Устод Рӯдакӣ ва замони мо (дар ҳошияи Рӯзи Рӯдакӣ)

Муаллиф: Нозим Нурзода

Расм

Таҷлили Рӯзи устод Рӯдакӣ (22 сентябр), ки аз соли 2002 инҷониб дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, доираву ҳавзаҳои гуногуни адабию фарҳангиро ба ҳам меоварад. Муҳимтар аз ҳама, ба таври густурда таҷлил гардидани санаҳои муҳимми таърихӣ, сиёсӣ, адабӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла Рӯзи устод Рӯдакӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бояд ба мушаххасоти ҳувиятӣ ва миллӣ табдил ёбад. Ин аст, ки дар силсилаи таҷлилоти ҷашнӣ ва арҷгузории шахсиятҳои матраҳи миллӣ Рӯзи қофиласолори шеъри форсии тоҷикӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар ҳошияи Рӯзи устод Рӯдакӣ чанд нуктаро дар доираи мавзуи “Устод Рӯдакӣ ва замони мо” хидмати хонандагони азиз манзур месозем.

  Якум. Дар таърихи адабу фарҳанги миллӣ устод Рӯдакӣ ба унвони падари шеъри форсии дарии тоҷикӣ шинохта шудааст ва аз асри даҳ то имрӯз дар муҳитҳои илмию маданӣ, фазои маърифатӣ ва ҳавзаҳои баҳсию ҷадалӣ аз абёти шоир ба унвони мадраки муҳкам истифода шудаву мешавад. Ба сухани равшантар, шеъри устод Рӯдакӣ дар ҳамаи давру замон дархур аст ва ниёзҳои маънавии моро бароварда месозад. Аз тарафи дигар, устод Рӯдакӣ ҷаҳон ва зиндагиро дар ойинаи илму хирад дидаааст ва фарҳангро ба сифати ганҷи бебаҳо тавсифу тамҷид намудааст:

         Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

         То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.

  Фарҳанг, дар нигоҳи устод Рӯдакӣ аслу моҳияти зиндагии инсонист ва инсон ҳар қадар ба фарҳанг – ба ин ганҷи бебаҳо пайванд гардад, маънии инсониро дармеёбад ва ҳалли мушкилоту муаммову уқдаҳои рӯзгор барояш осонтар мешавад. Ва, баръакс, агар аз фарҳанг фосилаву канора бигирад, моҳияту сиришти худро зери суол мебарад ва ба сатҳи ҳайвонӣ пойин меравад. Ин аст, ки устод Рӯдакӣ чаҳор хислатро барои озода зарур медонад:

               Чаҳор хислат мар озодаро зи ғам бихарад,

               Тани дурусту хӯйи неку номи неку хирад.

               Ҳар он кӣ Эзадаш ин чаҳор рӯзӣ кард,

               Сазад, ки шод зияд шодмону ғам нахурад.

    Дуюм. Дар ҳоле ки имрӯз мо бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ ва  таҳдиду хатарҳои ҷиддии ифротгаройиву даҳшатафканиву тундравӣ рӯбарӯем, шеъри зиндагисозу ангезабарангези устод Рӯдакӣ дастгиру мададгорамон буда метавонад. Солҳост, ки фазову муҳитҳои иҷтимоию мадании мо тавассути афкори ғаразноки хурофотӣ мағшуш шуда, табақаҳои иҷтимоӣ побанди ҷаҳолату таассуби мазҳабӣ мегарданд. Эпидемияи хурофазадагӣ ҷомеа, махсусан, насли наврасу ҷавонро, ки ба лиҳози ҷисмӣ-баданӣ (физиологӣ) қувватманду хунгарманд, фаро гирифтааст ва муросову созиш бо ин навъи эпидемияи фарогиру кушандаи башарӣ (манзур таассубу хурофот ва хушкандешӣ аст), ғолибан ба кори рӯзмарраи қишри зиёӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст. Бетафовутӣ, фориғболӣ, бепарвофалакӣ, саҳлангорӣ, муросокорӣ ва тамошобинии артиши зиёиёну фарҳангиён ба вазъи ногувори фикрию ҳувиятию ахлоқӣ роҳро барои ташаннуҷи ҷаҳолату нодонӣ ҳамвор сохтааст. Як иддаи зиёиёни ватанӣ ё дар хидмати хушкандешон қарор гирифтаанд, ё ба сифати як тамошобини камфаъол вазъро тамошо мекунанд ва ё ин ки бо ин тарзи биниши хатарбор созишу муросо менамоянд. Танҳо ангуштшумор нафароне пайдо мешаванд, ки дар қиболи вазъи мавҷуда сукут намеварзанд ва алайҳи ҷаҳолату хурофот дар ҳар шакле муқовимат мекунанд ва садои озодагӣ дармедиҳанд. Ҳарчанд ки аз адабиёти ҳазорсолаи худ зиёд ифтихорфурӯшӣ мекунем ва абёти устод Рӯдакиро чун шиоргуна дар маҳфилу маъракаҳо мепароканем, аммо ба асли воқеияти зиндагии миллӣ, ки хеле нигароникунанда аст, эътибор намедиҳем. Ҳол он ки шеъри устод Рӯдакӣ ба инсон ангезаи зистан ва барои он талошу мубориза карданро медиҳад. Ба ин маъно, устод Рӯдакӣ, пеш аз ҳама, шоири зиндагист ва лаззат бурдан аз зебоиҳои табиату рӯзгорро аслу асоси умр дониста, хитоб мекунад:

               Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд?

               Дил ба Бухрову бутони Тироз.

               Эзиди мо васвасаи ошиқӣ

               Аз ту пазирад, напазирад намоз.

   Севум. Тавре ки мусаллам аст, устод Рӯдакӣ даъвии фалсафӣ пеш меварад, ки ба ҷаҳону ҳастӣ бо чашми хирад бояд нигарист ва аз таҷрибаи рӯзгор баҳра гирифт. Ин навъ мавқеъгирии фалсафию миллӣ шахсияти фалсафӣ ва рӯшангар будани устод Рӯдакиро ба намоиш мегузорад. Устод Рӯдакӣ ҳамчун файласуфи шеъри форсии дарии тоҷикӣ бар мабнои донишҳои фалсафии замон таркиби диалектикаи оламро ба тасвир мекашад. Яъне, устод Рӯдакӣ масоили рӯзгору зиндагиро аз тариқи усул ва васила-приёмҳои фалсафӣ матраҳ мекунад ва минҳайси як файласуф ба баҳси фалсафӣ дар қолиби назми классикӣ мепардозад. Ба назари донишмандон,  устод Рӯдакӣ асрҳо пеш аз Ҳегел ба ҷавҳари диалектика (Dialectic) пай бурда, дар заминаи назариёти таҳаввулу татаввур тағйир пазируфтани олами ҳастиро дар қолиби манзум ба риштаи тасвир баркашида, даъво пеш меоварад, ки ҳеҷ чиз собиту сокин нест:  куҳан нав мешавад ва нав куҳан мегардад, дармон дард мешавад ва дард дармон ва ин ҳамон ҷавҳари асли диалектикӣ аст, ки тибқи он ҳастиҳо пайваста дар сайру ҳаракатанд ва ҳар чиз (тезис – барниҳод) ба сӯйи зиди худ (антитезис – барабарниҳод) меравад ва ба он омехта, аз омезиши ин ду чизи тозае (синтез – боҳамниҳод) падид меояд (ниг.: Додбеҳ, Асғар. Падари шеъри форсӣ. Дар маҷмуаи: Ёдномаи устод Рӯдакӣ. Мураттибон Ш. Солеҳов, Ш. Муҳаммадиев ва В. Элбоев. Муҳаррир профессор Абдунабӣ Сатторзода. Душанбе: “Шаҳпар”, 2014. -С. 89. Ҳамчунин, барои иттилооти бештар дар ин замина таваҷҷуҳ шавад: Эдвард, Пол. Маонии деалектик дар таърихи фалсафаи Ғарб. Тарҷумаи Шаҳроми Позукӣ. // Маҷаллаи “Фарҳанг”-и Муассисаи мутолеот ва таҳқиқоти фарҳангӣ. Китоби аввал, пойизи 1366; Фулкия, Пол. Диалектик. Тарҷумаи Мустафо Раҳимӣ. Теҳрон: Интишороти “Огоҳ”, 1362).

