Муаллиф: Юсуфӣ Фарзона
Мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 27 июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо арзи шукргузорӣ аз фазои ороми Ватан ҷашн мегиранд.
27 июн тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳамчун «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфта, ва ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи ваҳдатро аз муҳимтарин дастовардҳои истиқлолияти кишвар метавон ҳисоб кард.
Инчунин, рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ маҳсуб ёфта, дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Ногуфта намонад, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатамон сарҷамъ ва обод шуд, пеш рафт, рӯз то рӯз мешукуфад ва имрӯз дар чеҳраи ҳар як фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Имрӯз мо ба хизматҳои бепоёни Пешвои миллат сари таъзим фуруд меорему арзи сипос менамоем.
Чун сулҳ дар ҳаёти имрӯзаи мардуми тоҷик ва фарҳангдӯст бо калимаи «Ваҳдат» пайванд гардида, мафҳуми бештареро фарогир гардид. Акнун дар ҷумҳурии офтобрӯямон Тоҷикистон рӯзи 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Мардуми мо ин рӯзро чун рӯзи ҳамгироӣ, сулҳу оштипазирӣ ва ваҳдату ҳамфикрӣ ҷашн мегиранд.
Имрӯз мо дар остонаи ҷашни мубораки миллиамон – Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем, кулли мардуми шарифи кишварро ба ифтихори ин санаи таърихӣ самимона табрик мегӯям. Ба якояки мардуми азизамон хонаи обод, саодати рӯзгор, таҳкими сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ таманно менамоям. Ҳамчун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва ифтихор мекунам.
Юсуфӣ Фарзона
ходими хурди илмии
шуъбаи Аврупо ва Америка