Адабиёту забон, фарҳанг ва ҳунар аз калидвожаҳое шуморида мешаванд, ки халқияту миллиятҳои ҷаҳон бо рушду густариш додани онҳо мақому мартабаи худро аз зинаҳои поёнӣ ба зинаҳои болоӣ мерасонанд. Мардуми Осиёи Миёна хусусан тоҷикону узбекон бо доштани ҳамин авсофӣ адабӣ ва хислати неки башарӣ байни ҳам аз қадим равобити дӯстиву ҳамсоягӣ доштанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дӯстиву ҳамсоягӣ ин ду ситораи дурахшоне мебошанд, ки равобиту ҳамкории ҳасанаро байни инсонҳо муҳкам сохта, риштаи меҳру муҳаббатро таҳким мебахшанд.
Дар набуди риштаи дӯстӣ ва меҳрубонӣ мардуми сайёра доимо дар ранҷу азоби рӯҳиву равонӣ мустақар мемонанд ва чун фарди бемор аз дарду аламҳо шикоят мекунанд. Таърих бори дигар собит намуд, ки дар як обу хок ба сар бурда, ҷудо зистан ғайриимкон аст. Замоне буд, ки солиёни дароз осмони Тоҷикистону Узбекистон зери абрҳои тираи қаҳролуду бадшакл қарор дошта, тавассути нерӯҳои нохирадманду ноаҳл ин ду ситораи дурахшонро аз фарҳанги асилу волои худ хостанд канор гӯзоранд, то аз чароғи партави ҳидоят, заковату адаб ба сӯи ҷаҳолату касофат равон гарданд.
Вале некӣ болои бадӣ ғолиб омад ва паёмоварон нексиришту башардӯст тавонистанд осмони сулҳу салоҳи кишварҳои ба ҳам дӯсту ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистонро, ки солҳо боз тираву торик буд, бо қадамҳои муборакашон нуронӣ созанд. Роҳбарони дилсӯзи ҳар ду кишвар Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чароғи дӯстиро аз нав фурӯзон карда, тирагии осмонро аз байн бурданд. Баргузории конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи "Саҳми сарварони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, неку ҳамсоягӣ ва боварӣ, бозкушоии саҳифаҳои нави муносиботи шарикии стратегии тоҷикону ӯзбек бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин рӯзҳо як бори дигар такон аз он медиҳад, ки қавмҳои узбеку тоҷик барои ободӣ, оромӣ ва озодии самимона ва дӯстона талош меварзанд.
Мо - тоҷикон ва Тоҷикистон ифтихор дорем, ки чун кишвари озоду мустақил ва дорои сиёсати дарҳои боз қадамҳои хешро устувор гузошта, бо тамоми мамолики ҷаҳон аз ҷумла кишвари ҳамсоя ва дӯст Узбекистон равобиту дӯстии худро рӯз аз рӯз тақвият ва таҳким бахшид. Ин буд, ки мардуми шарифу фарҳангдӯсти ҳар ду кишвар бо меҳмоннавозиву меҳрубонӣ, ҳамсоягиву дӯстӣ зери сояву пояи вафову камоли меҳру сафо ба ҳамкорӣ ду бора оғоз карданд. Мо инро аз чашмони шарарбор, оғӯшҳои боз ва ашкҳои шодии халқҳои тоҷику ӯзбек дидему хондем.
Ҷумҳурии Узбекистон яке аз кишварҳои Осиёи Миёна буда, маркази тамаддун ва сарватҳои табиӣ мебошад, ки дар шарқ бо Қирғизистон, дар шимоли-шарқ, шимол ва шимоли-ғарб бо Қазоқистон, дар ҷануби-ғарб ва ҷануб бо Туркманистон, дар ҷануб бо Афғонистон ва дар ҷануби-шарқ бо Тоҷикистон сарҳад дорад. Шаҳри Тошканд пойтахти кишвар буда, зиёда аз 3 миллион аҳолӣ дорад. Шаҳрҳои Бухорову Самарқанд, Намангону Андиҷон, Тирмизу Фарғона ва Қаршӣ бузургу таърихӣ мебошанд, ки бештари аҳолиашон бо забони тоҷикӣ ошноӣ дошта суҳбат мекунанд.
Тибқи маълумот, Ӯзбекистон дорои зиёда аз 32 миллион аҳолӣ буда, забони давлатии ва расмӣ ӯзбекист, вале русӣ ва анлисӣ чун забони илм истифода мешаванд.
Мувофиқи санадҳои дарёфтшуда Узбекистон истиқлолияти худро санаи 1-уми сентябри 1991 эълон кард ва ҳамзамон муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардид, ки дар натиҷа, соли 1995 дар шаҳри Тошканд Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард.
Аз санаи 1992 то имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон зиёда аз 100 созишнома ва аҳднома дар сатҳҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расидаанд.
Аҳдномаи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни ҳар ду кишвар яке аз санадҳои асосие аст, ки дар сатҳи роҳбарони ду кишвар аз 4 январи соли 1993 ба имзо расид ва дар баҳори 2018 баъди сафари раиси Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон он дубора мавриди тайиди ҷонибҳо қарор гирифт.
Дар партави ҳамин мулоқотҳо ҷонибҳо бори дигар исбот карданд, ки ягон роҳи пешрафт ва рушд дар доштани дӯстиву ҳамсоягӣ тақвият ва таҳким меёбад. Ҳамин нуктаро Сафири муҳтарами Узбекистон дар Тоҷикистон дар яке аз суханрониаш аз равобиту дӯстии ҳар ду кишвари фарҳангиву меҳмоннавоз зикри хайр намуда, таъкид кард, ки ҳарду кишвар бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисерҷониба байни ҳам дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ рушд ёфта, якҷо бо ҳам дар арсаи байналмилалӣ шарикони боҳамто мебошанд.
Бояд қайд кард, ки рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ, заминаи дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон буда, коркардҳои илмӣ ва ҳузури муштараки адибони тоҷик ва ӯзбек дар ҳавзаҳои адабии Мовароуннаҳр аз он шаҳодат медиҳад, ки дар партави Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ – аз саҳифаи дурахшоне дар таърихи равобити фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек маншаъ мегирад ва бо ҳамин васила умумиятҳои фарҳанги муштараки мардуми тоҷику ӯзбекро тақвият ва тасбит месозад.
Хулоса, бояд зикр кард, ки ҳангоми ташрифи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон пояҳои дӯстиву ҳамкории ду давлат боз ҳам таҳким ёфта, ҳамчун шарикони стратегӣ боқӣ монданд.
Минбаъд Тоҷикистону Ӯзбекистон фарҳангу адабиёти ҳамдигарро бештар омӯхта метавонанд ва таҷрибаҳои якдигарро дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, илм, сарҳад, сайёҳӣ ва дипломатия истифода баранд ва чун поягузорони сулҳу дӯстӣ ва амонӣ дар партави қавли устод Мирзо Турсунзода,
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугу дорем мо...
дар байни аҳли башар бо мактаби созандагиву ободкорӣ боқӣ монанд.
Мирсаид Раҳмонов,
ходими илмии Институти
омӯзиши масъалаҳои давлатҳои
Осиё ва Аврупои АМИТ