         Илова бар ин, устод Рӯдакӣ на фақат дар байти:

                      Халқ зи хоку зи обу зи оташу боданд

                      В-малик аз офтоби гавҳари Сосон,

ки байтест аз қасидаи наваду чаҳорбайтӣ дар васфи бода ва тавсифи базми Наср бинни Аҳмад ба масоили фалсафӣ даргир мешавад, балки ба назарияи куҳани фалсафӣ, ки бар мабнои таркиби мавҷудоти мураккаб ё маволиди салос (ҷамоду наботу ҳайвон) аз аносири чаҳоргона (хоку обу боду оташ) устувор аст, таваҷҷуҳ мекунад (ниг.: Додбеҳ, Асғар. Падари шеъри форсӣ.  Дар маҷмӯаи: Ёдномаи устод Рӯдакӣ. Мураттибон Ш. Солеҳов, Ш. Муҳаммадиев ва В. Элбоев. Муҳаррир профессор Абдунабӣ Сатторзода. Душанбе: “Шаҳпар”, 2014. С. 90). Зимнан, дар сӯгномаи Абулҳасани Муродии Бухороӣ, ки аз шоирони тозигӯй ва порсиройи он рӯзгор маҳсуб мешудааст, устод Рӯдакӣ ба назарияҳое дар заминаҳои илмуннафс ё руҳшиносии фалсафӣ, инсоншиносии фалсафӣ ва ҳастишиносии фалсафӣ ишора кардааст. Дар як байт аз абои улвӣ ё падарони осмонӣ, яъне афлоки нуҳгона ва ситорагону сайёрагон бо рамзи падар сухан мегӯяд ва аз умматҳои сулфӣ ё модарони заминӣ (аносири чаҳоргона) бо рамзи модар ёд мекунад. Ба абёти зерини марсияи устод Рӯдакӣ таваҷҷуҳ мекунем:

       Мурд Муродӣ, на ҳамоно ки мурд,

      Марги чунон хоҷа на корест хурд.

Ҷони гиромӣ ба падар боздод,

   Колбади тира ба модар супурд.

   Они малак бо малакӣ рафт боз,

             Зинда кунун шуд, ки ту гӯйӣ бимурд.

(ниг.: Девони Рӯдакӣ. Чопи дувуми такмил ва тасҳеҳшуда. –Душанбе: “Бухоро”, 2015. С.36).

    Ин аст, ки устод Рӯдакӣ дар баробари тавонмандиҳои адабию эҷодӣ марде андешаманд ва файласуфмашраб низ буда, аз макотиби фалсафии юнонӣ огаҳӣ доштааст. Вақте ки абётеро аз ин тариқ:

                                Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд

                                Ва нав кунад ба замоне ҳамон ки хулқон буд --

мегӯяд, ба назарияҳои файласуфони қадимаи юнонӣ Парменид (540-515 то милод) ва Ҳераклид (540-480 то милод) як навъ истинод мекунад. Маълум аст, ки дар ҷаҳони қадими Юнон пурсишҳое ба ин мазмун матраҳ будаанд, ки оё ҷаҳони ҳастӣ, мавҷудот ва табиат, ки ба зоҳир сокин менамоянд, ба ростӣ сокинанд ё дар ниҳод ва бунёди худ ноороманду мутаҳаррик? Ин пурсиш дар Юнонзамин ду посухро ба дунбол дошт: яке, назарияи будан (сукун), ки тибқи он, ҳастӣ сокин ва собит аст. Ин назарияро файласуф Парменид иброз кард ва дигаре, назарияи шудан (сайрурат ва ҳаракат), ки мувофиқи он, ҳастӣ пайваста дар ҳоли дигаргунӣ аст. Ин назарияро ҳакими дигари юнонӣ Ҳераклид матраҳ карда, бар он таъкид кардааст, ки ҳастӣ дар тағйиру таҳаввул ва дигаршавӣ қарор дорад ва ин мафҳумро ӯ дар қолиби “ду бор дар як рӯдхона наметавон ворид шуд” баён доштааст. Пайравони Ҳераклид ӯро падари диалектика медонанд (ниг.: Додбеҳ, Асғар. Падари шеъри форсӣ.  Дар маҷмӯаи: Ёдномаи устод Рӯдакӣ. Мураттибон Ш. Солеҳов, Ш. Муҳаммадиев ва В. Элбоев. Муҳаррир профессор Абдунабӣ Сатторзода. Душанбе: “Шаҳпар”, 2014. С. 104).

