,776]:
«مَحَابِرُ تَبكي بَعدَهم بِسَوادها وَ بَعضُ قُلُوب النَاس اَحْلك من حِبرِ »
Яъне: «Давотҳои нигориш бо мураккаби хеш бар эшон мегирянд, аммо порае аз мардумро дилҳое аст аз мураккаб сиёҳтар»[9,67].
Ин тасвир бисёр шабеҳ ба тавсифоте аст, ки Зайдарии Насавӣ, нависандаи соҳиб сабк ва муосири Саъдӣ дар китоби машҳури “Нафисату-с-судур” ироа кардааст:
«Аз қалам, ки чун бар сиёҳ нишинад, сафед амал кунад ва бар сафед сиёҳ, ҷуз нифоқ чӣ корояд! Ду забонаст, сафорат арбоби вифоқро нашояд. Ҳарчанд ба сар қиём менамояд, сиёҳкор аст. Агарчи андарун дор аст, натавон гуфт, ки роздор аст. Аҷвафӣ аст, ки
то муштақ нашавад, каломи ӯ саҳеҳ набошад. Суханчинӣ аст, ки ношунаванда ривоят кунад. обдаҳоне аст, ки сухан нигоҳ намедорад»[2,3].
12- 6- Макон
Дар се маврид ҳам ба яке аз амокин шахсият бахшидааст. Нукта инки ҳар се маврид марбут ба қасидаи маъруфи «Сӯги Бағдод» аст. Шоир барои инки таъсири ҳамлаи муғулро амиқтар нишон диҳад, ҳатто Макка ва Каъбаро доғдор ва ашкбор ба тасвир кашидааст[14,766]:
« لَقد ثَكِلَت أمُّ القُري وَ لِكَعْبَة مَدامِعُ فِي المِيزَاب تَسكَبُ فِي الحَجَرِ»
Яъне: «Макка доғдор шуд ва Каъбаро сиришкҳое аст, ки аз новдон дар ҳаҷар фурӯ мерезад»[9,67].
Афзӯн бар ин, як бор ҳам деворҳои Мустансирия (ҷудуру-л- Мустансирия) - ро дар андуҳи ин мусибати бузург, нолон ва гирён дидааст:[14,766].
«بَكَت جُدُر المُستَنصَريَّةِ نُدبَة عَلي العُلَماءِ الرَّاسِخِينَ ذَوِي الحُجَرِ »
Яъне: «Деворҳои Мустансирия ба зорӣ бар донишмандони гаронқадр ва бохирад гирист»[9,67].
(идома дорад)
Қаландарзода С.
докторанти (PhD),
(Баргардон аз хатти форсӣ)