    Чаҳорум. Тавре ки болотар ишора кардем, фазои мағшуши ақидатӣ ва фикрию ҳувиятӣ, ки имрӯз давлат, ниҳодҳои марбутаи ҳукуматӣ, ҷомеаи маданӣ ва қишри рӯшангарии ватаниро нигарон сохтааст, пеш аз ҳама, бар руҳияи озодандешӣ, тафаккури мантиқӣ ва равони миллӣ садама мезанад. Агар баданаи озодандешию миллӣ осеб бибинад, давлат ва миллат осеб мебинанд ва ҳамин тур, ҳадафи ҳувиятсозӣ ва сохтмони давлати дунявӣ, ки бар мабнои хирадмеҳварӣ бунёд мегардад, зери хатари ҷиддӣ қарор мегирад. Мо, мутаассифона, дар дуроҳаи хушкандешии саросарӣ ва озодандешии миллӣ қарор дорем ва дар ин шабу рӯзи хатарбор, ки аз ҳар сӯ чолишҳо таҳдидамон мекунанд, тамаркуз сари ғоя-андешаи миллӣ амри замонию маконист. Аз сӯйи дигар, шинохту муаррифии шеъри устод Рӯдакӣ, ки заминаи миллӣ ва дунявӣ дорад, ба дарди имрӯзамон мехурад ва дарду захмҳои куҳани моро дармон месозад. Афзун бар ин, устод Рӯдакӣ дар замоне зиндагӣ кардааст, ки як навъ таносуб миёни таассубу хурофот (фанатизм) ва ақлбоварӣ (ратсионализм) вуҷуд дошт ва давлати Сомониён фазои мусоиди ақидатӣ, фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ ва мадааниро фароҳам оварда буданд. Аз ҷумла озодии виҷдон ва гироиши озодонаи шоирону донишмандони замона ба ҳар мактабу ақидае фазои солими эҷодӣ ва муҳитзистиро фароҳам оварда буд, то ҷое ки Дақиқӣ озодона ва муфтахирона аз мавқеияти ақидатӣ ва виҷдонию имонии худ ҳимоят мекард:

                                         Ба Яздон, ки ҳаргиз набинад биҳишт,

                                         Касе, к-ӯ надонад раҳи Зардуҳишт.

(ниг.: Додбеҳ, Асғар. Рӯдакӣ ва ҳувияти забон.  Дар маҷмӯаи: Ёдномаи устод Рӯдакӣ. Мураттибон Ш. Солеҳов, Ш. Муҳаммадиев ва В. Элбоев. Муҳаррир профессор Абдунабӣ Сатторзода. Душанбе: “Шаҳпар”, 2014. С. 117).    

  Аз ин ҷиҳат, шоироне мисли устод Рӯдакӣ дар фазои озодии виҷдону ақида ба сар мебурданд ва дар чунин муҳите озода, албатта, озодандешӣ ҳам имконпазир буд. Ба ин маънӣ, устод Рӯдакӣ мисли ниёкони бошарафи худ озодманишӣ мекунад, зиндагӣ ва фурсати умрро ғанимат мешумарад, шодӣ мекунад ва аз зиндагӣ лаззат бурданро ба ҳамагон тавсия менамояд:

  Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,

          Он шиносад, ки дилаш бедор аст.

Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,

Шодии ӯ ба ҷойи темор аст.

         Чӣ нишинӣ бад-ин ҷаҳон ҳамвор,

   Ки ҳама кори ӯ на ҳамвор аст!

      Кардиши ӯ на хубу чеҳраш хуб,

Зишткирдору хубдидор аст!

(ниг.: Девони Рӯдакӣ. Чопи дувуми такмил ва тасҳеҳшуда. –Душанбе: “Бухоро”, 2015. С.33).

   Панҷум. Ба ин тартиб, шеъри устод Рӯдакӣ чун рамз-символи миллӣ имрӯз ҳам талаботи фикрӣ, адабӣ-бадеӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва ҳувиятии моро қонеъ мегардонад. Шеъри устод аз зиндагию рӯзгори миллат сарчашма мегирад ва бар руҳу равони миллат қудрату тавон мебахшад. Ба ин маънӣ:

                               Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,

                               Май бирезад нарезад аз май бӯй.   

Нозим Нурзода

пажуҳишгар

БОЗГАШТ